Авом ҳамеша ва дар тӯли торих «косаҳое будаанд доғтар аз ош»

Авом ҳамеша ва дар тӯли торих, «косаҳое будаанд доғтар аз ош». Агар дар торих ҷойе таъассуб дида мешавад, аз ноҳияи авом будааст, на донишмандон ва уламо.

Ҳатман номи Насоӣ — муҳаддис ва донишманди маъруф ба гӯшатон хӯрда. Ӯ соҳиби яке аз манобеи ҳадисӣ ва ривоӣ аст. Манобеи ҳадисии аҳли суннат зиёданд, вале аз миёни онҳо 6-тояш аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор ҳастанд. Яке, Саҳеҳи Бухорӣ аст, дигаре Саҳеҳи Муслим (ривоёти ин ду китоб дар назди аҳли суннат ҳама саҳеҳ дониста шудаанд) ва 4-тои дигар ба унвони «Сунан» маъруфанд. «Сунани Насоӣ» яке аз онҳост.

Даргузашт ва вафоти Насоӣ достони ҷолибе дорад.

Вай китобе дорад ба номи «Хасоису Амирил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб», ки дар он фазоили бисёре аз ҳазрати Алӣ (а)-ро нақл ва гирдоварӣ кардааст. Ангезаи ӯ аз таълифи ин китоб он будааст, ки чун вориди шаҳри Димишқ мешавад, мебинад, ки мардуми он диёр аз Алӣ (а) мутанаффиранд ва нисбат ба он ҳазрат бадгӯйӣ мекунанд, ба ҳамин сабаб тасмим ба навиштани ин китоб мегирад.

Ҳофиз Ибни Касир дар китоби «Албидоя ван-ниҳоя»-и худ менависад:

إنما صنف الخصائص في فضل علي وأهل البيت، لانه رأى أهل دمشق حين قدمها في سنة ثنتين وثلاثمائة عندهم نفرة من علي، وسألوه عن معاوية فقال ما قال، فدققوه في خصيتيه فمات

«Насоӣ китоби «Хасоис»-ро дар фазилати Алӣ ва аҳли байти ӯ навиштааст; зеро мардуми Димишқро дар соли 302 ҳ.қ, ки ба он ворид шуд, дид, ки аз Алӣ нафрат доранд. Аз ӯ дар бораи Муовия пурсиданд. Насоӣ дар посух ҳарфҳое гуфт. Мардум (бо шунидани ин ҳарфҳо) он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то мурд.» (Албидоя ван-ниҳоя, ҷ.11, с.141)

Ҳофиз Шамсуддини Заҳабӣ низ дар китоби «Сияр» дар ин бора менависад:

أن النسائي خرج من مصر في آخر عمره إلى دمشق، فسئل بها عن معاوية، وما جاء في فضائله، فقال: لا يرضى رأسا برأس حتى يفضل؟ قال: فما زالوا يدفعون في حضنيه حتى أخرج من المسجد، ثم حمل إلى مكة فتوفي بها

«Насоӣ дар охирҳои умраш аз Миср ба Димишқ омад. Мардум аз вай дар бораи Муовия ва он чӣ аз фазоил, ки дар мавриди ӯ омада пурсиданд. Ӯ гуфт: Ҳамшаъни Алӣ қарор дода шуд, оё ба ин розӣ нест, то аз ӯ ҳам бартар қарор дода шавад? Пас, он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то ӯро аз масҷид берун карданд. Сипас ба Макка оварда шуд ва онҷо даргузашт.» (Сияру аъломин нубало, ҷ.14, с. 132)

Ибни Касир дар ҷойе дигар аз китоби «Албидоя ван-ниҳоя»-и худ ин ҳодисаро чунин нақл кардааст:

ودخل إلى دمشق فسأله أهلها أن يحدثهم بشيء من فضائل معاوية فقال أما يكفي معاوية أن يذهب رأسا برأس حتى يروي له فضائل فقاموا إليه فجعلوا يطعنون في خصيتيه حتى أخرج من المسجد الجامع فسار من عندهم إلى مكة فمات بها في هذه السنة وقبره بها

«Насоӣ вориди Димишқ шуд, мардуми он шаҳр аз ӯ хостанд, то барояшон чизе аз фазилатҳои Муовия бигӯяд. Насоӣ гуфт: Оё барои Муовия ҳамин бас нест, ки ҳамсанги Алӣ қарор дода шуд, то ин ки барояш фазилат нақл бишавад? Пас ба ӯ ҳуҷум оварда, он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то аз масҷид берунаш карданд. Сипас ба Макка рафт ва дар онҷо аз дунё чашм пӯшид…» (Албидоя ван-ниҳоя, ҷ.11, с.124)

Амон аз дасти таъассуб ва ҷаҳолат!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Машоҳир, Суннат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: