Шарҳи Маснавӣ (195)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (21)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (6)

* * *

Хуш нишин, эй қофияандеши ман!

Қофияй давлат туӣ дар пеши ман.

Эй ошиқе, ки барои қофиясозӣ фикр мекунӣ! Осуда ва хуш биншин, ки дар назди ман қофияи давлат туӣ, яъне мизонкунанда ва сомондиҳандаи давлат ва иқболи соликон ту ҳастӣ.

Ҳарф чӣ бвад, то ту андешӣ аз он,

Ҳарф чӣ бвад? Хори девори разон.

Сухан чист, ки ту дар бораи он андеша кунӣ? Сухан чист? Сухан дар мисол, монанди бӯтаҳои хордори девори боғ аст.

Раз: Дарахти ангур, дар ин ҷо ба маънои боғ омадааст.

Нукта: Сухан ва калом, бар сари девори бӯстони маориф ва равзаи ҳақоиқ, монанди бӯтае аз хор аст, ки монеъ аз расидан ба он мешавад; зеро ҳар ҳақиқате, ки ба лафз дарояд, шаъни ҳақиқии худро он гуна ки ҳаст, аз даст медиҳад ва таназзул мекунад. Мавлоно худ гуфтааст: “Сухан сояи ҳақиқат аст ва фаръи ҳақиқат”. (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.7)

Ҳарфу савту гуфтро бар ҳам занам,

То ки бе ин ҳар се бо ту дам занам.

Лафзу савту суханро канор мегузорам, то бидуни ин се монеъ бо ту ҳамкалом шавам.

Нукта: Ҳар гоҳ миёни ду тараф муносибати руҳӣ ва синхияти ботинӣ шиддат гирад, навъи андеша ва фикр низ ҳамсинх ва мутаҷонис мешавад, ба гунае ки андешаи якдигарро мехонанд бе ҳеч каломе ва гуфторе. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.547)

Он даме, к-аз Одамаш кардам ниҳон,

Бо ту гӯям, эй ту асрори ҷаҳон!

Он суханеро, ки аз Одам (а) ниҳон доштам ва аз ӯ мактум намудам, ба ту мегӯям, эй, ки ту махзани асрори ҷаҳонӣ!

Нукта: Ин байт ва чанд байти баъдӣ, аз абёти душвор ва пуррамзе аст, ки шореҳони Маснавиро ба заҳмат андохта ва баҳси таъвилро гарм кардааст. Мушкил ин ҷост, ки: ин кадом розе аст, ки Худо бо анбиё дар миён нагузошт, вале ба касе, ки мақоми нубувват надошт бозгуфт? Барои ҳалли ин масъала, таъвилоте шудааст, ки муҷмали он ин аст:

а) Дар ҳар асре аз асрҳо ва ҳар даврае аз давраҳо, ҳастанд авлиёе, ки мазҳар ва миръоти ҳақиқати муҳаммадия ҳастанд. Ва он инсони комил, ки дар асри худ мазҳари томму тамоми он ҳақиқат аст, ба тариқи тарҷумон аз он ҳақиқат сухан гуфтаанд. Ҳамин тавр ҳазрати Мавлоно низ аз мартибаи муҳаммадия сухан гуфтааст ва адами зикри номи шарифи ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин абёт, худ далелест бар сиҳҳати ин матлаб.

б) Мақсуд аз “ин дам” изҳори он ҳақоиқ аст он гуна ки ҳақиқат дорад. Бо ин мулоҳиза, паёмбарон аз ин розҳо бохабар будаанд, вале чун маъмурияти омм доштаанд, аз ин рӯ бояд ба гунае ҳарф мезаданд, ки азҳони омма низ каломи ононро дарёбад. Аз ин рӯ, ба мулоҳизаи сатҳи шуъури оммаи мардум, наметавонистанд ҳамаи ҳақоиқро он сон, ки ҳастанд бигӯянд, чунонки вақте ҷаноби Кумайл ибни Зиёд, бо он мақоми волои маънавӣ, аз ҳазрати Алӣ (а) мепурсад:

ما الحقيقة

Ҳақиқат чист?

Ҳазрат ҷавоб мефармояд:

ما لك والحقيقة

Туро бо ҳақиқат чӣ кор?

Бинобар ин, бузургон зимни он ки худ ба мақоми волои ҳақиқат даст ёфта буданд, вале дар иблоғи он, ба зарфи азҳон ва гунҷоиши он иноят доштанд.

в) Қоидаи

لا تكرار في التجلّي

Дар таҷаллиёти ҳазрати Субҳон такрор нест”. Ҳамаи мавҷудот мазҳари асмо ва сифоти Ҳақ Таъоло ҳастанд ва ҳар мазҳаре ба навъе ин мазҳариятро дорад. Ва зуҳури Ҳақ дар ҳар заррае ба гунае аст ва ҳаргиз дар ин ҷилваҳо такрор вуҷуд надорад; зеро Худо кори лағву ъабас намекунад. Ҳар ҷилвае аз ҷилваҳои Ҳақ, тоза ва бадеъ аст:

وَكُلَّ يَوْمٍ هُوَ فيِ شَأْنٍ

Худо дар ҳар лаҳза таҷаллии хоссе дорад”. Он таҷаллӣ ва ҷилвае, ки дар заррае карда, дар афлок дида намешавад, ё он таҷаллӣ, ки дар об карда, дар оташ нанамудааст… Бинобар ин, он розе, ки дар дили Мавлоно ё ҳар валии дигар афканда, ба қадри зарфият ва андозаи ӯст. Аз ин рӯ, равшан мешавад, ки мақсуд аз ин чанд байт, руҷҳони Мавлоно ё ҳар валии дигар бар анбиё набудааст. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.699, ва Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.689)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: