Таҳлили Атвон аз таҳаввулоти ахир дар Арабистони Саудӣ

Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм ва таҳлилгари машҳури ҷаҳони араб, дар вокуниш ба барканории валиаҳди Арабистон аз симати худ ва таъйини Муҳаммад бен Салмон ба унвони валиаҳд, таъкид кард, ки Малик Салмон ба зудӣ писарашро ба унвони подшоҳ муаррифӣ хоҳад кард.

Атвон дар паёме видеоӣ эълом кард, ки Малик Салмон ба зудӣ ба нафъи писараш Муҳаммад бен Салмон канорагирӣ хоҳад кард.

Атвон идома дод: “Ба назарам, шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, бо мансаби подшоҳии Арабистони Саудӣ «як гоми кучак» фосила дорад”.

Вай тасреҳ кард, ки барои ба даст гирифтани қудрати подшоҳӣ дар Арабистон, бояд мувофиқати 3 муассисаро ба даст овард ва Муҳаммад бен Салмон ба назари ман ҳамакнун ин шароитро дорад.

Ин 3 муассиса ба таъбири Атвон, давлати Омрико, хонадони ҳокими Арабистон ва ҳайъати олии уламои Арабистон аст.

Вай дар мавриди муқаддимасозӣ барои рӯйдоди ахир дар Арабистон гуфт, ки Муҳаммад бен Салмон дар сафари ахири худ ба Омрико, муқаддамоти аввалия ва аслии байъат ва мувофиқати Омрико бо ин тағйирро фароҳам кард.

Ба гуфтаи Атвон, Омрико бо ин кор, аз Муҳаммад бен Ноиф даст кашид; касе, ки дар назари Омрико лиёқати риёсат дар Арабистонро дошт ва хадамоти арзанда дар муқобила бо теруризм аз худ бар ҷой гузошт.

Ин таҳлилгар афзуд, гоми дуввум дар сафари Дунолд Тромп ба Арабистон сурат гирифт ва Тромп бо тағйир дар Арабистон мувофиқат кард. Шӯрои байъати Арабистон, ки муташаккил аз 34 шоҳзода аст, бо 31 раъй бо валиаҳдии Муҳаммад бен Салмон мувофиқат карданд.

Атвон эҳтимол дод, ин 3 шоҳзода, Валид бен Талол, шоҳзодаи мунтақиди сиёсатҳои Арабистон ва ҷанг алайҳи Яман, Аҳмад бен Абдулазиз ва амир Бандар бен Султон бошанд.

Наҳваи байъати Муҳаммад бен Ноиф

Атвон мегӯяд, наҳваи байъати Муҳаммад бен Ноиф бо Муҳаммад бен Салмон, бар хилофи одати маъмул буда ва Муҳаммад бен Ноиф ба ҳангоми байъат абои мишкирангро, ки аз русумоти Арабистон буда, бар тан надошт.

Ин таҳлилгар изҳор дошт: “Ба ҳангоми байъат, Муҳаммад бен Салмон ду бор дасти Муҳаммад бен Ноифро бӯсид ва ҳатто мехост пойи вайро бибӯсад. Ба назари банда, шояд ин рафтори Муҳаммад бен Салмон нишон аз эҳсоси гуноҳи вай бошад”.

Атвон, ба дастуроти подшоҳи Арабистон ишора мекунад, ки тайи он Малик Салмон дастур дода дар сурати шоҳ шудани писараш Муҳаммад бен Салмон, вай ҳақ надорад писарони худро валиаҳди худ қарор диҳад.

Атвон бо ба масхара гирифтани ин иқдоми шоҳи Арабистон, ӯро мавриди хитоб қарор медиҳад ва мегӯяд: “Хуб, ту худат қавонинро зери по гузоштӣ, чӣ интизоре аз писарат дорӣ, ки фарзанди худро валиаҳд интихоб накунад?!

Атвон афзуд: “Ба Худо қасам, Малик Салмон, ки писари худро ба унвони ҷонишини худ интихоб кард, писараш низ ҳар киро бихоҳад валиаҳди худ қарор хоҳад дод”.

Сардабири рӯзномаи Раъюл-явм дар мавриди паёмадҳои ин тағйир низ гуфт, ки давлати Қатар бештарин зарбаро аз ин тағйир хоҳад дид; чаро, ки Муҳаммад бен Ноиф дӯсти самимии Қатар буд.

Вай эҳтимол дод, далели барканории Муҳаммад бен Ноиф ҳам, мухолифати вай бо иқдоми Арабистон дар қатъ кардани равобити худ бо Қатар аст.

Атвон ҳамчунин гуфт, баъид нест, ки дар ояндаи начандон дур, Муҳаммад бен Зоид, валиаҳди Абӯзабӣ, даст ба кудетои мушобеҳе дар ин кишвар бизанад ва Халифа бен Зоид, ҳокими Аморотро ба далели вазъияти ҷисмонӣ аз қудрат барканор кунад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: