Оё эътилофи “Шӯрои олӣ барои наҷоти Афғонистон” сиёсатҳои Ғаниро маҳор мекунад?

Амруллоҳи Паноҳӣ, коршиноси масоили сиёсии Афғонистон, дар матлабе дар хабаргузории Tasnimnews, дар бораи ташкили эътилофи “Шӯрои олӣ барои наҷоти Афғонистон” навишт:

Бархе аъзои баландпояи ҳукумати ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи раҳбарони сиёсии бонуфузи Афғонистон ҳастанд, дар иқдоми бепешина эътилофе таҳти номи “Шӯрои олӣ барои наҷоти Афғонистон” ташкил додаанд. Ин эътилоф дар замоне ташкил мешавад, ки ин раҳбарон аз яккатозиҳои Ашраф Ғанӣ ба сутуҳ омада ва аз ҳукумат фосила гирифтаанд.

Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон дар иқдоме чанд ҳафта қабл ҳукуматро ба тавтиа алайҳи раҳбарони ин ҳизб муттаҳам кард ва хостори барканории бархе аъзои баландпояи амниятӣ шуд.

Женерол Дӯстум, муовини аввали риёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки аз ҳукумат ва Ашраф Ғанӣ хотираи талхе дорад, аз чанде қабл дар Туркия ба сар мебарад. Имтиёзоти кормандони дафтари вай пардохт намешавад ва давлати Афғонистон бидуни исботи ҷурм, вайро нодида гирифтааст.

Ҳамчунин, ҳафтаи гузашта Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини дуввуми риёсати иҷроии давлати Афғонистон низ садои эътирози худро баланд кард ва бар сиёсатҳои табъизомези ҳукумати ваҳдати миллӣ тохт. Акнун ин се ҷабҳа дар Афғонистон, ки аз ҷумлаи мақомоти аршади давлатӣ низ ҳастанд, алайҳи давлат мавзеъ гирифтаанд. Ин нишон аз заъфи шадид, ихтилофоти амиқ, табъиз ва яккатозиҳои тими Арг дорад.

Ин раҳбарон дили хуше аз коркардҳои заъифи ҳукумати ваҳдати миллӣ надоранд ва дар шароити кунунӣ низ барои маҳори сиёсатҳои он иқдом кардаанд. Агар фарзро бар ин бигирем, ки ин эътилоф муваққатӣ ва бар ҳасби манофеи шахсӣ шакл гирифтааст, боз ҳам ба наҳве барои тақлил ёфтани сиёсатҳои куллӣ ва якҷонибаи ҳукумат таъсир хоҳад дошт.

Агарчи то кунун дар 16 соли ахир ҳеч эътилофе пойдор набуда ва бо таваҷҷӯҳ бо имтиҳоне, ки пас додаанд, ба назар мерасад, ки зарфияте барои таърифи аҳдофи муҳим барои манофеи куллӣ надоранд, ба ҳамин далел, ин эътилофи ҷадид низ муваққатӣ аст.

Аз сӯйи дигар, аҳзоби Ҷамъияти Исломӣ (тоҷикҳо), Ҷунбиши Миллӣ-Исломӣ (ӯзбакҳо) ва Ваҳдати Исломии Мардум (шиъаёни ҳазора) аз нуфузи қобили таваҷҷӯҳе дар марказ ва шимоли Афғонистон бархӯрдоранд. Шохаи низомии ин се ҳизб дар шимоли Афғонистон то ҳудуде пас аз рӯйи кор омадани ҳукумати ваҳдати миллӣ таҷҳиз ва тақвият шуданд, то дар таҳдидот битавонанд аз манотиқи таҳти нуфуз ва манофеи худ дифоъ кунанд.

Бо ин ҳол, то кунун ин муаллафа барои маҳори якдигар истифода шуда буд, аммо ба назар мерасад, ки ин нерӯ дар мубориза бо Толибон, ДОЪИШ ва соири гурӯҳҳо, ки таҳдиди муштарак маҳсуб мешаванд низ мунсаҷимтар шавад.

ДОЪИШ таҳдиде барои манофеи ҳар се ҳизб аст ва дар ҳафтаҳои ахир дар вилояти Ҷузҷон, ки аз пойгоҳҳои муҳимми женерол Дӯстум аст низ ин гурӯҳи теруристӣ ба яке аз деҳкадаҳои он ҳуҷум бурда ва теъдоде аз сарбозони афғонро ба қатл расонд. Бо он ки акнун бахшҳое аз ин вилоят дар контроли нисбии ҳомиёни ДОЪИШ ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон қарор дорад, вале ҳеч гуна иқдоме аз сӯйи фармондеҳони Ҷунбиш сурат нагирифт.

Адами иқдоми ҷунбишиҳо дар муқобили ин мавзӯъ, нишон аз норизоятии шадиди аъзои Ҷунбиш ва ҳатто нотавонӣ дар муқовимат алайҳи пружаҳои калони иҷрошуда дар шимоли Афғонистон аст. Ҳарчанд женерол Дӯстум ҳукуматро муттаҳам ба тақвияти ДОЪИШ карда буд, вале ҳоло дида мешавад, ки иқдомоти вай монеи бузурге барои ҳукумат ва ғарбиҳо будааст.

Ҳизби Ваҳдати Исломии Мардуми Афғонистон ва Ҷамъияти Исломӣ аҳзобе ҳастанд, ки дар ҳукумат 40 дарсад шарик ҳастанд. Ин аҳзоб намояндагони форсизабонон ба шумор мераванд ва бар ин асос, дар муодилоти сиёсӣ то ҳудуде шарики давлат низ маҳсуб мешуданд, вале акнун дар як раванди тарроҳишудаи дақиқ, ҳукумати Афғонистон саъй бар канор задани муҷоҳидин ва аҳзоби сиёсии феълӣ дар Афғонистон дорад.

Ашраф Ғанӣ бо сиёсатҳои худ ба мақомот имтиёз медиҳад, то дар баробари амалкардҳои ҳукумат сукут кунанд ва бархе дигарро кам-кам аз саҳнаи қудрат ва сиёсат дур мекунад. Женерол Дӯстум ва Ато Муҳаммад Нур низ ҷузъи ин афрод ҳастанд. Бо дарки тамомии ин маворид ва низ канор задани ин мақомоти ҳукуматӣ, Ашраф Ғанӣ саъй дар диктотурӣ кардани қудрат ва ҳукумат дар Афғонистон ва низ қавмисозии он дорад, вале акнун, ки манофеи Ҷамъият, Ҷунбиш ва Ваҳдат якест, дар сурати адами дахолати манофеи шахсӣ, фурсате барои барҳам задани ин сиёсатҳои раисиҷумҳури Афғонистон фароҳам шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба мавориде, ки дар гузашта таҷриба шуда, адами эътибор ва итминони афроди опозизисиюн ба якдигар, аз мушкилоти муҳимми пеши рӯйи эътилофи шимол аст. Зеро Ато Муҳаммад Нур ҳамвора женерол Дӯстумро рақиби сарсахти худ дар шимол медонист. Танҳо мавриде, ки ин ду шахсиятро канори ҳам қарор дода, тарди ҳар дуи онҳо аз ҳукумат ва подармиёнии Муҳаққиқ барои иттиҳод аст.

Ёдоварӣ мешавад, ки аз соли 2004 то 2014 эътилофҳое миёни ин аҳзоб шакл гирифт ва аз ҳам пошид. Шакке нест, ки ин эътилоф низ пояҳои ларзоне дорад. Баъид нахоҳад буд, ки мухолифони ин шахсиятҳо низ бо ҳимояти ҳукумат, эътилофи дигаре ташкил диҳанд. Дар ин сурат, кори эътилофи “Шӯрои олӣ барои наҷоти Афғонистон” сахт хоҳад шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон, то кунун бо ҳимояти ғарбиҳо дар ҳукумат боқӣ мондааст, зеро ҳеч мухолифате бо хостаҳои онҳо надоштааст. Дар шароити кунунӣ, вай бо Ҷамъияти Исломӣ канор наомадааст, зеро манофеи онҳо ҳамҷиҳат нест.

Бо он ки эътилофи шаклгирифта бозиҳоро дар кишвар печидатар хоҳад кард, вале бояд мунтазир монд ва дид, ки сарнавишти он ба куҷо хоҳад расид.

Муҳаққиқ бо гирифтани имтиёзоте аз Арг ва бо чанд мулоқоте бо сафирони хориҷӣ оё ба роҳатӣ пойи худро канор хоҳад кашид? Ва оё Ато Муҳаммад Нур дар канори Дӯстум хоҳад монд? Бо таваҷҷӯҳ ба бархе завоёи ин эътилоф, эҳтимоли идомаи он заъиф ба назар мерасад.

Ба ҳар ҳол, дар шароити кунунӣ, ки ҷанг дар шимоли Афғонистон густариш ёфтааст, танҳо коре, ки амалӣ сурат хоҳад гирифт, даст кашидани фармондеҳони ин аҳзоб аз ҷанг бо якдигар аст, ки монеъе барои ташдиди бештари ҷанг дар ин минтақа аз Афғонистон хоҳад шуд.

Tasnimnews



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: