Ташкили эътилофи муъоризони саудӣ

Муъоризони саудӣ эътилофи “Иттиҳоди нерӯҳои муъориз дар шибҳиҷазираи Араб”-ро ташкил дода ва таъкид карданд, ки: “мақомоти Оли Сауд дар сурати тағйир надодани рафтори худ, бо инқилоб ва сарнагунӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд”.

Гурӯҳҳои сиёсии муъоризи Арабистон эътилофи ҷадидеро таҳти унвони “Иттиҳоду қувал-муъораза фи ҷазиратил-Араб” (Иттиҳоди нерӯҳои муъориз дар шибҳиҷазира Араб) таъсис карданд.

Пойгоҳи хабарии “Алхалиҷул-ҷадид” гузориш дод, ки гурӯҳҳои муъоризи саудӣ эълом карданд, ки мекӯшанд ба сурати мусолиматомез тағйиротеро дар ин кишвар ба вуҷуд оваранд.

Ин эътилоф бо судури баёнияе эълом кард, ки ҳадафаш тағйири сиёсӣ аст ва “ба мушорикати мардумӣ ва интиқоли мусолиматомези қудрат имон дорад”.

Ин эътилоф шакл гирифтааст, то парчами “тағйирро ба дӯши худ гирад ва ба миллати шибҳиҷазира ба унвони ҳомии худ такя мекунад, то ин режим таҳти амри миллат дарояд”.

Ба гуфтаи “Иттиҳоди нерӯҳои муъориз дар шибҳиҷазира Араб”, дар сурате ки мақомоти Оли Сауд аз анҷоми тағйирот сар боз бизананд, “чорае ҷуз инқилоб алайҳи он ва сарнагун карданаш вуҷуд надорад”.

Дар ин баёния омадааст: “Лаҳзаи ниҳоӣ фаро расидааст. Ҳуккоми Оли Сауд кишвар (Арабистон)-ро ба самти партгоҳ мебаранд; ба гунае, ки кишвари мо манбаъи шарре шудааст, ки гиребони мардумро дар ҳар ҷое мегирад”.

Дар баёнияи мазкур, зимни дархост аз мардуми ҷазиратул-Араб барои контроли хонадони Оли Сауд, хитоб ба ин мардум омадааст: “Бидонед, ки дар ин кишвар ҳақ доред, ки дар тасмимсозӣ ва тарсими сиёсатҳо ва роҳбурдҳо мушорикат дошта бошед, ва агар ҳоким аз авомири Худованд исён кард, ҳақ доред ӯро ба роҳ биёваред”.

Гурӯҳҳое, ки дар ин эътилоф ҳузур доранд иборатанд аз: “Ҳизбул умматил исломӣ”, “Таҷаммӯъу аҳрори ҷазиратил-Араб”, “Ҳизбут-таҷдидил-исломӣ”, “Ҳилфул-фузул”, “Ҷамъияти ҳуқуқии эътиқол”.

Ба гузориши “Алхалиҷул-ҷадид”, муъоризони арабистонӣ аз сиёсати хориҷии Риёз дар бурҳаи кунунӣ интиқод мекунанд ва бар ин боваранд, ки Оли Сауд ҳамаи усули Арабистонро зери по гузоштааст ва аз ин ки Муҳаммад бен Салмонро бо маболиғи ҳангуфти молӣ ба валиаҳдӣ расонданд, низ интиқод мекунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: