Зилзилаи сиёсии ҷадид дар Риёз

Шоҳи саудӣ дар иқдоме, ки коршиносон онро “гоме барои нишондани Муҳаммад бен Салмон бар тахти шоҳии Арабистон” медонанд, валиаҳдашро барканор ва писарашро ҷойгузини ӯ кард.

Хабаргузории расмии Арабистон (ВОС) субҳи имрӯз (чаҳоршанбе, 21.06.2017) гузориш кард, ки Салмон бен Абдулазиз дар фармоне ҷадид, Муҳаммад бен Ноиф вазири кишвар ва валиаҳди Арабистонро барканор кард.

Тибқи ин гузориш, Салмон, писараш Муҳаммадро, ки вазири дифоъ аст, ҷойгузини валиаҳд кард ва ҳамчунон ӯро дар вазорати дифоъ ибқо намуд.

Бар асоси фармони Салмон, Муҳаммад бен Ноиф илова бар ин ки аз мансаби валиҳадӣ халъ шуд, ҳамчунин аз мансабҳои дигараш монанди вазорати кишвар ва муовинати риёсати Шӯрои вазирон низ барканор шуд.

“Муҷтаҳид” ифшогари маъруфи саудӣ – ки чанд рӯз пеш аз ин таҳаввулот хабар дода буд — имрӯз дар твиттери худ, ин иқдоми Салмонро “кудетои Муҳаммад бен Салмон” хонд ва навишт, ки ба зудӣ Салмон ба нафъи писараш аз қудрат канорагирӣ хоҳад кард.

Дар хабари хабаргузории Арабистон омадааст, ки Салмон банди “Б” моддаи панҷуми “Қонуни аслии ҳукумат”-ро тағйир дода ва тасреҳ карда, ки ”Ҳукумат дар писарони Абдулазиз бен Абдурраҳмон ал-Файсал Оли Сауд шоҳи муассис ва писарони писаронаш боқӣ хоҳад монд… Ва шоҳӣ ва валиҳадӣ фақат дар як хонавода аз зуррияи шоҳи бунёнгузор боқӣ намемонад”.

Байъати Муҳаммад бен Ноиф бо Муҳаммад бен Салмон

Дар тасовире, ки шабакаи Аларабия мунташир кард, Муҳаммад бен Салмон бо Муҳаммад бен Ноиф дидор кард ва шабакаи Аларабия ин дидорро байъати Муҳаммад бен Ноиф эълом кард.

Муҳаммад бен Ноиф дар ин тасовир бемайл ва ба зоҳир нохурсанд аст ва ба Муҳаммад бен Салмон мегӯяд: “Муваффақ бошӣ!”

Даъвати шоҳ аз масъулон барои байъат бо валиаҳди ҷадид

Салмон бен Абдулазиз пас аз судури фармони худ, аз масъулони мамлакатӣ хост, то баъд аз намози таровеҳи имшаб, дар Маккаи Мукаррама бо Муҳаммад бен Салмон валиаҳди ҷадид байъат кунанд. Ин маросим зоҳиран дар Кохи Сафо дар Макка баргузор хоҳад шуд.

Муҳаммад бен Ноиф ва бародараш дар иқомати иҷборӣ қарор гирифтанд

Муҳаммад Мизвор, рӯзноманигори араб ва таҳлилгари умури сиёсии Ховари Миёна мегӯяд: “Муҳаммад бен Ноиф валиаҳди махлуъи Арабистон таҳти иқомати иҷборӣ қарор гирифтааст”.

Мизвор, ки дар рӯзномаи Independent машғул ба кор аст, дар твиттери худ эълом кард, ки валиаҳди собиқ ба дастури валиаҳди ҷадид (Муҳаммад бен Салмон) таҳти иқомати иҷборӣ қарор гирифта ва ин барои ҳифзи саломати Муҳаммад бен Ноиф аст.

Ӯ ин матлабро ба нақл аз манобеи мутталеъ эълом кард ва дар твитти дигар эълом кард, ки бародари Муҳаммад бен Ноиф (валиаҳди махлӯъ) яъне Сауд бен Ноиф амири минтақаи Ашшарқия низ дар кохи худ дар Алазизия дар ҷануби шаҳри Алхуббар дар иқомати иҷборӣ қарор гирифтааст.

Мизвор мегӯяд, ки “баландпарвозиҳои Муҳаммад бен Салмон комилан равшан аст ва ӯ мехоҳад ба тахти салтанат бирасад ва тарҳи ҷаддаш Абдулазиз барои ишғоли кулли Яман ва илҳоқи ҳамаи шайхнишинҳои перомун ба Арабистонро тамом кунад”.

Farsnews

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: