Вазири дифоъи Қатар: “Кишварҳои арабӣ ба дунболи кудето ва тағйири ҳукумати Қатар ҳастанд”

Вазири дифоъи Қатар дар мусоҳиба бо шабакаи ангилисии Sky News таъкид кард, ки кишварҳои арабӣ ба дунболи тағйири ҳукумати Дуҳа ҳастанд.

Холид бен Муҳаммад ал-Атийя, вазири дифоъи Қатар дар мусоҳиба бо шабакаи Sky News гуфт, ки ҳамсоягонаш ба дунболи соқит кардани ҳукумати Дуҳа ҳастанд.

Вай афзуд: “Дар сурати лузум, Қатар омодаи дифоъ аз ҳокимияти худаш аст”.

Вай таъкид кард: “Умедворем ба марҳилаи мудохилаи низомӣ нарасем, аммо агар ин иттифоқ рух бидиҳад, мо ҳамеша омода ҳастем. Мо ин ҷо ҳастем, то аз кишвари худ дифоъ кунем”.

Ал-Атийя ба ҳамсоягонаш ҳушдор дод, ки ба таври торихӣ низ Қатар кишваре набуда, ки ба роҳатӣ балъида шавад.

Гуфтанист, кишварҳои Арабистон, Аморот, Миср ва Баҳрайн ахиран ба баҳонаи ҳимояти Қатар аз теруризм, равобити худро бо ин кишвар қатъ карданд ва листе шомили 13 дархост барои эҳёи муҷаддади равобит бо Дуҳа ба ин кишвар ироа карданд ва барои ин кишвар зарбулаҷал таъйин карданд, то ба дархостҳои онҳо катбан посух диҳад.

Вазири дифоъи Қатар бо ишора таҳаррукоти Арабистон ва дигар кишварҳои арабӣ гуфт, ки Дуҳа эҳсос мекунад тавассути дӯстонаш аз пушт ханҷар хӯрдааст.

Вай дар посух ба эҳтимоли талоши онҳо барои тағйири режими Қатар гуфт: “Ин қаблан ҳам иттифоқ афтодааст. Дар соли 1996 талош барои кудетои сахт сурат гирифт, дар соли 2014 талош барои кудетои нарм анҷом шуд ва дар соли 2017 низ дар ҳоли талош барои кудетои нарм ҳастанд”.

Вазири умури хориҷаи Қатар қарор аст рӯзи душанбе бо сафар ба Кувайт номаи посухи расмии Дуҳа ба дархостҳои кишварҳои арабиро аз тариқи Кувайт ба онҳо таҳвил диҳад. Вай пеш аз ин талвеҳан гуфта буд, ки посухи Қатар ба ин дархостҳо манфӣ аст.

Дар айни ҳол хабар расидааст, ки вузарои хориҷаи Арабистон, Миср, Аморот ва Баҳрайн қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар Қоҳира ҷамъ шаванд, то дар хусуси гоми баъдии иқдом алайҳи Қатар тасмимгирӣ кунанд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: