Эҳтимоли ташкили эътилофи опозисиюн алайҳи Ашраф Ғанӣ дар Туркия

Бар асоси гузориши бархе манобеъ, Ато Муҳаммад Нур, волии Балх, Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини риёсати иҷроӣ ва Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон, ба Туркия рафтаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо эҳтимолан бо женерол Дӯстум, муовини аввали риёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки чанде қабл ба гуфтаи расонаҳо табъид шуда буд дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард.

Хотирнишон мешавад, ки Ато Муҳаммад Нур, волии Балх ва раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, ки аз ҷунбиши мӯътаризони Кобул ҳимоят карда буд, дар паёми идонаи худ, ба риёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳушдор дода, ки агар ислоҳоти асосиро рӯйи даст нагирад ва омилони тирандозӣ ба мӯътаризони Кобулро таҳти пайгарди қонунӣ қарор надиҳад, бо роҳандозии тазоҳуроти густурдае мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Гарчи аҳдофи волии Балх аз ин сафар ба сурати расмӣ эълом нашудааст, аммо бархе манобеъ бо таваҷҷӯҳ ба дидорҳои гузашта байни Ботур, писари женерол Дӯстум бо Ато Муҳаммад Нур, эълом кардаанд, ки волии Балх дар садади эҷоди эътилофи густардае алайҳи Ашраф Ғанӣ аст, ки ин дидор низ ба ҳамин далел сурат гирифтааст.

Қабл аз ин низ афроди наздик ба Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва сухангӯи Ҳизби Ҷунбиш, аз эътилофи эҳтимолии ин ҳизб алайҳи сиёсатҳои Арги риёсати ҷумҳурӣ хабар дода буд.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби Ваҳдати Мардум ва муовини риёсати иҷроии Афғонистон низ ҳамзамон бо Ато Муҳаммад Нур ба Туркия сафар карда ва бо женерол Дӯстум дидор хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, Муҳаққиқ чанд рӯз қабл дар мусоҳиба бо телевизиюни 1, бо интиқод аз амалкарди Ашраф Ғанӣ гуфта буд: “Косаи сабри мо лабрез шудааст, дору дастаи риёсати ҷумҳурӣ ҳамчунон ба инҳисори қудрат ва ба ҳошия рондани дигарон идома медиҳад”.

Вай низ ҳушдор дода буд: “Идомаи раванди инҳисори қудрат ва эъмоли сиёсатҳои ҳазфӣ, фурӯпошии ҳукумати Ғаниро дар пай хоҳад дошт”.

Бархе манобеъ низ ҳамзамон аз сафари ғайрирасмии Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Ҳизби Ҷамъият ва вазири умури хориҷаи Афғонистон ба Туркия барои ҳузур дар нишасти мухолифони Ашраф Ғанӣ хабар додаанд.

Гарчи гузоришҳои расмӣ аз дидори мухолифони Ашраф Ғанӣ дар Туркия мунташир нашуда, аммо ба назар мерасад, ки эътилофи фарогире алайҳи Ашраф Ғанӣ ва дору дастаи Арг дар ҳоли шаклгирӣ аст ва эҳтимолан сафари ҳамзамон Муҳаққиқ, Ато Муҳаммад Нур ва Салоҳуддин Раббонӣ ба Туркия ва дидор бо женерол Дӯстум, ба ҳамин манзур сурат гирифтааст.

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: