Ислом ва Эронзамин (25)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (13)

Санавияти монавӣ

То ин ҷо баҳс дар санавияти зартуштӣ буд. Чунонки қаблан гуфтем, ду мазҳаби дигар низ дар он давра будааст, ки онҳо низ санавӣ будаанд: мазҳаби Монӣ ва мазҳаби Маздак. Санавияти Монӣ хеле сареҳтар аст аз санавияти зартуштӣ. Санавияти маздакӣ ҳамон санавияти монавӣ аст бо андаке ихтилоф. Шаҳристонӣ дар “Алмилал ван-ниҳал” санавиятро ба Монӣ нисбат медиҳад, на ба Зартушт, ва муфассал дар бораи он баҳс мекунад. Муҳаққиқон ва мусташриқон дар асри ахир таҳқиқоти зиёде дар бораи Монӣ ва дини ӯ кардаанд. Оқои Тақизода яке аз муҳаққиқони тирози аввал дар ин мавзӯъ ба шумор меравад. Барои ин ки намунае ба даст дода бошем, мухтасаре аз баёноти вайро дар ин бора нақл мекунем. Мегӯяд:

Дини Монӣ бар ду асл яъне хайру шарр ё нуру зулмат ва се давр яъне мозӣ (гузашта) ва ҳол ва истиқбол мабнӣ аст. Маншаи куллӣ ва аслии вуҷуд ва дар воқеъ Худои бузург дутост, ки якеро “Нур” ва дигареро “Зулмат” меномем. Дар манобеи эронӣ ин ду аслро “ду бун” номидаанд. Дар бадви амр яъне дар азал ва қабл аз ҳудуси хилқат ва дунё, ин ду асл ҷудо ва мустақил ва мунфак аз ҳам буданд, ки он дуро монавиён мозӣ меноманд. Қаламрави нур дар боло ва мунбасит ба шимол ва машриқ ва мағриб буда ва мақарри зулмат дар поин ва мумтад дар ҷиҳати ҷануб буд, ва агарчӣ бо ҳам, ҳамҳудуд буданд, сарҳади фосиле доштанд ва тамосе дар кор набуд. Бино бар баъзе баёнот, аз қисмати ҷанубии фазо низ як сулс мутааллиқ ба нур буда ва лизо вусъати қаламрави нур панҷ баробари қаламрави зулмат буд. Ҳар як аз ин ду асл дар қаламрави худ сокин ва ором қарор доштанд. Олами нур дорои тамоми сифоти хуб буд ва назм ва сулҳ ва фаҳм ва саодат ва созиш дар он ҷо ҳоким буд, вале дар олами зулмат иғтишош ва беназмӣ ва касофат муставлӣ буд. Гоҳе ин ду аслро ба унвони ду дарахт номидаанд: якеро дарахти ҳаёт ва дигареро дарахти марг. Дар қаламрави нур падари азамат ҳукмрон аст ва дар қаламрави зулмат подшоҳи торикӣ. Қаламрави нур аз панҷ ноҳия ва маскан ба вуҷуд омада, ки панҷ узви Худо яъне ҳуш ва фикр ва тааммул ва ирода воунҳои бешумор (мавҷудоти ҷовид ва мазоҳири Худо) дар он сокин ҳастанд. Қаламрави зулмат ҳам аз панҷ табақа рӯйи ҳамдигар ба вуҷуд омада, ки аз боло ба поин иборат аст аз дуди поя ва оташи балъанда ва боди мухарриб ва оби лаҷанӣ ва зулмот”.

То ҳамин ҷо барои муддаои мо кофӣ аст. Толибини бештар метавонанд ба худи китоби Монӣ ва дини ӯ муроҷиа намоянд.

* * *

Санавияти маздакӣ

Дини маздакӣ иншиқоқ ва иншиъобе аз дини монавӣ шумурда шудааст. Ҳамаи хурофоти монавӣ дар шариати маздакӣ бо андак тафовут мавҷуд аст. Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Дурустдин, ки шариати Бундас — Зартушти (Фасоӣ) — ва Маздак бошад, дар воқеъ ислоҳе дар кеши Монӣ маҳсуб мешудааст ва мисли кеши Монӣ ин ойин ҳам оғози каломро баҳс дар равобити “аслайни қадимайн”, яъне нуру зулмат қарор медод. Тафовути он бо ақоиди Монӣ дар ин буд, ки мегуфт, ҳаракоти зулмат иродӣ ва аз рӯйи илми қаблӣ набуда, балки алаламё (кӯр-кӯрона) бар ҳасби судфа ва иттифоқ ҷунбише доштааст, бар хилофи асли нур, ки ҳаракоташ иродӣ аст. Бинобар ин, ихтилот ва омезиши тирагӣ ва рӯшноӣ, ки олами маҳсуси моддӣ аз он пайдо шуда, бар хилофи таъолими Монӣ натиҷаи нақша ва тарҳи муқаддаме набуда ва бар ҳасби тасодуф вуҷуд ёфтааст. Пас дар ойини Маздак бартарии нур хеле беш аз кеши Монӣ муаккад буда…”

* * *

Оташ ва парастиш

Яке аз масоили муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ дар бораи низоми фикрӣ ва эътиқодӣ ва амалии зартуштиён муқорини зуҳури ислом, масъалаи тақдис ва таъзим ва парастиши оташ аст.

Ин кор аз қадимтарин даврони бостонӣ собиқа дорад ва то ба имрӯз идома ёфтааст. Бӯалӣ Сино дар фасли ҳафтум аз фанни дуввуми “Табииёти Шифо” мегӯяд:

Табақоте аз пешиниён, ки ба фалсафаи аздод (зиддҳо) тамоюл доштанд ва мӯътақид буданд, ки ҳама чиз аз “зиддайн” ба вуҷуд меояд ва дар ин ҷиҳат дар масъалаи хайру шарр, нуру зулмат ба унвони ду зидд воқеъ шуда буданд, дар тамҷид ва таъзими оташ роҳи муболиға пеш гирифтанд ва оташро шоистаи тақдис ва тасбеҳ (парастиш) донистанд; бад-ин ҷиҳат, ки оташ унсури нуронӣ аст ва баръакс замин ва хок унсури зулмонӣ мебошад ва аз ин рӯ шоистаи таҳқир аст”.

Агар сухани Бӯалиро маъхаз қарор диҳем, оташпарастӣ ба дунболи фикри дугонагии ҳастӣ ва фалсафаи хайру шарр ва нуру зулмат падид омадааст, вале агар тавҷеҳи муҳаққиқони ҷадидро бипазирем, ки муддаӣ ҳастанд собиқаи оташпарастӣ аз даврони табиатпарастӣ аст ва дар он даврон башар ҳар чизи муфидро ба хотири ин ки бештар фоида бирасонад ва ҳар чизи музирро ба хотири ин ки аз шарраш маъмун бимонад мепарастидааст, башар қабл аз ин ки ба масъалаи хайру шарр ба сурати фалсафӣ таваҷҷӯҳ пайдо кунад, яъне қабл аз он ки ҳар мавҷудеро мамзуҷе аз ду унсури хайру шарр ва нуру зулмат бидонад, оташро мепарастидааст. Дар он адвор, фақат ашёро ба ду дастаи муҳим тақсим мекардааст. Як дастаро хуб ва дастаи дигарро бад медонистааст ва аҳёнан барои ҳар навъ аз ин анвоъ, Худое қоил буда ва он Худоро хуб ё бад медонистааст. Ва аммо ин ки дар ҳар мавҷуде ду унсур ташхис диҳад ва ҳар мураккаберо мамзуҷе аз зиддайн бидонад, марбут аст ба давраҳое, ки фикри башар такомули бештаре ёфта будааст. Ба ҳар ҳол, қадри мусаллам ин аст, ки тақдис ва таъзими оташ дар миёни ориёиён собиқаи зиёде дорад ва аз ҳар унсури дигар бештар мавриди таваҷҷӯҳ будааст. Оқои дуктур Муин мегӯяд:

Қатъи назар аз Авасто ва бавежа Готҳо, ки қидмати онро аз ҳазору сад то ҳафтсад (сол) пеш аз Масеҳ навиштаанд, дар ҷузъи осори қадими Эрон дар Исҳоқованд ҷануби Беҳистон (Бистун) нақше аз замони модҳо монда, ки қидмати он ба қарни ҳаштуми пеш аз Масеҳ мерасад. Акнун ин нақш мавсум аст ба “Дӯкони Довуд”, ва он гӯре аст, ки дар баданаи кӯҳ тарошида шуда ва тасвири он иборат аст аз як эронӣ, ки дар баробари оташ истодааст. Гиршман гӯяд: Мо се маъбад аз аҳди ҳахоманишӣ мешиносем, яке дар “Посоргод”, ки ба амри Куруш сохта шуда, дигаре дар нақши Рустам дар ҷабҳаи мақбараи Дориюш, ки шояд ба дастури худи ӯ бино шуда, ва севвумин дар Шуш, ки зоҳиран мутааллиқ ба замони Ардашери дуввум аст”.

Матлабе, ки қобили таваҷҷӯҳ аст ин аст, ки аксуламали Зартушт дар муқобили ин амал чӣ будааст? Оё Зартушт ин корро наҳй карда ва бори дигар баъд аз ӯ ривоҷ ёфта ва амалан ҷузъ, балки рукни дини зартуштӣ қарор гирифтааст, ё Зартушт бо таъзим ва тақдиси оташ ба ҳамон шакле, ки буда мухолиф набудааст?

Агар ривоёти худи зартуштиён ва махсусан Авастои мавҷудро милок қарор диҳем, Зартушт бо ин кор мувофиқ будааст. Оқои дуктур Муин мегӯяд:

Озар номи яке аз эзадони Маздаясност. “Озари Эзад” (фариштаи Озар ва ё раббуннавъи Озар) дар Авасто ғолибан писари Аҳуромаздо хонда шуда. Аз ин таъбир хостаанд бузургии мақоми ӯро бирасонанд, чунонки “Спиндормаз” фариштаи муваккали заминро назар ба суди он, “духтари Аҳуромаздо” номидаанд. Дар ясно 25 банди 7 омадааст: Озар писари Аҳуромаздоро меситоем, туро эй Озари муқаддас ва писари Аҳуромаздо ва сарвари ростии мо меситоем, ҳамаи ақсоми оташро меситоем. Дар бандҳои 46-50 аз “Зомёдишт”, “Эзади Озар” рақиби “Ожи даҳок” (Заҳҳок) шумурда шудааст, ки аз тарафи “Спента-Майню” зидди Заҳҳок барангехта шуда, то вайро аз расидан ба “фарр” яъне фурӯғи салтанат боздорад”.

Аз назари торихӣ, ба ҳеч ваҷҳ наметавон қароине ба даст овард, ки Зартушт мухолифи тақдис ва таъзими оташ будааст. Дар Готоҳо, ки аз назари асолат ва интисоб ба шахси Зартушт мӯътабартарин қисматҳои Авастост, сухан аз ниёз бурдан ба оташ ҳаст. Чизе, ки ҳаст, бархе муддаӣ ҳастанд, ки эътиқоди шахси Зартушт бо он чӣ дар боло аз ясноҳо ва яштҳо нақл кардем, тафовут доштааст. Ҷон Нос мегӯяд:

Аз ташрифот ва одоби ибодот ва аъмоли мазҳабӣ, аз мазҳаби аслии Зартушт чизи муҳимме боқӣ намонда. Ҳамин қадр маълум аст, ки Зартушт русум ва маносики ориёнҳои қадимро, ки мубтанӣ бар эътиқод ба сеҳру ҷоду ва бутпарастӣ буда ва рӯ ба завол мерафта ба куллӣ мансух фармудааст. Танҳо як расм ва як ибодат аз замони Зартушт боқӣ мондааст, ва он, чунонки гуфтаанд, вай дар ҳангоми анҷоми маросими парастиш дар меҳроби оташи муқаддас ба қатл расид ва дар ҳангоми ибодат ҷон супурд. Дар яке аз сурудҳои Готоҳо омадааст, ки Зартушт мегӯяд: “Ҳангоме, ки бар Озари муқаддас ниёзе тақдим мекунам, худро росткирдор ва некӯкор медонам”. Ва дар ҷойи дигар оташи муқаддасро атияи Яздон мешуморад, ки Аҳуромаздо онро ба одамиён каромат фармуда. Вале бояд донист, ки Зартушт худ оташро намепарастида, ва он ақида, ки пешиниён ва ниёгони ӯ дар бораи ин унсури муқаддас доштаанд, вай надоштааст, ва мӯътақадоти ӯ бо он чӣ баъдҳо оташпарастони ахир унвон кардаанд ихтилоф дорад, балки ӯ оташро фақат як рамзи қуддусӣ ва нишоне гаронбаҳо аз Аҳуромаздо медонистааст, ки ба василаи ӯ ба моҳият ва усораи ҳақиқати илвии Худованди доно пай метавон бурд”.

Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки хоҳ оташро тақдис мекарда ва ё намекардааст, ва бар фарз тақдис ба ҳар шакл ва ҳар сурат будааст, таъзим ва тақдис ва такрим ва парастиши оташ баъд аз Зартушт сахт боло гирифт ва бузургтарин шиори зартуштигарӣ шинохта шуд, ки ҳанӯз ҳам идома дорад. Ҳамон тавр, ки дар миёни мусалмонон масоҷид ва дар миёни масеҳиён калисо сохта мешавад, дар миёни зартуштиён оташкадаҳо сохта шуд.

Дар давраи соcонӣ зартуштиён ба номи “оташпарастон” шинохта мешуданд. Масеҳиёни Эрон, ки дар охирҳо озодӣ ва қудрати қобили таваҷҷӯҳе касб карда ва дар дарбори соcонӣ нуфуз карда буданд, бо зартуштиён дар бораи оташпарастӣ мубоҳиса ва муҷодила мекарданд. Кристенсен (Arthur Christensen) пас аз он ки менависад, пешрафти ойини Исо дар Арманистон мӯҷиби ташвиш ва изтироби давлати Эрон шуда буд ва Меҳрнарсӣ, подшоҳи Эрон пас аз мушовира бо уламои зартуштӣ фармоне навишт ва онҳоро ба тарки дини исавӣ ва пазируфтани кеши зартуштӣ даъват кард ва зимнан аз онҳо хоста буд, ки усули дини худро бинависанд, мегӯяд, онҳо номаи муфассали ҷасуронае навиштаанд, зимни нома чунин ёдовар шуданд: “Аммо роҷеъ ба асли дини худ. иҷмолан гӯем, ки монанди шумо аносуру хуршеду моҳу боду оташро намепарастем…

Ҳамчунин дар фасли ҳаштуми китоби худ менависад:

Руҳониёни зартуштӣ ҳар рӯз қадаме вопас мерафтанд, ва дигар қудрати собиқро надоштанд, ки битавонанд дар баробари ҷараёнҳо садде бикашанд. Таъаддиёти (таҷовузоти) диёнатӣ то ҳадде тахфиф ёфт. Дар маҳофили донишмандон, ҳикмати амалии аҳкоми дин пешӣ гирифт. Бо тавсиъаи уфуқ ва инбисоти афкори ҷадид, рафта-рафта доманаи шак вусъат ёфт. Соддагии афсонаҳои бостонӣ, ки дар аҷзои маздаяснӣ ворид буда тадриҷан ҳатто уламои динро ҳам нороҳат ва мушавваш намуд. Ночор таъвилоти истидлолӣ барои ҳикояти мазбур пеш оварданд ва аз роҳҳои ақлӣ дар исботи онҳо кӯшиданд. Дар мубоҳасае, ки яке аз муғон бо Георгиси Исавӣ карда чунин гуфтааст: Мо ба ҳеч ваҷҳ оташро Худо намедонем, балки ба василаи оташ Худоро меситоем, чунонки шумо ба василаи “хоҷ” ӯро ибодат мекунед. Георгис, ки худ аз муртаддони эронӣ буд, дар посух чанд иборат аз Авасто бархонд, ки дар онҳо оташро чун Худое ниёиш кардаанд. Он муғ парешон шуд ва барои ин ки мағлуб ба шумор наёяд гуфт: Мо оташро мепарастем аз ин рӯ, ки ӯ бо Урмазд аз як табиат аст. Георгис пурсид: Оё ҳар чӣ дар Урмазд ҳаст, дар оташ ҳам ҳаст? Муғ ҷавоб дод: Бале. Георгис гуфт: Оташ наҷосот ва мадфуъи асп ва ҳар чиро биёбад месӯзонад, пас Урмазд ҳам, ки аз ҳамон табиат аст, ин чизҳоро месӯзонад? Чун сухан бад-ин ҷо расид, муғи бечора аз ҷавоб оҷиз монд”.

Муғони зартуштӣ дар давраи исломӣ ҳангоме ки бо уламои исломӣ мувоҷеҳ шуданд, дар садади дифоъ аз худ баромаданд, вале ин бор нагуфтанд, ки мо оташро аз он ҷиҳат мепарастем, ки бо Аҳуромаздо аз як ҷинс ва як табиат аст, балки асосан парастиши оташро инкор карданд ва муддаӣ шуданд, ки мо Аҳуромаздоро, ки Худои Мутаъол аст мепарастем ва оташро меҳроб ва ё қиблаи худ қарор медиҳем, ҳамчунон ки мусалмонон ҳангоме ки Худои Мутаъолро парастиш мекунанд ва намоз мехонанд, ба сӯйи Каъба меистанд, бидуни он ки Каъбаро парастиш кунанд.

Зартуштиён аз як тараф ба пайравӣ аз суннатӣ қадимӣ, маъмулан ҳар ҷо сухан аз тақдис ва таъзими оташ ба миён меомад, калимаи “парастиш” ва “ибодат”-ро ба кор мебурданд, ва аз тарафи дигар барои ин ки худро аз ҳамалоти мусалмонон наҷот диҳанд, ба ҷойи калимаи “парастиш” ва “ибодат”, аз қибла қарор додани оташ сухан ба миён оварданд.

Дақиқӣ, шоири зартуштии маъруф — ки муқтадои Фирдавсӣ дар сурудани “Шоҳнома” аст, яъне аввал ӯ ба сурудани “Шоҳнома” пардохт ва Фирдавсӣ роҳи ӯро таъқиб ва такмил кард — расман тибқи суннати маъмули зартуштиён калимаи парастишро ба кор мебарад. Он ҷо, ки паёми фариштаро ба Зартушт дар бораи оташ нақл мекунад, чунин мегӯяд:

Паёме бар аз ман ба Гуштосбшоҳ,

Бигӯ, к-эй Худованди дайҳиму гоҳ!

Супурдам ба ту кори ҳар озаре,

Куҷо з-он бибинӣ ба ҳар кишваре,

Накӯшанд дар куштани озарон

Ба оби латифу хоки гарон.

Бифармой бо мӯбадону радон,

Бидон пок покизадил ҳирбадон.

Муғонро бибанданду кӯшиш кунанд

Ҳама озаронро парастиш кунанд.

Фирдавсӣ низ дар таъбироти худ аз ҳамин суннати зартуштӣ пайравӣ карда ва дар бисёре аз маворид калимаи “парастиш”-ро ба кор бурдааст. Фирдавсӣ дар афсонаи маъруфи “Кашфи оташ” мегӯяд, Ҳушанг як рӯз мори бузурге дид ва ба ӯ ҳамла кард ва санги бузурге бардошт, ки ба мор бикӯбад. Санг ба мор нахӯрд ва мор фирор кард, вале ба санги дигаре хӯрд ва оташе ҷаҳид ва бад-ин тартиб оташ кашф шуд. Он гоҳ мегӯяд:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта ва лекин зи роз

Падид омад оташ аз он санг боз.

Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,

Аз ӯ рӯшноӣ падид омадӣ.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин,

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто, фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд агар бихрадӣ.

Фирдавсӣ таҳти таъсири таъбироте, ки пас аз ислом дар дифоъ аз таъзим ва тақдиси оташ пайдо шудааст, дар айни ин ки таъбири оташпарастӣ мекунад, боз мегӯяд оташро қибла қарор доданд.

Фирдавсӣ дар бархе ашъори дигари худ дифоъҳои онҳоро мунъакис мекунад ва муддаӣ аст, ки оташ барои онҳо қибла ва меҳроб буд, на маъбуд. Дар достони рафтани Кайковус ва Кайхусрав ба оташкадаи Озаргушасб чунин мегӯяд:

Ба як ҳафта бар пеши Яздон буданд,

Мапиндор, к-оташпарастон буданд,

Ки оташ бад-он гоҳ меҳроб буд,

Парастандаро дида пуроб буд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: