Тарҳи 5-моддаии ҷадиди аъроб барои ҳалли бӯҳрони Қатар

Ҳамзамон бо поён ёфтани мӯҳлати таъйиншуда барои Қатар ҷиҳати посухгӯӣ ба хостаҳои 13-гонаи Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср, бархе манобеи диплумотик аз тарҳи 5-моддаии ҷадид барои ҳалли бӯҳрони Қатар хабар доданд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ассиёса”-и Кувайт, Омрико вориди хатти бӯҳрони Қатар шуда, то аз миёнҷигарии Кувайт барои пайдо кардани роҳи ҳалле ҷиҳати поён додан ба таниши ба вуҷудомада дар минтақа ҳимоят кунад.

Ин рӯзнома ба нақл аз бархе манобеи огоҳи диплумотик афзуд, ки дар нишасти ахир байни Муҳаммад бен Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар бо Рикс Тилерсун, ҳамтои омрикоии вай, мавориди муҳимми тавофуқномае, ки ба зудӣ байни тарафҳои ҳошияи халиҷи Форс имзо хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва муқаррар шуд, ки Вошингтун иҷрои ин тавофуқнома бо назорати Кувайтро тазмин кунад.

Бино бар ин гузориш, дар сурати мувофиқати Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср бо ин тавофуқнома, ҳафтаи оянда дар Кувайт ин тавофуқнома имзо хоҳад шуд ва 5 банди асосии он низ иборат аст аз:

1) Хуруҷи Юсуф Қарзовӣ ва раҳбарони ҷунбиши Ҳамос аз Дуҳа;

2) Хуруҷи нерӯҳои Туркия аз Дуҳа, ки ахиран вориди Қатар шудаанд;

3) Назорат бар нақлу интиқолҳои молии Қатар ба гурӯҳҳои ҷиҳодӣ;

4) Ироаи тамомии мустанадоти вежаи созмонҳое, ки дар Қатар ҳузур доранд ба тарафҳои амниятии Омрико;

5) Коҳиши барномаҳои “таҳрикомез”-и шабакаи Алҷазира ва таъаҳҳуд барои адами ҳамлаи расонаӣ ба кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ва Миср.

Ин манобеи диплумотик ҳамчунин гуфтанд, ки Вошингтун тамоюл дорад сареъан бӯҳрони халиҷи Форс поён ёбад, то ба парвандаи Сурия бипардозанд ва дар ин миён бархе иттилооти ба дастомада ҳокӣ аз омодагии Вошингтун барои иҷрои ҳамалоти низомӣ ба пойгоҳҳои артиши Сурия тайи рӯзҳои оянда аст.

Гуфтанист, дирӯз (якшанбе) мӯҳлати таъйиншуда аз сӯйи аъроб ба поён расид, дар ҳоле ки ин кишварҳо таҳдид кардаанд агар Қатар хостаҳои онҳоро напазирад, таҳримҳои бештаре алайҳи ин кишвар эъмол хоҳанд кард.

Дар ҳамин робита, Муҳаммад бен Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар, рӯзи шанбе зимни ишора ба ғайриқонунӣ будани ин хостаҳо, гуфт, ки “ин мутолибот барои рад шудан вазъ шудаанд”.

Вай афзуд, ки ҳадаф аз мӯҳлати таъйиншуда аз сӯйи Арабистон, Аморот, Миср ва Баҳрайн мубориза бо теруризм нест, балки тазъифи ҳокимияти Қатар аст.

Вай, бори дигар бар омодагии Қатар барои гуфтугӯ ва баррасии шикоятҳои аъроб таъкид кард ва изҳор дошт, ки Қатар омодаи гуфтугӯ бо шурути муносиб аст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: