Баёнияи Ҳамос ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии Қудс”

Ҷунбиши Ҳамос дар остонаи “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” баёнияе содир намуд ва аз миллати Фаластин дархост кард, ки бо баргузории тазоҳуроти густарда, эътирози худро ба режими саҳюнистӣ нишон диҳанд.

Ҳамос дар ин баёния, хостори гиромидошти “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” шуда ва аз шаҳрвандони фаластинӣ хост, ки рӯзи ҷумъа ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” дар марзҳои борикаи Ғазза ҷамъ шуда ва эътирози худро ба режими саҳюнистӣ нишон диҳанд.

Ҷунбиши Ҳамос тасреҳ кард, ки: “Мо аз миллати Фаластин мехоҳем, ки рӯзи ҷумъа роҳпаймоии бошукӯҳе ба самти мавонеи марзӣ, ки аз байн хоҳанд рафт, баргузор кунанд, то хашми худ аз таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба муқаддасот ва миллати Фаластинро нишон диҳанд.”

Бар асоси гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, ин ҷунбиш хотирнишон кард, ки: “Ҳадаф аз ин роҳпаймоӣ расондани ин паём ба душман аст, ки мо миллате ҳастем, ки дар муқобили яҳудисозӣ, таҷовуз ва муҳосира таслим нахоҳем шуд”.

Ҳамос дар ин баёния аз тамоми миллатҳои уммати арабӣ ва исломӣ хостааст, ки дар ин рӯз ба нишонаи ҳамбастагӣ бо Қудс ва Масҷидулақсо ва низ эъломи ҳимоят аз миллати муҳосирашудаи муборизи фаластинӣ дар Фаластини ишғолӣ, хашми худро (аз режими саҳюнистӣ) эълом кунанд.

Ин ҷунбиш таъкид кард, ки: “Имони мо ба пирӯзии ношӣ аз ақидаи росих ба ваъдаи Худованд ва Паёмбари Худо мабнӣ бар ёрии муҷоҳидон аст ва ваъдаи Паёмбари мо ваъдае ростин аст”.

Ҳамос ҳамчунин бар омодагии доимии худ дар масири озодсозӣ ва каромат ва дастёбӣ ба ифтихори мушорикат дар ин пирӯзии қатъӣ таъкид ва эълом кард, ки ҳозир ба кӯтоҳтарин имтиёздиҳӣ дар заминаи дин ва муқаддасот нест.

Ин ҷунбиш дар поён хотирнишон кард, ки: “Мо ва ҳамаи инсонҳои ғаюр бар аҳду паймони худ бо уммат ва миллатамон то таҳаққуқи комили аҳдофи худ дар заминаи озодсозӣ, таъйини сарнавишт ва ҳаққи муқаддаси бозгашт ба сарзамини обо ва аҷдодӣ пойбанд хоҳем монд.”

* * *

Гуфтанист, пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон, Имом Хумайнӣ (р) поягузори инқилоби исломӣ, тайи ҳукме ҷумъаи ахири ҳар моҳи рамазонро ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” эълом кард ва аз ҳамаи эрониён ва ҷамиъи уммати исломӣ ва озодихоҳони ҷаҳон хост, то дар ин рӯз бо баргузории роҳпаймоиҳо ва тазоҳурот, эътирози худро ба режими ҷаълӣ ва ғайриқонунии “Исроил” бирасонанд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: