Амири Қатар пирӯзӣ дар Мавсилро ба сарони Ироқ табрик гуфт

Дар пайи пирӯзиҳои ахири нерӯҳои ироқӣ дар Мавсил, амири Қатар ин пирӯзиҳоро ба сарони Ироқ табрик гуфт.

Ба гузориши Русия ал-явм, Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, рӯзи ҷумъа бо ирсоли ду телегроф, хитоб ба Фуод Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ ва Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири ин кишвар, озодсозии Мавсил аз чанги ДОЪИШ-ро ба онҳо табрик гуфт.

Амири Қатар дар ин телегроф, бар “ҳамбстагии давлати Қатар бо Ҷумҳурии Ироқ дар мубориза бо гурӯҳҳои теруристӣ” таъкид кард.

Вай, ҳамчунин бар идомаи ҳимояти кишвараш аз талошҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои мубориза бо анвои мухталифи теруризм ва решакании он таъкид кард.

Гуфтанист, Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи панҷшанбе аз поёни гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар Ироқ хабар дод.

Нерӯҳои мубориза бо теруризми Ироқ рӯзи панҷшанбе масҷид ан-Нурӣ, гулдастаи ал-Ҳадбоъ ва ас-Сирҷхона дар Мавсили қадимро озод карданд.

Амалиёти озодсозии Мавсил, пойтахти худхондаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар Ироқ, аз яку ним соли пеш бо мушорикати даҳҳо ҳазор тан аз нерӯҳои артиш ва пулиси Ироқ ва бо ҳамроҳии нерӯҳои довталаби мардумӣ (Алҳашдуш-шаъбӣ) ва Пешмаргаи курд оғоз шуда буд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: