Тариқати Қодирия

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тариқати Қодирия яке дигар аз туруқи тасаввуф мебошад. Дар бораи асли тариқат ва ин ки чаро ба дастаҳое гуногун тақсим шуда, дар мақолаи “Тариқати Нақшбандия” баҳс кардем ва ниёзе ба такрори он нест.

Бунёнгузори тариқати Қодирия

Тариқати Қодирия, чунон ки аз номаш бармеояд, тавассути Сайид Абдулқодири Гилонӣ (471-561 ҳ.қ) таъсис шуда. Ӯ аз наводагони Имом Ҳасани Муҷтабо, наваи гиромии ҳазрати Расули Акрам (с) аст. Гилонӣ дар фиқҳ ҳанбалӣ ва дар ақида ашъарӣ буд. Албатта, фатвоҳои ӯ мувофиқи ду мазҳаби шофеӣ ва ҳанбалӣ мебошанд.

Дар қарни 5-уми ҳиҷрии қамарӣ, дар ҳоле ки тасаввуф ва тариқат дар ҳоли ҷудоӣ аз шариат буд, Абдулқодири Гилонӣ ба унвони яке аз сарсахттарин мухолифони ин ҷудоӣ, дар ҷиҳати ҳамоҳангии тариқат бо шариат талош кард ва итоат ва пайравӣ аз Қуръон ва суннат ва ҳокимият бахшидан ба онҳоро дар ҳамаи шуъуни зиндагӣ, асоси ҳамаи умур медонист. (1)

Дар назари ӯ, тасаввуф натиҷаи баҳсу гуфтор нест, балки ҳосили бахшандагӣ, таслими шодмона, сабр, иртиботи доим бо Худо аз тариқи дуо, хилват, саёҳату сайр дар офоқ ва анфус, фақр, тавозӯъ, якрангӣ, ростӣ ва… аст. (2)

Гилонӣ дар гуфтори 54-умаш аз китоби “Фатҳур-раббонӣ”, ба мардум панд медиҳад, ки орзуҳо ва ҳавоҳои нафсонии худро аз ҳар навъ, ки бошад бикушанд ва лаззату сурурро дар фано биҷӯянд.

Ӯ “фақр”-ро маркаби инсон барои вусул ба манзил медонад ва ҳамчунин “ҳол”-ро чизе медонад, ки ба забони қол (гуфтор) намеояд, ва асл ва ҳақиқати “муҳаббат”-ро фанои муҳибб дар маҳбуб медонад.

Бино ба бовари ӯ, мардум чаҳор дастаанд:

1) Гурӯҳи аввал на забон доранд ва на дил, тобеъи ҳавосс ҳастанд, таваҷҷӯҳе ба ҳақиқат надоранд;

2) Гурӯҳи дуввум забон доранд, вале дил надоранд, суханони инон зебо ва дилашон торик аст ва комҷӯ ва исёнталабанд;

3) Гурӯҳи севвум дил доранд, вале забон надоранд, онон мӯъминони ростин ҳастанд, ки барои саломати руҳи инон сукут ва хилват беҳтар аст;

4) Гурӯҳи чаҳорум, ки ҳам дил доранд ва ҳам забон, молики ҳақиқии маърифати Худо ва сифоти ӯ ҳастанд, инон ба волотарин марҳила метавонанд даст ёбанд… (3)

Абдулқодири Гилонӣ бо таваҷҷӯҳ ба мақомоти сӯфиёна, чаҳор марҳиларо ба даст медиҳад:

1) Нахустин марҳила, марҳилаи “вараъ” аст, ки банда мутеъи шариат аст ва танҳо ба Худо умедвор ва ҳаргиз ба мардуми дигар мутавассил намешавад;

2) Дуввумин марҳила, марҳилаи “ҳақиқат” аст, ки бо мақоми вилоят якест, банда аз амри Худо итоат мекунад. Ва худи ин итоат ва фармонбардорӣ ду навъ аст: аввал, ҳифзи инсон аз ҳар гуна гуноҳи ошкору пинҳон. Навъи дуввум, итоат аз нидои ботин, ки ҳама барои Худо гардад;

3) Марҳилаи севвум “тафвиз” аст, ва он замонест, ки банда яксара худро таслими Худо мекунад;

4) Марҳилаи чаҳорум ва охирин, фаност, ки хосси абдол яъне муваҳҳидони ростин ва орифон аст.

Гилонӣ дар асри худ таҳаввули бузурги фарҳангӣ дар миёни мусалмонон падид овард ва мардумро аз тавассул ба коргузорони хулафои аббосӣ барҳазар дошт, ва онҳоро ба таҷдиди назар дар рафтори худ ва таваҷҷӯҳ ба Худо даъват кард. (4)

Ӯ дар яке аз маҷолиси ваъз (дар китоби “Фатҳур-раббонӣ”) чунин мегӯяд:

Эй, ки ба хештан, ба мардум, ба пулу сармоя, ба муомила, ба султону ҳоким ва дигар чизҳо таваккул намудаӣ! Бидон, ки ҳамаи онҳо ба ростӣ Худои ту шудаанд!… Эй бандагони ҳалқа ба гӯши бути сарват ва бути ҳукумат! Бидонед, ки онҳо миёни шумо ва Худои воҳид девори устувореро эҷод кардаанд. Ҳар кас тасаввур кунад, ки нафъу зиёнаш дар дасти ғайри Худованд аст, ба ростӣ бандаи Худованд нест, балки абди ҳамон чизест, ки нафъу зарари худро аз ӯ металабад”. (5)

Чунонки гуфта омад, яке аз хадамоти ӯ, ислоҳи тасаввуф ва полоиши он буд. Талошҳои ӯ дар ҷанбаҳои зер қобили зикр аст:

1) Полоиши тасаввуф аз чизҳое, ки бо он омехта шуда буд ва бозгардонданаш ба рисолати аслӣ;

2) Ҳамла ба ононе, ки аз роҳи тасаввуф мунҳариф гашта буданд ва онро василаи зоҳирсозии худ қарор дода ва маънояшро тағйир дода буданд. Ӯ бидуни он ки аз тоифаҳои сӯфия ном бибарад, онҳоро дастабандӣ кард, то хусусиётеро, ки боиси пойбандии тасаввуф ба китоб ва суннат аст бинумоёнад ва ҳам бидуни барангехтани душманӣ ё нороҳатӣ, имкони ислоҳи мунҳарифонро фароҳам созад;

3) Эҷоди низом миёни тариқатҳои сӯфия ва ваҳдат бахшидан байни машойихи онҳо;

4) Ваҳдати амал дар ҳаракати сӯфия;

5) Тариқатҳои гуногун муридон ва талабаҳои сатҳи болои худро, ки шоистаи шайх шудан дар оянда буданд, ба мадрасаи Қодирия мефиристоданд;

6) Иртибот байни фиқҳ ва тасаввуфро мустаҳкам гардонид, то ҷойе, ки касе ки фақеҳ мешуд, фиқҳу тасаввуфро бо ҳам дошт ва инро комил шудани шариат ва тариқат мехонданд;

7) Хуруҷи тасаввуф аз гӯшагирӣ ва узлат ва рӯёрӯии он бо таҳдидоте, ки мутаваҷҷеҳи ҷаҳони ислом буд. Тибқи нақли торих, мадрасаи Қодирия нақши асосӣ дар таҷҳиз ва омодасозии нерӯҳо барои рӯёрӯӣ бо хатари салибиҳо дар Шом дошт. Ин мадраса ҷавононеро, ки ба далели вуруди салибиҳо маҷбур ба фирор шуда буданд омода мекард ва таҳти фармондеҳе варзида ба ҷабҳаи ҷанг бозмегардонд.

8) Гилонӣ ҳамвора ҳокимони худкомаро мавриди интиқод қарор медод, аммо ҳокимон бо таваҷҷӯҳ ба маҳбубияташ дар миёни мардум, имкони рӯёрӯӣ бо вайро надоштанд. Ибни Касир мегӯяд: “Имом Абдулқодир ҳеч гоҳ аз андарзи ҳакимона ва интиқоди ғайратмандонаи ҳокимон ва қозиён ғафлат намеварзид ва ба сахтӣ сулуки сарсупурдагони салотинро мавриди мазаммат қарор медод ва онҳоро ба сироти мустақими дини Худованд фаро мехонд”. (6)

Дар китоби “Қалоидул-ҷавоҳир” нақл шудааст:

Ҳангоме ки Алмуқтазӣ Биллоҳ, халифаи аббосӣ, мақоми қозиюлқузотии Бағдодро ба одами бекифояте монанди Абулвафо Яҳё ибни Саъид супурд, ҳазрати Абдулқодир дар намози ҷумъае, ки халифа низ дар он ҳузур дошт, хитоб ба ӯ гуфт: эй халифа! ту, ки одами бекифоят ва номақбулеро ба мақоми қазоват ва расидагӣ ба мазолими мардум гумоштаӣ, дар фардои қиёмат ва ба ҳангоми ҳузур дар маҳзари ҳазрати Ҳақ ва баррасии номаи аъмолат чӣ ҷавобе барои гуфтан хоҳӣ дошт? Халифа аз суханони содиқона ва хайрхоҳона ва дар айни ҳол ғайратмандонаи Имом Абдулқодир мунфаъил гардид ва фардои ҳамон рӯз дастури азли қозиюлқузотро содир намуд”. (7)

* * *

Баъзе аз таълимоти тариқати Қодирия

Умдаи омӯзаҳои ин тариқат, ҳамон таълимотест, ки Сайид Абдулқодири Гилонӣ дар китобҳои худ марқум намуда ва бо шаммае аз он дар боло ошно шудем, ва меҳвари онҳо, “пойбандӣ ба китоб (Қуръон) ва суннат” аст; чунонки худи Гилонӣ мегӯяд:

طريقتنا مبنية على الكتاب والسنة فمن خالفهما فليس منا

Тариқаи мо мубтанӣ бар китоб ва суннат аст, ҳар ки бо ин ду манбаъ мухолифат варзид, аз мо нест.” (8)

Ва ҳам ӯ гӯяд:

اجعل الكتاب والسنة جناحيك طر بهما إلى الله

Китоб ва суннатро ду боли худ қарор бидеҳ, ки ба воситаи онҳо ба сӯйи Худо парвоз мекунӣ”. (9)

Ва дигар, “пойбандӣ ба шариат” аст, чунонки Эшони Абдухалилҷон, аз машойихи тариқати Қодирия дар Тоҷикистон мегӯяд:

Дар тасаввуф аввал шариъат аст ва вақте ки шахс ҷазбаи шариъатро аз худ кард, дар ҷазбаи тариқат қадам мениҳад. Роҳи тариқат тақво ва парҳезгорӣ аст. Шариъат ҳамчу шамъ аст, раҳ менамояд ва бе он ки шамъ ба даст оварӣ, роҳ рафта нашавад ва чун дар роҳ омадӣ, он рафтани ту тариқат аст ва чун расидӣ ба мақсуд, он ҳақиқат аст. Ё мисоли шариъат ҳамчу илми тиб омӯхтан аст ва тариқат парҳез кардан ба мӯҷиби тиб ва доруҳо хӯрдан ва ҳақиқат сиҳҳат ёфтани абадӣ ва аз он ҳар ду фориғ шудан. Чун одамӣ аз ин ҳаёт мирад, шариъату тариқат аз ӯ мунқатеъ шавад ва ҳақиқат монад. Тариқат ин аст, ки Бедил гуфта:

Кушоди уқдаи дил бе гудози худ бувад мушкил,

Ба ҷуз сӯзан набикшояд гиреҳ аз тори гавҳарҳо.” (10)

Ба илова, порае дигар аз одоб дар ин тариқат вуҷуд дорад, ки ба назар мерасад, тавассути машойихи ин тариқат пас аз Гилонӣ поярезӣ шудаанд, ва иборатанд аз:

1) Машойихи ин тариқат мӯътақиданд, ки дарки ҳақиқат ва вусул ба Ҳақ бо самоъ имконпазир аст. Эшони Абдухалилҷон дар ин бора мегӯяд: “Чун равияи мо ҷаҳрия аст, бо садои баланд зикр гуфта ва ба самоъ мераванд. Мо ин равишро нигоҳ медорем. Равиши мо зикри миншор (арра) аст. Яъне ҳаракоти дасту пой мисли арра кардан аст. Қалби инсон ду сӯрохӣ дорад. Дар дили зокир нури соф мерезад, ӯро иҳота мекунад. Зикрҳои дигаре ҳастанд, назири зикри ҳаддодӣ мисли зарбаи оҳангарон, зикри ҷорӯб… Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар “Маснавӣ” мегӯяд:

Ҷорӯбе додааст ба дастам он нигор,

Хезу барангез аз ин дарё ғубор.

Манзур аз нигор ин ҷо Худованд аст. Худованд ба ту мадад карда ва роҳ намудааст, бояд худ ин корҳоро иҷро кунӣ...” (11)

Қозидомулло Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ дар ёддоште дар вокуниш ба интиқод аз самоъ ва куллан тариқат аз сӯйи бархеҳо хотирнишон карда буд: “Агар шумо аз торихи Исломи азиз бохабар бошед, дар ҳама манотиқ равияи сӯфиҳо бо таври ниҳоят густардае фаъолият мекарданд. Ҳам дар шимоли Африқо, Халиҷи Форс, Ҳиҷоз, Қафқоз, Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон ва Покистону Бангладеш вуҷуди густарда доштанд. Мардумро ба роҳи рост ва покии нафс ҳидоят мекарданд. “Фазкуруллоҳа зикран касиро” — Худованди Бузургро ниҳоят зиёд зикр намоед, беадад. Бо панҷ вақт намозро хонда, ҷимакак гаштан кор буд намешавад. Худои Бузург аз бандаҳояш ихлос, муҳаббат, садоқат… мехоҳад. Хулоса, аз асри 9-10 сар карда тасаввуф паҳн шуд.

Ҳазрати Мавлонои Рум дар ҳалқаи зикрашон рақсу садои мусиқӣ, хусусан найро иҷоза дода буданд. Ҳазрати Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Шайх Баҳоуддини Нақшбандӣ, ҳазрати Саид Қаландаршо бо тахаллуси Ҷунунӣ, ҳазрати Мавлоно ва ҳазрати Амирҷон ҳама пирони тариқат буданд. 25-30 сол пештар ҳазрати Эшони Тӯраҷон, ҳазрати Эшони Абдурраҳмонҷон ва Эшони Шайх дар Ҳисор аз пирони тариқат буданд ва ҳалқаҳои зикр доштанд.

Навори аввал ҳалкаи зикр нест. (Ишорат ба наворе, ки Озодӣ мунташир карда буд). Салафиҳо монтаж кардаанд. Агар чунин набошад чаро расми пирашонро нишон надодаанд? Ҳалкаи дуввум ҳалкаи зикри Эшони Халилҷон мебошад. Ҳеч мухолифате ба Ислом ва фиқҳи исломӣ надорад. Илова ба ин эшон, эшони Абдулвоҷид дар Қалъаи Нави Файзобод, Домулло Ҳикматулло дар ноҳияи Тоҷикобод низ ҳалқаҳои зикр доранд, вале бо равияи Нақшбандия. Эшони Халил дар равияи Қодирия мебошанд. Ҳар ду равия ҳақ ҳаст ва касе ба ҷуз аз салафиҳо инро инкор намекунад. Саҳобаҳое аз аҳли суффа дар масҷиди Пайғамбари Худо (с) ҳамеша ҳалқаи зикр доштанд…” (12)

Албатта, бино ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон (фарзанди барӯманди Эшони Тӯраҷон), самоъ ва рақси сӯфиёна ба ин сурате, ки имрӯза роиҷ аст, дар тариқати Қодирия мавҷуд нест. Ӯ мегӯяд: “Аммо самоъ ва рақсҳои сӯфиёна, ки дар назари фуқаҳо, ба вижа фуқаҳои ҳанафӣ мамнӯъ аст, дар тариқати Қодирия нест ва инро Мавлавӣ Ҷунунӣ ҳам манъ кардаанд. Зикри муридони мо ба сурати ҳалқа нишастан ва бо садои баланду нарм тасбеҳ гуфтан аст. Оре, гоҳе ҳолатҳое мешаванд, ки дар аснои зикри ҷаҳрия касе аз худ бехуд шуда, фарёд мекунад ва ё дар ҷойи нишасташ мисли мурғи нимбисмил дар тапидан медарояд ва ҳар гуна рафторҳои ҷазбу ҷунуномез мекунад. Вале ба сурати умум, ҳалқаи зикри муридони ҳазрати қиблагоҳӣ ором ва бидуни рақсу самоъ баргузор мешавад…” (13)

2) Чунонка дар миёни силсилаҳои сӯфия барномаи пиру муридӣ аз аркони тасаввуф ба шумор меояд ва мурид бояд мустақиман таҳти назорати муршид ва қутб қарор дошта ва таслими бечуну чарои ӯ бошад, тариқати Қодирия ин эътиқодро чунин баён медоранд, ки қутб ва муршид, ки ҳамон устод бошад, бо Паёмбари ислом (с) робитаи руҳӣ ва ботинӣ дорад ва соликон ва муридон танҳо бо пайравӣ аз муршид ва бо байъат бо шайхи тариқат метавонанд ин робитаро ҳосил намоянд. Ва байъат ҳам бо гузоштани дасти мурид дар дасти шайхи тариқат таҳаққуқ пайдо мекунад, ва бад-ин тартиб як навъ таъаллуқ ва алоқае байни мурид ва муршид ба вуҷуд омада ва аз ин тариқ бо ҳазрати Паёмбари ислом (с) метавонанд робитаи ботинӣ ва руҳӣ дошта бошанд. (14)

3) Дар тариқати Қодирия бино бар эътиқоди Абдулқодири Гилонӣ, инсон дорои ҳафт нафс мебошад: нафси аммора, нафси лаввома, нафси мулҳама, нафси мутмаинна, нафси розия, нафси марзия ва нафси комила.

Ҳарчанд ин ановин аз мутуни исломӣ ахз шудааст, лекин дар тариқати Қодирия аввалан барои соҳибони ин нуфус аломоте, ки ҳамагӣ дар хоб дида мешавад зикр гардидааст, масалан мегӯянд, соҳиби нафси аммора хинзирро дар хоб мебинад ва соҳиби нафси мутмаинна анбиёро ва соҳиби нафси розия ҳурулайн ва соҳиби нафси комила нур, хуршед, қамар ва амсоли инҳоро мебинад. Сониян, барои халосӣ аз нуфуси разила ва иртиқо ба нуфуси олия азкореро дар қолиби асомии Худованд суфориш намудаанд.

Ва якчанд одоби дигаре низ вуҷуд дорад, ки мақола дигар гунҷоиши зикри ҳамаи онҳоро надорад.

* * *

Тариқати Қодирия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, чунонки медонем, ин тариқат пайравоне дошта ва имрӯза ҳам дорад. Яке аз машойихи ин тариқат, Эшони Абдухалилҷон мебошад, ки дар боло суханоне аз эшонро овардем. Ҳамчунин, ҳазрати Эшони Тӯраҷон низ аз пайравони ин тариқат буданд. Албатта, бино ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон (фарзанди эшон), марҳуми Эшони Тӯраҷон ба ҳар ду тариқати Қодирия ва Нақшбандия пойбанд будаанд. Эшони Маҳмудҷон дар ин хусус мегӯяд:

Бо иршоде, ки аз падарашон гирифта буданд, ҳазрати қиблагоҳӣ дар тасаввуф аз пирашон Мавлавӣ Ҷунунӣ пайравӣ мекарданд. Мавлавӣ Ҷунунӣ ҳар ду ҷараёни тасаввуф, ҳам хуфяву ҳам ҷаҳрия, яъне ҳам тариқаи нақшбандия ва ҳам тариқаи қодирияро қабул доранд ва инҳо дар навиштаҳошон тасвиб шудаанд. Мавлавӣ Ҷунунӣ мегуфтанд, ки барои нафъи оммаи мардум зикри ҷаҳрия беҳтар аз зикри хуфя аст. Чун дар равиши хуфя зикру тасбеҳ паст ва дар дил гуфта мешавад ва он таъсири камтаре ба руҳияи мардум дорад. Вале дар равиши қодирия ин тавр нест. Ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ (алайҳирраҳма) дар китоби “Маъданул-ҳол”-и хеш дар ин робита мефармоянд:

Барои нафъи мардум ҷаҳр авло,

Ки гиранд бандагонаш файзи Мавло.

Ва муридони қиблагоҳии мо низ дар манзили мо бо ҳамин равияи ҷаҳрия зикри шаб мегуфтанд. Ман аз кӯдакӣ ёд дорам, ки дар меҳмонхонаамон дар нисфҳои шаб садои зокирҳо баланд мешуд. Мо кӯдак будем ва дар саҳни ҳавлӣ, дар болои кат хоб мекардем. Дар нисфи шаб садои нолаҳошон, садои зикру тасбеҳашон баланд мешуд. Зикрҳое, ки ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ дар китобҳои худ оварда буданд, муридони қиблагоҳӣ аз бар кардаву ҳар шаб тақрибан як соат пеш аз он ки субҳ дамад, мехонданд. Ва ин зикрҳо хеле зиёданд, ки дар таркибашон тасбеҳу ҳамди бешумор баргирифта аз аҳодиси набавӣ доранд, ниёишҳо доранд, ки қалби ҳар ширкаткунандаро бидуни шак тасхир мекунад. Баъзе пораҳои шеърӣ ҳастанд, ки ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ ба зикру тасбеҳоти шаб илова кардаанд. Ва дар канори ин зикру тасбеҳот садои гиряву зорӣ ба даргоҳи Худованд ҳам баланд мешуд.

Ҳазрати қиблагоҳӣ ин ҳамаро то ба охир ба муридонашон таълим медоданд, онҳоро ба зикр даъват менамуданд ва аз фазилати хондани ҳар зикру тасбеҳ ба онҳо маълумот медоданд. Хатто солҳои охир ба ёдам ҳаст, ки бо амри эшон зикрҳоро дар варақҳо менавиштанд ва дар дастгоҳи ксерекс нусхабардорӣ менамуданд ва дар байни муридонашон тақсим мекарданд. 

Ҳоло ҳам дар меҳмонхонаи мо баъзе халифаҳои эшон ҳастанд. Онҳо маъмулан шабҳои ҷумъа меоянд ва нимишабӣ ҳамин зикрҳоро мегӯянд. Ин аст, ки Ҳазрат зикри ҷаҳрияро дар равияи қодирия барои муридонашон таълим додаву инро чун равиши муассири зикру ёди Худо тавсия додаанд. Аммо самоъ ва рақсҳои сӯфиёна, ки дар назари фуқаҳо, ба вижа фуқаҳои ҳанафӣ мамнуъ аст, дар тариқати қодирия нест ва инро Мавлавӣ Ҷунунӣ ҳам манъ кардаанд. Зикри муридони мо ба сурати ҳалқа нишастан ва бо садои баланду нарм тасбеҳ гуфтан аст. Оре, гоҳе ҳолатҳое мешаванд, ки дар аснои зикри ҷаҳрия касе аз худ бехуд шуда, фарёд мекунад ва ё дар ҷойи нишасташ мисли мурғи нимбисмил дар тапидан медарояд ва ҳар гуна рафторҳои ҷазбу ҷунуномез мекунад. Вале ба сурати умум ҳалқаи зикри муридони ҳазрати қиблагоҳӣ ором ва бидуни рақсу самоъ баргузор мешавад…” (15)

* * *

Пайнавишт:

(1 то 9) — Зиндагиномаи ҳазрати ғавс Абдулқодири Гилонӣ, Хуршеди Ховарӣ.

(10) Гуфтугӯи ВВС бо Эшони Абдухалилҷон, 29 октябри соли 2010.

(11) Ҳамон манбаъ.

(12) Шарҳи Тӯраҷонзода роҷеъ ба ҳалқаҳои зикр, Радиои Озодӣ, 12 апрели соли 2013.

(13) Гуфтугӯи Tojnews бо Эшони Маҳмудҷон, 6 августи 2015.

(14) Balagh.com

(15) Гуфтугӯи Tojnews бо Эшони Маҳмудҷон, 6 августи 2015.

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ, Ислоҳи динӣ, Машоҳир, Посух ба шубаҳот, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: