Табйини дидгоҳи Ричорд Докинз дар нафйи Худо ва нақди он

Ричорд Докинз (Richard Dawkins) устоди “рафторшиносии ҳайвонот” дар Донишгоҳи Оксфурд аст. Ӯ кӯшиш кардааст, то бо далоиле, эҳтимоли вуҷуди Худоро то ҳадди зиёде номумкин бинамоёнад. Умдаи далоили вай дар ин замина иборат аст аз: 1) Асли интихоби табиӣ; 2) Печидагии Худо.

Инак, ба баррасии ҳар як аз ду далели вай пардохта ва онҳоро ба нақд мегузорем.

Далели аввал: Асли интихоби табиӣ

Докинз дар китоби “Соатсози нобино” (The Blind Watchmaker) иддао мекунад, ки бар асоси назарияи такомули Дорвин, пайдоиши гунаҳои мухталифи зистандагон аз ҷумла инсон тавассути холиқе ҳушманд монанди Худо тарроҳӣ нашуда, балки ҳама баромада аз “асли интихоби табиӣ” аст.

Ӯ бар ин масъала таъкид меварзад, ки дар гузашта мувоҷеҳа бо дунёи шигифтангези зистандагон, башарро бар сари як дуроҳӣ қарор медод: пайдоиши тасодуфӣ, ё тарроҳии офаринандае доно ва тавоно. Аммо чун тасодуф номаъқул ва маҳол ба назар мерасид, танҳо роҳи маъқул тавҷеҳи ҷаҳони офариниши илоҳӣ буд.

Ба назари вай, Дорвин бо қарор додани “асли интихоби табиӣ”, дугонаи Худо ё тасодуфро барҳам зад ва нишон дод, ки танаввӯи зистӣ метавонад аз тариқи интихоби табиӣ, бидуни дахолати холиқи ҳаким, падид ояд ва дар айни ҳол, тасодуфе ҳам набошад.

Дар гоми дуввум, Докинз муддаӣ аст, барои ин эҳтимол, ки “тамоми зиндагӣ ба воситаи фароянди бебарномаи такомули дорвинӣ ба вуҷуд омадааст”, ҳеч гуна интиқоди ғайриқобили радде надорем. Пас, ин дуруст аст, ки тамоми зиндагӣ ба воситаи фароянди бебарномаи такомули дорвинӣ ба вуҷуд омадааст.

Нақд

Дар ин бора ишколоти чанде вуҷуд дорад аз ҷумла:

1) Фориғ аз ин ки “асли интихоби табиӣ”-и Дорвин аз манзари зистшинохтӣ дуруст бошад ё нодуруст ва собит шуда бошад ё на, бояд дид, ки ин асл оё аз назари фалсафӣ муғойир бо асли Худобоварӣ аст ё на?

Ҳақиқат ин аст, ки асли мазбур ҳеч гуна далолате бар нафйи вуҷуди Худо надорад, балки баръакс ҳамон натиҷаеро медиҳад, ки Худобоварон матраҳ мекунанд.

Барои равшантар шудани матлаб, ин суолро матраҳ мекунем, ки: оё “асли интихоби табиии аслаҳ” дар танозӯи бақо, як қонуни ҳоким дар низоми табиат аст, ё ҳеч гуна қонуне дар ин замина вуҷуд надорад ва интихоби аслаҳ комилан ба сурати тасодуфӣ рух менамояд?

Бино бар гузинаи нахуст, табиат қонунманд ва ҳадафдор аст ва яке аз қавонини он, интихоби аслаҳ дар танозӯи бақост; гӯӣ дар табиат навъе шуъури мармуз ва ҳаракате ғирболгарона ба сӯи ҳадафе такомулӣ нуҳуфтааст. Он гоҳ, ин суол матраҳ мешавад, ки ҳамин қонунмандии табиат оё тасодуфӣ аст ё тобеи ҳикмат ва иродаи ҳакимонаи холиқи доно ва тавоно?

Фарзи нахуст маҳол ва фарзи дуввум ҳамон сухани Худобоварон аст. Дар ин робита, шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки истиноди қонунмандии табиат ба Худованд, ба маънои он нест, ки ҷаҳон чизест ва қонуни он чизи дигар. Ба иборати дигар, ин гуна нест, ки ибтидо Худованд маводди ҷаҳонро биёфаринад ва сипас қонунеро барои он вазъ кунад. Балки ҳамон офариниши нахустин ва иродаи аввалии илоҳӣ, ба ин таъаллуқ гирифта, ки моддаро бо вежагиҳои диномикӣ ва пӯё ва низомпазир ба гунае эҷод кунад, ки дар як раванди тадриҷӣ, аз он, ҷаҳоне шигифт ва зебо — он гуна, ки мушоҳида мекунем — падид ояд.

Бинобар ин, агар касе муддаӣ шавад, ки низоми шигифти ҷаҳон зотии он аст – чунонки оқои Докинз мегӯяд – ин ҳеч мунофоте бо илоҳӣ будани он надорад.

Ва аммо бино бар гузинаи дуввум, бақои аслаҳ амре комилан тасодуфӣ ва бебарнома аст, аммо тасодуфе, ки ҳамвора такрор мешавад. Дар ин ҷо, муҷаддадан бо ишколоте аз ҷумла ишколи “маҳол будани тасодуф” рӯ ба рӯ мешавад.

Ба иборати дигар, асли интихоби табиӣ, на метавонад асли интихоби огоҳонаро нафй кунад ва на метавонад дугонаи Худо ё тасодуфро аз миён бардорад ва гузинаи севвумеро ҷонишин созад; зеро дар ҳар фарзе, бо ҳамин дугона бархӯрд карда ва ба ҳукми “адами имкони тасодуф”, бояд ба вуҷуди холиқи ҳаким эътироф кунад.

Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар ин бора мегӯяд: “Худи Дорвин дар ҷоҳои мухталифе аз китобаш ва дар гӯшаву канори ҳарфҳояш, эътироф мекунад, ки билохира бояд ба омили маҷҳуле барои пайдоиши ин тағйирот мӯътақид шуд. Яъне мегӯяд, ҳамаи ин авомиле, ки ман зикр мекунам, боз ҳам муамморо ҳал намекунад… Ҳатто мегӯяд, ки ба ман эътироз кардаанд, ки ту барои “интихоби табиӣ” монанди як қувваи фаъолаи мовароитабиӣ назар медиҳӣ. Чун ӯ он ҷо, ки мегӯяд “табиат аслаҳро интихоб мекунад”, аслан нишон медиҳад, ки мисли ин ки табиат худаш ба сӯи интихоб меравад. Яъне ҳамон таваҷҷӯҳ ба ҳадаф ва ҳамон, ки илоҳиюн мегӯянд “асли таваҷҷӯҳ ба ғоят”. (Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 4/221)

2) Ин ки Докинз муддаӣ аст, ки дар баробари эҳтимоли “пайдоиши тамоми зиндагӣ ба воситаи фароянди бебарномаи такомули дорвинӣ” ҳеч гуна интиқоди ғайриқобили радде надорем, иддаое газоф аст, ва чунонки гузашт, ин назария худ далолат бар вуҷуди навъе барнома ва ҳадаф дар раванди такомул дорад ва бидуни он, гирифтори мушкили тасодуф мешавад.

3) Алвин Плантинга (Alvin Plantinga), файласуфи дини омрикоӣ, дар ин бора менависад: “Сурати мантиқии истидлоли Докинз ин гуна аст:

а) Барои эҳтимоли “P” ҳеч гуна интиқоди ғайриқобили радде надорем, пас:

б) “P” содиқ аст.

Аммо равшан аст, ки наметавон бо радди интиқодот алайҳи як чиз, онро ба унвони амри воқеъ (fact) исбот кард”. (www.christianitytoday.com)

4) Бархе донишмандон бар онанд, ки барои ба вуҷуд омадани ҳаёти зишуъур, бисёре собитҳои физикӣ мисли қувваи ҷозиба ва дараҷаи ҳарорат мебоист дар бозаҳои бисёр маҳдуде қарор бигиранд. Бар асоси дидгоҳи Худобоварона ин ҳамоҳангӣ тавҷеҳ мешавад, зеро мавҷуде оқил (Худованд) тасмим ба чунин коре гирифтааст, ва ба вуҷуд омадани чунин шароити нодире бар асоси тасодуф ва иттифоқ бисёр номумкин аст.

Докинз дар ҷавоби ин матлаб мегӯяд, ки ҷаҳонҳои бисёр ва бешуморе вуҷуд дорад ва аз ин рӯ мумкин аст дар теъдоде аз онҳо шароити ҳаёт ҳосил шавад ва дар теъдоди бешуморе ин шароит ба вуҷуд наёяд.

Дар ҷавоби ин, Алвин Плантинга мегӯяд, инки ҷаҳонҳои бисёре вуҷуд доранд, ки шароити ҳаётро надоранд, далеле бар он нест, ки дар ҷаҳони мо шароити ҳаёт ба сурати худ ба худӣ фароҳам шавад. Зеро ба вуҷуд омадани шароити ҳаёт дар ҷаҳони мо, ба рағми ин матлаб, боз ҳам бисёр андак аст. Ба иборати дигар, ба вуҷуд омадан ё наомадани ҳаёт дар як ҷаҳон, иртиботе бо адам ё вуҷуди шароити ҳаёт дар ҷаҳони дигар надорад, ва ин ду ба лиҳози эҳтимоли вуқӯъ умуре мустақил аз ҳаманд. (www.christianitytoday.com)

* * *

Далели дуввум: Печидагии Худо

Докинз дар фасли чаҳоруми китоби “Пиндори Худо” (The God Delusion) ба “Boeing 747”-и Фред Ҳойл (Fred Hoyle) ишора мекунад, ки гуфта буд: “Эҳтимоли эҷоди (тасодуфии) ҳаёт бар замин, беш аз ин эҳтимол нест, ки тундбоде бар як анбори оҳанпора бивазад ва аз бурдаҳои оҳанпораҳо як Boeing 747 бисозад”. Ӯ аз ин мисол истифода мекунад, ки табйини печидагиҳои ҷаҳон аз тариқи Худо, мушкилеро ҳал намекунад, зеро ҳамин масъала дар мавриди Худо матраҳ мешавад ва бепосух мемонад. Ва ба иборати дигар, Худо монанди созандаи он Boeing аст, ки чигунагии пайдоиши ӯ содатар аз он нест.

Аз ин рӯ мегӯяд, агар Худо, бо он ҳама қудрат ва доноӣ, вуҷуд дошта бошад, бояд бисёр печида (Complex) бошад, ба вежа он ки ӯ мубдиъи ҳастӣ аст ва ҳар гоҳ чизе, чизи дигареро тарроҳӣ ва ибдоъ кунад, дастикам бояд ба андозаи маҳсули худ печидагӣ ва иттилоот дошта бошад. Аз дигар сӯ, байни печидагӣ ва иттилоот бо эҳтимоли вуҷуд нисбати маъкус барқарор аст. Яъне ҳар андоза чизе печидатар бошад, эҳтимоли вуҷуд доштанаш камтар аст. Пас, тақрибан бо итминон метавон гуфт, Худо вуҷуд надорад.

Нақд

Докинз Худо буданро мусовӣ бо печидагӣ ва аз ин рӯ эҳтимоли вуҷудашро бисёр андак меангорад. Дар ин бора чанд нукта дар хӯри таваҷҷӯҳ аст:

1) Мурод аз печидагӣ чист? Ӯ дар китоби “Соатсози нобино” мегӯяд, амре печида аст, ки дорои аҷзое бошад ва он аҷзоъ ба гунае дар канори ҳам созмон ёфта бошанд, ки эҳтимоли созмон ёфтани онҳо ба воситаи шонс ва иттифоқ, бисёр кам бошад.

Ҳол он ки Худованд амре руҳонӣ аст ва на моддӣ, ва бинобар ин, аслан аҷзоъ надорад. Бар ин асос, печидагӣ фақат дар моддиёт маънӣ дорад ва корбасти ин таъобир дар мавриди ҳақоиқи фаромоддӣ, ба вежа Худованд, ки басит аст (на мураккаб) комилан нобаҷост.

2) Муддаои Докинз мабнӣ бар робитаи маъкус байни печидагӣ ва иттилоот бо эҳтимоли вуҷуд, на як қоидаи ақлӣ ва фалсафӣ аст ва на як асли илмӣ ва таҷрибӣ. Агар чунин бошад, ин ҳама ургонҳои печида ва ҷаҳонӣ бо ин ҳама печидагӣ набояд вуҷуд медошт.

3) Ин гумони Докинз, ки офариниши ҷаҳон аз тариқи Худо табйин мешавад, аммо ҳамин масъала дар мавриди Худо такрор шуда ва бидуни посух мемонад, сухане нодуруст аст. Худобоварон бо истинод ба далелҳои фалсафии дигаре, милокҳои ниёз ба иллатро баррасӣ карда ва собит мекунанд, ки Худованд воҷибулвуҷуди биззот аст ва дар зоти ӯ меъёрҳои маълулият вуҷуд надорад, то сухан аз чароии вуҷуди ӯ равад.

4) Алвин Плантинга мӯътақид аст: “Докинз дар истидлолҳои худ материализмро мафруз мегирад, ва аз ин рӯст, ки мегӯяд, ҳар чи мизони иттилоот ва огоҳии мавҷуде бештар бошад, имкони вуҷудаш камтар мешавад… Наметавон бо фарзи материализм, Худобовариро нафй кард. Бар асоси илоҳиёти классик, Худованд воҷибулвуҷуд аст ва дар тамоми ҷаҳонҳои мумкин вуҷуд дорад… Бинобар ин, эҳтимоли вуҷуди Худо як ва эҳтимоли адами вуҷудаш сифр аст. Бинобар ин, вақте Докинз мегӯяд, вуҷуди Худо ғайримӯҳтамал аст, бояд истидлоле ироа кунад мабнӣ бар ин ки мавҷуди воҷибе бо вежагиҳои Худованд вуҷуд надорад. Зоҳиран, Докинз аслан намедонад, ки мебоист чунин истидлоле ироа кунад”. (www.christianitytoday.com)

Фаслномаи маориф



Рубрики:Нақду назар, Фалсафаи ғарб

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: