Эрон мақарри фармондеҳии ДОЪИШ дар Сурияро мушакборон кард

Сипоҳи Посдорони Эрон мақарри фармондеҳии ДОЪИШ дар Сурияро, бо ҳадафи муҷозоти омилини ҷинояти теруристии ахири Теҳрон, мушакборон кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сипоҳи Посдорони Эрон дар баёнияе, аз ҳамлаи мушакӣ ба мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммӯъ ва пуштибонии теруристҳои такфирӣ дар Дейраззури Сурия, бо ҳадафи муҷозоти омилини ҷинояти теруристии ахири Теҳрон хабар дод.

Матни баёнияи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба шарҳи зерин аст:

* * *

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим

Дар пайи ҷинояти теруристии 17 хурдодмоҳи 96-и теруристҳои такфирӣ дар Теҳрон, ки ба шаҳодати 18 тан аз мардуми мазлум ва рӯзадор ва маҷрӯҳияти ҷамъе дигар аз ҳамватанони азиз мунҷар гардид, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ эълом кард: рехта шудани ҳеч хуни покеро бидуни посух намегузорад!

Бар ин асос, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо истионат аз зоти ақдаси илоҳӣ ва ба ниёбат аз миллати қаҳрамон ва душманситези Эрон ва хонаводаи муъаззами шуҳадо ва осебдидагони амалиёти теруристӣ дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом (р) ва сохтмони идории Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, лаҳазоте пеш мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммӯъ ва пуштибонӣ ва сохти худравҳои интиҳории теруристҳои такфирӣ дар минтақаи Дейраззур дар шарқи Сурияро бо ҳадафи танбеҳи теруристҳои ҷинояткор, мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод.

Дар ин амалиёт, теъдоде мушаки миёнбурди “Замин ба замин” аз пойгоҳҳои мушакии нерӯи ҳавофазои Сипоҳ дар устонҳои Кирмоншоҳ ва Курдистон, теруристҳои такфириро ҳадафи заработи муҳлик ва кӯбанда қарор дод.

Гузоришҳои дарёфтӣ ҳикоят аз ҳалокати теъдоди зиёде аз теруристҳои такфирӣ ва инҳидоми таҷҳизот, сомонаҳо ва силоҳҳои онон дорад.

Паёми ин иқдоми инқилобӣ ва муҷозотгуна комилан равшан аст; Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба теруристҳои такфирӣ ва ҳомиёни минтақаӣ ва фароминтақаии онон ҳушдор медиҳад, ки: дар сурати такрори иқдомоти палид ва шайтонӣ алайҳи миллати Эрон, хашми инқилобӣ ва шӯълаҳои оташи интиқоми Посдорони Инқилоб омилин ва мусаббибони онро дарбар хоҳад гирифт ва ҷинояткоронро ба ҷаҳаннам раҳнамун месозад.

Ба миллати азимушшаъни Эрони Исломӣ итминон дода мешавад, Посдорони Инқилоб ба фазли илоҳӣ ва бо ҳамроҳӣ ва мушорикати соири нерӯҳои низомӣ, интизомӣ, иттилоотӣ ва амниятии кишвар, барои сиёнат аз амнияти миллӣ ва шикасти фитнаҳо ва падидаҳои зиддиамниятӣ, аз ҳеч талоше фурӯгузор накарда ва иқдомоти мутаносибро дар дастури кор қарор хоҳанд дод.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: