Тариқати Нақшбандия

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Маъруф аст, ки “Анносу аъдоу мо ҷаҳилу”, яъне мардум нисбат ба чизе, ки намедонанд ва аз он огоҳ нестанд душмананд. Дар гузашта ва имрӯз, касоне буданд ва ҳастанд, ки бар сӯфиён ва асҳоби тариқат тохтаанд; ононро ба ҷаҳлу нодонӣ ва гоҳе ба таъассуб нисбат додаанд. Решаи ҳамаи ин душманиҳо, ҷуз ҷаҳлу нодонӣ намебошад.

Имрӯза агар дида мешавад касоне ба тасаввуф ва тариқати сӯфия метозанд ва яксара тамоми бузургони ин роҳро ба ширку инҳироф нисбат медиҳанд, ба ин ҷиҳат аст, ки огоҳие нисбат ба тариқат надоранд ва агар чизе ҳам роҷеъ ба тасаввуф бар забон ҷорӣ месозанд, ҳама аз забони душманони роҳи тариқат аст, на аз сарчашмаҳо ва ё забони асҳоби воқеии тариқат.

Дар ин навиштор, бар онем, то шаммае роҷеъ ба Нақшбандия ва таълимоти ин тариқат сухан ба миён оварем. Дар оғоз сазовор аст ду муқаддимаи асосиро баён бидорам, ки огоҳӣ ба он, калиди фаҳми матолиби ин навиштор ба шумор меравад:

* * *

1) Тариқат чист?

Худованди Мутаол, ҳадаф аз офариниши мавҷудот ва ба вижа инсонро, вусули ӯ ба камоли матлубаш медонад ва камоли матлуби одамиро ёди Худо қаламдод мекунад ва мефармояд:

أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

Огоҳ бошед, ки танҳо бо ёди Худованд қалбҳо оромиш меёбанд”. (Сураи Раъд, ояти 28) Ва агар дар ояте, ҳадаф аз халқи инсу ҷиннро ибодати Худо муаррифӣ карда ва фармуда:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

Инсу ҷиннро наёфаридам, магар барои он ки Маро бипарастанд” (Сураи Зориёт, ояти 56), аммо дар ҷойе дигар, ибодат ва парастиши Худоро василае дониста барои ёди Ӯ Таоло ва фармуда:

وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي

Ва намоз барпо бидор барои ёди Ман”. (Сураи Тоҳо, ояти 14)

Урафо ва мутасаввифа ва ё ҳамон сӯфиён, ҳақиқати номбурдаро чунин баён медоранд, ки намозу рӯзаву ҳаҷҷу закоту хулоса тамоми аҳкоми ибодӣ, роҳҳое ҳастанд, ки бандаро ба мақсуд мерасонанд. Яъне, ба ин хотир Худованд ба анҷоми онҳо дастур фармуда, ки танҳо роҳҳое ҳастанд, ки одамиро ба мақсуди ҳақиқияш, ки худи Худост мерасонанд. Урафо ибодот ва аҳкоми ибодиро “шариат” ном ниҳода, мақсуди ҳақиқӣ, ки худи Худост, “ҳақиқат” унвон кардаанд, ва он гоҳ, роҳи расидан ба “ҳақиқат”-ро “тариқат” қаламдод намудаанд.

Ба иборати дигар, урафо ва сӯфиён мӯътақиданд, ки “шариат” зоҳирест, ки ботине дорад ва ботини шариат роҳ аст, ки “тариқат”-аш мехонанд ва поёни ин роҳ “ҳақиқат” аст, ки пас аз фанои ориф аз худ, ҳосил меёбад. Ин аст, ки ориф ва сӯфӣ, ба се чиз мӯътақид аст: шариат, тариқат, ҳақиқат. Ӯ мӯътақид аст, ки шариат василаест барои тариқат ва тариқат василаест барои ҳақиқат.

* * *

2) Чаро туруқи сӯфия гуногунанд?

Инки туруқи сӯфия воҳид нестанд, балки яке нақшбандия аст, дигаре қодирия, севвуме кубравия, чаҳоруме яссавия ва ғайра… ва ҳар яке, роҳи расидан ба ҳақиқатро ба равише хосс баён доштааст, ба ин хотир аст, ки ин роҳҳо (ва ба истилоҳ, тариқатҳо) таҷрубаи хосси раҳрави он, ки ба василаи он ба ҳақиқат расидааст мебошад. Масалан, агар яке мегӯяд, мурид бояд рӯзона чунин азкору чунон авродеро анҷом бидиҳад, ва дигарӣ мегӯяд, бояд фалон ҳаракотеро анҷом бидиҳад ва ғайра, дар воқеъ инҳо таҷрубаҳои шахсии он раҳрави роҳи ҳақиқат аст, ки бо анҷоми онҳо, худ ба ҳақиқат расида ва он гоҳ муридони худро тавсия мекунад, ки агар бихоҳед ба ҳақиқат бирасед, роҳаш ин асту он аст.

Албатта, лозим ба ёдоварист, ки дар ин ҷо вақте сухан аз сӯфиву туруқи сӯфия ба миён меоварем, мақсудамон муддаъиёни дурӯғини тасаввуф нестанд, ки сӯфигарӣ барояшон шуғле шуда ва дӯконе боз кардаанд ва ба тиҷорат мепардозанд, балки манзурамон, урафо ва сӯфиҳои воқеӣ ҳастанд.

Инак, мепардозам ба баёни мавзӯи мавриди назари ин мақола:

* * *

Бунёнгузор ва риҷоли тариқати Нақшбандия

Нақшбандия тариқатест мансуб ба Хоҷа Баҳоуддин Муҳаммади Нақшбанди Бухороӣ (718-791 ҳ.қ). Албатта Баҳоуддинро бунёнгузор ва муассиси ин тариқат наметавон шумурд; зеро ки тариқати ӯ дунболаи тариқати Хоҷагон аст, яъне тариқат ва сулуке, ки Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ (440-535ҳ.қ) ва Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ (вафотёфтаи соли 575 ҳ.қ) бунён ниҳода буданд. Хоҷа Баҳоуддин, ки худ аз ҷонишинони Абдулхолиқ таълим дида буд, дар воқеъ эҳёкунанда ва ислоҳгари тариқати Хоҷагон буд, ва аз ин рӯ, тариқати Нақшбандӣ омехтаест аз таълимоти Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ва Баҳоуддини Бухороӣ.

Тариқати Нақшбандӣ дар андак муддате дар Фарорӯд ва Хуросон ривоҷ ёфт ва пас аз Баҳоуддин, ҷонишинони ӯ; Хоҷа Алоуддини Аттор (вафотёфтаи соли 802 ҳ.қ), Муҳаммади Порсо (вафотёфтаи соли 822 ҳ.қ) ва Мавлоно Яъқуби Чархӣ (вафотёфтаи соли 851 ҳ.қ) бар маснади иршод нишастанд, ки дар тарвиҷи ин тариқат саҳми қобили таваҷҷӯҳе доштанд. Баъд аз инон, Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор (806-895 ҳ.қ) омад, ки машҳуртарин ва бонуфузтарин машойихи асри темурӣ аст. Дар аҳди ӯ, ин тариқат ба қуллаи нуфузу шӯҳрату ривоҷ расид.

* * *

Тариқати Нақшбандия

Тасаввуфи нақшбандӣ, тариқате мӯътадил ва миёнарав аст. Пайравӣ аз суннат, ҳифзи одоби шариат ва дурӣ аз бидъат, асоси ин тариқат аст. Дар он, на хилват (1) аст, на узлат (2) ва на зикри ҷаҳру (3) на самоъ (4). Он чи дар таъолими нақшбандӣ беш аз ҳама такрор шудааст, яке пайравӣ аз суннат аст ва ҳифзи шариат, ва дигар таваҷҷӯҳ ба Ҳақ аст ва нафйи хавотир (он чи бар азҳон хутур мекунад). Бино ба навиштаи нависандагони ин тоифа, тариқати нақшбандӣ ҳамон тариқати саҳобаи киром (р) аст бо риояти ин асл, ки на чизе бар он шева биафзоянд ва на чизе аз он бикоҳанд. Ҷомӣ дар “Нафаҳотул-унс” менависад: “Тариқати эшон эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат аст ва итоати аҳкоми шариат ва иттибои (пайравии) сунани Сайидул-мурсалин (с) ва давоми убудият (бандагӣ), ки иборат аст аз давоми огоҳӣ ба Ҳақ Субҳонаҳу бе музоҳимати шуъур ба вуҷуди ғайре.”(5)

Мактаби нақшбандӣ чилланишинӣ ва хилватгузиниро бо усули “хилват дар анҷуман, сафар дар ватан” тард мекунад. Сӯфии нақшбандӣ бояд ба зоҳир бо халқ бошад ва ба ботин бо Ҳақ; бо мардум даромезад ва аз бекорагӣ ва ёвагӣ бипарҳезад. Сухани Абдулхолиқи Ғиждувонӣ аст, ки: “Дари хилватро дарбанд ва дари хидматро бигушой.”(6)

Аз Баҳоуддини Нақшбанд пурсиданд: “Дар тариқати шумо зикри ҷаҳру хилвату самоъ мебошад?

Фармуд: “Намебошад.”

Пурсид: “Бинои тариқати шумо бар чист?

Фармуд: “Хилват дар анҷуман: ба зоҳир бо халқ ҳастанд ва ба ботин бо Ҳақ.”(7)

Ва низ ҳам ӯ гуфтааст: “Тариқати мо сӯҳбат (мусоҳибат ва ҳамроҳӣ бо мардум) аст, ва дар хилват офати шӯҳрат аст. Хайрият дар ҷамъият аст, ва ҷамъият дар сӯҳбат, ба шарти нафйи будан дар якдигар.”(8)

Ҳамин осонӣ, соддагӣ ва эътидоли сулуки нақшбандӣ, яке аз иллатҳои ривоҷи он шуд; он чунон ки ин тариқат, аз Чин то Тотористону Қафқозу Туркия ва аз Ҳиндустон то Мисру Шом ва аз Балху Бухоро то Басраву Бағдод ва аз Тӯрон то Эрон – хулоса дар ҳамаи билоди исломӣ – интишор ёфт. Ва дар тӯли ду қарн, яке аз бузургтарин ва пурнуфузтарин туруқи сӯфия гардид.

Миёнаравии нақшбандиён ва пойбандии онон ба шариат сабаб шуд, ки бисёре аз олимони дин ба ин тариқат бигароянд ва ба ҳалқаи нақшбандиён дароянд ва фосилае миёни тариқат ва шариат набинанд; он чунон ки касе чун Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ (974-909 ҳ.қ) дар бораи ин тариқат гуфтааст: “Тариқати олии солим аз кудуратҳои ҷоҳилони сӯфия, тариқати Нақшбандия аст.”(9)

Бо ин ҳама, ин тариқат дар торихи худ ҷараёне воҳид ва ҳамсон надоштааст. Бо гузашти замон, монанди аксари мактабҳо ва мазҳабҳо, якнавохтии он аз миён рафт ва гуна-гуна рангҳое ёфт.

Ибтидо тариқати Нақшбандия дар Бухоро дар миёни мардуми миёнаҳоли шаҳрӣ ва низ порае аз рустоҳои атрофи он роҳ ёфт. Дар давраҳои баъдӣ, табақоти мумтози ҷомеа аз амирону муҳташамону руҳониёни муқтадир ба ҷиргаи нақшбандиён даромаданд. Вагарна, дар оғоз сӯфиёни нақшбандӣ бештар аз бозориёну пешаварон буданд, чунон ки худи Баҳоуддин пешаи нақшбандӣ доштааст. Падари Саъдуддини Кошғарӣ бозаргон буд ва ба сафарҳои тиҷорӣ мерафт. Ниёи Убайдуллоҳи Аҳрор низ аксари авқот ба зироат ва гоҳе ба тиҷорат машғул буд. Дар кутуби маноқиб ва тароҷуми нақшбандӣ аз ҷумла “Рашаҳот” ва “Анисут-толибин” мебинем, ки сӯфиёни нақшбандӣ бештар аз мардуми пешавар ва бозорӣ будаанд.

* * *

Дар тариқати Нақшбандӣ, иштиғол ба сиёсат ва умури иҷтимоъ айни диёнат аст

Бисёреро гумон бар ин аст, ки гӯё аз миёни дигар ҷараёнҳои исломӣ, тариқат маслакест, ки сару коре ба умури ҷомеа надорад ва сӯфиён ҳамвора аз иштиғол ба умури сиёсӣ дурӣ гузидаанд.

Албатта, ин бардошт бе асосу поя нест; порае аз туруқи тасаввуф, ки бештар ба тарбияти фардии мурид таъкид меварзанд, иштиғол ба умури иҷтимоӣ ва омезишу ихтилот бо халоиқро навъе дунёгароӣ ва аз ин рӯ муридони худро аз он барҳазар доштаанд.

Аммо, чунин манише, бар фарз дар мавриди соири туруқи сӯфия сидқ бикунад, вале дар хусуси тариқати Нақшбандия ҳаргиз сидқ намекунад. Зеро чунон ки дар боло ёдоварӣ шуд, поягузорон ва риҷоли тариқати Нақшбандия, ба шиддат аз узлатгузинӣ ва дурӣ ҷустан аз ҷомеа ва парҳез аз омезиш бо халоиқ, наҳй фармудаанд.

Инки “сӯфии нақшбандӣ бояд ба зоҳир бо халқ бошад ва ба ботин бо Ҳақ; бо мардум даромезад ва аз бекорагӣ ва ёвагӣ бипарҳезад”, ба чӣ маъност? Оё ҷуз ин ки ҳамвора миёни мардум ва дар хидмати онон бошад?

Инки поягузори ин тариқат Абдулхолиқи Ғиждувонӣ мефармояд: “Дари хилватро дарбанд ва дари хидматро бигушой”(10) ба чӣ маъност? Оё ҷуз он ки ҳамвора дар васати мардумон камар ба хидмати эшон бибанд?

Инки Баҳоуддини Нақшбанд мегӯяд: “Хайрият дар ҷамъият аст, ва ҷамъият дар сӯҳбат…”, оё ҷуз ба ин маъност, ки тариқати мо, дар миёни мардумон ва ҷамъият будан аст?

Ҳунар ин нест, ки мусалмон, ба дур аз ҷомеа, ба зикру ёди Худо бошад, балки ҳунар дар ин аст, ки дар айни будан дар васати мардум ва иштиғол бо кору фаъолиятҳои иҷтимоӣ, ба ёди Худо бошӣ.

Риҷоли тариқати Нақшбандия на танҳо бо забон чунин гуфтаанд, балки амалан худ миёни ҷомеа буданд ва камар ба умури сиёсат бастаанд ва ҳамвора ҳидоятгарон ва роҳнамоёни мардум дар умури иҷтимоияшон буданд. Ба унвони намуна, Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор аз бонуфузтарин риҷоли сиёсат дар замони темуриён шумурда мешуд ва чун умаро ӯро ба муршидӣ пазируфта буданд, ҳамвора онҳоро хатт медод ва дар умури сиёсат ва давлатдорияшон роҳнамоӣ мекард. Агар медид, сиёсатмадоре ба андозаи тори мӯйе аз роҳи дурустӣ мунҳариф ва бар хилофи дастуроти исломӣ амале анҷом медод, дар баробари ӯ меистод ва сухани ҳақ мегуфт.

Болотар аз ин, риҷоли тариқати Нақшбандия чунон буданд, ки ҳар гоҳ ватан тӯъмаи душман ва мавриди таҷовуз қарор мегирифт, камари муҷоҳидат ва мубориза мебастанд ва бар алайҳи мутаҷовизин аз хоки миҳан ба дифоъ бармехостанд, на ин ки гӯшаи узлат гузида, гуфта бошанд, ки: “Мо коре ба сиёсат надорем!

Шайх Шомил, раҳбари муборизони қафқозӣ, ки бо мутаҷовизини русӣ дар Қафқоз солҳои тӯлонӣ пайкор намуд, аз машойих ва муршидони тариқати Нақшбандия буд.

Бисёре аз муборизони фарорӯдӣ (аз ҷумла дар Аморати Бухоро, ки Тоҷикистон ҷузъе аз он буд), ки ҳангоми таҷовузи русҳо ба ин сарзамин раҳбарӣ ва ҳидояти гурӯҳҳои чарикӣ дар ҷанг алайҳи мутаҷовизини болшевикро бар ӯҳда доштанд, аз бузургони тариқати Нақшбандия буданд.

Бисёр ҷойи таассуф аст, ки имрӯза бархе аз касоне, ки иддаои пайравӣ аз тариқати Нақшбандияро дар Фарорӯд аз ҷумла Тоҷикистони азизамон доранд, бо баҳона қарор додани ин ки гӯё “тариқат аз сиёсат ҷудо” бошад, ҳеч вокунише аз худ дар баробари ситаму зулмҳое, ки аҳёнан тавассути бархе аз сиёсатмадорон ва давлатмардон сурат мегирад, нишон намедиҳанд, балки ҳамвора аз имзокунандагону таъйидкунандаҳои амали ҳар сиёсатмадору давлатдоре қарор гирифтаанд.

* * *

Барҷастатарин чеҳраҳои нақшбандия дар замони муосир дар Тоҷикистон (то ҷое, ки медонам ва шунидаам) иборатанд аз: марҳум Эшони Абдурраҳмонҷон, марҳум Домулло Абдураҳими Элокӣ, марҳум Домулло Абдуррауф (амуи Абдумалик Абдуллоҷонов) марҳум Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, марҳум Эшони Субҳонқулихон, марҳум Домулло Мирисо, марҳум Эшони Сайидашраф, марҳум Махдуми Абдулқодир (падари муфтии феълӣ), Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, Домулло Абулҳай  ва ғайра…

Ва аммо марҳум Эшони Тӯраҷон ва низ Эшони Абдулхалилҷон инҳо аз пайравони тариқати Қодирия ҳастанд, ки дар мақолаи баъдӣ роҷеъ ба ин тариқат ба тафсил хоҳам навишт.

* * *

Пайнавишт:

(1) Хилват, дар луғат ҷойи холӣ аз ғайр ва низ танҳоӣ маъно медиҳад, ва дар истилоҳ он аст, ки фард бо Худои Таоло хилват кунад ва ҷуз ёди Ӯ ғайреро ба дил роҳ надиҳад. Дар шариати ислом, бар хилофи дигар ойинҳо, дар умуре монанди хилват гузидан, ифроту тафрит роҳ надорад.

(2) Узлат, берун омадан аз ихтилоту доду ситад бо халоиқ ва қатъи алоқаҳост.

(3) Зикр, дар луғат ёд кардан аст ва дар ахлоқ ва ирфон, ба забон ё дил Худоро ёд доштан. Ба баёни дигар: зикр истилои мазкур бар дил аст ва ақсоме дорад, ки яке аз он ҷаҳр, яъне ошкор ёд кардани Худост.

(4) Самоъ, дар луғат шунидан аст. Ба маънои суруру шодӣ ва пойкўбӣ ва дастафшонӣ низ омадааст.

(5) Ҷомӣ; Нафаҳотул-унс, с 413.

(6) Рашаҳоту айнил-ҳаёт, с 451, Рисолатун қудсия, с 54.

(7) Ҷомӣ; Нафаҳотул-унс, 386, Анисут толибин, с 66, Рашаҳот, с 42.

(8) Анисут толибин, с 94, Нафаҳотул-унс, с 387 ва низ Рашаҳот, с 43.+

(9) Муқаддимаи Қудсия, с 11.

(10) Рашаҳоту айнил-ҳаёт, с 451, Рисолатун қудсия, с 54.

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Ислоҳи динӣ, Машоҳир, Посух ба шубаҳот, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: