Jerusalem Post: “Шаклгирии мусалласи Эрон-Қатар-Туркия алайҳи Телавив”

Рӯзномаи исроилии Jerusalem Post навишт: “Таъсири шаклгирии зилъи севвуми қудрат муташаккил аз Эрон, Туркия ва Қатар, барои Исроил муҳим аст ва Телавив дар вокуниш ба он, метавонад равобиташро бо Арабистони Саудӣ ва Миср наздиктар кунад”.

Ин рӯзнома рӯзи шанбе дар таҳлиле перомуни “шаклгири эътилофи Эрон, Туркия ва Қатар” навишт:

“Сафири Эрон дар Туркия дар 17 июл гуфт, ки Теҳрон хоҳони ҳамкорӣ бо Туркия дар набард бо теруристҳост ва ҳатто аҳзоби курди ин кишварро “харобкор” шумурд. Охирин изҳори назари як мақоми эронӣ ва низ тасмими Туркия дар эъзоми нерӯ ба Қатар дар буҳбуҳаи таниш бо Арабистон, намоёнгари эҷоди ҳавзаи нуфузи ҷиддии Эрон, Қатар ва Туркия буда ва ин худ хатар барои минтақа ва Исроил аст.

Қатар ва Туркия аз даҳаи гузашта ба ин сӯ, равобити наздике бо Ҳамос доранд. Барқарории робитаи гарми ҷадид байни Дуҳа, Теҳрон ва Онкоро мӯҷиби таҳдиди Исроил шуда ва исроилиҳоро ба Риёз ва Қоҳира наздиктар хоҳад кард. Ин амр ҳамчунин ба нишонаи поён додан ба ин таърифи тақсим шудани Ховари Миёна байни эътилоф ба раҳбарии саудӣ ва эътилоф таҳти раҳбарии Эрон аст”.

Ин рӯзнома навишт: “Эрон бо эътилофи худ бо Туркия ва дидгоҳаш перомуни гурӯҳҳои курд дар Сурия, дар ҳоли ирсоли паёми муҳимме буда ва бо тағйири 180-дараҷаӣ дар рӯйкардаш дар минтақа, хоҳони равобити гарм бо Онкоро шудааст. Ин ду кишвар албатта дар солҳои гузашта ихтилофоте бо ҳам доштанд, аммо Аҳмад Довуд Уғлу, нахуствазири собиқи Туркия, дар масири ором кардани авзоъ, дар соли 2016 аз Теҳрон дидор кард ва дар бораи ихтилофи назари ду тараф перомуни Сурия ба ройзанӣ пардохт.

Албатта вазири умури хориҷаи ин кишвар дар соли 2017 ва дар нишасти амниятии Муних (Мюнхен) иттиҳомҳоеро ба Эрон зад, ки ин суханон беҷавоб намонд ва Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, билофосила вокуниш нишон дод ва Туркияро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои харобкор муттаҳам намуд.

Аммо ҳангоми бӯҳрони Дуҳа бо Арабистон, вазъ комилан тағйир ёфт. Туркия дар ду ҳафта нерӯҳои худро ба Қатар эъзом карда ва ба ин кишвари кучак маводди ғизоӣ дод. Шабакаи “Алҷазира”-и Қатар ҳатто аз ҳузури ҳазор низомии Туркия дар Қатар хабар дод. Ин дар ҳолест, ки Қатар аз сӯйи таҳлилгарони саудӣ ва аморотӣ муттаҳам ба таъомул бо Эрон ва ҳимоят аз ифротгароёни минтақа аст”.

Ин рӯзнома дар бахше дигар навишт: “Бӯҳрони Қатар Туркия ва Эронро наздиктар кард. Туркия ҷумъаи гузашта мутааҳҳид ба ҳалли таниши Риёз-Дуҳа аз тариқи ройзанӣ бо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико шуд ва аз Риёз дархост кард, то дар рӯйкардҳояш таҷдиди назар кунад.

Дар солҳои ахир, Ховари Миёна аз манзари набардҳои қавмиятӣ руъят шудааст. Эрон, Ҳизбуллоҳ ва Ҳусиҳои Яман аз як сӯ бо кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс дар мухолифат буданд ва авзои Сурия ва Ироқ аз намодҳои ин шикоф ҳастанд. Инак, равобит байни Эрон, Қатар ва Туркия як ҳавзаи севвум дар тақобул бо ихтилофҳои фирқаӣ эҷод кардааст. Ҳол, суол ин аст, ки чӣ гуна робитаи амиқи Қатар ва Туркия мӯҷиби тақвияти қудрати Эрон шуда ва зилъи севвумеро дар минтақа эҷод мекунад? Таъсири ин зилъи севвум бар Исроил дар ин муаммо он аст, ки Исроил метавонад дар ин гиру дор равобиташро бо Арабистони Саудӣ наздиктар кунад; ҳарчанд ки Телавив бо Туркия низ равобит дорад ва Онкоро шарики муҳим ва таъсиргузор дар умури амниятии минтақа аст”.

Дар хотимаи ин матлаб омадааст: “Исроил албатта аз адами ҳузури сулҳбонони Туркия дар Ғазза ва ин ки худро дар мувоҷеҳа бо нерӯҳои ин кишвар ҳамчун Арабистон дар марзҳои Қатар мебинад, хушҳол аст, аммо шинохтани равобити Туркия, Эрон ва Қатар барои Исроил ҷиҳати арзёбии рӯйкардҳояш дар қиболи Арабистон ва таниш дар Сурия дар имтидоди марзҳои Лубнон муҳим аст”.



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: