Рамазон; мактаби худсозӣ, худёбӣ ва Худоёбӣ

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Моҳи шарифи Рамазонро Худои меҳрубон барои мусалмонон мактаби худсозӣ, худёбӣ ва Худоёбӣ қарор дода ва дар поёни ин моҳ, шогирдони ин мактабро ба поси хатми дарсҳои он, бо медоли иди Фитр табрик ва тақдир намудааст.

Бинобар ин, мо шогирдони мактаби Рамазон, бояд дарсҳои созандаи ин мактабро то Рамазони баъдӣ дар зиндагии худ ба кор бандем ва худро омодаи вуруд ба зинаҳои болотари ин мактаб дар Рамазони оянда намоем.

Бале ҳамдиёрони азиз, рамзу рози такрори ҳарсолаи ин мактаб, рушду тараққии мо дар зинаҳои болотари худсозӣ, худёбӣ ва Худоёбӣ мебошад.

Агар мо воқеъан аз ин мактаби созанда дарс омӯхта бошем, бояд таъсири он дар фикру андешаи мо, дар ҳолу ҳавои мо, дар ғайрату ҳиммати мо ҳувайдо гардад.

Агар пеш аз таълим дар ин мактаб, мо гирифтори деви худхоҳӣ будем, бояд пас аз хатми он, ин деви худхоҳиро бо фариштаи Худохоҳӣ сар бибуррем.

Агар пеш аз он, дар банди тарсу бухлу ҳасад зиндонӣ будем, бояд баъд аз он тамоми он банду занҷирҳоро бишканем ва худро аз ҳар гуна зиндоне озод намоем.

Агар то ҳол нисбат ба сарнавишти ҳамдиёрону ҳамнавъони худ бедарду бетафовут будем, бояд пас аз он, хушбахтии худро дар хушбахии ҳамдиёрон ва бадбахтии худро дар бадбахтии ҳамнавъони худ эҳсос намоем.

Ва дар як калом, зиндагии мо пас аз Рамазон, бояд бо пеш аз он куллан тағйир ёбад, вагарна танҳо баҳраи мо аз он ҳамон ташнагиву гуруснагӣ хоҳад буд.

Ба умеди он ки вокеъан аз мактаби созандаи Рамазон дарси озодӣ ва созандагӣ омӯхта бошаем ва бо истифода аз он, худ ва кишвари худро аз ҳар банде озод ва аз ҳар вайроние обод созем.

Идатон муборак ҳамкешон ва ҳамдиёрони азиз!



Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: