Созандаи мутахассисони исломӣ дар Шӯравӣ ва Русия

 

Ба қалами Муҳаммад Салоҳуддин, коршиносии мазҳабии Русия ва раиси Анҷумани “Собрание”

Дар январи соли 2016, Маъруфҷон Раҳимҷонов машҳур ба Мулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, чеҳраи торихӣ, донишманди шинохта ва муҳаққиқи барҷастаи исломӣ, чанд рӯзе меҳмони мо дар Маскав буд.

Маъруфҷон касест, ки устоди бисёре аз муфтиҳои суннатии пасошӯравӣ, чеҳраҳои сиёсӣ ва исломии шинохта ба шумор меояд, аз ҷумла Аҳмад Қодиров (падари Рамазон Қодиров), Равил Гайнуддин, Исмоил Бердиев, Нафиъулло Аширов, Умар Идрисов, Нурислом Иброҳимов, Муҳаммад Салоҳуддинов ва бисёре дигарон…

Ҳамчунин аз зумраи шогирдони эшон, метавон аз муфтии собиқи Ӯзбекистон Усмон Олимов ва Абдурашид-Қорӣ Баҳромов ном бурд.

Дар масири роҳи Маскав, Шайх Маъруфҷон аз шаҳри Қазон низ дидан кард, ҷойе, ки ӯ дар он, бо теъдоде аз шогирдони хеш, ки аз машоҳири уламо ва донишмандони исломии Тотористон ба шумор меоянд, мулоқот кард, аз ҷумлаи онон ду тан аз муфтиёни собиқи ин сарзамин, Габдулло Галиюлло ва Гусман Исҳоқов (Абдулло Алиюллоҳ ва Усмон Исҳоқов)-ро метавон ном бурд.

Маъруфҷон Раҳимҷонов дар торихи 12-июни соли 1950 дар шаҳри Истаравшан (Ӯротеппаи собиқ) ба дунё омадааст. Падараш Ғафур, тоҷик ва шуғли хайётиро пеша карда буд ва модараш Карима, тотор буда, намояндаи созмони бима будааст. Пас аз марги падар, Маъруфҷон дар тарбияти модараш қарор гирифт ва дар мактаби рақами 3, ба номи Калинини зодгоҳаш таҳсил намуд.

Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ, Маъруфҷон истеъдоди фавқулъоддае дар ҳифз ва ёдгирии мутуни душворфаҳм ва алоқа ба қироати Қуръон ва хондани мутуни классикии форсӣ дошт ва асарҳои пеш аз инқилоби Шӯравиро мутолиа менамуд ва ашъори зиёдеро ҳифз буд.

Дар даврони мактабхонӣ, ӯ саъй дошт ба касоне дастрасӣ пайдо намояд, ки ӯро барои омӯхтани улуми исломӣ кӯмак кунанд.

Дар зодгоҳи ӯ, асотиди бузурге зиндагӣ мекарданд, ки қабл аз инқилоби октябр дар Мадрасаи Бухоро таҳсил ва улуми исломиро он ҷо фаро гирифта буданд. Ин асотид пас аз он ки аз истеъдодҳои фавқулъода ва алоқаи Маъруфҷон ба омӯзиши улуми исломӣ огоҳӣ пайдо намуданд, эшонро назди худ фаро хонданд.

Бад-ин тариқ, аз соли 1964 то 1968 Маъруфҷон аз асотиди баноме чун ҷаноби Эшони Субҳонқулихон-Тӯра (1895-1985), Қорӣ Мирисо (1900-1970) ва сипас ҷаноби устод Қорӣ Фазлуллоҳ (1897-1992), дар ҳамон зодгоҳи хеш, ба фарогирии улуми исломӣ пардохт.

Дар ибтидо, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдӣ, “Девони Ҳофиз”, Бедил ва мутуне пиромуни ақоиди исломӣ ва сарфу наҳви арабиро фаро гирифт.

Ӯ дар назди Қорӣ Мирисо китоби “Кофия” ва “Шарҳи Мулло”, “Ақоиди Насафӣ” – Шаҳри Аллома Тафтозонӣ, Тафсири Байзовӣ ва Усули фиқҳро таламмуз намуд.

Дар ҳузури Ҳоҷӣ Фазлуллоҳ китобҳои “Мухтасар-ул-виқоя”, “Шарҳ-ул-виқоя”, “Ҳидоя” ва “Улуми қироат”-и Шотибиро дарс гирифт.

Аз он ҷо, ки дар даврони Шӯравӣ, ин улум мавриди таблиғу ташвиқ набуд ва гӯё, адабиёти буржуозӣ ва бегонагон дониста мешуд, Маъруфҷон, улуми исломӣ, адабиёти классикии форсӣ ва монанди онро махфиёна меомӯхт.

Соли 1968 яке аз донишмандони маъруфи исломӣ, Ҳакимҷон Қории Марғелонӣ ба Истаравшан ташриф овард ва пас аз бохабар шудан аз ҷавони боистеъдоде ба номи Маъруфҷон, ӯро назди худ, ба шаҳри Марғелон ҷиҳати идомаи таҳсилот даъват намуд.

Бо ин ҳол, дар ин даврон, бештари таваҷҷӯҳи ин ҷавон маътуф ба идомаи таҳсил дар як мадрасаи расмии исломӣ гашта буд ва танҳо мадрасаи расмӣ, дар замони Шӯравӣ дар шаҳри Бухоро, Мадрасаи Мири Араб буд.

Яке аз асотиди Маъруфҷон бо муфтии Мовароуннаҳр, Эшони Зиёуддинхони Бобохон (1957-1982) ошноии наздике дошт ва ҳамон шахс ҳам Маъруфҷонро ба унвони донишпажӯҳи ин муассисаи олӣ ба муфтӣ муаррифӣ кард.

Дар мадраса, Маъруфҷон бо Муҳаммад Содиқ (муфтии асбақи Ӯзбакистон) ва Талъат Тоҷиддин (муфтии асбақи Русия) бо ҳам таҳсил мекарданд ва Аллоҳшукур Пошшозода (муфтии Озарбойҷон) низ дар мақтае болотар аз эшон таҳсил менамуд.

Пас аз итмоми таҳсилот, Маъруфҷон дар мадрасаи Бухоро ба унвони устоди фиқҳ, тафсир ва сарфу наҳв ба фаъолияти тадрисӣ машғул гардид.

Ҳамзамон бо тадрис, дар замони таътилот ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷиҳати имомати масоҷид сафар мекард.

Бояд зикр намуд, ки бештари имомону муфтиёни даврони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ, шогирдони ин шахс ба шумор мераванд.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар он даврон, дар барномаҳои дарсии расмии мадрасаи Бухоро, омӯзиши ақоид ва калом вуҷуд надошт ва фақат ахлоқ ва аҳком омӯзиш дода мешуд ва тадриси ақоиду калом мамнӯъ буд. Маъруфҷон тасмим гирифт, ақоид ва каломро ба шогирдон ба таври хусусӣ тадрис намояд.

Донишҷӯёни мадрасаи Бухоро таҳти назорати шадиди КГБ қарор доштанд ва моҳиёна ба мусоҳиба даъват мешуданд. Дар ин мусоҳибаҳо, донишҷӯён қарор буд аз вазъияти дигар донишҷӯёни мадраса гузоришҳое бидиҳанд ва масоили марбут ба мадраса, дӯстонашон ва касонеро, ки ба ин марказ рафту омад доштанд, баёноти комил бинависанд.

Афроди хабарчин ва гузоришкунанда, барои таҳсилот дар хориҷ аз кишвар татмеъ мешуданд, ки бо ишора ба ҳамин мавзӯъ, боре Маъруфҷон Раҳмиҷонов эътироф намуда буд, ки: “Ман муваффақ нашудам дар хориҷ аз кишвар ба таҳсилотам идома диҳам”.

Мудири мадраса Абдулқаҳҳор вақте аз тадрисҳои хусусии Маъруфҷон бохабар мегардад, ҷаласае баргузор карда ва ин ибтикори амали устодро нақд мекунад ва эшонро дар иқдомоти машкуке аз қабили “ташкили гурӯҳҳо ва таблиғи афкори носиюнолистӣ” муттаҳам сохта ва гузоришотеро мабнӣ бар ин мавзӯъ, ба Идораи динии мусалмонони Мовароуннаҳр ирсол намуд, ки дар пайи он, соли 1981 Маъруфҷон аз мадраса ихроҷ гардид. Баъдҳо Маъруфҷон дар ин робита мегуфт, ки он замон, дар идораи КГБ бо эшон рафторе бамаротиб мӯҳтарамонатар аз мудири мадраса доштаанд.

Дар ин муддат, Маъруфҷон бо духтари Яҳё-Қорӣ Исмоилов – имомхатиби масҷиди Имом Тирмизии Тошканд издивоҷ намуд ва аз Бухоро ба Тошканд нақли макон кард.

Эшон дар шаҳри Тошканд дар Институти мероси хаттии Ҳамид Сулаймонов ва Институти мараммат ва илмӣ-пажӯҳишии Ӯзбекистон (УЗНИПИРИ) ҷиҳати бозхонии дастхатҳо ва хушнависиҳои манобеи қадимӣ истихдом гардид.

Дар ҳамон даврон, Маъруфҷон ба идомаи тадриси хусусӣ пардохт ва шабакае аз марокизи омӯзишӣ – “ҳуҷра”-ҳоро дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон роҳ андохт.

Аз он ҷо, ки Маъруфҷонро ҳама ба унвони шахси донишманд дар улуми исломӣ мешинохтанд, шакл гирифтани ин ҳуҷраҳо бидуни мушкилоте анҷом мегирифт ва шогирдону донишҷӯён аз атрофу акноф ҷиҳати таламмуз дар хидмати эшон, роҳ мегирифтанд.

Ҳатто донишҷӯёни мадрасаи Бухоро дар айёми таътилот назди эшон меомаданд ва аз дарсҳои хусусии ӯ баҳраманд мешуданд.

Барномаҳои дарсии эшон дар ҳуҷраҳо аъам аз манобеи то инқилоби Шӯравӣ ва манобеи муосире буд, ки аз кишварҳои исломӣ ба эшон расонда мешуд.

Ибтидо, бар барномаҳои ҳуҷраҳо манобеи қадимии уламои маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифта буд ва аз солҳои 70-ум ба баъд, манобеи муосир низ аз кишварҳои исломӣ ирсол гардид ва дар барномаҳои таълимии эшон ҷой пайдо намуд.

Дар идомаи ин барномаҳо, шогирдони Мулло Маъруфҷон низ ҷавононро дар бархе аз “хонаҳои амн”дар шаҳри Тошканд фаро мехонданд ва ба онон маорифи исломӣ меомӯхтанд ва ба ин тариқ як шабакаи густардаи маорифи исломӣ ташкил дода буданд.

Пас аз ду сол дар шаҳри Тошканд ба ин равиш, 300 нафар таҳсил менамуданд, дар ҳоле ки он замон, дар мадрасаи Бухоро, фақат 80 нафар ба фарогирии улуми исломӣ машғул буданд.

Бештари шогирдонро афроде аз манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ва бақияро низ афроди дигаре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ташкил медоданд.

Солҳои 80-ум ман (Муҳаммад Салоҳуддин) низ тавфиқ доштам шогирдии Шайх Маъруфҷонро таҷриба кунам. Ибтидо ман дар айёми таътилот ба Тошканд парвоз мекардам ва муфтахар ба таламмуз дар маҳзари эшон мешудам ва дар солҳои баъд низ гурӯҳҳое аз ҷавононро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки алоқаманди омӯхтани улум ва маорифи исломӣ буданд, ба ҳуҷраҳои эшон эъзом медоштам.

Гуфта мешавад, агарчи дар созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯравӣ аз ҳуҷрадорӣ ва барномаҳои таълимии Маъруфҷон огоҳӣ доштаанд, аммо мақомоти маҳаллӣ, бо дарки масоил, ин матлабро аз чашми Маскав пинҳон медоштанд, агарчи мукаррар, аз ҷониби Маскав низ пиромуни нашри “афюни халқ” дар Тошканд тавзеҳоте хоста мешуд.

Дар авохири солҳои 80-ум, бар асари сиёсати “перестройка” дар Шӯравӣ, масоҷиди зиёде дари худро ба рӯйи намозгузорон ва мӯъминин боз намуданд. Ҳамчунин дар зодгоҳи Маъруфҷон низ масҷиди ҷомеъ ифтитоҳ гардид ва расман ба фаъолияти худ оғоз кард, ки эшон дар он масҷид ба унвони имом-хатиб таъйин гардид.

Дар авоили солҳои 90-ум, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, ошӯбҳо дар манотиқи мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ буруз кард ва афроди зиёде низ қурбонии ин ошӯбҳо гардиданд, ки мутаасифона шахсияти ғайрисиёсӣ ва устоду донишманде мисли Маъруфҷон ҳам мустасно аз ин набуд ва бар асари мушкилоти мутаъаддид тасмим ба муҳоҷират ба Эронро гирифт, то аз ин ошӯбҳои сиёсӣ ба дур бимонад.

Дар мавриди муқаддамоти сафараш ба Эрон Маъруфҷон чунин ба ёд меоварад: “Авзоъ дар Тоҷикистон муташанниҷ гардида буд ва дар он замон, Мирбобо Мирраҳим – аз фаъолини ҳаракати “Растохез” ба ман пешниҳод дод, то ба ҳамроҳии ӯ, аз тариқи Туркманистон ба Эрон парвоз кунем. Аммо аз он ҷойе, ки Мирбобо Мирраҳим таҳти тиъқиб қарор дошт, дар фурудгоҳи Ишқободи Туркманистон ӯро боздошт карданд ва маро ҳам бо ӯ боздошт намуда ба Душанбе фиристоданд. Дар Душанбе мақомот саъй менамуданд, бандаро ба ҷурми мухолифат ва таблиғот алайҳи ҳукумат додгоҳӣ кунанд, аммо натавонистанд далоили кофӣ пайдо кунанд”.

Бо ин ҳол, Маъруфҷонро ба муддати панҷ сол маҳкум ба зиндон намуданд ва танҳо ҷурми ӯро ба шавҳар додани духтари ноболиғаш донистанд. Моҳи ноябри соли 1995 бо афви умумӣ ба озодӣ баромад ва ба Эрон муҳоҷират намуд ва 14 сол дар ин кишвар зиндагӣ намуд.

Соли 2009, бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоише ба Душанбе сафар намуд ва тасмим гирифт, дар ватанаш бимонад.

Тарҷума аз сойти Islamnews, мутарҷим Акрамхон Зиёдуллоев

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: