Ҷаҳони моддӣ оғози замонӣ надорад

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов

Ҷаҳони моддӣ оғози замонӣ надорад, зеро замон худ ҳамчун макон, мафҳумест бархоста аз модда, ва ба иборати дақиқтар: замону макон ду буъд аз абъоди модда аст.

Аз ин рӯ, фалосифа аз қадим дар радди пиндори мутакаллимон, ки ҳудус (пайдоиши замонӣ)-ро мутародиф бо эҷод мегирифтанд, ин нуктаи зарифро тавзеҳ додаанд, ки ҳудус рутбатан мутаахир аз эҷод аст.

Тавзеҳ ин ки: фароянди ба вуҷуд омадани як падида ба ин шарҳ аст:

1) Имкон: яъне як шайъ аввал бояд дар ҳадди зоти худ мумкин бошад, то ҷаъл (офариниш) ба он таъаллуқ бигирад;

2) Руҷҳон: яъне бояд ҷанбаи вуҷудӣ бар ҷанбаи адамии шайъ тарҷеҳ дошта бошад. Зеро мафҳуми “имкон” яъне ин ки вуҷуд барои шайъи мавриди назар на зарурӣ (воҷиб) бошад ва на мустаҳил (мумтанеъ);

3) Эҷоб: яъне иллати эҷоди он шаъй фароҳам шавад. Дар ин сурат он шайъ, ки зотан мумкинулвуҷуд буд, пас аз таъаллуқи иллат воҷибулвуҷуд мешавад, вале воҷиби билғайр, чун ба василаи эҷоди иллати берун аз зоти худ, вуҷуд ба он таъаллуқ гирифтааст;

4) Эҷод: Вақте шайъ воҷиб шуд, эҷод мешавад;

5) Вуҷуд: Мавҷуд шудани он шайъ;

6) Ҳудус: Пас аз ин ки шайъ мавҷуд шуд, он вақт агар он шайъ як падидаи моддӣ бошад, худ ба худ дорои буъди маконӣ ва замонӣ хоҳад буд. Бинобар ин, ба он “ҳодис” гуфта мешавад.

Чунончи мулоҳиза мефармоед, ҳудус (пайдоиши замонӣ) дар фароянди хилқати шайъ, дар охирин марҳила карор дорад: имкон — руҷҳон — эҷоб — вуҷуб — эҷод — вуҷуд — ҳудус.

Албатта лозим ба зикр аст, ки ин тақаддум ва таъаххур (пасу пеш) тақаддум ва таъаххури рутбӣ аст. Яъне вақте инсон фароянди ба вуҷуд омадани як шайъро ақлан таҳлил мекунад, дар ин таҳлили ақлӣ мефаҳмад, ки мантиқан, имкон бар руҷҳон ва руҷҳон бар эҷоб ва эҷоб бар эҷод ва эҷод бар вуҷуд ва вуҷуд бар ҳудус тақаддуми рутбӣ дорад.

* * *

Ду мисол барои тақриб ба зеҳн:

Вақте хоре бар бадани инсон мехалад, инсон захмӣ мешавад ва ҳамзамон эҳсоси дард ҳам мекунад. Аммо дар воқеъ мо медонем, ки аввал бадани мо захмӣ гашта ва пас аз он мо эҳсоси дард кардаем. Ин пешу пас, пешу паси замонӣ нест, чун мо ҳамзамон бо эҷоди захм, эҳсоси дард мекунем. Бинобар ин, ин ҷо пешу паси рутбӣ ҳаст, яъне рутбатан захм муқаддам бар эҳсоси дард аст.

Ва ё вақте санге бар шиша мехӯрад, шиша шикаста мешавад ва садои шикаста шуданаш ҳам ба гӯш мерасад. Ин ҷо агарчи мо ин серо (хӯрдани санг, шикаста шудани шиша ва садои шикаста шудан)-ро ҳамзамон мебинем. Вале дар айни ҳол медонем, ки хӯрдани санг бар шикаста шудани шиша муқаддам аст ва шикаста шудани шиша бар садои шикаста шудан муқаддам мебошад. Ин тақаддуму таъаххур (пешу пас) тақаддум ва таъаххури рутбӣ аст.

Дар воқеъ ин ду мисол намунаи тақаддуми иллат бар маълул аст, ки мо онро дар таҳлили ақлӣ мефаҳмем, агарчи онро ҳамзамон эҳсос мекунем.

Мисоли дигар: тақаддуми аҷзоъ бар мураккаб. Масалан, мо медонем, ки об аз ду унсури ҳидружен ва як унсури оксижен таркиб ёфтааст (H2O).

Дар ин ҷо ҳам, мо бо таҳлил мефаҳмем, ки аввал бояд 2 унсури ҳидружен ва як унсури оксижен бошад, то баъд обе падид ояд. Ин ҳам як тақаддум ва таъаххури рутбӣ аст, на замонӣ.

Хулоса, мо бо таҳлили аклӣ ба тақаддум ва таъахурҳои рутбӣ пай мебарем, ки яке аз он тақаддум ва таъаххури иллӣ аст, яъне иллат рутбатан бар маълул муқаддам аст, агарчи ҳамзамон ҳодис гардад.

* * *

Ҳоло, ки тақаддум ва таъаххури рутбӣ рӯшан шуд, метавон масъалаи оғози замонӣ доштан ё надоштани ҷаҳонро тавзеҳ дод.

Масъала ин аст, ки вақте инсон дар бораи масоили метафизикӣ сӯҳбат мекунад, аввал бояд зеҳни худро комилан аз мафоҳими моддӣ, махсусан аз замону макон пок созад. Зеро фарзи мо ин аст, мехоҳем дар бораи метафизика (моварои олами модда ва замону макон) сӯҳбат бикунем. Офариниш ва хилқат бидуни ҳеч шакку тардид, як мафҳуми метафизикӣ аст, агарчи дар бораи офариниши олами моддӣ ҳам бошад. Зеро вақте мехоҳем дар бораи асли пайдоиши олами моддӣ сӯҳбат бикунем, фарзамон бар ин аст, ки ҳанӯз олами моддӣ ба вуҷуд наомадааст.

Бо ин фарз, ки мехоҳем бифаҳмем ин олами моддӣ чӣ гуна ба вуҷуд омадааст, оё ба назаратон суол аз “кай?” ва “куҷо?” маънӣ дорад?

Кай яъне замон ва куҷо яъне макон, бинобар ин, фарзи оғози замонӣ доштани олами моддӣ ба ин маъност, ки агар мо ба ақиб баргардем, ҳазорон сол, милюнҳо сол, милёрдҳо сол, билохира ба нуқтае мерасем, ки дигар он ҷо ин олам ба поён мерасад, он нуқта нуқтаи оғози ин ҷаҳон аст. Ҳамин тавр масъалаи маҳдуд будан ё маҳдуд набудани фазо (макон) низ чунин аст, яъне агар мо милюнҳо ва милёрдҳо соли нурӣ ҳаракат намоем, ба нуқтае мерасем, ки он ҷо ин фазо ба поён мерасад, он ҷо марзи ҳастӣ ва нестӣ аст.

Оё ба назаратон ин фарз маъқул ва мантиқӣ аст? Қатъан мантиқӣ нест!

Чаро мантиқӣ нест, зеро он оғози замонӣ ё поёни макониро бо чӣ чизе муқоиса мекунед?

Оё ҳамин ки ба оғози замонӣ ё поёни маконӣ бирасед, саратон ба девори нестӣ мехӯрад?

Ин масъала барои касоне, ки ба вуҷуди Худо бовар доранд, боз аз ин ҳам аҷибтару мутаноқизтар мешавад. Зеро дар ин сурат фарз бар ин аст, ки Худо ин оламро халқ кардааст. Агар бо вуҷуди имон ба Худо касе бигӯяд, ин олам оғози замонӣ дорад, лозимаи ин суханаш, боз инкори оғози замонӣ барои ҷаҳон хоҳад буд. Чун замон ҳам бешак яке аз офаридаҳои Худост, пас то Худо ин ҷаҳонро наофарида замон ҳам вуҷуд надорад, ва пас аз ин ки ҷаҳонро офарид, замон ҳам ба вуҷуд омад.

Суол: дар ин сурат чӣ чиз байни Худо ва ин олам фосила андохтааст, ки шумо мегӯед, ин олам оғози замонӣ дорад?

* * *

Решаи мушкил

Решаи мушкил дар тасаввури нодуруст аз мафоҳими метафизикӣ аз ҷумла мафҳуми Худо ва феъли Худо (хилқат) аст.

Вақте дар бораи хилқат сӯҳбат мешавад ва гуфта мешавад, ки Худо ин оламро халқ карда, манзур ин нест, ки Худо дар оғоз халқ кардааст. Зеро ин ҷо сӯҳбат аз оғози ашё нест, балки сӯҳбат аз зоти ашё аст, вақте мо ба зоти ашё назар мекунем, мебинем, ки вуҷуд лозимаи зоти онҳо нест. Бинобар ин, ашё ҳамеша барои вуҷуд доштан, ниёзманди иллатанд, ҳамеша ва ҳар лаҳза дар ҳоли хилқат ва эҷод шудан ҳастанд. Ин рабте ба замон ё макон надорад. Чӣ ҳамеша вуҷуд дошта бошанд ва чӣ ҳаргиз вучуд надошта бошанд, ақл мегӯяд, ки мумкинулвуҷуд, агар бихоҳад мавҷуд бишавад, ниёзманди иллат аст.

Бинобар ин, фалосифа мегӯянд: манот (меъёр)-и ниёзи мавҷудот ба иллат, имкони зотии онҳост, яъне зоти онҳо нисбат ба вуҷуд ва адам баробар аст. Пас, ҳар чизе, ки мумкин бошад, барои ба вуҷуд омадан, ниёз ба иллат дорад ва то замоне ки либоси вуҷуд бар тан дорад, ба иллати худ ниёзманд мебошад, яъне ҳар лаҳза дар ҳоли офарида шудан аст, зеро зоти онҳо мумкин аст.

Аз ин рӯ, масъалаи оғози замонӣ доштан ё надоштани ҷаҳони моддӣ ҳеҷ рабте ба масъалаи офариниши онҳо надорад. Ҷаҳон, чӣ маҳдуд бошад ва чӣ номаҳдуд, чӣ ҳамешагӣ бошад ва чӣ як лаҳзаӣ, ниёзманди иллати вуҷудӣ мебошад, чун зоти онҳо иқтизои вуҷуд надорад.



Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: