Идатон хуҷаста бод, азизони ҳаммиҳан!

Моҳи мубораки Рамазон ҳам поён ёфт. Моҳи одам шудан. Моҳи ёфтани хештан, ки ҳар ки худро биёбад, Худояшро ҳам ёфтааст. Моҳе, ки инсон агар хуб аз он истифода кардааст, ба инсон будани худ пай бурдааст. Инсоне, ки Худованд ӯро ҷонишини худ дар рӯйи замин қарор дода, то ойинаи тамомнамои сифоти ҷамоли илоҳӣ бошад.

Моҳе, ки инсон агар нек аз ин фурсат баҳра гирад, хоҳад ёфт (на танҳо хоҳад фаҳмид, балки ламс хоҳад кард), ки лаззати воқеӣ барои инсон чӣ будааст. Меёбад, ки лаззати воқеӣ ва пойдор барои вай дар ин будааст, ки инсон ба аслаш бипайвандад, ба решааш муттасил шавад ва ба манбаъаш ва ҷойе, ки руҳаш аз онҷо дамида шуда бирасад. Яъне, Худованд.

Ӯ хоҳад ёфт, ки тамоми шикояташ, аз ҷудоӣ ва фироқи ӯ аз он манбаъи файёз будаасту бас:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

(Мавлоно)

Пас, хушо ба ҳоли касе, ки тавфиқи васл ба Ёр дар ин моҳи муборак насибаш гардида; ҳангоми Қуръон хонданҳояш, ҳангоми намозҳо ва ибодатҳояш, ҳангоми розу ниёзҳояш дар дили шаб, ҳангоми садақа доданҳояш ба ниёзмандон, ҳангоми сер кардани гуруснагон, ҳангоми ташнагӣ ва гуруснагиҳояш ва ҳатто ҳангоми хобаш, зеро хоби рӯзадор ҳам ибодат маҳсуб мешавад.

Аммо иди саъиди Фитр поёни роҳи худшиносӣ ва Худошиносӣ нест. Одам бояд саъй кунад дар рӯзҳо ва шабҳои ғайри Рамазон низ он маънавият ва хулус ва покизагӣ ва таҳоратеро, ки дар руҳи ӯ дар ин моҳ ҳосил шуда нигаҳ дорад ва ҳифз кунад. Ва ҳифзи он муяассар нест, магар бо тадовум ва мувозибат. Яъне, ӯро лозим аст дар навбати аввал даст ба гуноҳ наёзад ва аз гуфторҳои нописанд ва рафторҳои зишт – ки дар воқеъ байни ӯ ва Ёр ҳиҷоб ва парда эҷод мекунанд – бипарҳезад. Ва сониян, чунонки дар моҳи муборак мувозиби анҷоми дастуроти илоҳӣ буд, дар ғайри он низ хештанро пойбанд ба анҷоми онҳо бисозад, ки дар воқеъ ҳаминҳост, ки ӯро ба Ёр мерасонад.

Бо фаро расидани иди саъиди Фитр, шоиста аст, дархостҳои худро барои Худо матраҳ кунем:

Худоё! Давлатмардон ва сиёсатмадорони моро тавфиқ бидеҳ, то ба фикри мардум ва миллат бошанд, на ба фикри худ ва атрофиёнашон!

Тавфиқашон бидеҳ, то дарк кунанд, ки кишвар ва дороиҳои он мероси падарии онҳо нест, моли миллат ва азони мардум аст!

Тавфиқашон бидеҳ, то ба мардуми худ ситам накунанд! Зиндониёни бегуноҳро аз зиндонҳо озод созанд, то онҳо ба оғӯши гарми хонаводаҳои худ баргарданд!

Худоё! Сарватмандони моро тавфиқ бидеҳ, то ба ҳоли ниёзмандон бирасанд, ва ба қадри тавоноӣ, дар сохтан ва обод кардани кишвари худ саҳмгузор бошанд!

Худоё! Ба донишмандони мо огоҳӣ ва басират ато бифармой, то масъулияти худ дар баробари миллат ва кишвари хешро дарк кунанд ва ба он амал намоянд, ва бетафовут набошанд, ки бадтарин хислат барои як донишманд, ин бетафовут будан аст!

Худоё! Муллоҳои моро тавфиқ бидеҳ, то фақат дар роҳи ту ва барои хушнудӣ ва ризои ту гом бардоранд, на барои хушнудӣ ва ризояти хотири ҳоким ва ҳукумат!

Худоё! Ҷавонони моро тавфиқ бидеҳ, то ба дониши рӯз мусаллаҳ шаванд ва барои кишвари худ ва миҳани худ камар ба хидмат бибанданд!

Тавфиқашон бидеҳ, то гирифтори ҷаҳолат, нодонӣ, ифрот дар биниш ва гароиш нашаванд! Агар диндоранд, пас диндорони хирадманд бошанд! Ва агар диндор нестанд, пас, Худоё, худро барояшон бинамоён! Ва агар ин тавфиқ барояшон ҳосил нашуд ва бедин монданд, пас бедини оқил бошанд, на ситезаҷӯй!

Худоё! Мардони моро тавфиқ бидеҳ, то дар тарбияти фарзандони худ кӯтоҳӣ накунанд, ба бонувони худ ситам раво надоранд, ба қадри онҳо бирасанд, ба онҳо ишқ биварзанд!

Худоё! Бонувони моро тавфиқ бидеҳ, то ба масъулияти худ дар баробари фарзандон ва шавҳарони худ амал кунанд, дорои биниш ва дониш гарданд!

Худоё! Аз гуноҳон ва тақсироти ин бандаи гунаҳкорат даргузар! Ӯро дар роҳи худ устувор намо, то дар имтиҳоноти сахти зиндагӣ пояш налағжад, ва шаҳодат дар роҳи худатро насибаш бигардон!

Ҳамаи азизони ҳаммиҳанамро ба муносибати иди саъиди Фитр табрик ва таҳниат мегӯям!

Ҳамеша сарбаланд ва азиз бошед, чунонки аҷдодамон сарбаланд ва азиз буданд!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

25.06.2017

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: