ДОЪИШ пас аз шикаст ба куҷо хоҳад рафт?

Ёддошти Аҳмад Абдулваҳҳоб дар рӯзномаи Алаҳром

“Бояд бо ДОЪИШ ва амсоли он, ба шадидтарин шакли мумкин мубориза кард, ҳатто агар камтарин аҳаммиятро дошта бошад. Ҳатто ин ҳам кофӣ нест. Балки то замоне ки бархӯрде бо решаҳои ифрот, ки ҳар гуна тасоҳул ва тасомуҳи диниро барнаметобад сурат нагирад, ДОЪИШ аз байн нахоҳад рафт. Ва то замоне, ки фатвоҳое содир мешавад, ки метавонад ДОЪИШ ва амсоли ДОЪИШ-ро бизояд ва ба онҳо қудрат бахшад, ДОЪИШ аз миён нахоҳад рафт…”

* * *

Бо вуҷуди ин ки бо хушбинӣ метавон гуфт, ки кори шабакаи ДОЪИШ тамом шуда ва шикасти комили ӯ ба зудӣ рақам мехӯрад, аммо бояд нисбат ба хушбиниҳо дар пайи шикасти он, эҳтиёткор буд.

Ба кор бурдани вожаҳое назири “пирӯзӣ” ва “шикаст”, бидуни он ки ба таври дақиқ маънои онро таъриф кунем, моро даргири иштибоҳоти бузург мекунад. Ҳаддиақали муваффақияти ба даст омада дар ин марҳила ин аст, ки ДОЪИШ аз манотиқи таҳти контролаш берун ронда шуда ва то марзҳо ақиб ронда шудааст. Аммо ин ҳамаи кор нест.

Ин ҳама, иқдоме нест, ки боис шавад қудрати теруризм дарҳам бишканад, ба хусус ки теруризм баъд аз ин шикастҳо, ба самти пинҳон кардани худ ҳаракат мекунад ва бо аз даст додани манотиқе, ки аз дасташ озод шуда, ба самти махфӣ кардани тавоноиҳояш ҳаракат хоҳад кард.

Дар ин ҷо суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки: теруристҳо ба куҷо хоҳанд рафт? Ба чӣ шакл муҷаддадан даври ҳам хоҳанд омад? Чӣ касоне ба онҳо кӯмак хоҳанд кард? Ва то чӣ вақт дар паноҳгоҳҳои худ махфӣ хоҳанд монд? Иқдомоти баъдии онҳо кӣ ва чӣ гуна хоҳад буд?

Аз ҳақоиқи бисёр талхе, ки бояд онро ба хубӣ фаҳмид ва дақиқа ба дақиқа онро дарк кард, вайронии ваҳшатнокест, ки ДОЪИШ баъд аз берун рондан аз шаҳрҳо, бар ҷой гузоштааст; вайроние, ки муваффақияти дигаронро дар баробари онҳо таҳти таъсир қарор медиҳад.

Ҳоло метавон дарк кард, ки ДОЪИШ чизе ҷуз вайронӣ нест. Доъишиҳо аз чизе, ки ба даст овардаанд, ба роҳатӣ кӯтоҳ намеоянд то он ҷо, ки ҳама чизро вайрон мекунанд ва замини сӯхта таҳвил медиҳанд, то ақибнишинӣ кунанд.

Интизор меравад, ки сояи ДОЪИШ бо вуҷуди ин шикастҳои сангин ҳамчунон боқӣ бимонад. Доъишиҳо дар сояи ин вазъият саъй хоҳанд кард, дар оянда дубора худро бозсозӣ кунанд ва иҷоза надиҳанд корашон поён ёбад, то ин ки марҳилаи дуввум фаро бирасад.

Ҳақиқати талхи дигар ин аст, ки авомили хориҷӣ наметавонанд чашмҳои худро дар баробари далели аслии шаклгирии ДОЪИШ бибанданд. Бояд бо ДОЪИШ ва амсоли он, ба шадидтарин шакли мумкин мубориза кард, ҳатто агар камтарин аҳаммиятро дошта бошад. Ҳатто ин ҳам кофӣ нест. Балки то замоне ки бархӯрде бо решаҳои ифрот, ки ҳар гуна тасоҳул ва тасомуҳи диниро барнаметобад сурат нагирад, ДОЪИШ аз байн нахоҳад рафт. Ва то замоне, ки фатвоҳое содир мешавад, ки метавонад ДОЪИШ ва амсоли ДОЪИШ-ро бизояд ва ба онҳо қудрат бахшад, ДОЪИШ аз миён нахоҳад рафт.

Бинобар ин, ҳатто агар солҳо ҳам бигузарад, наметавон гуфт, тафаккури ДОЪИШ поён ёфтааст. ДОЪИШ барои аз байн бурдани душманони худ аз ҳеч чиз фурӯгузор нахоҳад кард. Ё бояд бар он пирӯз шуд, ё ДОЪИШ бар мо ғалаба хоҳад кард.

Наметавон тасаввур кард ин вазъият идома наёбад, то замоне, ки андешаи такфирӣ ҳар гуна силоҳ бардоштанро тавҷеҳ мекунад, ва ҳеч бархӯрде ҳам бо мураввиҷон ва таблиғкунандагони ин андеша намешавад. Ҳимоят аз озодии баён ва андеша ва расона, набояд заминае барои тақвияти теруризм бишавад ва ҷинояткорон дар сояи ин озодӣ, ба фикри тақвияти афкори ҷинояткоронаи худ бошанд.

Ahram

Реклама


Рубрики:Такфир, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: