Дархости валиаҳди Абӯзабӣ аз Омрико барои бомбборони сохтмони “Алҷазира”

Бар асоси санаде, ки Викиликс мунташир карда, валиаҳди Абӯзабӣ дар замони ҷанги Ироқ, аз Омрико хоста буда, ки ба шабакаи “Алҷазира” ҳамла кунад.

Асноди фошшуда аз сойти Викиликс нишон медиҳад, ки Муҳаммад бен Зоид Оли Наҳён, валиаҳди Абӯзабӣ, дархостҳоеро дар замони ҷанги Ироқ аз Омрико доштааст.

Ба гуфтаи Викиликс, валиаҳди Абӯзабӣ аз масъулони омрикоӣ хоста буд, ки мақарри шабакаи “Алҷазира”-и Қатарро бомбборон кунанд.

Ҳамад бен Халифа, амири пешини Қатар, дар ҷараёни дидор бо Шайх Зоид Оли Наҳён, аз ин дархости Муҳаммад бен Зоид ибрози инзиҷор карда буд.

Сойти хабарии  Аrabi21 гузориш дод, ки Муҳаммад бен Зоид ба масъулони омрикоӣ гуфта буд, ки дар мавҷи ҳамлаи нахуст ба Афғонистон низ рӯзноманигоронро бо худ набаранд, то саҳнаҳои кушта шудани афроди ғайринизомӣ вокунишҳои манфӣ дар пай надошта бошад.

Муҳаммад бен Зоид аммо аз омрикоиҳо нахоста буд, ки афроди ғайринизомиро бомбборон накунанд, вале аз онҳо хоста буд, ки коре кунанд, то мардум ин саҳнаҳоро мушоҳида накунанд.

Викиликс фош кард, ки Муҳаммад бен Зоид ду моҳ пеш аз ҳамлаи Омрико ба Ироқ низ, бо Ричорд Ҳос, раиси ситоди муштараки вақти Омрико дидор дошта буд.

Муҳаммад бен Зоид дар он дидор, ба масъулони омрикоӣ иттилооте аз Ироқ ва ахбори Бағдод ироа карда буд ва ин ки чӣ гуна хашми кишварҳои арабиро контрол кунанд.

Ба гузориши Викиликс, Муҳаммад бен Зоид аз масъулони Омрико хоста буд, ки ба Қатар эъмоли фишор кунанд, то монеъ аз пӯшиши хабарӣ аз сӯи “Алҷазира” шаванд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: