Шарҳи Маснавӣ (197)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (23)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (8)

* * *

Дилбаронро дил асири бедилон,

Ҷумла маъшуқон шикори ошиқон.

Маъшуқҳо ошиқонро мехоҳанд ва шикори дили ошиқон мешаванд. Пас, ҳар ошиқе ба ростӣ маъшуқ аст, ва ҳар маъшуқе ошиқ.

Нукта: Аз ин байт то чанд байти баъдӣ, Мавлоно яке аз мабонии мактаби худро баён доштааст. Ӯ ишқро яктарафа намедонад. Яъне ин тавр нест, ки ҳамвора ишқ аз сӯйи ошиқ сар занад ва маъшуқро дунбол кунад ва мутақобилан маъшуқ истиғно варзад ва бениёзӣ нишон диҳад ва ноз бифурӯшад. Балки ӯ мӯътақид аст, ки ишқ дар миёни ошиқ ва маъшуқ ҷараёне дусӯя дорад. Ба қавли Афлотун, ишқ толиби ҷамол аст, вале ҷамол хоҳони ишқ аст. Чаро ки то ишқ ба ҷамол набошад, фазилати ҷамол низ ошкор намешавад. Масалан, ҳар зеборӯе ниёз ба ин дорад, ки халқ дида ба ҷамоли ӯ гушоянд ва зебоии ӯро бистоянд. Ин аст, ки дар мактаби Мавлоно, маъшуқ ба эътиборе ошиқ аст ва ошиқ ба эътиборе маъшуқ. Ин ваҷҳро низ гуфтаанд: Тибқи ақидаи асҳоби мазҳаби таҷаллӣ, Ҳақ Таъоло ваҷҳи маъшуқият дорад ба ин эътибор, ки бандагон ошиқи ӯ ҳастанд, ва дар айни ҳол, ваҷҳи ошиқият ҳам дорад ба ин эътибор, ки тамоми мавҷудот мазоҳири ӯ ҳастанд ва бар онон ишқ меварзад. Ин ваҷҳ дар ин ҷо чандон муносиб намеояд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.551)

Никелсун абёти ахирро бозгӯкунандаи таълимоти Ибни Арабӣ медонад; ба ин маъно, ки истилоҳоти лозиму малзумӣ ҳамчун вуҷуду адам, ваҳдату касрат, холиқу махлуқ, Худовандгору банда сирфан номҳое ҳастанд бар сурати мухталифи як ҳақиқати воҳид. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.270)

Ҳар кӣ ошиқ дидияш, маъшуқ дон,

К-ӯ ба нисбат ҳаст ҳам ину ҳам он.

Ҳар касро, ки ту ошиқ дидӣ, дар ботин бояд ӯро маъшуқ низ бидонӣ, зеро он шахс ба нисбат, ҳам ошиқ аст ва ҳам маъшуқ.

Нукта: Аз ояти 54 сураи Моида низ ин мафҳум истифода мешавад:

يُحِبُّهُمْ وَيُحِبُّونَهُ

Худо эшонро дӯст дорад ва онон Худоро…”

Ташнагон гар об ҷӯянд аз ҷаҳон,

Об ҷӯяд ҳам ба олам ташнагон.

Ба унвони мисол, агар афроди ташна дар ин дунё об меҷӯянд, об низ онҳоро меҷӯяд, зеро ҳувият ва хоссияти об вақте ошкор мешавад, ки ташнагон вуҷуд дошта бошанд. Ин ташнагонанд (аъамм аз гиёҳу ҳайвону инсон), ки қадру арзиши обро менумоёнанд.

Чунки ошиқ ӯст, ту хомӯш бош,

Ӯ чу гӯшат мекашад, ту гӯш бош.

Вақте ки ӯ ошиқ аст, ту дигар сухан магӯ, ва ҳангоме ки ӯ гӯши туро мекашад, яъне туро огоҳ мекунад, ту низ саропо гӯш бош, то огоҳ шавӣ.

Гӯш кашидан: Киноя аз таваҷҷӯҳ додан, огоҳ намудан ва танбеҳ кардан аст.

Банд кун, чун сел сайлоне кунад

В-арна расвоиву вайронӣ кунад.

Мавлоно дар ин ҷо ба худ ё ба соликоне, ки ҳанӯз дар водии ишқи руҳонӣ варзида нашудаанд, андарз медиҳад, ки сели суханро садд кун, ки ин сел расвоиҳо ва вайрониҳо ба бор хоҳад овард. Яъне сухан дар ҳадди афҳоми мухотабон гӯ, зеро агар калом фавқи тобу тавони дарки онон гуфта ояд, мӯҷиби табоҳии дину имони онон гардад.

Сайлоне кардан: Ҷорӣ шудани об бо анбӯҳӣ ва шиддат ва қудрати тамом. Сайлон исми масдар аст аз масдари арабии “саялон”, ки порсиён ҳарфи дуввумро сукун додаанд.

Ман чӣ ғам дорам, ки вайронӣ бувад?

Зери вайрон ганҷи султонӣ бувад.

Вале ман аз ин ки асрори илоҳӣ ва ишқи раббонӣ маро вайрон ва расво созад, чӣ ғам дорам? Яъне ҳеч ғаме надорам. Зеро бунёди ишқ мубтанӣ бар фанои худбинӣ ва ману моӣ аст. Чаро ки ибтидои ҳар умроне вайронист, чунонки масалан ганҷи шоҳона низ дар вайронаҳо ёфта ояд. Яъне биноҳоро вайрон мекунанд ва ганҷинаҳои азим ба даст меоваранд ва бо он садҳо баробар ободонӣ мекунанд.

Ғарқи Ҳақ хоҳад, ки бошад ғарқтар,

Ҳамчу мавҷи баҳри ҷон зеру забар.

Он кас, ки дар ишқ ва шуҳуди Ҳақ ғарқа шуда, ӯ мехоҳад, ки ҳар чи бештар мустағрақ гардад ва ҳамчун мавҷи дарёи ҷон зеру забар шавад ва ҳамвора дар ҳоли навасон бошад, то аз чархаи касарот ва олами фарқ бираҳад.

Зери дарё хуштар ояд ё забар?

Тири ӯ дилкаштар ояд ё сипар?

Дар назари чунин касе, ки дар ишқи Ҳақ ғарқа омада оё зери дарё дилнишинтар аст ё рӯйи дарё? Оё тири раҳошуда аз сӯйи ҳазрати Маъшуқ хуштар аст ё сипари ӯ?

Нукта: Ин байт дар баёни мақоми ризост, ки аз болотарини мақомоти ирфонӣ аст. Ошиқи Ҳақ хоҳони ризои ҳазрати Маъшуқ аст ва лутфу қаҳраш барои ӯ фарқе надорад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.552)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: