Ислом ва Эронзамин (27)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (15)

Маросим ва ташрифот

Тақдис ва таъзим ва ё парастиши оташ ба ин соддагиҳо нест, ташрифоти аҷиб ва шуниданӣ дорад. Мо қисмате аз ин ташрифотро аз китоби “Маздаясно ва адаби порсӣ”, ки аз ин маросим ва лоақал аз асли тақдис ва таъзими оташ дифоъ мекунад, нақл мекунем. Ва албатта дар соири китобҳо низ метавон онҳоро ёфт ва имрӯз ҳам ин маросим ва ташрифот дар миёни ақаллияти зартуштӣ маъмул аст.

Дар ин китоб чунин омадааст:

Дар ойини Маздаясно, монанди дини котулики масеҳӣ ва бар хилофи ислом, олот ва адавоти фаровон ва ташрифоти бисёр маъмул аст. Ин ташрифот дар мавриди оташкадаҳо низ муҷрост: оташгоҳро дар маҳалле қарор медиҳанд, ки атрофи он ҳатман боз бошад. Дар ҳар оташкада конуни вежае барои барафрӯхтани оташ ҳаст, ки ҷуз “отурбон” (мӯбади нигаҳбони оташ) аҳаде ҳаққи вуруд ба-дон надорад. Отурбонон, ки ба сӯйи оташ мераванд, “паном” (даҳанбанд) бар рӯй мебанданд, то аз дами эшон оташи муқаддас олуда нагардад. Дар самти рости мақарри оташ, утоқест васеъ ва чаҳоргӯша, ки ба қисматҳои мутаъаддид ва мусовӣ тақсим шуда, ва ҳар якро барои вазифае муайян ихтисос додаанд. Ин утоқро “язишнгоҳ” (маҳалли анҷоми ташрифоти ибодат) меноманд… Дар шариати Зартушт ин қоида муқаррар буд, ки офтоб бар оташ натобад, ва бинобар ин, сабки ҷадиде дар сохтмони оташкада маъмул шуд: утоқи маъмулан торик дар васат месохтанд, ки макони афрӯхтани оташ дар оташдон буд… Ба нисбати дараҷоте, ки дар қоидаи дудмонии эрониёни қадим мавҷуд буд, оташҳои мухталифе вуҷуд дошт, аз қабили “оташи хона” ва “оташи қабила” ё “қаря” (озарон) ва “оташи билук” ё иёлат. Муҳофизи оташхона “монбиз” (ё, монбаз) ном дошт, ва барои нигаҳбонии оташ ду тан руҳонӣ, ва барои ҳиросати оташи вараҳрон (оташи билук) ҳайъате аз руҳониён таҳти риёсати як мӯбад маъмур буданд… Яке аз нусукҳои Авастои соcонӣ мавсум аст ба “сӯзгар” ва дар он тафсиле дар боби парастиши оташ махлут ба чанд қисса мастур аст: оташкада пур аз бӯи кундур ва дигар маводи муаттар буд. Як тан руҳонӣ барои ин ки аз нафаси худ оташро наёлояд, даҳонбанде баста ва оташро бо қатаъоти чӯбе, ки бо маросими мазҳабӣ татҳир шуда буд, муштаъил нигоҳ медошт. Ин чӯб ғолибан аз наботи мавсум ба “ҳазонаапно” буд. Боре он руҳонӣ дам ба дам ба василаи дастачӯбе, ки барсама (барсам) мехонданд ва мутобиқи одоби хосс бурида мешуд, оташро ба ҳам мезад ва муштаъил медошт ва дуоҳои муайянеро тиловат мекард, сипас руҳониюн “ҳеъума” (ҳум) нисор мекарданд. Дар аснои тиловати дуоҳо ё сурудани Авасто, руҳониён шохаи наботи “ҳеъума”-ро пас аз татҳир дар ҳован мекӯбиданд… Дар “язишнгоҳ” (маҳалли анҷоми ташрифоти ибодат) олот ва адавоти зайл, ки ҳар як ба ҷиҳати манзури хоссе ба кор бурда мешавад, мавҷуд аст:

1 ва 2 — Ҳован ва дастаҳован, ки ба манзилаи ноқуси масеҳиён аст ва акнун ба ҳамон манзур ба кор бурда мешавад, вале дар асл барои фишурдани “ҳум” (гиёҳи муқаддас) истеъмол мешуд;

3 — Барсам, ки асосан аз шохаҳои тарчӯбҳои муқаддас монанди анор таҳия мешуд, вале имрӯз онро аз филизи нуқра ё биринҷ месозанд;

4 – Барсамдон;

5 — Барсамчин, ки кордест кучак;

6 — Чанд ҷом барои ҳум ва пароҳум ва оби муқаддас;

7 — Чанд пиёлаи кучак ба номи ташт низ барои ҳум ва пароҳум (ташт на сӯроха);

8 — Варас, ки ресмонест кучак, ки аз мӯйи гов бофта мешавад ва шохаҳои барсамро бо он ба ҳам мепайванданд;

9 — Санги бузурге ба номи “арвисгоҳ”, ки чаҳоргӯша буда ва олоти мазбурро рӯйи он мечинанд”.

Ҳамчунин мегӯяд:

Дар фарҳангҳои форсӣ омада: барсам шохаҳои борики бе гиреҳ бошад ба миқдори як ваҷаб, ки онро аз дарахти ҳум бибуранд, ва он дарахтест шабеҳи дарахт газ, ва агар ҳум набошад дарахти газ, ва илло дарахти анор. Ва расми буридани он чунон аст, ки аввал корде, ки дастаи он ҳам оҳан бошад ва онро барсамчин хонанд, подёвӣ кунанд яъне покиза бишӯянд ва об кашанд, пас замзам намоянд, яъне дуое, ки дар вақти ибодати оташ ва бадан шустан ва чизе хӯрдан мехонанд бихонанд ва барсамро бо барсамчин бибуранд”.

Он гоҳ мегӯяд:

Дар маросими кунунии зартуштиёни Эрон ҳангоме, ки мӯбад ба хондани ниёиш машғул аст, мӯбади дигар муроқиби оташ аст ва шохаҳои муридро, ки дар барсамдон ниҳодаанд бармедорад ва мегардонад ва даст ба даст медиҳад ва дубора бар ҷой мегузорад”.

Ҳамчунин мегӯяд:

Дорместетер (James Darmesteter) дар “Занди Авасто”-и худ менависад: ду қисм оташкада мавҷуд аст. Маъобиди бузургро “Оташи Баҳром” меноманд, маъобиди кучакро “Одриён” ё “Огёрӣ” хонанд. Дар Бомбаӣ (Ҳиндустон) се оташи Баҳром ва дар ҳудуди сад огёрӣ мавҷуд аст. Фарқ байни оташи Баҳром ва одриён асосан дар чигунагии оташ ва сипас дар асл ва тарзи таҳияи он мебошад. Таҳияи оташи Баҳром як сол ба тӯл меанҷомад ва он аз сездаҳ қисм оташи мухталиф ташкил мешавад ва дар худ ҷавҳари онҳоро, ки ба манзилаи руҳи ҳамаи оташҳо мебошад тамаркуз медиҳад. Таҳия ва тасфияи ин оташҳо мусталзими ташрифоти мухталиф аст, ки дар “Вандидод” (яке аз аҷзои Авастои соcонӣ) тавзеҳ дода шудааст. Тибқи суннати зартуштиён, ҳар як аз ҳавзаҳои беҳдинон бояд оташи Баҳром дошта бошад. Баъзе дастурон (руҳониёни зартуштӣ) мӯътақиданд, ки фақат як оташи Баҳром бояд бошад, чӣ он шоҳ аст ва чанд подшоҳ дар иқлиме нагунҷанд… Вай чун шоҳ аст “арика”-е лозим дорад, бад-ин манзур шаш қитъа чӯби сандалро ду ба ду муназзам карда рӯйи якдигар ба шакли арикае пилладор қарор медиҳанд”.

Оре, ин аст қисмате аз маросим ва ташрифоти таъзим ва тақдиси оташ дар миёни зартуштиён. Ман феълан коре надорам, ки ин амалиёт аз назари тавҳидӣ чӣ вазъе дорад; оё ширк аст ё тавҳид? Бутпарастӣ аст ё Худопарастӣ? Аммо моилам ту хонандаи мӯҳтарам чанд лаҳза аз назари мантиқ дар бораи ин маросим биандешӣ, бибинӣ хурофитар аз инҳо ҳам коре дар ҷаҳон ҳаст? Он вақт муқоисае кун инҳоро бо ибодоти исломӣ: бо намози ислом, бо азони ислом, бо ҷумъа ва ҷамоати ислом, бо ҳаҷҷи ислом, бо масҷид ва маъбад ва маросими ибодати ислом, бо мазомини азкор ва аврод ва тасбеҳҳо ва таҳмидҳои исломӣ. Он гоҳ бибин, тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо! Ва сипас бибин, оё мардуми Эрон ҳақ доштанд, ки бо ошно шудан бо таълимоти исломӣ, якбора ба ҳамаи инҳо пушт кунанд ё на?

Дар хотимаи ин баҳс бад нест нолаи як ҷуғдро дар ин ҷо мунъакис кунем ва ба умуми хонандагон арзиши ин нолаҳоро бифаҳмонем.

Иброҳими Пурдовуд дар бораи оташкадаи шаҳри Нӯсории Ҳиндустон, ки ба номи “Эроншоҳ” маъруф аст ва аз навъи оташҳои Баҳром аст, ки тафсилашро хондед, мегӯяд:

Дар суннати порсиён аст, ки оташи Баҳромро муҳоҷирин аз Эрон бо худ оварданд. Шояд ҳам дуруст бошад, чӣ ғолибан дар Торихи Табарӣ ва Масъудӣ мехонем, ки эрониён аз бими он ки оташ ба дасти душмане афтад ва хомӯш шавад, дар вақти шикаст онро бо худ бардошта ба ҷойи дуртар фурӯ мегузоштанд. Ҳарчанд, ки ба тадриҷ оташкадаҳои бошукӯҳи Эрон хомӯш ва ба масҷид табдил ёфт, вале то ҳадде, ки мумкин буд, дар нигаҳдории он кӯтоҳӣ накарданд. Яздгирди севвум пас аз шикасти Наҳованд, худ шахсан оташи муқаддаси Райро, ки махсусан мӯҳтарам шумурда мешуд, баргирифта ба Марв бурд. Агар ҳам “Эроншоҳ” пас аз вуруди муҳоҷирин дар “Синҷон” дар соли 716 барпо шуда бошад, боз 1230 сол аз умраш мегузарад ва ҳамора парешонӣ ва саргаштагии хосторонашро дар кишвари бегона нигарон буд, вале дар кашокаши рӯзгор ранги сурхи хеш набохта, ёронро бо забони гарм ба пойдорӣ ва дилгармӣ панд ҳамедод. Пас аз шикасти Синҷон дар ҷое, ки бештар иқомат намуда, Нӯсорӣ аст, ки муддати 235 сол дар он ҷо буд. Фақат ду сол, аз соли 1733 то 1736 дар сурт (хомӯшӣ ва сардӣ) ба сар бурд… Инак 204 сол аст, ки дар ин деҳ истиқрор ёфтааст. Ҳазорон тан зартуштӣ аз дастур ва мӯбад ва ҳирбад ва беҳдин даври онро гирифтаанд. Зартуштиёни Эрон ва порсиёни Ҳиндустон низ ба зиёрати он мераванд. Махсусан моҳҳои урдибиҳишт ва озармоҳ авқоти зиёрати он ҷост. Аз саройи ин “Эронхадив” (яъне оташкадаи Эроншоҳ) дар бомдод ва нимрӯз ва шом суруди Авасто аз мӯбадони сафедпӯш баланд аст. Эроншоҳ бо садҳо худдоми худ ёдовари оташкадаҳои Шиз ва Рай ва Истахр ва шукӯҳи Соcониён аст”.

Ҳеч кас бовар мекунад, ки дар ин қарн марде, ки муддаии мақоми устодии донишгоҳ аст, то ин ҳадд таҷоҳул кунад? Намедонам, ҷаҳолат аст ё таҷоҳул? Аммо рӯйи истеъмор сиёҳ бо дастпарвардагонаш!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: