Ҳушдори Арабистон ба Қатар

Вазири хориҷаи Арабистон мегӯяд: “Риёз ҳеч музокирае дар хусуси шартҳои 13-гона барои оддисозии равобит бо Қатарро намепазирад ва қатариҳо бояд байни қабули хостаҳои Арабистон ва инзиво, якеро интихоб кунанд”.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон, ки кишвараш рӯзи ҷумъа листи баланду болое аз хостаҳои аҷибро барои сарони Қатар фиристода буд, аз лузуми иҷрои ҳамаи хостаҳо бидуни чуну чаро сухан гуфт. Ӯ зимни таъкид бар ин ки ин дархостҳо қобили музокира нест, гуфт: “Таваққуфи ҳимояти молӣ аз теруризм, ба иродаи Қатар бастагӣ дорад”.

Рӯзи ҷумъа Арабистон, Баҳрайн, Аморот ва Миср феҳристе аз дархостҳоро ба Қатар таҳвил доданд ва эълом карданд, ки оддӣ шудани равобит бо Дуҳа, вобаста ба амалӣ шудани ҳамаи ин хостаҳост.

Коҳиши сатҳи равобит бо Эрон ва таътилии шабакаи хабарии Алҷазира ва барчидани пойгоҳи низомии Туркия аз хоки Қатар, бархе аз 13 хостаи аҷибу ғариби ин кишварҳо буд, ки албатта Қатар онҳоро “зиёдахоҳона” тавсиф кард.

Ҳатто Рикс Тилерсун, вазири хориҷаи Омрико ҳам рӯзи якшанбе ба муҳтавои ин феҳрист вокуниш нишон дода ва гуфта буд, ки иҷроӣ шудани хостаҳои Арабистон ва муттаҳидонаш “хеле сахт” аст.

Вазири хориҷаи Арабистон дишаб, ки зарбулаҷали 10-рӯза ба нимаи роҳи худ расидааст, дар сафорати кишвараш дар Арабистон бо хабарнигорон нишасте гузошт ва гуфт, ки шартҳои 13-гона “ғайри қобили музокира” аст ва дар ҳақиқат, қарор нест аз сӯи Риёз нармише дар хусуси ҳеч як аз бандҳо нишон дода шавад.

Ал-ҷубайр дар идома таҳдид кард: “Ё шурути моро қабул мекунанд ё инзиво идома пайдо мекунад”.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: