Шартҳои 13-гонаи кишварҳои арабӣ барои Қатар

Хабаргузории Associated Press феҳристи 13-гонаи шартҳои кишварҳои арабӣ барои Қатарро, ки шомили қатъи равобит бо Эрон ва лузуми барчидани пойгоҳи низомии Туркия аст, мунташир кард.

Дар ин феҳристи 13-гона, муҳимтарин шуруте, ки Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс барои Қатар муайян карда шомили қатъи тамоми равобити диплумотик бо Эрон ва Ҳизбуллоҳ, таътили комили шабакаи Алҷазира ва барчидани пойгоҳи низомии Туркия аз хоки ин кишвар аст.

Бар ин асос, давлати Қатар фақат 10 рӯз вақт дорад шартҳои кишварҳои арабӣ барои барқарории муҷаддади равобитро иҷро кунад ва дар ғайри ин сурат, авоқиби вахимтаре дар интизори Дуҳа хоҳад буд.

Кишварҳои арабӣ аз Қатар хостанд, тамоми равобиташ бо гурӯҳи Ихвонулмуслимин, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, созмони теруристии Алқоъида ва гурӯҳи теруристии Доъишро қатъ кунад.

Дар идомаи ин листи тӯлонӣ омадааст, ки Қатар набояд ба шаҳрвандони чаҳор кишвари Миср, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Амороти Арабии Муттаҳида тобеият дода ва бояд атбоъеро, ки ҳамакнун дар хоки кишвараш ҳастанд, ихроҷ кунад.

Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ин иқдомро талоше дар ростои мумониъат аз дахолати Қатар дар умури дохилии кишварҳои мазкур донист.

Ин кишварҳо ҳамчунин аз Қатар хостанд тамоми ашхоси таҳти таъқиби давлатҳои мазкур – ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои теруристӣ – ро ба онҳо таҳвил дода ва ба ҳимояти молӣ аз ниҳодҳое, ки аз сӯи Омрико теруристӣ ва ифротӣ шинохта шудаанд, поён диҳад.

Дар бахши шартҳои марбут ба Эрон омадааст, ки Қатар бояд марокизи диплумотик дар Эрон (аъамм аз сафоратхона ва консулгарӣ)-ро таътил, аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии ҳозир дар хоки кишварашро ихроҷ карда ва бо Эрон фақат равобити тиҷорӣ он ҳам дар чорчӯби маҳдудиятҳои Омрико дошта бошад.

Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс Қатарро мулзам кард ҷузъиёти иттилооти ашхоси опозисиюн дар 4 кишвари мазкур – ки аз онҳо ҳимояти молӣ дошта –ро мунташир кунад.

Таътилии комили шабакаи Алҷазира ба ҳамроҳи тамоми бахшҳои муртабит, аз ҷумла бахши англисии он – ба иттиҳоми танишофаринӣ дар минтақа ва ҳимоят аз Ихвонулмуслимин – ва пардохти маблағи муайян (рақами он эълом нашудааст), аз дигар шартҳои матраҳшуда дар ин лист аст.

Давлати Қатар ҳанӯз вокунише ба ин шурути 13-гона нишон надодааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: