Ислом ва Эронзамин (26)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (14)

Маъбуд ё меҳроби ибодат?

Масъалаи санавият — ки дар фаслҳои пеш дар бораи он сухан гуфта шуд — марбут аст ба кайфияти тавҷеҳи башар аз ҳастӣ ва ҷаҳон ва офариниш. Фикри санавӣ дар муқобили фикри тавҳидӣ аст, аъамм аз тавҳиди зотӣ ва тавҳиди афъолӣ.

Таъзим ва тақдиси оташ рабте ба тавҷеҳи куллии ҷаҳони ҳастӣ надорад ва бо масъалаи тавҳиди зотӣ ё афъолӣ марбут нест. Ин масъала ба тавҳид дар ибодат марбут мешавад.

Сурати баҳс ин аст, ки: қатъи назар аз масъалаи тавҳиди зотӣ ва афъолӣ ва қатъи назар аз ин ки зартуштиён аз назари тавҷеҳи ҷаҳон санавӣ буда ё набудаанд, аз назари парастиш чӣ вазъе доштаанд? Фаразан аз назари тавҷеҳи ҷаҳон ва ҳастӣ яъне аз назари тавҳид дар зот ва дар холиқият, муваҳҳид будаанд, оё аз назари амал яъне аз назари аксуламали парастишии башар дар муқобили падидоварандаи ҳастӣ, равиши тавҳидомез доштаанд ё ширкомез?

Тавҳиди зотӣ ва тавҳид дар холиқият, мусталзими тавҳид дар ибодат нест. Аъроби ҷоҳилият аз он назар ғолибан муваҳҳид буданд:

وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ

Агар аз онҳо пурсида шавад, ки офаринандаи осмонҳо ва замин кист, хоҳанд гуфт: Худо”. (Сураи Луқмон, ояти 25) Онҳо бутҳоро холиқ ва офаринанда намедонистанд, балки маъбуд медонистанд. Ғолиби бутпарастони ҷаҳон чунин будаанд. Бинобар ин, фаразан ойини зартуштиро аз назари тавҳиди зотӣ ва афъолӣ, ойине тавҳидӣ бидонем, кофӣ нест, ки аз назари ибодат ва парастиш низ тавҳидӣ бидонем.

Ибодати зартуштиён аз қадимулайём дар оташкада ва дар пешгоҳи оташ будааст. Моҳияти ин амал чист? Оё инҳо воқеан Аҳуромаздоро дар ҳузури оташ мепарастанд ё худи оташро? Ҳамчунон ки араби ҷоҳилият дар айни ин ки мегуфт:

هَؤُلاء شُفَعَاؤُنَا عِندَ اللّهِ

Инҳо шафеъон ва васоити мо дар назди Худо ҳастанд” (Сураи Юнус, ояти 18), иқрор дошт, ки онҳоро мепарастанд:

مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّهِ زُلْفَى

Мо инҳоро намепарастем, ҷуз барои ин ки моро ба Худованди Мутаъол наздик кунанд”. (Сураи Зумар, ояти 3)

Оқои дуктур Муин мегӯяд:

Зартуштиёнро назар ба ҳамин тақдиси оташ, эрониёни мусалмон оташпараст ва озарпараст хондаанд, дар сурате, ки оташ ба манзилаи Худои вежа ё Раббуннавъи мустақил набудааст, чунонки дар миёни ориёиёни пеш аз зуҳури Зартушт буда, балки ҳамон гуна ки Каъба мавриди ситоиши мусалмонон аст, оташ низ мавриди таваҷҷӯҳи Маздаяснон буда”.

Ҳамчунин мегӯяд:

Оташ дар кумуни куллияи мавҷудот ва маволиди табиат ба вадиъат ниҳода шуда. Ҷавҳари зиндагонии башар ва ҳамаи ҷонварон, ҳарорати дарунӣ ё ғаризӣ аст. Манбаи вуҷуд ва фаъолияти афрод ҳамин оташ аст. Оташи маънавӣ дар наботот ва ҷамодот низ сорӣ аст. Муллои Румӣ аз он таъбири нағз фармуда:

Оташи ишқ аст к-андар най фитод,

Ҷӯшиши ишқ аст к-андар май фитод.

* * *

Оташ аст ин бонги нойу нест бод,

Ҳар, ки ин оташ надорад нест бод!

Оқои дуктур Муин дар ин гуфтори худ дучори ҳамон иштибоҳе шудааст, ки қаблан ба он ишора кардем. Эшон “ширк дар ибодат”-ро бо “ширк дар холиқият” иштибоҳ кардаанд. Хаёл кардаанд, ки лозимаи ширк дар ибодат ин аст, ки он чизе, ки парастиш мешавад, дар низоми офариниш аз назари халқу эҷод мақоме дошта бошад, ва чун зартуштиён чунин мақоме дар низоми офариниш барои оташ қоил набудаанд, пас мушрик набудаанд. Агар чунин аст, пас аъроби ҷоҳилият низ мушрик набудаанд, зеро онон низ ҷуз ин ки амале, ки бояд барои Худо сурат гирад (яъне намоз ва қурбонӣ) барои бутҳо анҷом медоданд, коре намекарданд. Онҳо ҳаргиз бути Ҳубал ё Уззо ва ғайраро Раббуннавъи мустақил намедонистанд. Иштибоҳи дигари эшон ин аст, ки агар чизе вуҷудаш хеле муфид буд, монеъе надорад башар ӯро парастиш кунад.

Муқоисаи тақдиси оташ бо таваҷҷӯҳ ҳини намоз ба самти Каъба, муқоисаи ғалатест. Ҳеч мусалмоне ҳарчанд оммӣ бошад, он гоҳ, ки ба сӯйи Каъба барои намоз меистад, дар хотираш хутур намекунад, ки мехоҳад бо ин амал Каъбаро таъзим ва такрим ва тақдис кунад. Ислом, ки Каъбаро қиблаи намоз қарор дода, ба ин маънӣ нест, ки мардум дар ҳини намоз Каъбаро тақдис кунанд. Ва аз ин рӯ дар зеҳни ҳеч мусалмоне тақдиси Каъба хутур намекунад. Аз ин ҷиҳат дуруст мисли ин аст, ки ба мусалмонон мегуфтанд, ҳангоми намоз ҳама рӯ ба нуқтаи ҷануб биистед, ки мафҳуме ҷуз ин ки дар ҳини ибодат ҳама вазъи воҳиде дошта бошанд, надорад. Ҳаргиз дар дини ислом кучактарин ишорае ба ин матлаб нест, ки Худованд бо Каъба ва Масҷидулҳаром як иртиботи хосс дорад, балки акси он таълим дода шудааст. Қуръони Карим сареҳан мефармояд:

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ

(“Пас, ҳар сӯ рӯ кунед, он ҷо рӯй ба Худост…” (Сураи Бақара, ояти 115)) Ва агар ба Каъба гуфта мешавад “байт”, аз он ҷиҳат аст, ки ҳар маъбаде “байтуллоҳ” аст. Пас, рӯ ба Каъба истодан, танҳо мубтанӣ бар як ҳикмат ва фалсафаи иҷтимоӣ аст. Он ҳикмат ин аст, ки аввалан, мусалмонон аз лиҳози ҷиҳате, ки дар ҳини анҷоми амали ибодат интихоб мекунанд, яке бошанд, тафарруқ ва ташаттут надошта бошанд. Сониян, нуқтае, ки барои ваҳдат интихоб мекунанд, ҳамон ҷо бошад, ки аввалин бор дар ҷаҳон барои парастиши Худои ягона сохта шуд, ки ин худ навъе эҳтиром ба ибодати Худованди яктост.

Ибодати зартуштиён, ба иқрори худашон ва худи оқои дуктур Муин, тақдис ва таъзими худи оташ аст. Чӣ гуна мумкин аст таъзим ва тақдиси оташ ибодати Аҳуромаздо маҳсуб шавад?

Ибодат дар қомуси маорифи ислом мафҳуми васеъе дорад. Ҳар навъ тоате, ки аз тоати Худо сарчашма нагирад, хоҳ итоати нафси аммора ва ё итоати инсонҳои дигар, ширк маҳсуб мешавад. Албатта, ин гуна ширкҳо маротиби заъифи ширк аст ва мусталзими хуруҷ аз ҳавзаи ислом нест. Вале аъмоле, ки ба “қасди иншои ибодат” ва изҳори убудият анҷом мегирад — яъне аъмоле, ки ҳеч мафҳум ва маъние надорад ҷуз тақдис ва танзеҳи комили тараф ва изҳори убудият нисбат ба ӯ аз қабили рукӯъ ва суҷуд ва қурбонӣ ва ғайра — ба ҳеч ваҷҳ барои ғайри Худо ҷоиз нест, на барои пайғамбар ва имом ва на барои фаришта ва ё чизи дигар. Ин аъмол агар барои ғайри зоти аҳадият сурат гирад, ширк аст, аъамм аз ин ки бо ақидаи тавҳидӣ яъне тавҳид дар зот ва дар сифот ва дар холиқият тавъам бошад ё набошад.

Ин матлаб ниёзманд ба тавзеҳ аст: ҳар таваҷҷӯҳ ё хузӯъ нисбат ба чизе, ибодат нест. Хузӯъ нисбат ба чизе, агар ҷанбаи тақдис пайдо кунад, ибодат аст. Тавзеҳ ин ки: агар изҳори хузӯи инсон сирфан ба қасд ва унвони “худкамбинӣ” ва “худ кам нишон додан” бошад, тавозӯъ ва фурӯтанӣ аст, ва аммо агар изҳори хузӯъ ба қасд ва унвони мӯҳтарам шумурдани дигарӣ бошад, он таъзим ва такрим аст. Ҳеч як аз тавозӯъ ва таъзим ибодат нест. Фарқи тавозӯъ ва таъзим дар ин аст, ки мафҳум ва маънии тавозӯъ эъломи кучакии худ аст, ва мафҳум ва маънии таъзим, эъломи азамат ва эҳтироми дигарӣ аст.

Ва аммо агар хузӯи инсон дар баробари чизе ба унвони тақдис ва танзеҳ ва эъломи мубарро будани он чиз аз нақс бошад, ин ибодат аст ва барои ғайри Худо ҷоиз нест; чун танҳо мавҷуде, ки мубарро аз нақс аст ва шоистаи тақдис аст, зоти аҳадият аст.

Тасбеҳ ва тақдис ду гуна аст: лафзӣ ва амалӣ. Тасбеҳи лафзӣ ба ин аст, ки инсон бо як ҷумлаи лафзӣ маъбуди худро тақдис кунад. Масалан, калимаи “Субҳоналлоҳ” ва ҳамчунин калимаи “Алҳамду лиллоҳ”, ки ҷамиъи ҳамдҳоро ба Худо ихтисос медиҳад ва ӯро фоили ҳақиқии ҳамаи неъматҳо ва маншаи ҳамаи хайрот ва баракот ва камолот эълом мекунад, ва ҳамчунин калимаи “Аллоҳу Акбар”, ки Худоро бартар аз ҳар чиз, ки дар тасаввур ояд ва балки бартар аз тавсиф эълом мекунад, тасбеҳ ва тақдиси лафзӣ аст. Ин гуна калимот ҷуз дар бораи зоти ақдаси аҳадият ҷоиз нест, хоҳ малаки муқарраб ва ё набии мурсал бошад. Назири ин ҷумлаҳост ҷумлаи “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”.

Ва аммо тақдиси амалӣ ин аст, ки инсон амале иншо кунад, ки мафҳуми он амал, қуддусияти он мавҷудест, ки он амал барои ӯ сурат мегирад, аз қабили рукӯъ ва суҷуд ва қурбонӣ. Албатта, амал монанди лафз сароҳат надорад, мумкин аст ҳамин аъмол ба қасди таъзим сурат гирад ва дар ин сурат ибодат нест ва худи амал ҳам муқаддас шумурда намешавад, яъне як амали оддӣ аст. Вале аъмоле, ки дар муқобили бут ва ё оташ ва ғайра сурат мегирад, ҷанбаи тақаддус пайдо мекунад, зеро ба қасди тақдиси онҳо сурат мегирад. Он чӣ фитрии башар аст “тақдис” аст. Инсон билфитра мехоҳад дар баробари як мавҷуди муназзаҳ аз нақс ва ороста ба камол биистад ва ӯро тақдис ва танзеҳ намояд.

Тақдис чун аз як ҳисси фитрӣ сарчашма мегирад, ва ғаризаи ситоиши камоли мутлақ аст, ки инсонро водор ба ин амал менамояд, хоҳ нохоҳ бо навъе эътиқод ба истиқлоли шайъи мавриди тақдис, огоҳона ё ноогоҳона, тавъам аст, ҳарчанд ки ба сурати хатое дар татбиқ бошад. Ба иборати дигар, ибодат ва тақдис чун аз як ҳисси ғаризӣ сарчашма мегирад, лузуме надорад, ки инсон дар марҳилаи шуъури зоҳир воқеан мӯътақид ба шоистагӣ ва мубарро будан аз нақс ва истиқлоли зотӣ ё феълии он маъбуд бошад.

Оре, ин аст маънии тақдис, ва ин аст фарқи тақдис ва тавозӯъ ва ҳамчунин фарқи тақдис ва таъзими содда ва ҳамчунин фарқи тақдис ва таваҷҷӯҳ ва қибла қарор додан.

Он чӣ зартуштиён дар мавриди оташ анҷом медиҳанд, тақдис аст, на тавозӯъ ва на таъзими содда ва на қибла қарор додан. Тақдис ва танзеҳ будани як амал, кофист барои ин ки ибодат шумурда шавад, хоҳ тавъам бо эътиқоди сареҳ ба мақоми рубубияти мутлақ ва ё раббуннавъӣ бошад ва ё набошад.

Гузашта аз ин, бар хилофи иддаои оқои дуктур Муин, зартуштиён барои оташ мақоме камтар аз Раббуннавъ қоил набуда ва нестанд. Барои оташ руҳоният ва таъсири маънавӣ ва қудрати мовароуттабиӣ қоил буда ва ҳастанд. Қаблан нақл кардем, ки дар Авасто “Озари Эзад” писари Аҳуромаздо хонда шудааст. Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Оташ дар ин ойин муҳимтар аз соири аносур будааст”. Дар поварақӣ мегӯяд: “Ақидаи Ҳертел (Johannes Hertel) дар як силсиламақолоте, ки таҳти унвони “Манобеъ ва таҳқиқоти ҳинду эронӣ” навиштааст ин аст, ки эрониён унсури оташро дар олами сағир ва кабир нофиз медонистанд”. Ва сипас худаш чунин изофа мекунад: “Ба ақидаи мо, он чӣ Ҳертел гӯяд, холӣ аз ҳақиқате нест”.

Худи оқои дуктур Муин дар бораи оташкадаи “Озари Бурзинмеҳр”, ки яке аз се оташкадаи бузург ва аслии бостон буда мегӯяд:

Дар фасли 17 Бундаҳшин, банди 8 омада: Озари Бурзинмеҳр то замони Гуштосб дар гардиш буда “паноҳи ҷаҳон” мебуд, то Зартушти Анӯшаравон дин овард, Гуштосб дин пазируфт, он гоҳ Гуштосб Озари Бурзинмеҳрро дар кӯҳи Реванд, ки онро пушт ва пуштоспон хонанд, фурӯ ниҳод”.

Ҳамчунин дар бораи ҳамин оташ аз Хӯрдаависто чунин нақл мекунад:

Аз ёварии ин оташ аст, ки кишоварзон дар кори кишоварзӣ донотар ва тахшотар ва покизатар ҳастанд ва бо ин оташ буд, ки Гуштосб пурсишу посух кард”.

Дар бораи “Озарфарнбағ”, ки яке дигар аз оташкадаҳои аслӣ будааст мегӯяд:

Ин оташкада ба мӯбадон ихтисос доштааст. Дар тафсири паҳлавӣ банди панҷум, оташи Баҳром, ниёиш (Хӯрдаависто) омад: номи ин Озарфарнбағ аст ва ин оташе аст, ки нигаҳбони пешаи пешвоӣ бо ӯст ва аз ёварии ин оташ аст, ки дастурон ва мӯбадон, доноӣ ва бузургӣ ва фарр дарёфт кунанд ва ин оташ аст, ки бо Даҳҳок (Заҳҳок) пайкор кард”.

Дар фасли 17 Бундаҳшин, дар бораи “Озаргушнасб”, ки севвумин оташкадаи бузург ва аслӣ аст, тибқи нақли худи оқои дуктур Муин дар китоби “Маздаясно ва адаби порсӣ” чунин омадааст:

Озаргушнасб то ҳангоми подшоҳии Кайхусрав ҳамора паноҳи ҷаҳон буд. Вақте ки Кайхусрав дарёчаи Чичастро вайрон кард, он оташ ба ёли аспи ӯ фурӯ нишаст, сиёҳӣ ва тирагиро бартараф намуд ва рӯшноӣ бахшид, ба тавре ки ӯ тавонист буткадаро вайрон кунад. Дар ҳамон маҳалл дар болои кӯҳи Аснаванд додгоҳе (маъбаде) сохт ва Озаргушнасбро фурӯ нишонд”.

Ҳамчунин аз Бундаҳшин дар бораи ҳамин оташ нақл мекунад:

Яке аз се шарораи минавӣ буда, ки ба ҷаҳони хокӣ барои имдоди ҷаҳониён фуруд омада, дар Озарбойҷон қарор гирифт”.

Фирдавсӣ дар достони рафтани Кайковус ва Кайхусрав ба оташкадаи Озаргушнасб мегӯяд:

Бибошем дар пеши озар ба пой,

Магар покяздон бувад раҳнамой.

Ба ҷое ки ӯ дорад оромгоҳ,

Намояд намояндаи дод роҳ.

Кадом тоифа аз тоифаҳои бутпарастон барои арбоби анвоъе, ки қоил буданд, беш аз ин қудрати маънавӣ ва мовароуттабиӣ қоил будаанд?

Дар маҷаллаи “Ҳухт”, ургони Анҷумани зартуштиёни Теҳрон, мақолае ба қалами “Мӯбад Ардашери Озаргушасб” таҳти унвони “Радди иттиҳомот” навишта шуда ва иддао шудааст, ки зартуштиён ҳеч гоҳ оташпараст набуда ва нестанд. Дар он мақола менависад:

Мо бо овардани оёте аз китобҳои осмонӣ собит хоҳем кард, ки Худованди Таборак ва Таъоло худ нуруланвор ва манбаи фурӯғҳои гуногун аст ва зартуштиён бо рӯ овардан ба сӯйи оташ ва нур дар ҳини ситоиш, дар ҳақиқат ба василаи нур бо Худои худ розу ниёз менамоянд ва аз ӯ истимдод меҷӯянд. Ва ин мавзӯъ, яъне рӯ овардан ба сӯйи нур ҳангоми парастиши Аҳуромаздо, ба ҳеч ваҷҳ ба яктопарастии онҳо халале ворид намесозад, камо ин ки пайравони соири мазоҳиб низ дар ҳини хондани намоз, рӯ ба сӯйи қибла мекунанд ва касе онҳоро бад-ин сабаб хокпараст ё хоҷпараст намехонад ва намедонад”.

Оқои Мӯбад Ардашери Озаргушасб, сипас зимни ин ки аз оташ ба унвони унсури муқаддас ё унсури шариф ёд мекунад, ба зикри фавоиди оташ, ки бар ҳама равшан аст мепардозад ва он гоҳ мегӯяд:

Дар ҳар ҳол, ҳамаи ин пешрафтҳо барои инсони аввалия танҳо бо кӯмаки оташи сурху сӯзон муяссар гардида буд, ва дар ин сурат ӯ ҳақ дошт, ки барои он арзиш ва эҳтироми зиёд қоил шавад ва онро як пайки осмонӣ бидонад, ки барои кӯмаки ӯ аз осмонҳо ба замин фуруд омадааст, ва барои он маъобид бисозад ва ё онро дар уҷоқи хонаи худ пайваста муштаъил нигаҳ дорад ва монеи аз байн рафтан ва хомӯшии он гардад”.

Дар ҷавоби оқои Мӯбад Ардашери Озаргушасб арз мекунем, ки оре, Худованди Мутаъол нуруланвор аст, аммо на ба ин маънӣ, ки мо ашёро ба ду қисм тақсим кунем: нурҳо ва зулматҳо, ва Худовандро танҳо нури он нурҳо бидонем, на нури зулматҳо. Худованд нуруланвор аст ба маънии ин ки ҳастӣ мусовии нур аст ва зулмат мусовии адам, пас Худованд нури ҳама чиз аст:

اللَّهُ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ

(“Худованд нури осмонҳо ва замин аст…” (Сураи Нур, ояти 35)) Дар ин ҷиҳат нури ҳиссӣ, аз қабили оташу офтобу чароғ, бо сангу кулӯх тафовут намекунад. Чунин нест, ки агар рӯ ба сӯйи оташ кунем, ба сӯйи Худо рӯ овардаем, ва агар рӯ ба сӯйи хок кунем, рӯ ба сӯйи нуруланвор наёвардаем.

Эшон мегӯянд:

Зартуштиён ба василаи нур бо Худои худ розу ниёз менамоянд”.

Ман мегӯям: вале яктопарастӣ ин аст, ки инсон он гоҳ, ки рӯ ба сӯйи Худо меоварад, ҳеч чизро васила ва воситаи рӯ овардан қарор надиҳад:

وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ

(“Ва ҳар гоҳ бандагони ман аз ту дар бораи ман бипурсанд, (бигӯ:) ман наздикам…” (Сураи Бақара, ояти 186)) Дар рӯ овардан ба сӯйи Худо, лузуме надорад ва набоист чизеро васила ва восита қарор дод.

Оре, пас аз он ки одамӣ ба Худо рӯ овард ва Худоро шинохт, дар марҳилаи баъдӣ, ба авлиёи Худо аз он ҷиҳат, ки авлиёи Худо ва парастандагони Худо ва фонӣ филлоҳанд ва мароҳили убудиятро тай кардаанд, рӯ меоварад. Дар ин марҳила аст, ки онҳоро василаи истиғфор ва дуо қарор медиҳад. Яъне аз онҳо, ки бандагони солеҳи Худоянд ва дар ҷаҳони дигар зиндаанд, истимдод мекунад, ки аз Худованд бихоҳанд, ки филмасал ба қалби ӯ равшанӣ иноят фармояд, гуноҳонашро ба лутфу карами худ бибахшояд.

Ин истимдод аз он ҷиҳат равост, ки тараф, як мавҷуди зинда ва ҳайи марзуқ аст ва маротиби қурбро бо қадами убудият паймудааст ва метавонад беҳтар аз мо маротиби тазаллул ва убудиятро анҷом диҳад ва ба ҳамин ҷиҳат аз мо муқаррабтар аст. Мо мусалмонон дар зиёрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунин мехонем:

اللهم اني اعتقد حرمة صاحب هذا المشهد الشريف في غيبته كما اعتقدها في حضرته واعلم ان رسولك وخلفائك عليهم السلام عندك يرزقون يرون مقامي ويسمعون كلامي ويردون سلامي

Яъне: “Худоё! Ман эҳтироми соҳиби ин маҳаллро пас аз вафот, ҳамон медонам, ки дар замони ҳаёт дошт. Ман медонам, ки паёмбари ту ва ҷонишиноне, ки ту баргузидаӣ, ҳама дар пешгоҳи ту зинда ва марзуқанд, маро дар ҷойгоҳам мебинанд, суханамро мешунаванд, саломамро посух мегӯянд”.

Дар охири ҳамин зиёрат чунин мехонем:

اللهم انك قلت: ولو انهم اذ ظلموا انفسهم جاؤوك فاستغفروا الله واستغفر لهم الرسول لوجدوا الله توابا رحيما. واني اتيتك مسستغفرا تائبا واني اتوجه الى الله ربي وربك ليغفر لي ذنوبي

 Яъне: “Худоё! Ту дар каломи маҷидат ба паёмбарат гуфтӣ: “Агар онон он гоҳ, ки ба худ ситам мекунанд, назди ту биёянд ва аз Худованд талаби омурзиш кунанд ва паёмбар низ барои онҳо талаби омурзиш кунад, Худовандро тавбапазир ва меҳрубон хоҳанд ёфт”. Сипас хитоб ба Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мегӯем: “Эй паёмбари азиз! Ман омадаам назди ту дар ҳоле, ки аз Худованд омурзиш металабам ва дар ҳоле, ки аз гуноҳи гузаштаам пушаймонам. Ман ба василаи ту, ки бандаи солеҳи Худо ҳастӣ ва метавонӣ барои ман дуо ва истиғфор кунӣ, ба сӯйи Худо, ки ҳам парвардигори ман аст ва ҳам парвардигори ту рӯ овардаам, то (дар асари истиғфори ман ва истиғфори ту), гуноҳони маро биёмурзад”.

Тавассул ва таваҷҷӯҳ ба авлиёи Худо чун ба ин сурат ва ба ин шакл аст ширк нест, балки айни ибодати Худованд аст.

Аммо масъалаи Каъба ва қибла, ки оқои Мӯбад Ардашери Озаргушасб тарҳ кардаанд, қаблан дар борааш баҳс шуд ва маълум шуд, ки қиёс гирифтани тақдиси оташ бо рӯ ба Каъба истодан дар ҳини намоз ва ибодати Худо, қиёси маъалфориқ аст.

Оқои Мӯбад Ардашер мегӯяд:

Чун оташ ин ҳама фавоид барои инсон дошта ва дорад, пас инсон ҳақ дорад, ки барои он арзиш ва эҳтироми зиёд қоил шавад”.

Ҷони калом ҳамин ҷост. Иттифоқан, беъсати анбиё барои ин аст, ки башарро ба сарчашмаи хайрот ва баракот ва неъматҳо ошно кунанд… Анбиё омадаанд, ки башарро аз сабаб мутаваҷҷеҳи мусаббибуласбоб кунанд. Анбиё омадаанд, ки ба башар бифаҳмонанд: “Алҳамду лиллоҳи раббилоламин” яъне тамоми сипосҳо ва ситоишҳо ихтисос дорад ба зоти ақдаси илоҳӣ, ки парвардигори тамоми ҷаҳонҳост.

Ба илова, магар танҳо оташ пайки осмонӣ аст, ки барои кӯмаки башар аз осмон ба замин омадааст? Агар мақсуд аз осмон ин фазое аст, ки болои сари мост, ҳеч унсуре аз он ҷо наомадааст, агар ҳам омада бошад, пайки махсуси илоҳӣ нест. Ва агар мақсуд аз осмон, ҷаҳони ғайб ва малакут аст, ҳама чиз аз осмон омадааст ва ҳама чиз пайки осмонӣ аст, ихтисос ба оташ надорад:

 وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

Ҳеч чизе нест магар он ки хазонаҳои он назди мост ва фуруд намеоварем магар ба андозаи муяйян”. (Сураи Ҳиҷр, ояти 21)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: