Эъломи омодагии ҳамзамони Омрико ва Ангилис барои ҳамла ба Сурия ва такрори сенориюи Ироқ

Шаби гузашта дар баёнияе аҷиб, сухангӯи риёсати ҷумҳурии Омрико муддаӣ шуд, ки низоми Сурия омодаи анҷоми як ҳамлаи шимиёии ҷадид аст; баёнияе, ки ба назар мерасад, барои пиёда кардани сенориюи ҷадид дар Сурия аст; сенориюе, ки ҳокӣ аз ҳамлаи Омрико ба Сурия бо ҳамроҳии Ангилис аст.

Шон Спойсер, сухангӯи Кохи сафед муддаӣ шуд, низоми Сурия барои анҷоми як ҳамлаи шимиёии дигар омода мешавад, ки эҳтимолан ба куштори дастаҷамъии ғайринизомиён аз ҷумла кӯдакони бегуноҳ мунҷар мегардад.

Вай дар идома муддаӣ шуд: “Фаъолиятҳое, ки Вошингтун расад карда, шабеҳи ҳамон муқаддамотест, ки низоми Сурия қабл аз ҳамлаи шимиёии 4-уми апрел анҷом дода буд. Ҳамон тавр, ки қаблан гуфтем, Омрико барои аз байн бурдани ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия ҳузур дорад, аммо агар Башшор Асад ҳамлаи ҷадиде анҷом диҳад, вай ва артишаш баҳои сангине хоҳанд пардохт”.

Никки Ҳейли, намояндаи Омрико дар Созмони Милал низ дар твиттери худ навишт: “Масъулияти ҳар гуна анҷоми ҳамлаи шимиёии ҷадид тавассути режими Асад, ба ӯҳдаи Эрон ва Русия хоҳад буд”.

Аммо вокуниши вазири дифои Ангилис ба баёнияи Кохи сафед дар мавриди иддаои эҳтимоли истифодаи артиши Сурия аз силоҳҳои шимиёӣ, аҷибтар ва нигаронкунандатар будааст.

Мойкел Фоллун дар гуфтугӯ бо шабакаи радиои ВВС, зимни эъломи ҳимояти кишвараш аз тасмими Омрико унвон кард, ки: “Ҳамлаи низомӣ алайҳи артиши Сурия, тавонмандии Димишқро барои ҳадаф қарор додани мардумаш тазъиф мекунад”.

Вай бо ин ҳол гуфт, давлати Омрико то кунун иттилоотеро дар робита бо муқаддимачинии режими Сурия барои ҳамлаи шимиёӣ алайҳи мардуми ин кишвар ироа надода, аммо қарор аст панҷшанбеи оянда бо Ҷеймз Мэттис, вазири дифои Омрико дар нишасти НАТО дар ин робита гуфтугӯ кунад.

Фоллун гуфт: “Мисли ҳамеша, иқдоми низомӣ бояд тавҷеҳпазир, қонунӣ, мутаносиб ва лозим бошад, аммо агар омрикоиҳо иқдоми мушобеҳи дигареро дар Сурия анҷом диҳанд, ман шаффоф эълом мекунам, ки аз он ҳимоят хоҳам кард”.

Вазири дифои Ангилис баён дошт, дар ҷараёни охирин дидораш бо Мэттис (вазири дифои Омрико), дар бораи гузинаҳои мухталиф перомуни бӯҳрони Сурия гуфтугӯ кардааст.

Вай афзуд: “Истифодаи Башшор Асад аз силоҳи шимиёӣ алайҳи мардумаш, комилан мушмаизкунанда аст; бинобар ин, агар онҳо чунин коре кунанд, бояд тавоноии онҳоро дар ин замина тазъиф кунем. Ба ҳамин далел, ҳамлае, ки дар гузашта алайҳи Сурия анҷом шуд, бисёр дақиқ ва маҳдуд буд”.

Ин ҳимояти кӯр-кӯрона ва аҷиби Ангилис, ёдовари ҳамла ба Ироқ аст, ки омрикоиҳо бо баҳонаи вуҷуди “силоҳҳои куштори ҷамъӣ” дар Ироқ Ангилисро бо худ ҳамроҳ карданд ва ба Ироқ ҳуҷум бурданд. Аз ин рӯ, ба назар мерасад, сенориюи Ироқ ба наҳви дигар дар Сурия мехоҳад иҷро шавад.

Дар ҳамин замина, Фронс Клинтсевич, муовини дифоӣ ва амниятии Шӯрои федеросиюни Русия, аз вуҷуди шавоҳиде мабнӣ бар талоши Омрико барои ҳамлаи дубора ба нерӯҳои артиши Сурия хабар дода ва дар ин хусус ба Вошингтун ҳушдор дод.

Вай, бо ишора ба иттиҳомоти ахири Кохи сафед ба давлати Башшор Асад дар хусуси силоҳҳои шимиёӣ гуфт: “Машҳуд аст, ки Омрико дар ҳоли омода шудан барои ҳамла ба мавозеъи артиши Сурия аст. Иқдоми таҳрикомези дигаре дар ҳоли тадорук аст”.

Вай, ҳамлаи эҳтимолии Омрико ба артиши Сурияро зарбае ба роҳкорҳои созандае, ки дар ҷараён аст, хонд.

4-уми апрели гузашта ҳамлаи шимиёӣ дар Идлиби Сурия рух дод, ки Омрико ва Ғарб низоми Сурияро ба анҷоми он муттаҳам карданд ва Омрико дар муқобил пойгоҳҳои низоми Сурияро ҳадаф қарор дод.

Tabnak

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: