Ислом ва Эронзамин (29)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (17)

Низоми иҷтимоӣ

Барои он ки таъсири исломро дар Эрон баррасӣ кунем, лозим аст низоми иҷтимоии он рӯзи Эронро, ки ислом дигаргун сохт ва низоми дигареро ҳоким кард низ баррасӣ намоем.

Ҷомеаи иҷтимоии Эрони соcонӣ ҷомеаи табақотӣ ва синфӣ буда ва усул ва низомоти табақотӣ ба шадидтарин ваҷҳе дар он иҷро мешудааст.

Албатта низоми табақотиро Соcониён ихтироъ накарданд, балки аз давраи Ҳахоманишиён ва Ашкониён маъмул ва муҷро будааст. Соcониён ин низомро таҷдид ва таъйид ва тақвият карданд.

Масъудӣ дар “Муруҷуз-заҳаб” менависад:

Ардашер ибни Бобак, сарсилсилаи Соcониён, мардумро ҳафт табақа қарор дод”.

Ҳам ӯ дар “Аттанбиҳу вал-ишроф” менависад:

Чун дар ҷараёни кори Заҳҳок, Кова, ки оҳангаре беш набуд тавонист мулки Заҳҳокро вожгун созад, Ардашер дар фармони маъруфи худ подшоҳони пас аз хешро аз хатаре, ки аз ноҳияи табақаи авом пеш меояд барҳазар дошт”.

Дар “Комил”-и Ибни Асир мехонем, ки:

Ҳангоме, ки лашкари мусалмонон ва сипоҳи Эрон дар Қодисия ба ҳам расиданд, Рустами Фаррухзод Зуҳра ибни Абдуллоҳро, ки ба унвони муқаддиматулҷайши мусалмонон пешопеш омада ва бо ҷамоати худ урду зада буд, ба ҳузури худ талабид. Ва манзураш ин буд, ки бо навъе мусолиҳа корро тамом кунад, ки ба ҷанг накашад. Ба ӯ гуфт: Шумо мардуми араб ҳамсоягони мо будед ва мо ба шумо эҳсон мекардем ва аз шумо нигаҳдорӣ менамудем ва чунину чунон мекардем. Зуҳра ибни Абдуллоҳ гуфт: “Имрӯз вазъи мо бо аъробе, ки ту мегӯӣ фарқ кардааст. Ҳадафи мо бо ҳадафи онҳо дутост. Онҳо ба хотири ҳадафҳои дунявӣ ба сарзаминҳои шумо меомаданд ва мо ба хотири ҳадафҳои ухравӣ. Мо ҳамчунон будем, ки ту васф кардӣ, то Худованд паёмбари хешро дар миёни мо мабъус фармуд ва мо даъвати ӯро иҷобат кардем. Ӯ ба мо итминон дод, ки ҳар ки ин динро напазирад, хору забун хоҳад шуд, ва ҳар ки бипазирад, азиз ва мӯҳтарам хоҳад гашт”. Рустам гуфт: Дини худатонро барои ман тавзеҳ бидеҳ! Гуфт: “Пояи асосиаш, иқрор ба ваҳдонияти Худо ва рисолати Муҳаммад аст”. Гуфт: Нек аст, дигар чӣ? Гуфт: “Дигар, озод сохтани бандагони Худо аз бандагии бандагон, барои ин ки бандаи Худо бошанд, на бандаи бандаи Худо”. Гуфт: Нек аст ва дигар чӣ? Гуфт: “Дигар ин ки ҳамаи мардум аз як падару модар (Одам ва Ҳавво) зода шуданд ва ҳама бо ҳам бародар ва баробаранд”. Гуфт: Ин ҳам бисёр нек аст. Сипас Рустам гуфт: Ҳоло агар инҳоро пазируфтем, баъд чӣ мекунед? Ҳозиред баргардед? Гуфт: “Оре, ба Худо қасам, дигар ҷуз барои тиҷорат ва ё эҳтиёҷи дигар наздики шаҳрҳои шумо ҳам нахоҳем омад”. Рустам гуфт: Суханатро тасдиқ мекунам, аммо мутаассифам, ки бояд бигӯям, аз замони Ардашер расм бар ин аст, ки ба табақоти паст иҷоза дода нашавад даст ба коре, ки махсуси табақоти олия ва ашроф аст бизананд, зеро агар по аз гилеми хеш дарозтар кунанд, музоҳими табақоти ашроф мешаванд. Зуҳра ибни Абдуллоҳ гуфт: “Мо ҳаргиз наметавонем бо табақоти пойин он чунон рафтор кунем, ки шумо мекунед. Мо мӯътақидем, амри Худоро дар риояти табақоти пойин итоат кунем ва аҳаммият надиҳем ба ин ки онҳо амри Худоро дар бораи мо итоат мекунанд ё намекунанд”.

Муҳаққиқон ва муаррихони ғарбӣ, ки ба манобеи мухталифи торихӣ аз юнонӣ ва румӣ ва сурёнӣ ва арманӣ ва арабӣ даст ёфтаанд — ба илова, ҳафриёти ахир кӯмаки фаровоне дар кашфи ҳақоиқи торихӣ ба онҳо кардааст — иттифоқи назар доранд, ки низоми табақотии Эрон решаи қадимитар дорад. Кристенсен (Arthur Christensen), ки ба ҳамаи ин манобеъ даст дошта ва муддати сӣ сол дар торихи Эрон дар замони Соcониён кор кардааст ва шояд то кунун ҳеч кас ба пойи ӯ нарасида бошад, дар муқаддимаи китоб (Эрон дар замони Сосониён) ва ҳамчунин дар фасли дуввуми китоби худ, муфассал дар ин бора баҳс мекунад. Толибон метавонанд ба он муроҷеа намоянд.

Кристенсен (Arthur Christensen) муддаӣ аст, ки истилоҳи мутадовали муаррихони исломӣ таҳти унвони “алъузмо” ва “аҳл ал-буютот” ва “ал-ашроф”, ки аз шахсиятҳои он аҳд ва ё давраҳои баъд ёд шудааст, тарҷумаи адабии калимоти паҳлавии: “воспуҳрон” ва “азозон” ва “бузургон” аст .

Мо баҳси худро бо истифода аз таҳқиқоти Кристенсен (Arthur Christensen) ва дигарон ба низомоти иҷтимоии Эрон дар замони Соcониён ихтисос медиҳем.

Кристенсен (Arthur Christensen) дар фасли ҳафтуми китоби худ таҳти унвони “Наҳзати Маздакия” аҳволи иҷтимоии эрониён, табақоти ҷомеа, хонавода, ҳуқуқи мадании Эронро ба унвони муқаддима мавриди баҳс қарор медиҳад. Мегӯяд:

Ҷомеаи эронӣ бар ду рукн қоим буд: моликият ва хун (нажод). Бино бар номаи “Тенсер” (ё Тансар) ҳудуде бисёр муҳкам нуҷабо ва ашрофро аз авомуннос ҷудо мекард. Имтиёзи онон ба либос ва маркаб ва сарой ва бӯстон ва зан ва хидматкор буд… Ба илова, табақот аз ҳайси маротиби иҷтимоӣ дараҷоте доштанд; ҳар касро дар ҷомеа дараҷа ва мақоме собит буд. Ва аз қоидаҳои муҳками сиёсати Соcониён яке инро бояд шумурд, ки ҳеч кас набояд хоҳони дараҷае бошад фавқи он чӣ ба муқтазои насаб ба ӯ таъаллуқ мегирад… Қавонини мамлакат ҳофизи покии хуни хонадонҳо ва ҳифзи амволи ғайриманқули онон буд. Дар “Форснома” иборате аст, ки зоҳиран маъхуз аз “Ойинномаг”-и аҳди Соcониён аст: “Одати мулуки фурс ва акосира он будӣ, кӣ аз ҳамаи мулуки атроф чун Сину Руму турку Ҳинд духтарон ситадандӣ ва пайванд сохтандӣ ва ҳаргиз ҳеч духтар бад-эшон надодандӣ, духтаронро ҷуз бо касоне, ки аз аҳли байти эшон буданд мувосилат накардандӣ”. Номи хонаводаҳои бузургро дар дафотир сабт мекарданд, давлат ҳифзи онро ӯҳдадор буд ва оммаро аз харидани амволи ашроф манъ мекард. Бо вуҷуди ин, қаҳран баъзе хонаводаҳои наҷиб ба мурури замон мунқариз мешуданд… Дар миёни табақоти омма тафовутҳои боризе буд. Ҳар як аз афрод мақоме собит дошт ва касе наметавонист ба ҳирфае машғул шавад, магар он чӣ аз ҷониби Худо барои он офарида шуда буд”.

Оқои Саъиди Нафисӣ мегӯяд:

Аз ихтилофоти динӣ ва тариқатӣ, ки бигузарем, чизе, ки беш аз ҳама дар миёни мардуми Эрон нифоқ афканда буд, имтиёзи табақотии бисёр хашине буд, ки Соcониён дар Эрон барқарор карда буданд. Ва решаи он дар тамаддунҳои (эронии) пешин буда, аммо дар давраи соcонӣ бар сахтгирӣ афзуда буданд. Дар дараҷаи аввал, ҳафт хонаводаи ашроф ва пас аз эшон табақоти панҷгона имтиёзоте доштанд ва оммаи мардум аз он маҳрум буданд. Тақрибан моликият инҳисор ба он ҳафт хонавода (ҳафт фомил) дошт. Эрони соcонӣ, ки аз як сӯ ба рӯди Ҷайҳун ва аз сӯйи дигар ба кӯҳҳои Қафқоз ва рӯди Фурот мепайваст, ночор ҳудуди 140 милюн ҷамъият доштааст. Агар иддаи афроди ҳар як аз ҳафт хонадонро 100 ҳазор тан бигирем, шумораи эшон ба 700 ҳазор нафар мерасад. Ва агар фарз кунем, ки марзбонон ва деҳгонон, ки эшон низ то андозае аз ҳаққи моликият баҳраманд будаанд низ 700 ҳазор нафар мешудаанд, тақрибан аз ин 140 милюн, як милюну ним ҳаққи моликият дошта ва дигарон ҳама аз ин ҳаққи табиии худодод маҳрум будаанд. Ночор ҳар ойини тозае, ки ин имтиёзоти нораворо аз миён мебурд ва баробарӣ фароҳам мекард ва ба ин милюнҳо мардуми ноком ҳаққи моликият медод ва имтиёзоти табақотиро аз миён мебурд, ҳамаи мардум бо шӯру ҳаяҷон бад-он мегаравиданд”.

Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки манобеаш ҳама эронӣ ва зартуштӣ аст, достони маъруфе омадааст, ки ба таври возеҳ низоми табақотии аҷиб ва табақоти баста ва муқфали он давраро нишон медиҳад. Нишон медиҳад, ки таҳсили дониш низ аз мухтассоти табақоти мумтоз будааст.

Мегӯяд, дар ҷараёни ҷангҳои Қайсари Рум ва Анушервон, Қайсар ба тарафи Шомот, ки дар он вақт дар тасарруфи Анушервон буд қӯшун кашид ва сипоҳи Эрон ба муқобила пардохт. Дар асари тӯл кашидани муддат, хазонаи Эрон холӣ шуд. Анушервон бо Бузруҷмеҳр машварат кард. Қарор бар ин шуд, ки аз бозаргонон қарза бихоҳанд. Гурӯҳе аз бозаргонон даъват шуданд. Дар он миён як нафар “мӯзафурӯш” буд, ки аз назари табақотӣ чун кафшгар буд, аз табақоти паст ба шумор меомад. Гуфт: Ман ҳозирам тамоми қарзаро якҷо бидиҳам, ба шарти ин ки иҷоза дода шавад ягона кӯдакам, ки хеле моил аст дарс биёмӯзад, ба муаллим супурда шавад.

Бад-ӯ кафшгар гуфт, ман ин диҳам,

Сипосе зи ганҷур бар сар ниҳам…

Бад-ӯ кафшгар гуфт, к-эй хубчеҳр!

Наранҷӣ бигӯӣ ба Бузруҷмеҳр,

Ки андар замона маро кӯдакест,

Ки бозори ӯ бар дилам хор нест.

Бигӯӣ магар шаҳриёри ҷаҳон,

Маро шод гардонад андар ниҳон,

Ки ӯро супорам ба фарҳангиён,

Ки дорад сармояву ҳанги он.

Фиристода гуфт, ин надорам ба ранҷ,

Ки кӯтоҳ кардӣ маро роҳи ганҷ…

Биёмад бар шоҳ Бузруҷмеҳр,

Ки эй шоҳи некахтари хубчеҳр!

Яке орзу кард мӯзафурӯш,

Агар шоҳ дорад ба гуфтор гӯш.

Фиристода гуфто, ки ин мард гуфт,

Ки шоҳи ҷаҳон бо хирад бод ҷуфт.

Яке пур дорам расида ба ҷой,

Ба фарҳанг ҷӯяд ҳаме раҳнамой.

Агар шоҳ бошад бад-ин дастгир,

Ки ин покфарзанд гардад дабир.

Ба Яздон бихоҳам ҳаме ҷони шоҳ,

Ки ҷовид бодо ин сазоворгоҳ.

Бад-ӯ гуфт шоҳ, эй хирадмандмард!

Чаро дев чашми туро хира кард?

Бирав ҳамчунон боз гардон шутур,

Мабодо к-аз ӯ сим хоҳему зар.

Чу бозорагонбачча гардад дабир,

Ҳунарманду бодонишу ёдгир,

Чу фарзанди мо барнишинад ба тахт,

Дабирӣ биёядаш пирӯзбахт.

Ҳунар ёбад ар марди мӯзафурӯш,

Супорад бад-ӯ чашми бинову гӯш.

Ба дасти хирадманди марднажод,

Намонад ба ҷуз ҳасрату сарди бод.

Ба мо пас аз марг нафрин бувад,

Чун ойини ин рӯзгор ин бувад.

Ҳамакнун шутур бозгардон ба роҳ,

Дирам хоҳу аз мӯзадӯзон махоҳ.

Фиристода баргашту шуд бо дирам,

Дили кафшгар гашт пурдураду ғам.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Ба таври куллӣ, боло рафтан аз табақае ба табақаи дигар муҷоз набуд, вале гоҳе истисно воқеъ мешуд. Ва он вақте буд, ки яке аз оҳоди раъият аҳлият ва ҳунари хоссе нишон медод. Дар ин сурат, бино бар номаи “Тенсер” (ё, Тансар) онро (бояд) бар шаҳаншоҳ арза кунанд, баъди таҷрибати мӯбадон ва ҳаробиза ва тӯли мушоҳидот, то агар мустаҳиқ бидонанд, ба ғайри тоифа илҳоқ фармоянд… Мардумони шаҳрӣ нисбатан вазъи хубе доштанд. Онон ҳам монанди рустоиён молиёти саршуморӣ мепардохтанд, вале гӯё аз хадамоти низомӣ муоф буданд ва ба василаи саноат ва тиҷорат соҳиби молу ҷоҳ мешуданд. Аммо аҳволи раъоё ба маротиб аз онон бадтар буд, модомулумр маҷбур буданд дар ҳамон қаря сокин бошанд ва бигорӣ анҷом диҳанд ва дар пиёданизом хидмат кунанд. Ба қавли Омиёнус Морселинус: “Гурӯҳ-гурӯҳ аз ин рустоиён пиёда аз пайи сипоҳ мерафтанд, гӯӣ абадуддаҳр маҳкум ба убудият ҳастанд, ба ҳеч ваҷҳ музде ва подоше ба онон намедоданд”… Дар боби аҳволи раъоёе, ки дар зери итоати ашроф ва маллок будаанд, иттилои бештаре надорем. Омиёнус гӯяд: “Ашрофи мазбур худро соҳибихтиёри ҷони ғуломон ва раъоё медонистанд”. Вазъи раъоё дар баробари ашроф ва маллок ба ҳеч ваҷҳ бо аҳволи ғуломон тафовуте надошт… Бо вуҷуди ин, назар ба аҳаммияти фавқулъодае, ки зироат дар дини Зартушт дошта, чунонки китобҳои муқаддас дар ситоиши ин кор муболиға кардаанд, мусаллам аст, ки ҳуқуқи қонунии зореъин аз рӯйи камоли диққат муайян будааст. Чанд нусук аз нусукҳои Авасто мӯҳтавии қоидаҳо ва аҳкоме дар ин хусус будаанд”.

Ва ҳамчунин мегӯяд:

Иттилооте, ки роҷеъ ба ҷомеаи эронӣ метавонем аз манобеи қадима истихроҷ кунем, ҳарчанд ноқис ва пароканда аст, вале моро бо як ҷомеае ошно мекунад, ки нерӯи зотӣ ва истеҳкоми ботинии он мубтанӣ бар алоиқи амиқ ва атиқе буд, ки роҷеъ ба пайванди халалнопазири дудмонӣ дошт. Қавонинро барои посбонии хонавода (хуннажод) ва дороӣ (моликият) вазъ карда буданд ва ба ин васила мехостанд имтиёзи табақотро бо диққати ҳарчи тамомтар ҳифз кунанд…

Кристенсен (Arthur Christensen) дар фасли ҳаштуми китоби хеш низ намунаҳо ва далоил ва қароине барои зиндагии хашини табақотии он рӯз зикр мекунад.

Думезил (Georges Dumézil) низ дар мақолае таҳти унвони “Табақоти иҷтимоии Эрони қадим” тавзеҳоте дар ин замина додааст.

Масъалаи таълимоти умумӣ ва руҳонияти динӣ, ки бо ҳам марбут будаанд, вазъи хоссе доштааст.

Саъиди Нафисӣ мегӯяд:

Дар ин давра табақаи руҳониён дар Эрон бартарии комил дар ҳамаи шуъуни иҷтимоӣ доштанд. Руҳониён ба се даста тақсим мешуданд: нахуст мӯбадон буданд… Саркардаи мӯбадон ба унвони Мӯбадон мӯбад ё Мӯбади мӯбадон дар пойтахт, аввал шахси мамлакат ва дорои ихтиёроти номаҳдуд будааст… Пас аз мӯбадон, табақаи ҳирбадон буданд, ки қазоват ва таълим ва тарбияти фарзандон, супурда ба эшон будааст, ва дар ин давра таълим ва тарбият ва фаро гирифтани улуми мутадовал инҳисор ба мӯбадзодагон ва наҷибзодагон дошта ва аксарияти наздик ба иттифоқи фарзандони Эрон аз он маҳрум будаанд. Пас аз ҳирбадон, табақаи озарбадон буданд, ки ҳукми мутаваллиён ва ходимони оташкадаҳо ва мавқуфоти бисёри онҳоро доштаанд ва вазифаи эшон нахуст нигаҳдории оташҳои муқаддаси ҳар оташкадае ва сипас шустушӯ ва покиза нигоҳ доштани муҳавватаи оташкада ва идора кардани маросими динӣ монанди намозҳо ва ҷашнҳои кустибандон барои кӯдакон ва заношӯиҳо ва маросими мурдагон будааст…

Баҳси дигар дар бораи низомоти иҷтимоии Эрон марбут аст ба режими ҳукумати Соcониён. Ҳукумати Соcониён истибдодии маҳз будааст. Онон худро осмонинажод ва мазҳари Худо медонистанд ва аз мардум ба камтар аз саҷда розӣ намешуданд, ва мардум бо ин вазъ хӯ гирифта буданд. Касоне, ки бихоҳанд аз ин назар ҷомеаи эронии он рӯзро мутолеа кунанд, метавонанд руҷӯъ кунанд ба китобҳои: “Торихи адабиёт”-и Эдворд Броун, ҷилди аввал, тарҷумаи оқои Алипошшо Солеҳ ва китоби “Тамаддуни эронӣ”, таълифи ҷамъе аз ховаршиносон, тарҷумаи дуктур Баҳном ва “Торихи иҷтимоии Эрон”, таълифи Саъиди Нафисӣ, ҷилди дуввум ва махсусан “Эрон дар замони Соcониён”, таълифи Кристенсен (Arthur Christensen) муҳаққиқи донморкӣ, тарҷумаи Рашиди Ёсамӣ.

Мо феълан муқтазӣ намебинем дар ин бора баҳсе бикунем. Баъдан дар бахши “Хадамоти Эрон ба ислом” андаке дар ин бора баҳс хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: