“Ӯ намедонад, ки ба ҷуз обу нону ашку ҳасрат рӯи дастурхони мардум дигар чизе нест”

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар ёддоште дар сафҳаи худ Фейсбук, бо табрики иди саъиди Фитр, ёдовар шудааст, имрӯз як нафар эълон медорад, ки аз дастурхонҳои “пурдабдаба” даст бикашед! Аммо ӯ намедонад, ки ба ҷуз обу нону ашку ҳасрат рӯи дастурхони мардум дигар чизе нест.

Матни паёми табрики Додоҷон Атовуллоев ба шарҳи зерин аст:

Ниёиш ба ҷои табрикнома

Ид муборак!

25 сол аст ҳамаи идҳои мо талхиҳо дар ком доранд.

Сари дастурхони идонаи хонадонҳои мо холист: аз бародар ё хоҳаре, аз падару модар ё ҳамсаре…

Миллате, ки бар нафс пирӯз омад, бояд бар тарс низ пирӯз ояд! Тарс аст, ки мо ин ҳама хорию залилиро пазируфтаем.

Моҳи рамазон меравад, аммо бояд дар тақвим соли муқовимат бар зулму истибдод биёяд.

Мо ҳама бояд сиёсӣ шавем ва ба набард бо сияҳдилону сияҳкорон бархезем.

Ё Рабб! Моро ҷуръат ва ҷасорати «Не» гуфтан бубахш!

Моро ҳидоят бинамо, ки номус ва шарофатро азиз дорем!

Агар аз сӣ дарси рамазонӣ мо чунин сабақ набардоштаем, вой бар мо, сад вой бар мо!

Имрӯз хабисе, кӯрдиле, палиде, палаште эълон медорад, ки аз дастурхонҳои пурдабдаба даст бикашед! Аммо он палиди палашт намедонад, ки ба ҷуз обу нону ашку ҳасрат рӯи дастурхони мардум дигар чизе нест!

Боз наҷисе, хабисе, маймуни дасторбасаре фатво медиҳад, ки тифлакон идгардак накунанд, ки ин гуноҳ аст! Шояд як рӯзаки хуши тифлони солманди мо бошад, ки бори рӯзгори вазнинро мекашанд.

Аммо гунаҳгор моем.

Мо гунаҳгорем, ки шуморо ҳанӯз тоқат мекунем.

Мо гунаҳгорем, ки мушт бар даҳони шумо намезанем!

Ягона каффораи гуноҳи сиёсии мо ИНҚИЛОБ хоҳад буд.

Ва гуноҳи мусалмониямон.

Ва гуноҳи инсониямон!

Мо акнун бояд РӮЗАИ СИЁСӢ гирем ва иди ин рамазон рӯзи аз Ватан фирор кардани (ба забони худатон рӯзи дингӯз задани) шумоён хоҳад буд!!! Он рӯз рӯзи идгардаки саросарии тоҷикистониён хоҳад шуд!

Ид муборак!

Зинда бод Тоҷикистон!

Худо ба ҳамроҳ!

(Манбаъ: Фейсбук)



Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: