Оё “идгардак” бо шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор нест?

Ба дунболи дастури Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ бар ба танзим даровардани маросим дар рӯзи иди саъиди Фитр, Шӯрои уламои Тоҷикистон билофосила бо судури баёнияе, гуфтааст, ки: “оростани дастурхони пурдабдаба, идгардаки кӯдакон ва исрофкорӣ бо шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор набуда, ба танзим даровардани онҳо мувофиқи мақсад мебошад.”

Он чӣ дар ин баёния шоистаи таваҷҷӯҳ аст ин аст, ки Шӯрои уламо “идгардак”-ро одате дониста, ки бо шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор набудааст. Феълан, баҳсе дар мавриди “оростани дастурхони пурдабдаба ва исрофкорӣ” надорем. Баҳсаш ҷудост. Аммо хилофи шариат донистани “идгардак”, сад дар сад иштибоҳ ва балки хилофи дастури худи шариат аст.

Инак, лозим аст, бо истинод ба ривоёти набавӣ ва дидгоҳи фуқаҳои исломӣ, дар ин хусус баҳсе биёройем.

Дар бештари китобҳои фиқҳӣ, аз ҷумла китобҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ (масалан “Бадойеъ ус-санойеъ”), фасле вуҷуд дорад таҳти унвони:

فَصْلٌ فِي بَيَانِ ما يُسْتَحَبُّ في يَوْمِ الْعِيدِ

Фасле дар баёни он чӣ дар рӯзи ид писандида (мустаҳаб) аст”. Фуқаҳо дар ин фасл, бо истинод ба ривоёяти набавӣ, аъмолеро, ки анҷоми онҳо дар рӯзи ид писандида аст, баршумурдаанд.

Ҳол, банда, бо такя ба ҳамин китобҳо, ба баёни муҳимтарин корҳое, ки анҷомашон дар рӯзи ид писандида ва ба онҳо ташвиқ шудааст, мепардозам:

1) Ғусл дар рӯзи ид ва пеш аз намози ид писандида аст. Дар ривояте аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки Расули Худо (с) дар рӯзҳои иди фитр ва қурбон ғусл мекарданд. (Ибни Моҷа, 1/415).

2) Ҳамчунин дар ин рӯз мустаҳаб аст мусалмон худро биёрояд ва покиза созад ва атру хушбӯӣ бизанад, некӯтарин либосҳояшро бар тан кунад. Расули Худо (с) чунон мекарданд. (Ривояти Ибни Аббос (р) чунонки дар Аддуррул-мансур (3/79) омадааст.)

3) Таҳниат ва табрики якдигар ба ид. (Алмавсуатул-фиқҳия, 31/116)

4) “Идгардак”, ки дар китобҳои фиқҳӣ ба “тазовур” таъбир шуда. Дар “Алмавсуъа” таҳти унвони: “التَّزَاوُرُ فِي الْعِيدَيْنِ” мегӯяд:

التَّزَاوُرُ مَشْرُوعٌ فِي الإْسْلاَمِ، وَقَدْ وَرَدَ مَا يَدُل عَلَى مَشْرُوعِيَّةِ الزِّيَارَةِ فِي الْعِيدِ

Тазовур (диду боздид, ва ҳамон идгардак) дар ислом машрӯъ аст, ва бар машрӯияти диду боздид дар рӯзи ид, ривоятҳое далолат мекунад”. (Алмавсуатул-фиқҳия, 31/117) Сипас, чанд ривоят нақл мекунад.

Ҳатто дар ривоёте, ба ҷоиз будани овоз хондан ва ғино дар рӯзи ид тасреҳ шудааст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ривоят шуда, ки Паёмбари Худо (с) овоз хондани ду канизро шунид ва бар онон эътироз нанамуд ва ҳангоме ки ҳазрати Абӯбакр (р) ба онҳо эътироз кард, Паёмбар (с) ба Абӯбакр фармуд:

دَعْهُما یا أبابکرٍ فَاِنَّهَا اَیّامُ عِیْدٍ

Абӯбакр! Бо онҳо коре надошта бош, ин рӯзҳо рӯзҳои ид аст!

Албатта, аъмоли дигаре низ ба унвони мустаҳабботи рӯзи ид зикр шуда, ки ба ҳамин андоза иктифо мекунам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Посух ба шубаҳот, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: