Фалсафа ва равиши реализм (85)

Идрокоти эътиборӣ (16)

Матни китоб:

Иртиботи эътибориёт бо ҳақоиқи мутараттиба ба онҳо, ё кайфияти иртиботи улуми маҷъулаи инсон бо хоссиятҳои воқеии вай

* * *

Чунонки дар оғози мақола гуфта шуд, гуфтугӯи мо дар улуми эътиборӣ дар се бахш мебошад:

1) Кайфияти пайдоиши илми эътиборӣ аз инсон;

2) Кайфияти пайдоиши касрат дар улуми эътиборӣ (инқисомот);

3) Кайфияти иртиботи улуми эътиборӣ бо осори воқеӣ ва ҳақиқӣ, яъне бо аъмоли хориҷии вуҷуди инсон.

Инсон бо паймудани ин се марҳила, худро ба ҳақоиқ — яъне ба хоссиятҳои воқеии худ — иртибот дода ва ба иборати дигар, улуми сохтаи худро тавсит намуда ва бо ҳақоиқи камолии худ истикмол меварзад.

Баҳсҳое, ки то кунун дар ин мақола анҷом додаем, ба ду марҳилаи аввалӣ аз ин се марҳила бастагӣ дошт. Инак, мехоҳем каму беш дар марҳилаи севвум ба андозаи зарфияти ин мақола ба гуфтугӯ бипардозем.

Муқаддиматан назариёти зеринро бояд дар назар гирифт:

1) То он ҷои ҷаҳони модда, ки пойи мушоҳида ва озмоиши худро расонидаем ва то он ҷо, ки мавҷудоте ёфтаем ва ба баррасӣ пардохта ва ба даст овардаем, ҳар мавҷуде дорои фаъолияте дар доираи ҳастии худ буда ва мавҷуди ғайрифаъол надорем;

2) Фаъолияти ҳар мавҷуде муносиб ва мулоими вуҷуди худаш (ба нафъи ҳастӣ ва бақои худ) мебошад. Ва аз ин рӯй, мавҷуде, ки ба сӯи нобудӣ ё зарари худ қадаме бардорад суроғ надорем. Ва ин назария албатта ниёзманд ба тавзеҳ мебошад. Дар баҳсҳои гузашта тавзеҳи нисбатан кофӣ дар ин боб додаем;

3) Ин фаъолият, пайваста ба воситаи ҳаракатест (ҳаракатҳои гуногун, ки дар ҳар мавҷуд муносиб бо зоташ анҷом мегирад), ки мавҷуди фаъол анҷом дода ва ба ғоёти ҳаракот, ки камоли вай мебошад ноил шуда ва ҳастии худро такмил менамояд. (Албатта худи вуҷуди вай низ аз қонуни ҳаракат мустасно набуда ва чунонки дар мақолаҳои оянда ба ёрии Худо ба субут хоҳем расонид, бо “ҳаракати ҷавҳарӣ” мутаҳаррик мебошад. Ва наздик ба ин сухан аз донишмандони имрӯза низ ба таври фарзия мешунавем: “ҷаҳони табиат = ҳаракат”);

4) Гурӯҳе аз мавҷудот ин фаъолият ва ҳаракати истикмолиро аз роҳи илм (фикр) анҷом медиҳанд ва қадри мутаяққан аз ин гурӯҳ инсон ва тақрибан ё таҳқиқан соири анвои ҳайвон мебошад.

Ва албатта ҳамаи ҳаракоте, ки дар доираи вуҷуди инсон ё соири ҳайвонот таҳаққуқ пайдо мекунад, наметавон аз роҳи илм анҷомёфта пиндошт, яъне дар исботи ин ки ҳамаи ҳаракоти инсон — аъамм аз табиӣ ва иродӣ — илмӣ ва аз роҳи илм анҷом мегирад, наметавон бурҳон иқома кард, агарчи инкор низ наметавон кард. Зеро мо дар тааммули ибтидоӣ бе тардид фарқе возеҳ миёни фаъолияти дастгоҳи дохилии тағзия ва танмия ва миёни сухан гуфтан ва нигоҳ кардан ва ғизо хӯрдан меёбем. Зеро дар қисми аввал агарчи гоҳе илм ба вуҷуди амал пайдо мекунем, вале буду набуди илм, камтарин таъсире дар амал надорад, вале дар қисми дуввум бо аз миён рафтани илм вуҷуди феъл аз миён меравад.

Пас, илм (фикр) як абзори умумӣ аст, ки ҷинси ҳайвон корҳо ва фаъолиятҳои махсус ба худро ба василаи ӯ анҷом медиҳад, яъне иртиботи ӯ бо ҳаракоти худаш ва мутааллақи ҳаракоти худаш (модда), ба василаи робитаи илм аст.

5) Илме, ки мустақиман ва биловосита василаи истикмоли феълии инсон ва соири ҳайвонот аст, илми эътиборӣ аст, на илми ҳақиқӣ. Тавзеҳи ин назария ин ки: чунонки дар оғози мақола ишора намудем, васила будани илм аз барои фаъолияти инсон аз ин роҳ аст, ки илм пушти сари худ ва хориҷ аз худро нишон дода ва инсон ӯро дармеёбад, ва бе тардид ёфтани моварои илм барои ин аст, ки инсон камоли худро тамйиз диҳад. (Яъне чизеро, ки рофеъи эҳтиёҷ ва нақс мебошад, аз ғайри ӯ бишносад.) Ва аз ин рӯй, ночор инсон хоҳиши қувваҳои фаъолаи худро, ки мазоҳири эҳтиёҷ ва истикмол ҳастанд, бояд бо илм ва идрок омезиш диҳад ва сипас он хоҳишҳоро бо моддаи хориҷӣ иртибот дода ва сурати онҳоро ба модда татбиқ намояд, то қувваҳои фаъолаи худро бо онҳо ба василаи ҳаракатҳои гуногун тамос диҳад. Ва ҳамин ҷост, ки қувваи фаъолаи инсон бо моддае, ки мавриди таъаллуқи фаъолияти вай мебошад, иртибот ҳосил мекунад.

Чунонки дар оғози мақола ишора намудем, ин улум, ки робита миёни инсон ва ҳаракоти феълии ӯст “улуми эътиборӣ” мебошанд, на “улуми ҳақиқӣ”, агарчи улуми ҳақиқӣ низ ҳаргиз мустағни анҳу нахоҳанд буд. Зеро чунонки исбот кардем, эътибор бе ҳақиқати маҳз намешавад. Масалан, ҳангоме, ки об меошомем, нахуст аз ҷиҳози тағзия сурати эҳсосии ташнагиро мушоҳида мекунем ва пас аз он, хоҳиши сероб шудан ба мо ҷилва мекунад ва нисбати “вуҷуб” ва “лузум”-ро миёни худ ва сероб шудан ба кор мебарем. Ва чун ин хоссаро бо озмоиш ё фаро гирифтан аз дигарон, дар об суроғ дорем, сурати “хоста” ва “серобкунанда”-ро ба об медиҳем ва пас аз он нисбати “вуҷуб”-ро миёни худ ва ҳаракати вижае, ки таъмини хӯрдани обро метавонад бикунад мегузорем, ва дар ин ҳангом қувваи фаъола аст ва ҳаракати худаш (кори махсус).

Ва агар чунончи ин дастгоҳи татбиқ ва тавсити “вуҷуб” набуд, улум ва идрокоти ҳақиқӣ, ки дар мавриди об дорем, феълро ба вуҷуд намеовард; на рӯзе, ки инсони аввалӣ ва ё кӯдак буда ва исми обро низ намедонистем ва танҳо об медидем, ва на рӯзе, ки ба мо гуфтанд об танҳо унсурест, ки ҳамаи ҷаҳон аз вай таркиб ёфта, ва на рӯзе, ки аз юнониҳо шунидем, ки об яке аз чаҳор унсур мебошад, ва на рӯзе, ки ба субут расид, ки об низ монанди соири мураккабот мураккаб буда ва аз омезиши оксижен ва ҳидружен ба нисбати 33% ва 66% ба вуҷуд омадааст.

Ва ҳамчунин агар аз аҷзои ҳамон дастгоҳи татбиқ ва тавсити “вуҷуб”, ба унвони озмоиш якеро кам кунем, фаъолияти қувваи фаъола сипарӣ хоҳад шуд. Масалан, агар чунончи ҷиҳози тағзия ташнагиро эҳсос накунад, ё ташнагиро эҳсос карда, вале ба воситаи саргармӣ ба ҷойи дигар, ба ёди сероб шудан наафтад, ё ба ёди сероб шудан низ биафтад, вале ба воситаи маҳзури мизоҷӣ ё хориҷӣ сероб шуданро феълан лозим набинад, ё ҳамаи онҳоро дошта, вале ба воситаи набудани об масалан нисбати “вуҷуб”-ро миёни худ ва феъли худ (ҳаракати махсус) барқарор накунад, ҳаракат ва фаъолият ба вуҷуд нахоҳад омад.

Ва аз ин ҷо равшан хоҳад буд, ки инсон пас аз идроки вуҷуби феъл, дар анҷом додани ҳаракат ва фаъолияти худ ҳеч гуна таваққуф нахоҳад дошт, чунонки дар мавориде, ки малакаи кореро дошта бошем — монанди малакаи такаллум — ҳеч гуна ниёзе ба фикр надорем ва хосса дар чидани ҳуруф пас аз оғози такаллум. Ва ҳамчунин дар ҷоҳое, ки марбут ба мавриди феъл ба воситаи аворизи маҳаллии махсус ҷуз як фикр дар мутахайила пайдо нашавад — монанди касе, ки наварзида болои пояи панҷоҳметрӣ ё минораи бисёр баланд худро бибинад, бадеҳӣ аст, ки аз ҳавли ҷон, фикре ба ҷуз тахайюли афтодан нахоҳад дошт, ва дар натиҷа суқут хоҳад кард. Ва ё монанди касе, ки дафъатан шереро дар баробари худ бибинад, агар фикри фирор кардан ба мағзаш биафтад, ночор бе таваққуф фирор хоҳад кард. Ва агар тасаввури маҳобати шер дилашро фаро гирад, замингир шуда ва фирор балки пойи фирорро фаромӯш хоҳад намуд. Ва агар фикри мақсади шер ва таъарруз ва адами таъаррузи вай даҳшатзадааш кунад, мусаххари вай гардида ва ба истилоҳ “мустасбаъ” шуда ва ба дунболи шер хоҳад афтод. Ин гуна ҳаракот умуман афъоли ихтиёрӣ ва иродӣ ҳастанд, ки дар мавриди онҳо як фикр бештар дар баробари чашми қувваи фаъола нест ва дар натиҷа нисбати “вуҷуб” ҷойгир шуда ва инсон аз рӯйи ихтиёр ва ирода анҷом медиҳад.

Ва гоҳе, ки инсон дар анҷом додани феъли иродии худ ба фикр ва тараввӣ мӯҳтоҷ аст — чунонки ағлаби корҳои мо ҳамин рангро дорад — дар ҳақиқат дар миёни унвонҳои гуногуне, ки қобили интибоқ ба феъл мебошанд, як унвоне меҷӯяд, ки бо интибоқи вай феъл нисбати “вуҷуби мутлақ” (бе тақйид)-ро пайдо кунад. Ва ин сухан бо руҷӯъ ба гуфтугӯе, ки собиқан дар мабҳаси “эътибори вуҷуб” кардем, бештар равшан мешавад.

Ва ҳамчунин дар мавориде, ки бо назари бадвӣ, фоили ихтиёриро “маҷбур” меномем — монанд касе, ки кореро анҷом медиҳад, ки агар намекард кушта мешуд — дар ҳақиқат шахси иҷборкунанда “накардан”-ро мулозим бо кушта шудан қарор медиҳад ва аз ин рӯй фоил аз фикри “накардан” афтода ва танҳо дар баробари худ як фикр мебинад ва он фикр “кардан” аст, ва дигар мавзӯе аз барои “тарк” боқӣ намемонад. Ва чунонки равшан аст, фоил дар ин сурат интихоб ва иродаи феълро дорад, агарчи аз роҳи ночорӣ яъне набудани чора, ки тарафи муқобили феъл аст, феълро ирода мекунад.

Ва албатта ин баён бо назари уқало, ки феъли ҷабриро мустанад ба ихтиёри фоил надониста ва подоши хубу бадро соқит медонанд, мунофот надорад, чунонки ихтиёрӣ (интихобӣ) будани феъл бо он чӣ аз оғози сухан гуфтем, ки “судури феъл аз қувваи фаъола дар мавриди ташхис зарурӣ аст” мунофот надорад.

Мабоҳиси ҷабр ва ихтиёр натоиҷи илмии бисёр дорад, вале аз ғарази ин мақола хориҷ мебошад ва аз ин рӯй суханро поён дода ва мақоларо хатм мекунем.

* * *

Масоиле, ки дар ин мақола баён намудем, ба шарҳи зайл мебошад:

1) Як силсила аз улум дорем, ки мутобақи хориҷ аз таваҳҳум надоранд (эътибориёт);

2) Улуми эътиборӣ тобеи эҳсосоти дарунӣ мебошанд;

3) Ҳар эътибореро ҳақиқате ҳаст;

4) Улуми эътиборӣ бе осори хориҷӣ нахоҳанд буд;

5) Муаррифи эътибор, додани ҳадди чизе аст ба чизи дигар;

6) Дар мавриди эътибориёт, бурҳон ҷорӣ намешавад;

7) Мумкин аст илми эътиборӣ илми эътибории дигареро тавлид кунад;

8) Инсон бо аъмоли қувваҳои фаъолаи худ як силсила улуми эътиборӣ таҳия мекунад;

9) Зобити эътиборӣ будани илме ин аст, ки нисбати “бояд”-ро метавон ба вай мутааллиқ фарз кард;

10) Эътибориёт ду қисм ҳастанд: эътибориёти ба маънои аъамм ва эътибориёти ба маънои ахасс;

11) Эътибориёти иҷтимоӣ мунқасим ба ду қисм мебошанд:

а) Эътибориёти умумии собит;

б) Эътибориёти қобили тағйир.

12) Эътибориёти ба маънои ахасс бо тақсими дигар мунқасим ба ду қисманд:

а) Эътибориёти қабли иҷтимоъ;

б) Эътибориёти баъди иҷтимоъ.

13) Вуҷуб, эътиборест қабли иҷтимоъ;

14) Вуҷуб, нахустин эътибор аст;

15) Ҳусну қубҳ, эътиборҳои қабли иҷтимоъ ҳастанд;

16) Интихоби ахафф ва асҳал, лозим ва эътиборест қабли иҷтимоъ;

17) Асли истихдом ва иҷтимоъ;

18) Эътибори илм, қабли иҷтимоъ аст;

19) Эътибори занни итминонӣ;

20) Эътибори вазифаи инсон дар мавриди фуқдони илм;

21) Аз роҳи баъзе аз эътибориёт дар баъзе дигар метавон тасарруф кард ва ё эътибори собитро аз кор андохт;

22) Тағйири эътибор яке аз эътибороти умумӣ аст;

23) Эътибориёти баъди иҷтимоъ;

24) Милк;

25) Эътибори риёсат ва маръусият ва лавозими онҳо;

26) Эътибори амр ва лавозими он;

27) Амр мунқасим ба ду қисм мебошад:

а) Амри ақлӣ;

б) Амри ғайри ақлӣ.

28) Наҳй;

29) Эътибори бақияи аҳком: ҳурмат ва истеҳбоб ва кароҳат ва ибоҳа;

30) Эътибороти мусовиюттарафайн;

31) Кайфияти иртиботи эътибориёт ба хоссиятҳои воқеии мутараттиба.

* * *

Поёни мақолаи шашум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: