“Тафриқа ва ихтилоф муҳимтарин мушкил ва ҷароҳати бузург бар пайкараи дунёи ислом аст”

Раҳбари Эрон дар дидори масъулон ва сафирони кишварҳои исломӣ, дар рӯзи иди саъиди Фитр, “тафриқа ва ихтилоф”-ро муҳимтарин мушкил ва ҷароҳати бузург бар пайкараи дунёи ислом хонд ва бо ишора ба нақши душманони ислом дар барафрӯхтани оташи ихтилофот, гуфт: “Иттиҳод ва парҳез аз тафриқа, ба нафъи ҳамаи кишварҳои исломӣ аст ва бояд бо ҳамдилӣ ҳавли масъалаи Фаластин ба унвони масъалаи аввали дунёи ислом, аз камранг ё фаромӯш шудани он ҷилавгирӣ кард”.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ бо табрики иди саъиди Фитр, ба истифодаи душманон аз баҳонаҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва сарзаминӣ барои эҷоди ихтилоф ишора кард ва афзуд: “Ҳимояти як сенотури омрикоӣ аз ҷомеаи аҳли суннат дар муқобили ҷомеаи шиъа, дар ҳоле ки онҳо бо асли ислом ва кишварҳои исломӣ душман ҳастанд, чизе ҷуз тавтиа ва хабосат нест, ва ин мавзӯъ ҷои муроқибат ва нигаронии шадид дорад, аммо мутаассифона масъулони давлатҳои исломӣ аз ин душманиҳо ғафлат мекунанд”.

Раҳбари Эрон бо ишора ба вуҷуди даргириҳои хунбор дар манотиқи мухталифи дунёи ислом ҳамчун Яман, Сурия, Ироқ ва шимоли Офриқо, таъкид кард: “Тафриқа ва ихтилоф ба зарари ислом ва уммати исломӣ аст ва дар муқобил, наздик шудани кишварҳои исломӣ ва парҳез аз ба кор бурдани нерӯҳо алайҳи якдигар, мунтабиқ бар ҳикмати илоҳӣ ва ба нафъи ҳамаи кишварҳои исломӣ аст”.

Вай, роҳпаймоии “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” ва ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар Теҳрон ва шаҳрҳои мухталифи ин кишвар дар дифоъ аз миллати Фаластинро намунае ифтихорофарин аз иттиҳоди исломӣ баршумурд ва гуфт: “Маънои ваҳдати исломӣ ҳамин аст, ки мардуми шиъа ва рӯзадор, бо чунин шукӯҳ ва азамате, ба хиёбонҳо меоянд ва бо фаластиниён, ки аҳли суннат ҳастанд, ибрози ҳамдилӣ ва ҳамдардӣ мекунанд”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, камранг кардан ва ба фаромӯшӣ супурдани масъалаи Фаластинро хатаре бузург хонд ва хотирнишон кард: “Фаластин, масъалаи аввали дунёи ислом аст, вале бархе кишварҳои исломӣ ба гунае амал мекунанд, ки қазияи Фаластин нодида гирифта ва ба фаромӯшӣ супурда шавад”.

Раҳбари Эрон бо ишора ба ғасби кишвари исломии Фаластин ва берун рондани як миллат аз хона ва сарзамини худ, афзуд: “Бар асоси фиқҳи исломӣ, дар муқобили тасаллути душман бар сарзамини исломӣ, ҳамаи мусалмонон муваззаф ба мубориза ва ҷиҳод ба ҳар шакли мумкин ҳастанд. ва ба ҳамин иллат, имрӯз мубориза бо режими саҳюнистӣ бар ҳамаи дунёи ислом лозим ва воҷиб аст”.

Вай, бо интиқод аз сар боз задани бархе кишварҳои исломӣ аз ин мубориза, миллати Эронро дар анҷоми вазифа ҳушёр ва бедор донист ва афзуд: “Дунёи ислом ба иттиҳод ва эътилоф ниёз дорад ва миллатҳои мусалмон ғолибан низ бо якдигар ҳамдил ҳастанд ва ин давлатҳо ҳастанд, ки бояд ба вазоифи худ амал кунанд”.

Тасовире аз ин маросим:



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: