Чаро дар Қуръон оятҳои муташобеҳ вуҷуд дорад?

Пурсиш: Чаро Худо оятҳои муташобеҳро нозил кард? Магар намешуд, ки ҳама ба оятҳои муҳкам зиндагиашонро мекарданд, на ба каҷравӣ.

S. A.

* * *

Посух: Ба номи Худо. Суоли бисёр хуб аст. Аввал, лозим аст бахше аз ояти 7 сураи Оли Имронро биёварам, сипас маънои “муҳкам” ва “муташобеҳ”-ро тавзеҳ диҳам, он гоҳ ба ин суол, ки чаро дар Қуръони Карим оятҳои муташобеҳ вуҷуд дорад, посух хоҳам навишт.

Ва аммо қисмате аз ояти 7 сураи Оли Имрон:

هُوَ الَّذِيَ أَنزَلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ مِنْهُ آيَاتٌ مُّحْكَمَاتٌ هُنَّ أُمُّ الْكِتَابِ وَأُخَرُ مُتَشَابِهَاتٌ

Ӯ (Худованд) касест, ки ин китоб (яъне Қуръон)-ро бар ту фурӯ фиристод; порае аз он оятҳо “муҳкам” аст, онҳо “уммул-китоб” (асоси китоб) ҳастанд, ва (порае) дигар “муташобеҳ…”

* * *

Муҳкам чист?

Муҳкам — дар муқобили муташобеҳ — ба маънои устувор ва халалнопазир аст. Роғиби Исфаҳонӣ гӯяд:

حکم (ҳакама) дар асл ба маънои “манъ намудан” ва “ҷилавгирӣ” ба кор рафтааст…”

Бинобар ин, ба ҳар гуфторе, ки расо ва шубҳанопазир бошад ва мавриди каҷфаҳмӣ қарор нагирад, муҳкам мегӯянд, яъне: мустаҳкам ва халалнопазир.

Пас, бо ин ҳисоб, оятҳои муҳкам оятҳоест, ки мафҳуми он ба қадре равшан аст, ки ҷойи ҳеч гуна баҳсу гуфтугӯ дар маънои он вуҷуд надорад, мисли оятҳои:

قل هو الله احد

Бигӯ: Ӯ Худованд ягона аст”.

لیس کمثله شی‌ء

Нест ба монанди Ӯ чизе”. Яъне, зоти Ӯ бе мислу монанд аст.

اللَّه خالق کل شی‌ء

Худованд офаридгори ҳама чиз аст”.

Нуктаи дигар ин ки: Худованд дар ин ҷо “оятҳои муҳкам”-ро “уммул-китоб” унвон карда. Уммул-китоб яъне асос, реша ва марҷаъи китоб; ба ин маъно, ки оятҳои муташобеҳ ба оятҳои муҳкам баргардонда шуда ва дар сояи онҳо тафсир мешаванд.

* * *

Муташобеҳ чист?

“Муташобеҳ” аз решаи “ш-б-ҳ” ба маънои “мисл ва ҳамонанд” аст. Роғиби Исфаҳонӣ гӯяд:

والمتشابه من القرآن ما أشکل تفسیره لمتشابهته بغیره

Муташобеҳи Қуръон он аст, ки тафсираш мушкил мебошад, ба ҷиҳати он ки ба чизи дигаре шабеҳ аст”.

Масалан, дар Қуръони Карим ояте ҳаст, ки мегӯяд:

يَدُ اللَّهِ فَوْقَ أَيْدِيهِمْ

Дасти Худо болои дастҳои онон аст…” (Сураи Фатҳ, ояти 10)

Хуб, қатъан ин оят ояти муҳкам нест, зеро лозимаи муҳкам донистани ин оят он мешавад, ки барои Худо – алаёзу биллоҳ! – дасте қоил бишавем, ки болои дастони одамҳо қарор бигирад. Пас, ин оят муташобеҳ аст, ба ҷиҳати монандӣ ва шабоҳати маънояш ба чизе дигар. Ва дар инҷо, “чизи дигар” ҳамин дасти одамизод аст. Ва аз он тараф ҳам, Қуръони Карим дар ояти муҳкам фармуда: “Нест ба монанди Ӯ чизе”. Пас, манзур аз даст дар ин оят, қатъан дасте шабеҳи дасти одамизод нест, балки чизе дигар аст.

Инки дар боло гуфтем, оятҳои муташобеҳ дар сояи оятҳои муҳкам тафсир мешаванд, ба ин маъност, ки ҳар ҷо дидем, маънои як ояти қуръонӣ, бо маънои оятҳои муҳкам дар таъоруз бошад, бояд ояти мавриди назарро дар сояи оятҳои муҳкам маъно кунем.

Дар ҳамин мисоли боло, мегӯем: ба далели ин, ки Худо фармуда, чизе шабеҳи Худо нест, аз ин рӯ, “дасти Худо” дар ин оятро ба маънои ин ки Худо низ мисли мо одамҳо даст дошта будааст, маъно намекунем, балки онро ё киноя аз чизе дигар, ва ё “дасти Худо”-ро ба гунае ки сазовори зоти поки Ӯст маъно мекунем.

Ҳол, посухи пурсиши шумо.

* * *

Чаро дар Қуръон оятҳои муташобеҳ вуҷуд дорад?

Дар ин хусус, ки чаро дар Қуръон оятҳои муташобеҳ вуҷуд дорад, дидгоҳҳо ва орои мухталиф ва гоҳе зидду нақиз иброз шуда. Дар ин мақолаи кӯтоҳ, наметавон ҳамаи онҳоро нақл кард. Аз ин рӯ, муҳимтарини онро — ки ба назари банда дуруст ва саҳеҳ аст – меоварам:

Алфоз ва иборатҳое, ки дар гуфтугӯҳои инсонҳо ба кор меравад, танҳо барои ниёзмандиҳои рӯзмарра ба вуҷуд омада. Яъне, мо инсонҳо лафзҳое, ки ба кор мебарем, дар воқеъ дар мавриди ашёе аст, ки дар зиндагӣ бо он ашё сару кор дорем. Мо ҳаргиз дар мавриди чизе, ки надидаем – ва асосан, тавони дарки онро ба воситаи ҳавосси худ надорем – лафзе вазъ намекунем. Хулоса, ҳар лафзе — дар ҳар забоне — дар баробари ашёе вазъ шудаанд, ки инсонҳо дар зиндагии моддӣ бо он ашё сару кор доранд.

Ва аз он тараф, Қуръони Карим ба ҳамин забони мо ва ба ҳамин алфозе аст, ки мо ба кор мебарем. Ҳол, маорифи қуръонӣ, ки бештар дар бораи масоиле аст, ки мо инсонҳо ба он масоил аслан ошноӣ надорем, яъне аз моварои ин олами моддӣ аст, аз ин рӯ алфози мо дар воқеъ қолиби он маъноҳо нест. Ва Худованд, он маъноҳоро дар қолиби ҳамин алфози мо рехта яъне ночор алфозеро дар мавриди он маъноҳо ба кор бурда, ки норасо ҳастанд.

Бисёре аз ҳақоиқ марбут ба ҷаҳони дигар ё ҷаҳони моварои табиат аст, ки аз уфуқи афкори мо дур мебошад ва мо ба ҳукми маҳдуд будан дар зиндони замону макон, қодир ба дарки умқи онҳо нестем.

Пас, ҳамин норасоиҳои калимот аз як тараф ва норасоии афкори мо ва баланд будани уфуқи он маъонӣ аз тарафи дигар, сарчашмаи шумори қобили таваҷҷӯҳе аз муташобеҳоти Қуръон аст; монанди оятҳои марбут ба бархе аз сифоти Худо ва оятҳои марбут ба қиёмат ва амсоли он.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Қуръони Карим

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: