Табйин ва нақди дидгоҳи Ҳокинг дар нафйи Худо

Стивен Вилём Ҳокинг (Stephen Hawking) физикдони назарӣ ва кайҳоншиноси бритониёӣ аст. Муҳимтарин осори вай ду китоби “Торихчаи замон” (A Brief History of Time) ва “Тарҳи бузург” (The Grand Design) аст. Ӯ мекӯшад, бо ироаи як теорияи ҷомеъ (M-Thoery), ниёз ба офаридгори модда ва ҷаҳонро нафй намуда ва бар он мешавад, ки дониши таҷрибӣ тавони табйини ҷаҳонро дорад ва дигар ниёзе нест, ки дар робита бо чигунагии пайдоиши ҷаҳон, ба холиқияти Худо тавассул ҷӯйем.

Муҳимтарин нукоте, ки ба гумони вай, нақши истидлол барои адами ниёз ба Худо дар табйини ҷаҳонро дорад, ба шарҳи зерин аст:

1) Нафйи оғози замонии ҷаҳон:

Ҳокинг оғози замонӣ доштани ҷаҳонро мусталзими вуҷуди Худо медонад ва мегӯяд: “Агар ҷаҳон оғозе дошт, мо метавонистем фарз кунем, ки холиқе дорад. Аммо агар ҷаҳон ба таври комил бекарон бошад, яъне марзе надошта бошад, онро на оғозе ҳаст ва на анҷоме. Дар ин сурат, чӣ ҷое барои Худо вуҷуд дорад?” (Stephen Hawking, A Berife History of Time, (New York: bantam books, 1988), p140)

2) Худофаринии ҷаҳон:

Вай дар асари ҷадидтараш “Тарҳи бузург” иддао кардааст, ки “инфиҷори бузург” паёмади иҷтинобнопазири қавонини физик буда ва қонуни ҷозибаро ба манзилаи омили аслии пайдоиши ҷаҳон муаррифӣ мекунад: “Аз он ҷо, ки қонуне монанди ҷозиба вуҷуд дорад, ҷаҳон метавонад худашро аз ҳеч халқ кунад...” (Тарҳи бузург, с.216)

3) Иттифоқӣ будани кураи замин барои зисти инсон:

Ҳокинг мегӯяд, кураи замин аз миёни милёрдҳо сайёраи дигар, комилан иттифоқӣ дар шароите қарор гирифта, ки таҳти он шароит, мавҷуде ба номи инсон метавонад рушд кунад. Ӯ мегӯяд: “Кашфи манзумаҳои дигаре назири манзумаи хуршедӣ, собит кардааст, ки манзумаи мо, ки дарбаргирандаи як хуршед ва сайёраҳое аст, ки перомуни он мечарханд, як падидаи мунҳасир ба фард нест. Ин масъала нишон медиҳад, ки вуҷуди ҳолати физикии идеол байни хуршед ва кураи замин ва пайдоиши инсон рӯйи кураи замин, як падидаи аз пеш тарроҳишуда ва дақиқ барои мавҷудият ва рафоҳи инсон нест”. (Тарҳи бузург, с.183-184) Ӯ натиҷа мегирад, пас бо ин ҳисоб фарзи Худое вуҷуд надорад.

Нақди далели аввал:

1) Иштибоҳи Ҳокинг ин аст, ки ба гумони вай, исботи вуҷуди Худо, тобеи оғози замонии олам аст. Яъне ӯ гумон кардааст, ки агар қарор бошад барои ҷаҳон Худое қоил бошем, пас лозим аст барои ҷаҳон оғозе қоил бошем. Дар ҳоле ки ин пиндор аз асос ғалат аст. Бисёре аз фалосифа ва ҳукамои илоҳӣ аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино, моддаро “қадими замонӣ” ва дар айни ҳол “ҳодиси зотӣ” ва махлуқи Худо донистаанд. Афзун бар ин, бар асоси дидгоҳи Мулло Садро, файласуфи шаҳири эронӣ, замон буъде аз абъоди модда аст ва аз ҳаракати модда интизоъ мешавад. Аз ин рӯй, вуҷуди замон пеш аз модда, аз асос бемаънист. Бинобар ин, лозим нест, ки барои замон марзи муайяне фарз шавад, ки Худованд ҷаҳони моддиро дар он офарида бошад, балки замон тобеъи модда ва ҳаракати он аст.

Шаҳид Мутаҳҳарӣ низ дар ин бора мегӯяд: “Ҷаҳон, бо ҳамаи низомот ва илал ва асбобаш, якҷо қоим ба зоти Ӯст. Ӯ бар замон ва макон тақаддум дорад. Замон ва замониёт ва макон ва макониёт, аъамм аз он ки мутаноҳӣ бошанд ё ғайримутаноҳӣ, яъне аъамм аз он ки риштаи замон маҳдуд бошад ё аз азал то абад кашида шуда бошад, ва абъоди маконӣ ва фазоии ҷаҳон низ аъамм аз ин ки ба ҷое мунтаҳӣ шавад ё нашавад ва билохира доманаи мавҷудот, аъамм аз он ки дар замон ва макон номутаноҳӣ бошад ё мутаноҳӣ, мутааххир аз зот ва ҳастии Ӯст ва файзе аз файзҳои Ӯ ба шумор меравад”.» (Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1/484)

Асосан, мушкили Ҳокинг ва амсоли вай, дар ин аст, ки барои худашон ин заҳматро надодаанд, ки китобҳои фалсафии фалосифаи исломӣ ба хусус Ибни Сино, Ибни Рушд ва Мулло Садроро бихонанд. Албатта, интизоре ҳам аз ӯ нест, зеро физикдон аст, на файласуф. Фаҳми дақиқи замон ва замониёт ва макон ва макониёт, ҷуз дар фалсафа муяссар нест.

Аз ҳамин рӯст, ки Кунтин Исмит (Quentin Smith), ки худ як файласуфи мулҳиди омрикоист, истидлоли Ҳокинг мабнӣ бар ин ки “агар ҷаҳон худкифо буда ва марзе надошта бошад, ҷое барои Худо нест”-ро бадтарин истидлоли илҳодӣ дар торихи тафаккури ғарбӣ ба шумор овардааст. (Худобоварӣ ва донишмандони муосири ғарбӣ, с.51)

Нақди далели дуввум:

1) Асосан, баҳс аз вуҷуд ё адами вуҷуди Худованд баҳсе фалсафӣ ва фаротар аз табйинҳои илмӣ аст. Илм ба маънои дониши таҷрибӣ (science) баёнгари равобити байни падидаҳои ҷаҳон ва чигунагии падид омадани онҳост, аммо нисбат ба чароии онҳо ва ин ки аслан чаро ҷаҳоне ҳаст ва ин ки оё низоми ҷаҳон ҳадафманд ва тобеъи иродаи огоҳ аст ё на, сокит аст ва абзор ва равише барои кашфи он надорад.

2) Агар ончунон, ки Ҳокинг мӯътақид аст, вуҷуди ҷозиба ва қавонини табиат барои пайдоиши ҷаҳон кофист, боз ин суол вуҷуд дорад, ки чаро ҷозиба ва қавонини табиат вуҷуд доранд? Худи ҷозиба ва қавонини физикӣ адамӣ ва халаъи маҳз набуда ва бояд қоим ба чизе бошанд. Пас он чист ва оё тарҳ ва иродаи худоӣ дар падид омадани он ва хоссияти шигифтангезаш вуҷуд надорад? Ё онҳо воҷибулвуҷуди биззотанд? Ин гуна масоил аз тариқи бароҳини фалсафӣ пайгирӣ мешавад ва дар фалсафа ва илоҳиёт илова бар исботи адами зарурати зотии модда, энержӣ, ҷозиба ва ғайра, далелҳои мутааддиде барои исботи вуҷуди Худо вуҷуд дорад.

Профессор Эрик Прист (Eric Priest), аз устодони собиқи риёзиёт дар Донишгоҳи Сент-Эндрю (University of St Andrews) дар ин бора мегӯяд: “Суханони профессор Ҳокинг тавҷеҳпазир нест. Ин комилан мантиқӣ ва пазируфтанӣ аст, ки Худованд шароитро барои вуқӯи инфиҷори бузург ва шаклгирии каҳкашонҳо бар асоси он фароҳам карда бошад”. Ӯ барои равшан сохтани тафовути нақши илм ва фалсафа ва илоҳиёт мисоли қурӣ ва оби ҷӯшро меоварад ва мегӯяд: “Бо истифода аз қавонини физик ба диққат қобили тавзеҳ аст, ки чӣ тавр гармо аз уҷоқ ба қурӣ ва сипас ба об мунтақил мешавад ва онро ба нуқтаи ҷӯш мерасонад. Аммо ин ки билохира чаро ин об меҷӯшад-ро наметавон фақат бо физик тавзеҳ дод, зеро шояд хонуми хона ҳаваси чой карда бошад?!” (Худобоварӣ ва донишмандони муосири ғарбӣ, с.58-63)

Нақди далели севвум:

1) Усулан далели Худошиносон ин нест, ки танҳо як манзумаи шамсӣ вуҷуд дорад ва танҳо ҳамин кураи хокӣ зистгоҳи инсон аст, то бо кашфи манзумаҳои дигар, бурҳони онон ибтол шавад. Агар илм ҳазорон манзумаи хуршедии дигар ҳам кашф кунад, кучактарин хадшае бар бароҳини Худошиносӣ ворид намешавад; зеро бархе аз ривоёти ворида низ ҳикоят аз вуҷуди ҳазорон манзумаи хуршедӣ ва зистандагоне чун инсон ва дигар ҷунбандагон дар онҳо дорад. Ҳокинг гумон мекунад, ки агар низомоти дигаре ба сони низоми хуршедӣ кашф шуд, бояд касрати онҳоро гувоҳ бар нафйи Худо гирифт, дар ҳоле ки ҷараён баръакс аст.

Афзун бар далелҳои мутааддиде, ки бар иртиботи назми ҷаҳон бо илм ва иродаи офаринандаи ҳаким дорад, бар асоси ҳисоби эҳтимолот ҳатто агар дар назми мухтасар ва андак битавон эҳтимоли тасодуфӣ буданро пазируфт, вале густардагӣ ва афзоиш ва такрори назм бо ҷиддият эҳтимоли тасодуфро нафй мекунад ва мӯҷиби коҳиши дараҷаи эҳтимоли тасодуф ва майли он ба сифр аст.

2) Вуҷуди ҷаҳонҳои мутааддид аз назари физикдонон низ на илмӣ аст ва на нофии вуҷуди Худо. Дуктур Маҳдии Гулшанӣ, физикдони барҷастаи муосир менависад: “Алорағми шӯҳрати идеяи чандҷаҳонӣ, бисёре аз физикдонон онро намеписанданд, зеро воқеияти ҷаҳонҳои мутааддид чӣ аз лиҳози кайҳоншиносӣ ва чӣ аз лиҳози физики заррот қобили озмудан нест ва мумкин аст ҳамвора чунин бимонад. Лизо баъзе аз физикдонон идеяи чандҷаҳониро ҷузъи илм ба ҳисоб намеоваранд; зеро имон ба он на бар мабнои мулоҳизоти кайҳоншинохтӣ аст, ва на таҷрибӣ”. (Худобоварӣ ва донишмандони муосири ғарбӣ, с.101)

Аз тарафи дигар Ҷурҷ Элис (George Ellis), Бернорд Кор (Bernard Carr) ва ғайра… далолати чандҷаҳонӣ бар нафйи Худоро рад карда ва бар онанд, ки холиқияти Худо дар робита бо такҷаҳонӣ ва чандҷаҳонӣ тафовуте надорад ва Худое, ки метавонад як ҷаҳон биёфаринад, ҳам ӯ метавонад чанд ҷаҳоне халқ кунад. (Худобоварӣ ва донишмандони муосири ғарбӣ, с.103-107)

Фаслномаи маориф



Рубрики:Нақду назар, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: