Чолише ҷадид барои Арабистон ва муттаҳидони он

Амири Қатар дар чолише ҷадид барои кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон ва Аморот, бо Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон дидор кард ва ҳамчунин дар тамосе телефонӣ бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, хостори “таҳкими равобити дуҷониба” шуд.

Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, ба муносибати иди саъиди Фитр, бо Шайх Юсуф Қарзовӣ дидор кард, дар ҳоле ки кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс аз ҷумла Арабистон, Аморот ва Баҳрайн пас аз қатъи робита бо Қатар, Шайх Қарзовиро дар феҳристи теруризм қарор додаанд.

Дидори амири Қатар бо Шайх Қарзовӣ дар ҳолест, ки Кувайт ахиран феҳристе аз дархостҳои кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср барои ҳалли бӯҳрони Қатарро ба Дуҳа ироа кард, ки қатъи робитаи диплумотик бо Эрон, таътилии шабакаи Алҷазира ва пойгоҳи низомии Туркия ва қатъи равобит бо Ҳизбуллоҳ, Ҳамос, Ихвонулмуслимин ва Алқоъида ва Доъиш ва низ таҳвили тамоми афроде, ки номи онҳо дар феҳристи теруризм зикр шудааст, аз ҷумлаи ин дархостҳост.

Дар хабаре дигар, амири Қатар дар тамосе телефонӣ бо раисиҷумҳури Эрон ба муносибати иди саъиди Фитр, хостори “таҳкими равобити дуҷониба” шуд.

Ба гузориши Раъюл-явм, Ҳасани Руҳонӣ, раиси‎ҷумҳури Эрон дар тамоси телефонӣ бо Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, зимни таъкид бар таҳкими равобит байни Теҳрон ва Дуҳа гуфт, ки: “сиёсати Теҳрон тавсиаи ҳар чӣ бештари равобит бо Дуҳаро иқтизо мекунад”.

Руҳонӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки: “Теҳрон дар канори миллат ва давлати Қатар истода ва мебинем, ки фишорҳо, таҳдидот ва муҷозотҳо роҳи муносиб барои ҳалли мушкилот байни кишварҳои минтақа нест”.

Вай эълом кард: “Ҳимоят аз иқтисоди Қатар ва тавсиаи равобит ба хусус дар бахшҳои хусусии ду кишвар як ҳадафи муштарак аст ва ҳаримҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва заминии Эрон ҳамвора ба рӯйи Қатар ба унвони як кишвари бародар ва ҳамсоя боқӣ хоҳад монд”.

Руҳонӣ ва Тамим бен Ҳамад ҳамчунин бар тавсиаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба хусус дар бахшҳои хусусӣ, истимрори ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар ва мухолифат бо фишорҳо ва таҳдидот ва муҳосира дар минтақа таъкид карданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: