Фалсафа ва равиши реализм (83)

Идрокоти эътиборӣ (14)

Матни китоб:

Қисми дуввум: Эътибориёти баъди иҷтимоъ

Мафоҳими эътиборӣ, ки инсони иҷтимоӣ имрӯза аз қолиби зеҳни худ даровардааст, ба андозае зиёд аст, ки шояд тамйиз ва табақабандӣ ва шумурдани онҳо, болотар аз тавоноии фикр буда бошад, агарчи ҳамаи онҳо сохтаи фикр ва андеша мебошанд. Бо ин ҳама, пайваста инсон ба ҳасби пешрафти иҷтимоъ ва такомули фикри худ, мафоҳими тозае сохта ва ҳар рӯз як ё чанд намунаи тоза ба маърази намоиш мегузорад. Ва аз ҳаминҳо низ мефаҳмем, ки агар ба қаҳқаро (замони гузашта) баргашта ва ба инсони аввалии иҷтимоӣ наздиктар шавем, ин сохтаҳои фикрӣ камтар шуда ва ба решаҳое, ки маҳалли иншиъоби шохаҳо ҳастанд, наздиктар хоҳанд гашт.

Аз ин рӯй ва барои ин ки ин мақола бештар аз ҳадди муайяне аз тафсилро гунҷоиш надорад, мо дар ин ҷо эътибороти баъди иҷтимои чандеро, ки ба манзилаи решаҳои соири эътибороти баъди иҷтимоъ мебошанд, маврид баҳсу гуфтугӯ қарор медиҳем.

1) Асли милк

Чунонки аз баҳсҳои гузашта ба даст омад, решаи ин асл пеш аз таҳаққуқи иҷтимоъ муҳаққақ буда. Ва он, ҳамон “ихтисос” аст, ки баъдҳо ба сурати “милк” такмил шуда ва дорои асари хоссе, ки ҷавози ҳамагуна тасарруфот буда бошад гардида ва асли ихтисос ё ихтисоси мутлақ дар мавриди баъзе тасарруфот, эътибор пазируфта; чунонки мебинем, дар милки дигарон метавонем ихтисосоте (имтиёзот) дошта бошем, ё он ки метавонем ихтисосе дар мавориде пайдо кунем, ки мавриди таъаллуқи милк нахоҳад буд, монанди ихтисосоти завҷият ва дӯстӣ ва ҳамсоягӣ ва падарӣ ва фарзандӣ ва хешовандӣ ва ҷуз инҳо.

Албатта, ин ихтисосот низ ҳар кадом дар мавриди махсуси худ, ба андозаи тамос ва эҳтиёҷи иҷтимоӣ, қайдҳои тозае ба худ гирифта ва номҳои вижае пайдо мекунанд. Ва дар натиҷа, аҳком ва осори тозае барои онҳо эътибор мешавад, ки қобили интибоқ ба маврид буда бошад.

Дар айни ҳол, ҳамаи ин гуна ихтисосот “ҳуқуқ” номида мешаванд, ва тақрибан ё таҳқиқан, дар назари иҷтимоъ, мавриди ихтисос фоида мебошад, ва дар нахустин рӯзе, ки иҷтимоъ миёни “айн” ва “фоида” фарқ гузошта ихтисос (ҳақ)-ро ба маънои “милки фоида” номида ва милкро ихтисос ба айн — ки маҳалли ҷамиъи тасарруфоти мумкин аст — эътибор намудааст.

Дар мартибаи баъдии ин эътибор, ба воситаи эҳтиёҷе, ки ҳар як аз афроди иҷтимоъ ба маводди мутасаррафӣ ва ба хусус милкии ғайр пайдо намудаанд, изтироран эътибори “табдил” пеш омада, агарчи инсони фард ин манзурро бо ғалаба ва таҳоҷум анҷом медод; чунонки пас аз иҷтимоъ, афроди муқтадир ва ҳатто дар иҷтимои мутамаддини имрӯза ҷомеаҳои муқтадир низ — агарчи бо зоҳирсозӣ ва мағлатакорӣ бошад — ҳамин равишро доранд.

Ва ба воситаи эътибори “мубодила”, тақсимоти тозае ба воситаи ихтилофоти навъии молик (воҷиди шароити тасарруф ва ғайри воҷид чун бачча ва девона, молики шахсӣ ва молики иштирокии гуногун ва молики навъӣ ва ҳайъат ва мақом) ва ихтилофи навъии аъёни мамлука (ҳайвон ва набот ва ҷамод ва амлоки қобили нақлу интиқол ва ғайри қобили нақлу интиқол ва мавҷуд ва ғайри мавҷуд ва ҷуз инҳо) пеш омада, ки маншаи эътибори як силсила мавзӯоти эътибории тозаи доманадоре аз муомилоти гуногун ва вазъи аҳкоми гуногун аз барои онҳо гардидааст. Ва дар натиҷаи адами таъодули нисбатҳо миёни маводди мавриди мубодила, эҳтиёҷ ба эътибори “пул” пеш омада, ки яке аз маводди мавриди рағбатро воҳиди миқёс аз барои санҷиши соири маводди мавриди ҳоҷат қарор бидиҳанд. Ва албатта ин эътибор низ як силсила эътибороти фаръии марбутаро эҷоб мекунад, ки дастгоҳи вазъи пули тилло ва нуқра ва чек ва авроқи дигари баҳодор ва ғайра бо аҳком ва осори худ, намояндаи онҳо мебошанд.

Ва албатта ин ҳама таҳаввулоти эътиборӣ танҳо ба мавриди “милк” ихтисос надошта ва дар соири мавориди “ихтисос” низ айнан монанди милк ё бо тағйироти муносибе — монанди ақсоми талоқ ва мубодилаҳои гуногуни ҳуқуқӣ — пайдо мешаванд.

Ва ҳар як аз ин мавзӯоти эътиборӣ ва осори доманадори онҳо қобили гуфтугӯҳои илмии дароз мебошад, ки мумкин аст дар атрофи онҳо назарҳои гуногун дода шавад ва дар ҷоҳои махсус ба худ мавриди кунҷковӣ гардидаанд, вале аз ғарази баҳси мо канор буда ва фақат назари мо аз ин баҳс, тазаккур додани ин нукта аст, ки ҳамаи ин мавзӯот ва хоссиятҳо ва осори онҳо эътиборӣ ва сохтаи зеҳн ҳастанд, ки мутобақи ҳақиқии хориҷӣ надоранд.

* * *

2) Калом, сухан

Ниёзмандӣ ба сохтани сухан ва вазъи лафзи далолаткунанда, аз чизҳое аст, ки инсон (ва ғолиби ҷонварони садодор то он ҷо, ки медонем) дар аввалин марҳилаи иҷтимоъ пай ба он мебаранд. Зеро ҳар иҷтимои кучак ё бузург, эҳтиёҷи афроди худро ба фаҳмидани мақосиди ҳамдигар тасбит мекунад.

Ва албатта ин сохтаи иҷтимоӣ низ, монанди соири сохтаҳои пуршоху барги иҷтимоӣ, нахустин бор ба таври хеле содда аз як фитрати бисёр содда ва беолоиш сарчашма гирифтааст. Ва чунонки миёни навзодони ҳайвонот ва модарҳои онҳо дар нахустин тафҳиму тафаҳҳум ва ҳамчунин дар фаҳмонидан ва фаҳмидани навзодони инсонӣ мушоҳида менамоем, ин кор аз “маҳсусот” шурӯъ мешавад; чунонки мурғ ба ҷиҳати фаҳмонидани ҷӯҷа, баробари чашми ӯ нӯки минқор ба дона зада ва бардошта ва мехӯрад, ва ҷӯҷа низ ҳамон корро карда ва рафъи ҳоҷат (гуруснагӣ)-и худро ҳис мекунад. Ва агар чунончи ҷӯҷа ғофил буда бошад, мурғ садое карда ва ин корро анҷом медиҳад ва ҷӯҷа низ ба мӯҷиби ғаризаи баҳс аз иллатҳои ҳаводис, ки ғаризаи ҳайвонӣ аст, мутаваҷҷеҳи ҷиҳати садо шуда ва кори модарро дида ва худ низ бо тақлид ҳамон корро анҷом медиҳад. Ва назоири ин кор дар инсон ва соири ҳайвонот зиёд мебошад. Ва чунонки мебинем, дар ин марҳила далолати садо ба маънии мақсуд, далолати ақлӣ буда ва билмулозима аст ва худи маънии мақсуд (бо вуҷуди хориҷӣ) ба мухотаб нишон дода мешавад — ва ҳамаи садоҳо дар ифодаи ин ғараз яксон буда ва тамйизе лозим нест — вале пас аз чанд бор такрор, зеҳни мухотаб миёни мақсуд ва садо як наҳви мулозима (назири тадоъии маъонӣ) мӯътақид шуда, бо шунидани садо аз дур, ба сӯи модар ба қасди дона мешитобад.

Ва аз тарафи дигар, ихтилофи эҳсосоти дарунӣ монанди меҳру кина ва дӯстиву душманӣ ва инфиъол ва шафқат ва тамаллуқ ва шаҳвати ҷинсӣ ва ғайри онҳо, дар шакли садо ихтилофоти ғайри қобили инкор ба вуҷуд меоварад, ва ба ин васила садоҳо танаввӯъ пайдо карда ва каму беш тамйиз ва таъаддуд мепазиранд. Ва дар ин марҳила мустамеъ як гом фаротар гузошта ва бо садоҳои мухталиф, ба мақосиди нисбатан гуногуне истидлол карда ва ба чизҳои ғоиб аз ҳавосс пай мебарад. Вале боз чунонки равшан аст, далолати садо бар мақсуд, ақлӣ ва табиӣ аст ва дар ин ҳол, зеҳни мустамеъ ва хосса инсон, ба робита миёни ҳодиса ва садои вежаи вай каму беш ошно мегардад ва кам-кам ҳаводисро бо садоҳои мулозими вуҷуди онҳо ҳикоят менамояд. Ва дар натиҷа ҳуруфи таҳаҷҷӣ аз ҳамдигар тамйиз пайдо карда ва калимоти мураккаба пайдо мешавад. Чунонки мебинем, миқдори зиёде аз калимот дар луғатҳои гуногун, ҳикояти асвоте аст, ки дар ҳаводиси садодор муқорини ҳодиса пайдо мешаванд ва дар ин боб истеъмоли ишора бо даст ва сар ва чашм ва соири аъзо, зиёд муассир ҳастанд. Ва муқорини ин аҳвол, дигар инсон ба муҷарради шунидани калима, бетаваққуф ба ёди ҳодиса меафтад ва далолати ақлӣ ва табъӣ ҷойи худро ба далолати лафзӣ медиҳад. Ва инсон бо пайдо кардани шуъур ба ин хосса, кори такаллумро яксара менамояд, то кор ба ҷое мерасад, ки инсон ҳангоми сухан гуфтан ё сухан шунидан, аз алфоз ғафлат карда ва танҳо мутаваҷҷеҳи маънӣ мешавад, чунонки гӯӣ маъниро мегӯяд ё мешунавад, яъне маънӣ ба ҳасби ақидаи вай, худи лафз гардида. Ва аз ин ҷост, ки зиштӣ ва зебоӣ, маҳбубият ва манфурияти маънӣ дар лафз таъсир карда ва гоҳе мешавад, ки сифате аз маъное ба лафзе ва аз лафз ба маънои дигар сироят мекунад. Ин ҷост, ки кори эътибор тамом шуда ва ба ҳасби эътибор, лафз айни маънӣ мешавад.

Он гоҳ ихтилофи муҳитҳое, ки афроди инсон ба воситаи муҳоҷират ва иншиъоботи қавмӣ ба вуҷуд овардаанд, аз як тараф, ва вазъи алфози тоза ба воситаи мувоҷеҳа бо эҳтиёҷоти тоза ба воситаи такомули зиндагии иҷтимоӣ аз тарафи дигар, ва интихоби ахафф ва асҳал аз тарафи дигар, мӯҷиби иштиқоқи луғатҳои мутанаввеъ аз як луғати аслӣ ва бурузу зуҳури таҳаҷҷиҳои гуногун дар муҳитҳои мухталиф шуда ва такаллумоти комил сурат мепазирад.

Дар ҳамаи калимот, лафз намояндаи маънӣ гардида ва балки дар зарфи эътибор ва муҳити тафҳиму тафаҳҳум, худи маънӣ мегардад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: