Эрон ҳамлаи нокоми теруристӣ ба Байтуллоҳро ба шиддат маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон тарҳи нокоми ҳамлаи теруристӣ ба Байтуллоҳро ба шиддат маҳкум кард ва зимни ҳушдор нисбат ба ин падидаи шум, тамоми миллатҳои минтақаро ба ҳушёрӣ ва талоши бевақфа барои мубориза бо теруризм фаро хонд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯ ва раиси Маркази диплумосии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, тарҳи нокоми ҳамлаи теруристӣ ба Байтуллоҳро ба шиддат маҳкум кард.

Қосимӣ изҳор дошт: “Тарҳи нокоми ҳамлаи теъдоде аз теруристҳои ҷинояткор барои ҳамла ба Байтуллоҳилҳаром, ки бо шикаст рӯ ба рӯ шуд, бори дигар нишон дод теруризми лаҷомгусехта ва рӯ ба тазоюди кунунӣ — ки тамоми ҷаҳон, минтақа ва бахусус мусалмонон ва кишварҳои исломиро ҳадаф қарор додааст — дин, мазҳаб, ҷуғрофиё, нажод ва миллият намешиносад ва барои расидан ба аҳдофи шуми худ ҳатто муқаддастарин макони мусалмонони ҷаҳонро метавонад нишона равад”.

Сухангӯи дастгоҳи диплумосии Эрон афзуд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар зимни ҳушдор ба тамоми давлатҳо ва бахусус кишварҳои минтақа дар хусуси ин падидаи шум ва нафратангез, тамоми миллатҳои минтақаро ба ҳушёрӣ ва талоши бевақфа барои мубориза бо ин мазҳари кина, нафрат, хушунат ва ҷиноят фаро мехонад”.

Вай ҳамчунин унвон кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон теруризмро ба ҳар шакл ва дар ҳар куҷо ва бо ҳар ангезае маҳкум карда ва омодагии худро ҳамчун гузашта ва ҳамеша барои кӯмак ва ҳамёрӣ ба соири кишварҳо дар муқобила ва бархӯрд бо ин ҷинояткорон ва савдогарони марг ва нафратпароканони ҷоҳил эълом медорад”.

Лозим ба ёдоварист, ҷумъашаб (дишаб) яке аз аносири теруристии ДОЪИШ худро дар маҳаллаи “Аҷёдулмасофӣ” дар наздикии Масҷидулҳаром мунфаҷир кард. Ин терурист ба ҳамроҳи чанд теруристи дигар дар муҳосираи нерӯҳои амнияти Арабистон буд ва ба ҳангоми даргирӣ бо ин нерӯҳо, камарбанди инфиҷории худро мунфаҷир кард.



Рубрики:Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: