Ислом ва Эронзамин (28)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (16)

Маздаясно ва адаби порсӣ

Оқои дуктур Муҳаммади Муин (афаллоҳу анҳу ва офоҳ) китобе ба ҳамин ном ва унвон навиштаанд ва мо дар баҳсҳои худ зиёд аз он истифода ва нақл кардаем. Ҳадафи ин китоб – он чунон ки номи китоб ва муқаддимаи нависандаи китоб ҳикоят мекунад — як амри соддаи илмӣ аст: нишон додани инъикоси луғоти маздаясноӣ ва андешаҳои маздаясноӣ дар адабиёти форсӣ.

Аз назари корҳои илмӣ ва адабӣ, ин кор кори бисёр муфид, балки зарурӣ аст, вале ҳадафи аслии китобро оқои Иброҳими Пурдовуд — ки устоди роҳнамоӣ эшон буда ва дар он вақт оқои дуктур Муин таҳти нуфузи шадиди мушорун илайҳ будаанд — дар муқаддимаи китоб баён кардааст. Ва он ин ки: руҳи эронӣ дар тӯли торихи чанд ҳазорсолаи худ ҳатто дар давраи ислом, ҳамон руҳи маздаясноӣ аст ва ҳеч омиле натавонистааст ин руҳро таҳти таъсири нуфузи худ қарор диҳад. Баръакс, ин руҳ онро таҳти таъсир ва нуфузи худ қарор додааст. Масалан:

Дине, ки аз фотеҳони араб ба эрониён расид, дар ин ҷо рангу рӯи эронӣ гирифта, ташайюъ хонда шуд ва аз мазоҳиби аҳли суннат имтиёз ёфт”.

Аз назари Пурдовуд, омили аслии муассир дар руҳияҳо иқлиму нажоду забон аст, ва фалсафаи худро мабнӣ бар ин ки руҳи эронӣ руҳи маздаясноист, бар ҳамин асос қарор медиҳад. Вале ҳама медонем, ки имрӯз дигар нажоде боқӣ намонда, ки битавон дам аз нажод зад. Ихтилоти ақвоми турку муғулу араб ва ҳатто юнониву ҳиндиву ва ғайра бо ақвоми қадими эронӣ он қадр зиёд аст ва имтизоҷҳо ба сабаби издивоҷҳо ба қадре фаровон аст, ки аҳаде наметавонад иддао кунад, ман аз назари нажод эрониям! Масалан, маълум нест худи Пурдовуд воқеан аз назари нажод ва тухма ба куҷо вобаста аст, шояд аз тарафи падар филмасал араби умавӣ ва аз тарафи модар муғули чангизӣ бошад, ҷуз Худо касе намедонад.

Забон низ монанди нажод аст. Бигузарем аз ихтилоти луғатҳо, забони форсии имрӯзи Эрон забони қисмате аз мардуми Эрони қадим аст, на ҳамаи мардуми Эрон, ва бо забони қадими Эрон, хусусан забони Авасто, аз замин то осмон мутафовит аст. Боқӣ мемонад фақат иқлим ва минтақа, ки он ҳам ба қавли худи Пурдовуд, сарзамини кунунии мо пораест аз сарзамини бузурги аслӣ.

Натиҷа ин ки: мутобиқи фалсафаи Пурдовуд, ҳамаи мӯъҷизаҳо дар обу хок нуҳуфтааст ва ҷинсу фасли руҳи эронӣ иборат аст аз обу хоку ҳавои Эрон ва на чизи дигар, ва ин ки руҳи эрониро таълимоти маздаясноӣ ташкил медиҳад, аз он ҷиҳат аст, ки Маздаясно бо ҳамаи хурофот ва авҳом, ки намунаашро дидем, маълул ва мавлуди ҳамин обу хок аст.

Пурдовуд муддаӣ аст:

Зиндагӣ ва тарзи фикр, монанди нажод ва забони мо, дунболаи зиндагӣ ва андеша ва нажод ва забони мардумонест, ки худи ниёгони мо дар чанд ҳазор сол пеш башуморанд”.

Ман мегӯям, зиндагӣ ва тарзи фикри мо, монанди нажод ва забони мо ва хеле бештар аз нажод ва забони мо, ба куллӣ дигаргун шуда ва таҳаввул ёфтааст. Истеъдод ва ҳуши худододи эронӣ, хурофоти санавӣ, оташпарастӣ, ҳумапарастӣ, офтобпарастӣ, инсонпарастӣ ва ҳазорон чизи дигар аз ин қабилро дар партави таълимоти исломӣ ба дур афкандааст.

Пурдовуд аз боби “Алғариқу яташаббасу би кулли ҳашиш”, ба шоирон ва сарояндагони эронӣ, ки бо забони махсуси ирфон сухан мегуфтаанд ва қарнҳост, ки худро аз хурофоти нажодӣ ва обу хокӣ наҷот бахшида ва ба ҷаҳони ватании исломӣ хӯ гирифта ва ба тасовии нажодҳо имон овардаанд, хиёнат мекунад ва таъбироти ирфонии онҳоро дар боби маю муғ ва оташу оташкада ба унвони изҳори тамоюли онҳо ба хурофоти гузашта ва мансухшуда тавҷеҳ менамояд, аз ин рӯ мегӯяд:

Дили як гӯяндаи эронӣ пас аз хомӯш шудани оташкадаҳо, боз оташкадаи ишқ аст, ва дармони дардаш дар дасти пири муғонест, ки дергоҳест аз диёри дерини худ рахт барбаста, дигар дасти касе ба домани вай намерасад”.

Ман ҳам мегӯям, дили як гӯяндаи асил ва бомаърифати эронӣ монанди Ҳофиз ва Саъдӣ ва Мавлавӣ ва Ҷомӣ ва садҳо гӯяндаи дигар аз тирози инҳо ва ё дар дараҷаи баъд аз инҳо, оташкадаи ишқ аст, ва дармони дардаш дар дасти пири муғон аст, вале оташкадаи ишқи он, чаҳордеворӣ, ки дар он ҷо як унсури табиӣ парастиш мешавад ва барсаму барсамдону барсамчину ғайра олоту абзорашро ташкил медиҳад нест. Оташкадаи ишқ “ҷойест, к-онро ном нест”, ва пири муғон, ки гӯяндаи эронӣ дармони дардашро дар дасти ӯ медонад, он сафедпӯшони паномбанд ва барсам ба дасти оташ зеру рӯ кун, ки вақти худро дар беҳудатарин ва хурофатарин корҳои ҷаҳон талаф мекунанд, намебошад. Он пири муғон ҳамон солики роҳ ва валии иршодкунанда аст, ки эронӣ дар давраи исломӣ пас аз ошно шудан бо мафоҳими олияи инсонӣ ва ирфонии исломӣ, бо он ошно шудааст.

Аммо онҳо, ки Пурдовуд аз онҳо ба пири муғон таъбир мекунад, қарнҳост, ки эронӣ ба онҳо типо зада ва аз муҳити Эрон берунашон афкандааст. Иштибоҳ аст, ки бигӯем, дасти касе ба домони онҳо намерасад. Дасти онҳо ба домани Эрон ва эронӣ намерасад, ва агар дасти ҳеч кас ба домони онҳо намерасад, дасти оқои Пурдовуд, ки хуб ба домони онҳо расид; солиёни дароз бо пули саршори онҳо, ки аз ҷайби миллати ситамдидаи Ҳинд дар асари созиш бо истеъмори Ангилистон ба даст овардаанд, мутанаъим буд, аз пушт ба миллати наҷиб ва шарифи Эрон ханҷар мезад ва мехост аз нав дасту пойи ин миллатро ба занҷирҳои пӯсидаи оташдону барсаму барсамчину ҳумаву ғайра бибандад.

Мутаассифона, оқои дуктур Муин — ки мавриди алоқа ва эҳтироми мо ҳастанд ва дар солҳои охири саломати эшон, ки аҳёнан тавфиқи мусоҳибат даст медод, эшонро марди дур аз инсоф намедидем ва ба усул ва шаъоири исломӣ алоқаманд меёфтем — дар ин китоб то ҳудуди зиёде таҳти таъсири Пурдовуд қарор гирифтаанд ва ҳадафи ӯро таъқиб кардаанд ва аҳёнан дар дифоъ аз зартуштигарӣ аз ислом моя мегузоранд.

Масалан, дар сафҳаи 76 китоб, ки роҷеъ ба торихӣ ё мавҳум будани Зартушт баҳс мекунанд, мегӯянд:

Баъзе аз донишмандон монанди Ҳусинг (Housing) фарзияе изҳор кардаанд мабнӣ бар ин ки Зартушт комилан вуҷуде мавҳум аст (назири Рустаму Золу Исфандиёр)…

Баъд эшон мегӯянд:

Бояд донист, ки мавҳум будани шахсияти фард-фарди паёмбарон ва пешвоёни дин аз тарафи ашхоси мухталиф изҳор шуда…

Ва дар поварақӣ мегӯянд:

Ҳатто роҷеъ ба Исо ва Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)…

Хеле аҷиб аст, ки касе воқеияти торихии Зартуштро бо Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) муқоиса кунад, ё фарзияи илмии як донишмандро дар бораи Зартушт ба сухане, ки аҳёнан як фарде (агар чунин фарде вуҷуд доштааст) ба унвони дашном ба мусалмонон дар бораи Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гуфта бошад, муқоиса намояд.

Дар сафҳаи 273, ки дар бораи эҳтиром ва қадосати оташ баҳс мекунанд, мегӯянд:

Дар адёни ориёӣ мисли браҳманӣ ва зартуштӣ ва ҳамчунин дар кешҳои сомӣ монанди яҳудӣ ва исавӣ ва ислом ва ҳатто дар миёни бутпарастони Офриқо, оташ дорои аҳаммияти хосс аст”.

Ман намедонам эшон, ки дар як хонаводаи асили мусалмон бузург шудаанд ва худ аҳли китоб ва мутолеа будаанд, дар куҷои ислом эҳтиром ба оташро пайдо кардаанд? Он чӣ дар Қуръон аст ин аст, ки ҷинну шайтон аз оташ офарида шудаанд ва Одам аз хок; Одами хокӣ ба даргоҳи қурби илоҳӣ бор ёфт ва шайтони оташӣ аз даргоҳ ронда шуд.

Дар сафҳаи 415 пас аз баҳси зиёд дар бораи фарри эзадӣ мегӯянд:

Тибқи мундараҷоти “Зомёдишт”, фарр фурӯғест эзадӣ, ба дили ҳар ки битобад, аз ҳамгинон бартарӣ ёбад. Аз партави ин фурӯғ аст, ки шахс ба подшоҳӣ расад, шоистаи тоҷк тахт гардад, осоишгустар ва додгар шавад ва ҳамвора комёб ва пирӯзманд бошад. Ва низ аз нерӯи ин нур аст, ки касе дар камолоти нафсонӣ ва руҳонӣ комил гардад ва аз сӯйи Худованд ба паёмбарӣ баргузида шавад”.

Дар сафҳаи 420 мегӯянд:

Тибқи мундараҷоти Авасто (Зомёдишт, бандҳои 33, 40) фаррро ба сурати мурғу уқоб тасаввур мекарданд”.

Ва дар зайли ҳамин сафҳа достонеро, ки қаблан нақл кардем, ки чӣ гуна фарри эзадиро дар шакли як барра ба дунболи Ардашер медавонданд нақл кардаанд.

Дар айни ҳол, дар сафҳаи 415 барои ин ки ин хурофаро маъқул ҷилва диҳанд, кӯшиш мекунанд, ки мафҳуми онро бо мафҳуми калимаи “султон” дар Қуръони Маҷид татбиқ диҳанд, ва ҳол он ки калимаи “султон” ба ҳеч ваҷҳ бо ин мафҳуми хурофӣ мунтабиқ нест. “Султон” дар Қуръон ё ба маънии “қудрат ва тасаллут” истеъмол шудааст ё ба маънии “далел ва ҳуҷҷат”, ки маншаи ғалаба ва қудрат ва тасаллут аст, ва ҳатто дар мавриди тасаллути шайтон бар инсон низ ба кор рафтааст:

إِنَّمَا سُلْطَانُهُ عَلَى الَّذِينَ يَتَوَلَّوْنَهُ

(“Ҳамоно тасаллути шайтон фақат бар касоне аст, ки вайро ба сарпарастӣ бармегиранд…” (Сураи Наҳл, ояти 100)) Ва ҳамчунин дар мавриди тасаллути қонунии як инсон бар як амали хосс низ ба кор рафтааст:

وَمَن قُتِلَ مَظْلُومًا فَقَدْ جَعَلْنَا لِوَلِيِّهِ سُلْطَانًا

(“Ва ҳар кас мазлум кушта шавад, ба сарпарасти вай қудрате додаем…” (Сураи Исро, ояти 33)) Кучактарин иртиботе миёни ин мафҳум ва мафҳуми “фарраи эзадӣ” — ки гоҳе мегӯянд, фурӯғест эзадӣ, ки бар дили шахс битобад ва дар партави он ба подшоҳӣ ё паёмбарӣ расад, ва гоҳе онро ба сурати уқоб ё гӯсфанд муҷассам мекунанд — вуҷуд надорад.

Оё беҳтар набуд ҷаноби оқои дуктур Муин ба ҳамон “Маздаясно ва адаби порсӣ” қаноат мекарданд ва ба “Маздаясно ва адаби қуръонӣ” намепардохтанд?

Оқои дуктур Муин исрор меварзанд, ки собит кунанд он чӣ зартуштиён карда ва мекунанд, оташпарастӣ нест, танҳо қибла қарор додани оташ аст, он чунон ки мусалмонон Каъбаро қибла қарор медиҳанд. Дар сурате, ки худи эшон ва ҳар каси дигар медонад, ки ҳеч мусалмоне дар вақте, ки рӯ ба қибла меистад ва намоз мехонад, намехоҳад ба Каъба таъзим кунад ва намехоҳад аз Каъба истимдод кунад ва истионат бмҷӯяд ва барои Каъба руҳоният ва қудрати мовароуттабиӣ қоил нест. Асосан як нафар мусалмон дар ҳоли намоз рӯ ба қибла ҳаст, вале таваҷҷӯҳаш ба қибла нест, як нафар мусалмон дар намоз мустақиман бо Худои худаш сухан мегӯяд, ки:

إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ

(“Танҳо туро мепарастем ва танҳо аз ту ёрӣ меҷӯем”. (Сураи Ҳамд, ояти 5)) Барои мусалмон рӯ ба Каъба истодан назири бо ҷомаи пок будан ва бо вузӯ будан ва мастурулаврат будан аст, яъне аз одоби намоз аст, на ҳадафи намоз, ва ҳол он ки ҳамаи одоби зартуштӣ тақдис ва таъзими худи оташ аст, бо эътиқод ба таъсироти мовароуттабиии он.

Аз ҳама асафангезтар ин аст, ки оқои дуктур Муин дар фасле, ки таҳти унвони “Майи муғона” тартиб додаанд, ба пайравии Пурдовуд чунин вонамуд мекунанд, ки таъбироти “май”, “муғ” ва ғайра ҳама киноя аст аз алоқаи шоирони эронӣ ба русум ва одоби зартуштӣ. Дар охири ин фасл, қисмате аз тарҷеъбанди маъруфи Ҳотифи Исфаҳониро, ки дар тавҳид ва ваҳдати вуҷуд сурудааст овардаанд. Он тарҷеъбанд бо ин байт оғоз мешавад:

Эй фидои ту ҳам дилу ҳам ҷон

В-эй нисори раҳат ҳам ину ҳам он.

Оқои дуктур Муин калимоти мавриди назари худашонро, ки аз назари эшон нишонаи алоқаи шоир ба русуми қадим аст бо ҳуруфи сиёҳ нишон медиҳанд, аз он ҷумла ин мисроъро:

Ман шарманда аз мусалмонӣ

Оқои дуктур Муин худ беҳтар медонанд, ки шоирони мусалмони ирфонмаслак, дар муқобили мутазоҳирон ба мусалмонӣ ва риёкорон, истилоҳот ва таъбироти хоссе доранд; ҳар ҷо, ки зуҳд ва аҳёнан мусалмониро тахтиа мекунанд, назарашон ба зоҳидмаобиҳо ва мусалмонмаобиҳои дурӯғин аст, ки дар ҳамаи асрҳо вуҷуд дошта ва дорад ва ҳамвора садди роҳи ислом ва мусалмонон буда ва ҳаст. Ҳатто шоироне, ки худ дар либоси руҳоният будаанд ва ба олитарин мақомоти иҷтиҳод расида ва дар маснади шаръ нишаста будаанд — монанди Шайх Баҳоӣ, ки илова бар ин ҷиҳат, як муҳоҷири араб аст, ки ба Эрон омада ва Ҳоҷ Мулло Аҳмади Нароқӣ ва Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ ва Ҳоҷ Мирзоҳабиби Разавии Хуросонӣ ва Ҳоҷ Шайх Муҳаммадҳусайни Исфаҳонӣ ва Алломаи Таботабоӣ — аз ин гуна таъбирот доранд. Ин матлаб куҷо ва муддаои Пурдовуд ва оқои дуктур Муин куҷо!

Ба илова, Ҳотифи Исфаҳонӣ, ки ба шеъраш тамассук шуда, дар ҳамон тарҷеъбанд сареҳан мегӯяд, ки мақсуди орифон аз ин таъбирот як силсила маонии дигар аст ва ин таъбиротро набояд ба мафҳуми зоҳирии онҳо ҳамл кард. Мегӯяд:

Ҳотиф, арбоби маърифат, ки гаҳе

Маст хонандашону гаҳ ҳушёр

Аз дафу чангу мутрибу соқӣ

В-аз маю ҷому соқиву зуннор

Қасди эшон нуҳуфта асрорест,

Ки ба имо кунанд гоҳ изҳор.

Бо ин тасреҳ чӣ гуна мумкин аст таъбироти шоирро ҳамл ба мафҳуми зоҳириаш бинамоем?

Гузашта аз ин, ин таъбироти маҷозӣ ва ин истилоҳот, мунҳасир ба маю муғу оташкада, ки аз истилоҳоти зартуштиён аст нест. Агар мунҳасир ба инҳо буд, ҷойи ин тардид буд, ки чаро гӯяндагони эронии форсизабон барои маонии ирфонии худ ин калимотро интихоб кардаанд? Оё ин кор нишонаи алоиқи онҳо ба русум ва сунани куҳани ин сарзамин аст?

Ин гӯяндагон калимоте аз қабили: бут, тарсо, дайр, чилипо (салиб), шатранҷ, нард ва ғайра низ дар истилоҳоти хеш фаровон овардаанд. Пас, лозим аст ин калимотро нишонаи алоиқи ин гӯяндагон ба бутпарастӣ ва масеҳият ва қиморбозӣ бидонем?!

Дар чанд соли пеш яке аз нависандагоне, ки гирифтори чунин андешаҳое будааст, истидлол карда буд, ки ғазали маъруфи Ҳофиз, ки бо ин байт оғоз мешавад:

Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ,

Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ.

… нишонаи эҳсосоти миллии шоир аст ва шоир ба ёди гузашта афтода, он вақте, ки ҳанӯз ислом ба Эрон наомада буд ва забони паҳлавӣ забони роиҷ ва дини зартуштӣ дини расмӣ буд ва шоир хостааст ба ин васила тамоюли хешро ба русум ва сунан ва ойини пеш аз ислом иброз намояд.

Як нависандаи материалист ҷавоб дода буд: “Агар чунин аст, пас шеъри баъдӣ, ки мегӯяд:

Яъне биё, ки оташи Мӯсо нумуд гул,

То аз дарахт нуктаи тавҳид бишнавӣ.

… нишонаи алоқаи шоир ба яҳудигарӣ аст. Ва шеъри дигаре, ки дар ҳамин ғазал аст ва мегӯяд:

Ин қиссаи аҷаб шунав аз бахти вожгун,

Моро бикушт ёр ба инфоси исавӣ.

… нишонаи алоқаи шоир ба масеҳият аст”.

Бидуни шак ин истилоҳот ва таъбирот рамзи як силсилаи маонии ирфонӣ аст ва рабте ба алоқаи гӯянда ба мазҳаби зартуштӣ ё масеҳӣ ё яҳудӣ надорад.

Шамсуддини Мағрибӣ, шоири орифмаслаки маъруф (даргузашта дар қарни нӯҳуми ҳиҷрӣ), ки аз ин истилоҳот фаровон ба кор мебурд, дар дебочаи девони худ мегӯяд:

Агар бинӣ дар ин девони ашъор

Хароботу хароботию хаммор

Буту зуннору тасбеҳу чалипо

Муғу тарсову габру дайру Мино

Шаробу шоҳиду шамъу шабистон

Хурӯши барбату овози мастон

Маю майхонаву ринди харобот

Ҳарифу соқиву нарду муноҷот

Навои арғануну нолаи най

Сабуҳу маҷлису ҷоми паёпай

Хуму ҷому сабӯи майфурӯшӣ

Ҳарифӣ кардан андар боданӯшӣ

Зи масҷид сӯйи майхона давидан

Дар онҷо муддате чанд орамидан

Гарав кардан пиёлай хештанро

Ниҳодан бар сари май ҷону танро

Гулу гулзору сарву боғу лола

Ҳадиси шабнаму борону жола

Хату холу қаду болову абрӯ

Узору оризу рухсору гесӯ

Лабу дандону чашми шӯху сармаст

Сару пою миёну панҷаву даст

Машав зинҳор аз ин гуфтор дар тоб

Бирав мақсуд аз он гуфтор дарёб.

Мапеч андар сару пойи иборат,

Агар ҳастӣ зи арбоби ишорат.

Назарро нағз кун, то нағз бинӣ,

Гузар аз пӯст кун, то мағз бинӣ.

Назар гар барнадорӣ аз завоҳир,

Куҷо гардӣ зи арбоби сароир?

Чу ҳар якро аз ин алфоз ҷонест,

Ба зери ҳар як аз инҳо ҷаҳонест.

Ту ҷонашро талаб, аз ҷисм бигзар,

Мусаммоҷӯй бош аз исм бигзар.

Фурӯ магзор чизе аз дақоиқ,

Ки то бошӣ зи асҳоби ҳақоиқ.

Аз ҳамаи инҳо гузашта, ин таъбирот ихтисос ба гӯяндагони эронӣ ва форсизабон надорад. Гӯяндагони форсизабони ҳиндӣ ва ҳамчунин гӯяндагони араб ва арабзабони орифмашраб, аз қабили Ибн ал-Форизи Мисрӣ ва Муҳйиддини Арабии Андалусӣ низ чунин таъбирот ва истилоҳоте доранд. Ҳеч оқиле наметавонад иддао кунад, ки таъбироти инҳо дар бораи маю ғайра ёдовари алоиқи онҳо ба маросими зартуштиён аст.

Гузашта аз ҳамаи инҳо, ташбеҳи воридоти қалбӣ ва маорифи ифозӣ ва ишроқӣ ва лаззатҳо ва баҳҷатҳои ҳосила аз он, ба шароб, дар Қуръон ва Наҳҷул-балоға низ омадааст. Қуръони Карим дар сураи муборакаи Инсон мефармояд:

وَسَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا

Яъне, парвардигори аброр бо шаробе бисёр пок ва поккунанда онҳоро сероб мекунад (Сураи Инсон, ояти 21); шаробе, ки ба қавли муфассирон, пайванди инсонро аз ҳар чиз ҷуз Худо мебурад ва ӯро танҳо ба Худованд муттасил месозад. Дар Наҳҷул-балоға гурӯҳе аз аҳли маънӣ чунин тавсиф мешаванд:

ويغبقون كأس الحكمة بعد الصبوح

Яъне ҳамоно шомгоҳон пас аз бомдодон бодаи ҳикмат сар мекашанд. Луғат мегӯяд, ки “ғабуқ” паймонаи шом ва “сабуҳ” паймонаи субҳгоҳон аст. Оқои дуктур Муин чӣ назар медиҳанд? Оё ҳамаи инҳоро нишонаи алоиқи гӯяндагони онҳо ба “майи муғона” ва одоб ва русуми куҳани зартуштиён медонанд?!

Оқои дуктур Муин дар сафҳаи 13 китоби худ сухани муғризонаи Сэр Ҷон Малкумро нақл мекунанд мабнӣ бар ин ки “пайравони паёмбари арабӣ шаҳрҳои Эронро бо хок яксон сохтанд, оташкадаҳоро сӯхтанд, мӯбадонро аз дами теғ гузарониданд, китобҳо ва касоне, ки китобҳо дар ихтиёрашон буд аз байн бурданд, мӯбадонро маҷус ва соҳир медонистанд ва китобҳои эшонро китобҳои сеҳр мехонданд”.

Оқои дуктур Муин беҳтар аз Сэр Ҷон Малкум аз маохизи торихии ислом иттилоъ доранд ва аз ҳама беҳтар медонанд, ки ин ароҷиф сохтаи шахси Сэр Ҷон Малкум аст ва дар ҳеч санади торихӣ пайдо намешавад ва ҷойи таассуф аст, ки боз ҳам ин калимотро, ки таъсири суи онҳо дар эҷоди бадбинӣ ба ислом дар ҷавонони бехабар аз торихи ислом ва Эрон бар касе пӯшида нест, нақл мекунанд.

Оқои дуктур Муин дар сафҳаи 22, ки мехоҳанд зартуштиёнро дар давраи исломӣ хеле мазлум ҷилва диҳанд, чунин мегӯянд:

Гурӯҳи дигар, ки бо ҳифзи ойини Маздаясно дар меҳани хеш боқӣ монданд, ночор мутаҳаммили рафторҳои хашин ва ношоисти миллати ғолиб ва ҳаммеҳанони худ гардида, ҳамвора мавриди таҳқир ва иҳонат ва маҷбур ба нуҳуфтани ақоид ва ойини аҷдодии хеш буданд ва дар иҷрои одоб ва маросими дин, озодӣ надоштанд ва рӯзгор ба талхӣ мегузарониданд. Муаллифи “Торихи Систон” гӯяд: “Зиёд ибни Абиҳ Рабиъро маъзул кард аз Систон ва Абдуллоҳ ибни Абӯбакрро ба Систон фиристод (дар соли 51 ҳиҷрӣ) ва ӯро фармон дод, ки чун он ҷо шавӣ.., ҳамаи ҳарбидонро бикуш ва оташҳои габракон барафкан. Пас ӯ ба Систон шуд бар ин ҷумла ва даҳоқин ва габракони Систон қасд карданд, ки осӣ гарданд бад-ин сабил”.

Оқои дуктур Муин достонро то ҳамин ҷо нақл мекунанд ва татиммаашро дар ин ҷо нақл намекунанд. Эшон ин шоҳиди торихиро барои ин муддао меоваранд, ки зартуштиён дар иҷрои маросими динӣ озодӣ надоштанд ва маҷбур буданд, ки ақоид ва ойини аҷдодии хешро махфӣ кунанд.

Татиммаи ин торихча, ки худи эшон дар ҷойи дигари китобашон нақл кардаанд ин аст, ки мусалмонони Систон бо ин фармони Зиёд ба мухолифат бархостанд ва гуфтанд, ин фармон бар хилофи сирати Пайғамбар ва хулафои рошидин аст ва бар зидди таълимоти исломӣ аст. Масъала ба худи халифа, ки дар Шом буд, ирҷоъ шуд. Ҷавоб омад, ки зартуштиён “муоҳид” мебошанд ва хуну моли муоҳид мӯҳтарам аст ва касе ҳаққи таарруз ба онҳоро надорад.

Низ худи оқои дуктур Муин дар ҷойи дигари китоби худ аз ҳамон “Торихи Систон” нақл мекунанд, ки: “дар соли 46 ҳиҷрӣ (панҷ сол қабл аз ин воқеа) Рабиъ ал-Ҳорисӣ биёмад ба Систон ва сиратҳои некӯ ниҳод ва мардумонро ҷабр карданд, то илм ва Қуръон ва тафсир омӯхтанд ва доду адл фурӯ ниҳод ва бисёр габракон мусалмон гаштанд аз некӯии сирати ӯ”.

Оре, ин буда ҳоли зартуштиён дар замони хулафои рошидин ва дар замони Муовия дар вақте, ки Рабиъ ал-Ҳорисӣ ҳукумат мекардааст. Ҳангоме, ки Зиёди ситамгар тасмими золимонае мегирад, бо аксуламали шадиди мусалмонон рӯбарӯ мешавад ва халифаи ситамгари вақт ҳам, ки худро бо мухолифати мусалмонон мувоҷеҳ мебинад, ҳукми омили худро нақз ва назари мусалмононро таъйид мекунад.

Бинобар ин, дигар чӣ ҷойи гиряву зорӣ ва нақли қисмате аз торихча ва тарки қисмате дигар ва иддаои ин ки зартуштиён маҷбур буданд ақоиди хешро нуҳуфта доранд?!

Мо мункири мазолими умавиён нестем, вале ин мазолим нисбат ба мазолиме, ки қаблан эрониён аз тарафи ҳуккоми худ медиданд, чизе набуд. Сониян, умавиён лабаи тези теғи худро мутаваҷҷеҳи Оли Алӣ карда буданд, ки онҳоро руқабои худ медонистанд ва аз ҷониби онҳо эҳсоси хатар мекарданд. Қатъан зартуштиён дар ҳукумати умавӣ аз пайравон ва дӯстони Аҳли Байт вазъи беҳтаре доштаанд.

Албатта сиёсати умавиён як сиёсати нажодӣ буд ва ҳукумати онҳо ҳукумати арабӣ буд, на исломӣ. Миёни араб ва ғайриараб табъиз қоил мешуданд, вале ин табъиз миёни араб ва ғайриараб буд, яъне ҳатто миёни як мусалмони араб бо мусалмони ғайриараб тафовут қоил мешуданд ва ба мазҳаб коре надоштанд. Зартуштиён агар ба шароити маъмули аҳли зимма амал мекарданд, дар амният буданд.

Зартуштиён дар давраи аббосиён озодии комил ба даст оварданд, бо имомон алайҳимус-салом ва уламои мусалмон дар атрофи ақоиди исломӣ ва зартуштӣ ба мубоҳиса ва муҷодила ва муборизаи қаламӣ мепардохтанд. Қаблан дар бахши аввали ин китоб нақл кардем, ки гароиши умдаи Эрон аз зартуштигарӣ ба ислом ва вайронии оташкадаҳо ва сохтани масоҷид ба ҷойи онҳо, дар қуруне воқеъ шуда, ки Эрон истиқлоли сиёсӣ дошта ва нуфузи араб қатъ шуда буд ва афроде эронӣ ва ориёнажод бар Эрон ҳукумат мекарданд.

Дар китоби “Тамаддуни эронӣ” таълифи ҷамъе аз ховаршиносон, мақолаи “Муқовимат ва идомаи ҳаёти дини Зартушт” ба қалами Ж. Маноша менависад:

Шикаст ва инқирози давлати соcонӣ ба дасти аъроби мусалмон натавонист мояи хафақони руҳи эронӣ шавад ва ойини зартуштиро низ ба сурати қатъӣ ва комил нобуд накард. Эрониён бақоёи тамаддуни талтифшуда ва парвардае ба ислом таҳвил доданд, ки бар асари ҳаёте, ки ин мазҳаб дар он дамид, ҷони тоза гирифт… Эрон ба якбор мусалмон нашуд ва мардуми тамоми ноҳияҳои он дар як мавқеъ дини исломро напазируфтанд ва муқовиматеро, ки мазҳаби зартуштӣ дар муқобили он ба харҷ дод, наметавон нодида гирифт”.

Ж. Маноша пас аз баҳсе дар бораи ин ки мусалмонон маҷусро дар зумраи аҳли китоб мешумурданд, мегӯяд:

Муаррихон ва ҷуғрофиёнависони араб, ки дар ин маврид маъхази асосии мо ҳастанд, шаҳрҳои мутааддидеро, ки ҳанӯз дар қарни севвум ва чаҳоруми ҳиҷрӣ дар онҳо оташкадаҳое вуҷуд доштааст ном мебаранд. Пас, агар чунин оташкадаҳое вуҷуд дошта, қатъан руҳониюне ҳам барои аъмол ва маросими мазҳабӣ дар он будаанд, ки лузуман ба андозаи кофӣ аз русуми мазҳабӣ иттилоъ доштаанд. Зимнан тарзи зиндагии зартуштиён эҷоб менамуд, ки афроде барои таълими қавонин ва усули мазҳаб бо мақоми ниммазҳабӣ вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, тақсимоти табақотии дини Зартушт ҳифз шуд ва мо хоҳем дид, ки ин тақсимоти табақотӣ назди ақаллияти зартуштӣ ва касоне, ки мураддад буданд, то кадом як аз он ду мазҳабро бипазиранд, фаъолияти қобили таваҷҷӯҳе ба харҷ дод. Дар қарни севвуми ҳиҷрӣ мазҳаби Зартушт шурӯъ ба як навъ муборизаи қаламӣ намуд”.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: