Бӯҳрони Теҳрон – Риёз баранда надорад

Ёддошти Содиқи Маликӣ, коршинос ва таҳлилгари аршади сиёсӣ

Наздик шудан ба озодии Мавсил ва Риққа аз дасти ДОЪИШ, таъйини торихи ҳамапурсии курдҳо тавассути Арбил, амалиёти теруристӣ дар Теҳрон, бӯҳрон дар равобити Арабистон ва Қатар, тағйири чидамони қудрат дар Риёз, шиллики мушак ба мақарри ДОЪИШ аз сӯи Эрон… инҳо ҳама ҳикоят аз таҳаввулоти пуршитоби Ховари Миёнае дорад, ки беш аз умед дар ин ҷуғрофиёи пур аз биму ибҳом, сиёҳиро тарсим менамояд.

Таҳаввулот дар Ховари Миёна агар ҳалқаҳои ба ҳам пайвастаи як занҷир бошанд, бояд дарк кард, ки ҳалқагардони ниҳоии ин бозиҳои печида, на пойтахтҳои Ховари Миёна, балки Вошингтун буда ва мебошад.

Бояд тадбир кард. Дар ин ошуфтабозори сиёсат дар Ховари Миёна, беш аз лояҳои зоҳирии таҳаввулот, бояд ба лояҳои зерини таҳаввулот таваҷҷӯҳ кард.

Чизе муҳимтар аз ҷанг вуҷуд дорад: сулҳ. Дар фазои ҷанг, аз сулҳ гуфтан сахт ва аз манзаре, ҷасорат мехоҳад. Ҷангҳо ба якбора оғоз намешаванд. Кинаҳо кошта мешаванд ва обёрӣ мешаванд ва пас аз он, бо баҳонае оташи ҷанг шӯълавар мешавад. Ононе, ки ҷангро дарк карда ва бар талхиҳои он воқифанд, ҳеч гоҳ ба дунболи ҷанг нахоҳанд буд, магар он ки ҷанге ба онон таҳмил шавад.

Дар Ховари Миёна, ин ноамнтарин конуни бӯҳрони ҷаҳон, бояд ҳушёр буд. Ҳамроҳӣ бо тавтиаи печида, ки ҷангҳоро иҷтинобнопазир нишон медиҳанд, худ метавонад бахше аз токтикҳои фиреб бошад. Дар Ховари Миёна дастҳои бисёре дар кор аст, ки ҷанги дигареро сомон диҳад.

Расонаҳо дар Вошингтун, Онкоро, Бейрут, Бағдод ва ғайра… аз имкони вуқӯи ҷанг миёни Эрон ва Арабистон сухан мегӯянд. Диққат намоем: ононе, ки мудирияти ҷангро бар ӯҳда доранд, бо муҳосиботи дақиқ, чидамонеро пайрезӣ кардаанд, ки Риёзу Теҳрон гом ба гом ба ҷанг наздик шаванд. Огоҳӣ аз тавтиаи ҷанг ва гурез аз он, табалвури ақлонияти бархоста аз дурандешӣ аст, ки медонад поёни ҳар ҷанге, сулҳ аст. Дар Ховари Миёна бояд гомҳои сулҳро, ҷойгузини гомҳои ҷанг кард.

Кист, ки надонад ҳувиятҳои мутафовит, беш аз ҳар чизе, таҳти таъсири ҷуғрофиёи зистӣ аст, ки аз он гурезе нест. Интихоби ин ки араб бошӣ ё эронӣ, шиъа бошӣ ё салафӣ, беш аз ҳар чизе, ҳосили иҷборҳои ношӣ аз ҷуғрофиёст. Пас, бояд бо пазириши ҳувиятҳои мутафовит, ба таъомуле расид, ки дарбаргирандаи ҳамзистии мусолиматомез барои ҳамаи ҳувиятҳо ва андешаҳо гардад.

На ҳунар назди эрониён асту бас, ва на араб сусморхӯр аст. Андешаи худбартарбинӣ бистарсози табъиз ва ҷанг аст. Ҳар андеша ва эътиқод, нажод ва қавме, ки хешро дар каффаи баробар бо дигарон набинад, намояндаи тафаккуре матруд ва дур аз шаъни инсонӣ буда ва хоҳад буд.

Мо наметавонем дунёро бо айнаки худ ва ё мунтабиқ бо орзуҳои хеш таҳлил ва қазоват намоем. Нигоҳе ба ҳамсоягон ва манотиқи перомунӣ нишон медиҳад, ки алорағми Инқилоби Исломӣ ва ҳазинаи пардохтии он барои ваҳдати ҷаҳони ислом, шиъа камокон аз як танҳоӣ ва ғурбати торихӣ ранҷ бурда ва мебарад. Андешаи ваҳҳобӣ агарчи андешаи ғолиби ҷаҳони аҳли тасаннун нест, аммо ҳангоме ки дар тақобул бо Эрони шиъа меистад, ҳатто Туркияи нисбатан секулор низ дар канори он қарор мегирад.

Эрон ва Арабистон ду воқеияти торихӣ ва жеупулитикӣ ҳастанд, ки ҳеч як қобили нафй набуда ва нестанд. Теҳрон ва Риёз набояд дилхуш ба адами истеҳкоми низомҳои ҳоким бар ду кишвар бошанд. На Эрон ва на Арабистон наметавонанд ҷуғрофиё ва моҳияти ғолиби шиъӣ ва ваҳҳобии худро тағйир диҳанд, ва аслан набояд барои тағйир ва нафйи ҳувиятҳои ду кишвар талоше сурат бигирад. Бояд дар Эрон ва Арабистон ҳама нигарони ҷанг буда ва барои тармими равобити Теҳрон ва Риёз талош кунанд. Ҷангталабон бешак хоин ба минтақа ва мардуми худ буда ва дар фардои торих бахшуда нахоҳанд шуд.

Ҷангсолороне, ки бар табли ҷанг менавозанд, фарёдҳои сулҳро ба соя бурдаанд. Равобит миёни Теҳрон ва Риёз ба андозае бӯҳронӣ аст, ки сухан гуфтан аз зарурати коҳиши бӯҳрон, бисёр душвор шудааст. Бисёре аз ҷангҳо ҳосили ривоятҳои мутазодди бархоста аз руъёҳост. Руъёҳои Теҳрон ва Риёзро бояд бо сохтани пули эътимод ва ёфтани ривоятҳои муштарак, руъёи сулҳ кард.

Бӯҳронҳо фурсатест, ки ҳунари сиёсат ва сиёсатмадорон ба ҳангоми он, бояд табалвур ёбад. Аз манзари Теҳрон, низоми Саудӣ намояндаи низоми иртиҷоӣ, ва аз нигоҳи Риёз, Эрон намояндаи низомест, ки талош дорад бо нуфузи сиёсӣ арсаро бар исломи тасаннун танг намояд. Тасвирҳои зеҳнии манфии Теҳрон ва Риёз нисбат ба ҳам, ҳосили сиёсатҳо ва бардоштҳои баландмуддати торихист, ки бо иродаи мутақобил қобилияти тағйир доранд. Насли имрӯз ва фардои Ховари Миёна, ва дар ин миён Эрон ва Арабистон, бояд аз ба дӯш кашидани торихи дирӯз раҳоӣ ёбанд. Бояд аз ҷое шурӯъ кард ва агар заминае нест, бистаре барои тағйири зеҳниятҳо фароҳам сохт.

Бо мадди назар қарор додани манофеъ ва илзомоти фаровони ношӣ аз ҳамсоягӣ, парҳез аз ҷанг ва талош барои сулҳ, бояд дағдағаи аслии раҳбарон ва мақомоти Эрон ва Арабистон бошад. Тармими равобити Теҳрон ва Риёз як асл ва зарурати дутарафа мебошад. Агар каффаи ин тарозу дар ду тараф ҳатто ба як мизон низ набошад, боз дар арсаи сиёсат ва кишвардорӣ, бояд нуқтаи оғозе сохт.

Таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки заруратҳои мутараттиб бар манофеи миллӣ — бо вуҷуди он ки Имом Хумайни (р) гуфта буд, агар аз Саддом бигзарам, аз Оли Сауд нахоҳам гузашт — бо эъмоли мудирияти мубтанӣ бар ҳалли бӯҳрон, тавонист равобити Эрон ва Арабистонро на танҳо тармим карда, балки онро намоди ду боли ислом намояд. Ду бол шудани Эрон ва Арабистон ҳадафи дур аст, аммо мешавад монеи ду хасми дарунисломӣ шудани ду кишвар шавад.

Таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки Эрон ва Арабистон ду воқеияти жеупулитик ва таъсиргузори минтақа, ва ба таъбири калон, ҷаҳони ислом буда ва хоҳанд буд. Тағйири сохтори ин муъодила дар дасти ҳеч як аз ин ду нест, аммо метавон аз нерӯи ҳар як барои тазъифи дигарӣ ва дар нигоҳи васеътар ҷаҳони ислом суд ҷуст. Агар ин даркро битавон дарди муштарак кард ва ба ин натиҷа расид, ки бо гуфтугӯ метавон ба роҳи ҳаллҳои беҳтар расид, он гоҳ метавон ба истиқрори оромиш дар минтақа кӯмак карда ва сулҳро ҷойгузини ҷанги вайронгар дар минтақа кард. Набояд барои адабиёти силаҳшӯрона дар саҳнаи сиёсат фурсати зуҳур дод. Дар арсаи сиёсат, давлатмардон бояд тамоми талош ва кӯшиши хешро барои табдили душман ба рақиб, ва тағйири рақиб ба ҳамкор намоянд. Тахриб, коре содда ва камҳазина аст. Созандагӣ ва ба коргирии сиёсати эҷобӣ, сабр ва тадбир мехоҳад.

Давлати оқои Руҳонӣ ҳамон гуна ки дар ҳавзаи сиёсати дохилӣ бар таъомул, оштӣ ва эътидол таъкид дошта ва корномаи муваффақаш сабаби раъйи дубора ба ӯ будааст, бояд дар соири арсаҳои сиёсати хориҷӣ хусусан дар равобит бо Риёз чун мавзӯи ҳастаӣ, барои эҷоди фазои гуфтугӯ ва сулҳ талош кунад. Эрон дар ҳоли ҳозир дар иртибот бо ҳамсоягон, ҷиддитарин мушкилро бо Арабистон дорад. Ин мушкилест, ки қобилияти густариши дарун ва бурунмарзӣ дорад. Агар тавонистем бо Урупо музокира кунем, пас метавон бо Арабистон низ дари гуфтугӯро гушуд. Эрон ва Арабистон набояд иҷоза диҳанд дар сарзамини мусалмонон, бегонагон мудирияти ҷанг кунанд. Ҳадафи даргириҳои Ироқ, Сурия, Яман, муқаддимасозӣ барои даргириҳои бузург ва тағйироти васеъ аст. Ҷанги имрӯз дар Ховари Миёна як ҷанги дохилӣ аст ва мутаассифона ҳар кас ҷангро бо ривояти хосси худ тафсир карда ва мехонад. Хониши дубораи иллатҳои ҷангҳо ва даргириҳо ва расидан ба нуқоти муштарак, роҳи убур аз ҷанг ва наздик шудан ба сулҳ аст.

Кист, ки надонад ҷангҳо, махсусан ҷангҳои дохилӣ, пирӯз надорад. Куштаҳои ташйеъшуда дар тобутҳо дар ҷангҳои дарунтамаддунӣ ва дар нигоҳи ду тарафи ҷанг, ҳама шаҳиданд… дар ҳоле, ки сахт аст битавон унвони куштаҳоро номи шаҳид дод. Шояд дарки амиқи ҳамин як нукта, барои ҷойгузинии фарёдҳои сулҳ ба ҷойи ҷанг кофӣ бошад.

Теҳрон ва Риёз барои дур шудан аз бӯҳрон ва расидан ба сулҳ, бояд ривоятҳои худ аз ҳаводис ва рӯйдодҳоро ба ҳам наздик намуда ва дар нигоҳе эҷобӣ, ба манофеи мутақобил ва минтақа биандешанд. Эҳтиром ба ҳуқуқи мутақобил ва ҳавзаҳои нуфуз, ҳамворкунандаи дур шудан аз сиёсати тақобулӣ ва наздик шудан ба нигоҳи таъомулӣ аст. Бо нигоҳҳои мутахосиме, ки яке зуҳури ДОЪИШ-ро ҳосили ваҳҳобият ва дигарӣ ҳосили бетаваҷҷӯҳӣ ба сунниҳо медонад, наметавонад пуле барои сулҳ сохт. Дар ҳоли ҳозир, ки равия ва саффбандии феълӣ дар равобити Эрон ва Арабистон, чашмандози тираву тореро нишон медиҳад, бояд бо дурандешӣ роҳе ёфт ва агар роҳе нест, роҳе сохт. Набояд ба гузинаи ҷанг фурсати зуҳур дода ва ба нуқтаи бидуни бозгашт расид. Ҷанг ва сулҳ масири дутарафа аст. Ҳамон гуна ки ҳеч ҷанге ба якбора оғоз намешавад, сулҳ низ ба якбора оғоз намешавад. Бояд бо бакоргирии ақлонияти истротежик, аз сояи шуми ҷанг дур шуда ва барои сулҳ талош кард.

Муҳаммад бен Салмон душмани сарсахти Эрон ҳам бошад, воқеияти ҳоким бар Арабистон аст. Бисёреҳо эътиқод доранд, ки сохторшикании ношӣ аз интихоби Муҳаммад бен Салмон ба ҷонишинии шоҳи саудӣ, на муқаддимаи суқут, балки бистарсози зуҳури Арабистони қудратмандтар ва мудернтар дар оянда хоҳад буд.

Нукта он ки: Қатар дар остонаи ҷанг бо Саудӣ, барои Муҳаммад бен Салмон паёми табрик ирсол кард ва мо ҷонишинии Муҳаммад бен Салмонро кудетои нарм арзёбӣ мекунем. Нигоҳе, ки тағйирот дар сохтор ва чидамони қудрат дар Риёзро кудетои нарм ва Арабистонро режиме пӯшолӣ талаққӣ намояд, беш аз сулҳ, метавонад бистарсози ҷанг гардад.

Irdiplomacy

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: