Шарҳи Маснавӣ (196)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (22)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (7)

* * *

Он дамеро, ки нагуфтам бо Халил

В-он ғамеро, ки надонад Ҷабраил.

Он зуҳур ва ҷилвае, ки ҳазрати Ҳақ дар Мавлоно ва ҳар валии дигар карда, дар Иброҳими Халил (а) нанамудааст. Ва он ғамеро, ки ту таҳаммул мекунӣ, Ҷабраил (а) аз он хабардор нашудааст. (Барои фаҳми беҳтари ин байт, ба тавзеҳи байти пешин руҷӯъ шавад.)

Он даме, к-аз вай Масеҳо дам назад,

Ҳақ зи ғайрат низ бе мо ҳам назад.

Ҳазрати Исо (а) аз зуҳуре, ки Ҳақ дар Мавлоно дошта дам назад ва намезанад. Ва ҳатто Ҳақ Таъоло аз рӯи ғайраташ, бе мо ба зуҳур наёвард, зеро Ҳақ Таъоло ба воситаи мо ҷилваи рухсор бинмуд.

Мо чӣ бошад дар луғат? Исботу нафй,

Ман на исботам. Манам бе зоту нафй.

Мо дар луғат (лағати араб) чист? Ҳарфест, ки далолат бар исботу нафй мекунад. Ман, вуҷуде надорам, балки маъдум ва бе зоту вуҷуд ҳастам.

Нукта: “Мо” (ما) дар арабӣ ё бар нафй далолат мекунад, ки ба он “мои нофия” гӯянд, монанди:

ما هو بشاعر

Яъне “ӯ шоир нест”.

Ва:

ما ذهب

Яъне, “ӯ нарафт”.

“Мо” (ما) бар исбот ҳам далолат мекунад, ки онро “мои мавсула” гӯянд, монанди::

ما في البال

Яъне “он чи ки андеша вуҷуд дорад”.

Ва гоҳ “мо” (ما) дар арабӣ ҷанбаи истифҳомӣ пайдо мекунад, ки онро “мои истифҳомия” гӯянд, монанди:

ما هي؟

Яъне, “он чист?”

Манзури байт: Агар мавҷудотро ба эътибори вуҷуди маҷозӣ нигоҳ кунем, албатта ки вуҷуд доранд, аммо агар онҳоро ба эътибори вуҷуди ҳақиқӣ дарнигарем, албатта ки вуҷуде надоранд, балки маъдуманд ва мавҳум. Ва танҳо вуҷуди Ҳақ Таъоло вуҷуди ҳақиқӣ аст ва мобақӣ соя ҳастанд, сояи ҳақиқат. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.549)

Ман, касӣ дар нокасӣ дарёфтам,

Пас касӣ дар нокасӣ дарбофтам.

Ман бақои ҳақиқӣ ва кас будани худро дар фано ва кас набудан ёфтаам. Аз ин рӯ, вуҷуди маҷозиамро фонӣ сохтаам.

Нукта: Мавлоно дар ин ҷо аз нестии худ сухан мегӯяд. (Албатта, нестӣ ба маънои гузар аз худбинӣ аст.) Ва нестӣ ё фано дар истилоҳи сӯфия, муқаддимаи бақои ҳақиқӣ ёфтан аст. Аз ин рӯ, мегӯянд, ҳувияти ҳақиқӣ вақте ҳосил мешавад, ки одамӣ аз ҳувияти мавҷуди худ бигзарад ва онро дар бӯтаи риёзат завб кунад. Пас, бар одамӣ аст, ки даст аз феълият ва ҳувияти мавҷуди худ бишӯяд, то ба феълият ва ҳувияти волотаре бирасад; камо ин ки қонуни такомул ва ҳаракат ва таҳаввуле, ки бар ҷаҳони мавҷудот ҳоким аст, иқтизо мекунад, ки ашё барои такомул ҷомаи нақс аз худ баркананд ва ҷомаи камол дарпӯшанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.549-550)

Ҷумла шоҳон бандаи бандай худанд,

Ҷумла халқон мурдаи мурдай худанд.

Ҳамаи шоҳон, паст ва забуни чизҳо ва касоне ҳастанд, ки инон низ ба навбаи худ дар баробари шоҳон забун шудаанд. Ва ҳамаи мардум маст ва шефтаи шефтагони худ ҳастанд.

Нукта: Дар воқеъ матлуб толиб мешавад, ва толиб матлуб.

Манзури байт: Қудрат ва баҳрамандии афрод аз зиндагӣ ҳарчи бештар ва густардатар бошад, вобастагии онон низ бештар хоҳад буд. Ва вақте вобастагӣ бештар бошад, одамӣ ниёзмандтар хоҳад буд.

Ин манзур низ ҷоиз аст: Мӯҳташамон ва қудратмандони ҷомеа асири шаҳавот ва амёле ҳастанд, ки соликони тариқ он амёл ва шаҳавотро банда ва асири худ кардаанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.550)

Ҷумла шоҳон паст пасти хешро,

Ҷумла халқон маст масти хешро.

Ҳамаи шоҳон, паст ва забуни чизҳо ва касоне ҳастанд, ки худ дар баробари онон забун шудаанд. Ва ҳамаи мардум маст ва шефтаи шефтагони худ мешаванд. Дар воқеъ матлуб толиб мешавад ва толиб матлуб.

Мешавад сайёд мурғонро шикор,

То кунад ногоҳ эшонро шикор.

Ба унвони мисол, шикорчӣ барои ба дом андохтани парандагон худро сайди онон нишон медиҳад. Яъне вонамуд мекунад, ки тӯъмаи онон аст. Вале ҳамин ки он парандагон ба ӯ наздик шаванд, онҳоро сайд мекунад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: