Фалсафа ва равиши реализм (84)

Идрокоти эътиборӣ (15)

Матни китоб:

3) Риёсат ва маръусият ва лавозими онҳо

Чунонки тааммули кофӣ дар равиши ҷомеаҳои инсонӣ ҳатто ҷомеаҳои мутараққии имрӯза ба даст медиҳад ва ҳамчунин таърихи нақлӣ аз давраҳои нисбатан наздики зиндагонии башар ва васоили дигари таърихӣ аз давраҳои дуру дарози зиндагии дастаҷамъии инсони аввалӣ нишон медиҳад, ба муқтазои қареҳа ва ғаризаи истихдом, афроде, ки дар ҷомеаҳои ибтидоӣ аз ҳама қавитар будаанд ва махсуан онон, ки тавоноии ҷисмӣ ва тавоноии иродии бештаре доштаанд, ҳамон гуна, ки мавҷудоти ҷамодӣ ва наботӣ ва ҳайвонии дигарро мавриди истифодаи худ қарор медодаанд, афроди дигари ҷомеаро низ истихдом мекарда ва иродаи худро ба онҳо таҳмил менамудаанд. Яъне вуҷуди фаъоли худро бузургтар ва васеътар месохта ва дар миёни афрод пароканда, нисбате пайдо кардаанд, ки нисбати равон ба тан, ё ба иборати соддатар ва шояд ҳам бостонитар ва кӯҳнатар, нисбати сар ба бадан буда бошад. Зеро чунонки қароин нишон медиҳад, инсон ба аҳаммияти сар дар бадан, бештар аз аҳаммияти қалб дар бадан пай бурда, гузашта аз ин ки ба ҳасби ҳисс низ, дар ибтидои аҷзоъ ва болотар аз ҳама мебошад. Ва аз ин рӯй номгузории ин гуна нисбатҳоро аз “сар” гирифтаанд, монанди “сарнах” ва “сарроҳ” ва “сардаста” ва “сарлашкар” ва “сарсилсила” ва ҷуз онҳо.

Ва дар натиҷаи ин эътибор, лавозими табиии ҳақиқати ин нисбат (нисбати сар ба ҳар як аз аъзои фаъола ва ба маҷмӯи бадан) аз қабили фармонравоии ҷомеа ва инқиёди (фармонбардории) дастаҷамъӣ ва инқиёдҳои фардӣ ва як силсила муқаррарот ва русум ва одоб, ки мақоми раисро нишон дода ва мазоҳири эҳтиром ва таъзими ӯ мебошад — монанди ақсоми таоруфот ва курнишҳо ва парастишҳои бузург ва кучак бо ваҷҳе, ки муносиби камоли феълии иҷтимоъ мебошад — ҷаъл ва эътибор шуда.

Ва аз тарафи дигар, чун эътибори риёсатро эътибори иҷтимоъ ва адолати иҷтимоӣ (чунонки собиқан гуфта шуд) пеш овардааст, як силсила эътибороти муносиб бар фоидаи маръус ва алайҳи раис, ки дар ҳақиқат ҷавобдеҳи эътиборотест, ки бар фоидаи раис ва алайҳи маръус вазъ гардида сохта шуда. Ва албатта чун ин эътиборот ба нафъи маръус ва зарари раис аст, аз ҷиҳати қувва ва заъф бо қувва ва заъфи раис нисбати мутаъокис доранд; ҳарчӣ мақоми риёсат тавонотар бошад, таъсири эътиборот ва ҳуқуқи маръус заифтар, ва ҳарчӣ заифтар қавитар, ва ҳамчунин тавоноӣ ва нотавонии маръус дар эътибороти ҷониби раис таъсири мутаъокис дорад.

Албатта, бо камтарин таваҷҷӯҳ метавон фаҳмид, ки эътибори риёсат, ки гуфта шуд, бештар дар дунболаи худ эътибороти доманадори зиёде дорад, ки ташхиси ҳувиятҳои тафсилии онҳо хориҷ аз баҳси мо буда ва сайри иҷмолӣ дар рушд ва такаввуни онҳо монанди назоирашон барои мо кофист. Фақат дар миёни ин ҳама лавоҳиқ чизе, ки воҷиди аҳаммият аст ва таъсир дар абҳоси гузашта ва оянда дорад, созмони эътибори амру наҳй ва табаъот ва лавоҳиқи онҳост.

Амр ва хостани коре аз дигарӣ, чунонки бо тааммул ба даст меояд, бастагӣ додани хост ва рабт додани ирода аст ба феъли дигарӣ. Ва чун ба ҳасби воқеъ иродаи ҳар фарди мурид ҷуз ба феъли худ — яъне ҳаракоти азулонии худ — таъаллуқ намегирад ва ҳамчунин феъли дигарӣ низ ҷуз ба иродаи худаш ба ҷойи дигар мутааллиқ намешавад, ночор таъаллуқ додани мурид иродаи худашро ба феъли ғайр ҷуз даъво ва эътибор, сурати дигаре нахоҳад дошт. Ва аз ин рӯй, ҳамин эътибори таъаллуқи ирода, иртиботи мустақим ба эътибори “риёсат” дорад, ки ба маънои “тавсиъа додани вуҷуди худ, ва дигаронро ҷузъи вуҷуди худ намудан” тафсир намудем. Ва дар натиҷа бояд гуфт, ки дар мавриди амр, шахси омир маъмурро ҷузъи вуҷуди худ ва ба манзилаи узви фаъоли худ қарор медиҳад. Пас, нисбат миёни маъмур ва миёни феъл, нисбати вуҷуб (бояд) мебошад, чунонки нисбат миёни узви фаъоли мурид ва миёни феъли марбут, нисбати вуҷуб (зарурати таквинӣ) аст.

Ва назар ба ин ки вуҷуби ҳақиқӣ бо вуҷуби эътиборӣ аз ҷиҳати қувва ва заъф фарқи равшан дорад, истишъори ин заъф дар иродаи эътиборӣ ва вуҷуби эътиборӣ, башарро музтар ва водор ба эътибори “ҷазо” яъне эътибори “подош” дар сурати итоат ва имтисол (фармонбардорӣ), ки ҳаддиақаллаш сано ва мадҳ ва ситоиш аст, ва эътибори “куфр” дар сурати мухолифат ва тамарруд, ки камтарин дараҷааш замму лавму накӯҳиш аст, менамояд.

Ва қувва ва заъфи ҷазо низ бо қувва ва заъфи мақоми омирият нисбати мутаъокис дорад, яъне ҳарчӣ омир қавитар бошад, эътибори ҷазои мувофиқат заифтар ва эътибори ҷазои мухолифат қавитар хоҳад буд, ва ҳарчӣ омир заифтар бошад, эътибори ҷазои мувофиқат қавитар ва эътибори ҷазои мухолифат заифтар хоҳад буд.

Бо ин ҳама, ба ҳасби назари умумӣ, ҷазои мувофиқат воҷиб нест, зеро вай лозимаи омирияти омир яъне риёсати раис аст, вале ҷазои мухолифат ба маънии истеҳқоқи маъмури мутамаррид лозим аст, агарчи феълияти вай баста ба хости омир аст.

Ва дар ин марҳила, итоат ва маъсият нисбат ба иродаи эътиборӣ (амр) тибқи инқиёд ва гардангузории ҳақиқӣ ва исён ва сарпечии ҳақиқӣ эътибор шуда, яъне итоатро аз мутоваъат ва пазириши таъсири хориҷӣ ва маъсиятро аз исён ва напазируфтани таъсири хориҷӣ гирифтаанд.

Ва ба ҳамин мулоҳиза, нисбати итоат ба имтисолҳои хусусии амрҳои хосса, нисбати “куллӣ” ба “фард” мебошад ва ҳамчунин нисбати маъсият ба тамаррудҳои хусусӣ.

Ва ҳамчунин ба ҳамин назар, нисбат миёни итоат ва миёни маъмур, нисбати вуҷуб аст, чунонки нисбат миёни феъл (мутаъаллақи амр) ва маъмур ҳамин аст.

Ва чун инсон ҳамин итоат ва вуҷубро барои нахустин бор ба мӯҷиби фитрат дар мавриди “риёсат” ва “амр” гирифтааст, дар ҳар ҷо, ки вуҷуби итоатро бибинад, ҳамон ҷо вуҷуди “амр”-ро мӯътақид хоҳад буд. Ва дар натиҷа омир ва ҳокиме низ исбот хоҳад намуд, чунонки амалӣ кардани иқтизоъоти ғаризӣ ва эҳсосиро монанди иқтизоъоти эҳсоси шаҳавӣ ё дӯстона ё душманона, итоати ҳукм ва амри ғариза медонем. Ва ҳамчунин анҷом додани қазияҳое, ки дар шариатҳои осмонӣ сабт шудааст, имтисоли амри шаръ, ва мутобиқат додани амалро бо мундараҷоти як қонуни маданӣ итоати амр ва ҳукми қонун мешуморем. Ва ҳамчунин як силсила умуреро, ки фитрат ба лузуми онҳо қазоват мекунад ва салоҳи ҷомеа, ки тавъам бо салоҳ ва такомули фардӣ аст дар онҳо мебошад “аҳком ва авомири ақлия” номида ва анҷом додани онҳоро итоати авомири ақлия (ё итоат аз амри виҷдон) медонем ва дар мавриди онҳо муҷозоте аз ситоиш ва накӯҳиш мӯътақидем.

Бо тааммул дар атрофи ин баён равшан хоҳад шуд, ки ин мафоҳими эътиборӣ ва афкори маснуъии инсонӣ, ки чун дарёи бекарон берун ва андаруни тамоми идрокоти моро фаро гирифта ва ба ҳама ҷойи афкори мо нуфуз карда ва реша давонидааст, як созмони риёсат ва маръусият (фармонравоӣ ва фармонбардорӣ) беш набуда ва нерӯи фаъолае ба ҷуз асли истихдоми собиқуззикр надорад.

Ва ҳар гуна андешаи тоза, ки такомули иҷтимоъ пеш оварад ва ҳар тарҳи навине, ки рехта шавад, боз кореро, ки инсон ба ҳасби фитрати аввалӣ анҷом дода пайравӣ карда ва рӯйи ҳамон коргоҳи нахустин ва нақшаи аввалӣ мебофад.

Албатта ҳамаи инҳо мастура ва намоишдиҳандаи созмони ҳақиқии иллият ва маълулият аст, ки ҳатто дар афкори эътиборӣ худнамоӣ мекунад.

Сухан дар эътибори “наҳй” монанди суханест, ки дар эътибори “амр” гуфта шуд, ҷуз ин ки эътибори аввалии наҳй набояд эътибори таъаллуқи ирода ба тарки феъл буда бошад. Барои ин ки инсон кореро, ки бо қасд ва иродаи худ намекунад, ҳақиқатан иродааш ба тарк ва адами феъл мутааллиқ намешавад, зеро ирода ҳеч гоҳ ба адам қобили таъаллуқ нест, балки ҳақиқатан эътибори наҳй эътибори адами таъаллуқи ирода аст ба феъл, вале чун инсон пайваста дар ҷойи адами иродаи феъл, феъли дигареро ирода кардааст, назари мардум ба ҳамин ҷо маътуф шуда ва тасаввур мекунанд, ки инсон адами феълро ирода намудааст.

Ба ҳар ҳол, пас аз таҳаққуқи эътибори наҳй, назири эътибороти фаръӣ, ки дар амр лозим буд ва сохта мешавад, дар наҳй низ ба ҳасби муносибат ва иқтизои маънои худаш пеш меояд.

Миёни шахси манҳӣ (наҳйшуда) ва феъли манҳӣ анҳу (феъли наҳйшуда), нисбатест (монанди вуҷуби тарк), ки “ҳурмат” номида мешавад, чунонки дар амр нисбате буд, ки “вуҷуб” номида мешуд. Ва ҳамчунин аз савобу иқоб ва ситоишу накӯҳиш бо хоссиятҳо ва кайфиёте, ки дар амр гуфта шуд, пайдо мешавад.

Ва бояд донист: чунонки дар авоили мақола гуфта шуд, нисбати вуҷуб (бояд) дар ҳамаи эътибориёт аз вуҷуб (зарурат)-и хориҷӣ гирифта шуда ва аз ҳамин рӯй нисбати ҳурмат низ аз зарурати адам гирифта хоҳад шуд ва қаҳран дар ҷоҳое, ки зарурати вуҷуд ва зарурати адам ҳеч кадом мавҷуд нест, нисбати тасовии тарафайн мавҷуд ва эътибор хоҳад шуд, ки ҳамоно “ибоҳа” мебошад. Ва бо ин се нисбат (вуҷуб, ҳурмат, ибоҳа) муҳозоти “эътибор” бо “ҳақиқат” тамом аст. Ҷуз ин ки дар миёни уқало ва аҷзои иҷтимоъ, ду нисбати дигар ба номи истеҳбоб ва кароҳат низ мавҷуд аст, ки ба маънии руҷҳони феъл ва руҷҳони тарк мебошанд. Ва ин ду нисбат, чунонки равшан аст, мустақиман аз хориҷ ва воқеият гирифта нашудаанд, зеро ҳар чӣ дар хориҷ муҳаққақ аст, нисбати заруратро дорад. Бале, мумкин аст феъле дар зарфи илм сифати руҷҳонро пайдо кунад, ки ҳоли феъле аст, ки аз марҳилаи тасовӣ берун омада ва ба ҳадди зарурат нарасида бошад, он гоҳ ин нисбат агар ба феъл мутааллиқ шавад, руҷҳони феъл (истеҳбоб) ва агар ба тарк мутааллиқ шавад, руҷҳони тарк (кароҳат) хоҳад буд. Ва дар айни ҳол, ин ду нисбат (истеҳбоб ва кароҳат) миёни аҳли иҷтимоъ дӯш ба дӯш се нисбати дигар (вуҷуб ва ҳурмат ва ибоҳа) кор мекунад.

4) Эътиборот дар мавриди тасовии тарафайн

Мо як силсила эътиборот бо лиҳози тасовии тарафайн низ дорем, ки дар миёни афроди мутасовиюлҳол (бидуни риёсат ва маръусият) аз роҳи ҳоҷати иҷтимоъ эътибор шудаанд, монанди ақсоми мубодилаҳо ва иртиботҳо ва ҳуқуқи мутаодилаи иҷтимоӣ, ки ҳоҷат ба шарҳи тафсилӣ надорад. Ва бояд донист, ки эътибориёти боби “риёсат ва маръусият” дар ин боб низ монанди амру наҳй ва ҷазои хубу бад дар ин марҳила низ қобили ҷараён аст. Вале чизе, ки ҳаст, амру наҳй дар ин ҷо такя ба мавлавият надоранд, балки ба хубӣ ва бадии феъл, ва ҳамчунин ҷазо ба худи феъл муттакӣ аст, ва аз ин рӯ ин авомир ва навоҳиро “мавлавӣ” намегӯянд, балки иршодӣ меноманд. Яъне ин гуна авомир ва навоҳӣ ба фоидаи феъл далолат ва ҳидоят менамоянд. Масалан, мегӯем фалон корро бикун, то саодат ё фалон фоидаро биёбӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: