Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавии Маънавӣ (1)

Ба қалами Машҳурахон Ҷавҳаризода, коршиноси забон ва адабиёти форсӣ

Бахши аввал

Муқаддима

Маснавии Маънавӣ асари пурарзиши шоир, ориф ва донишманди порсигӯй, Муҳаммад Ҷалолиддини Балхист. Ин асар, аз 26000 байт ва шаш дафтар иборат буда ва яке аз бартарин ва пурмӯҳтавотарин китобҳои адабиёти ирфонии куҳани форсӣ ва ҳикмати эронии пас аз ислом ба шумор меравад.

Ин асар дар қолаби шеъри маснавӣ суруда шудааст, ки дар воқеъ, унвони китоб низ аз ҳамин ҷо гирифта шудааст. Албатта бояд ба ин нукта ишора шавад, ки агарчи қабл аз Мавлавӣ, шоирони дигаре низ аз қолаби шеърии маснавӣ истифода карда буданд, вале Маснавии Мавлавӣ аз сатҳи адабии болотаре бархурдор аст.

Яке аз мавзӯоти муҳим, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ дошт, ин аст, ки Маснавӣ дарбаргирандаи маонии Қуръони Карим аст ва ба роҳатӣ метавон иддао намуд, ки Қуръон бар тамоми Маснавӣ соя афкандааст. Гузашта аз ин ки руҳи Қуръон ҳоким бар ин асар аст, алфози қуръонӣ низ дар ин китоб мавҷ мезанад. Тибқи гузоришот, беш аз 1200 оят, дар Маснавӣ, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки ба далели истифода аз ривоёти фаровони исломӣ, роиҳае аз ҳикмат ва исмату покӣ ба бахшҳое аз ин асар вазидааст.

Ва аммо дар навиштаи мазкур, саъйи нависанда бар он аст, ки бирасад ба ин матлаб, ки дар мабоҳиси Мавлоно, ахлоқ чӣ ҷойгоҳ ва мақомеро ба худ ихтисос додааст?

Мавзӯи ахлоқ роҷеъ ба малакоти нафсонист ва пиромуни фазоил ва разоили нафсонӣ баҳс мекунад. Аз ин ҷо, ҷойгоҳи аслии мабоҳиси ахлоқӣ дар Маснавӣ мушаххас мегардад.

Ба назар мерасад аз муҳимтарин мавзӯоти ин китоб, баёни шинохти меъёрҳо ва арзишҳои ахлоқист. Ҳамон тавре ки гуфтем, дар ин мақола саъй бар ин аст, ки ишорае ба дидгоҳи густардаи Мавлавӣ бар мавзӯи меъёрҳо ва арзишҳои ахлоқӣ ва афкори амиқи ӯ дар ин бора дошта бошем.

Нависанда саъй дорад, дар ҳар нуктаи ахлоқӣ таъриф ва аҳкоми он нуктаро баён намуда ва сипас ба ин мавзӯъ бипардозад, ки дар Маснавӣ дар ин бора чӣ матолибе зикр шудааст.

Аз назари шакл ва сохтор низ, мақола иборат аз муқаддима, се фасл ва бахши поёнии натиҷагирӣ ташкил шуда ва дар фасли аввал, мавзӯи арзишҳои ахлоқӣ пардохта ва муҳимтарин бахши он – яъне иртиботи банда бо Худо — мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор мегирад. Ҳамчунин дар фасли дуюм, иртиботи инсон бо худ, ки аз мабоҳиси бисёр муҳимми ахлоқист, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ин бахш, ба баёни ҳақиқати одамӣ, ки ҳамон андешаи ӯст, пардохта мешавад ва ниҳоят дар фасли сеюм ва поёнии мақола, перомуни мабоҳиси иртиботи инсон бо ҷомеа сухан меравад.

* * *

Фасли аввал

Иртиботи банда бо Худо

а) Муҳаббат ва ишқ ба Худо

Муҳаббат ва ишқ ба Худо ба чӣ маъност? Қабл аз он ки муҳаббат ба Худоро таъриф намоем, ибтидо бо вожаи муҳаббат ошно хоҳем шуд: муҳаббат иборат аст аз майл ва рағбати табъ ба чизе, ки дар ёфтани он сабаби лаззат ва роҳат бошад.

Муҳаббат ва ишқ ба Худованд, яъне майл ва рағбати қалбӣ ва фитрӣ ба холиқ ва сонеи худ ва касби лаззат ва роҳат аз он. (1)

Муҳаббат ва ишқ ба Худо мавзӯест боаҳаммият; бар асари доштани муҳаббат ва ишқ ба Худо, инсон ба наздиктарин роҳ ба сӯи Худо ва авлиёи Худо мерасад. Муҳаббат ва ишқ ба Худо ғизои руҳу қалби бандагони хуби Худост.

Бар асари ин муҳаббат, инсон тақарруб ба Худо пайдо мекунад, ба мақоми шуҳуд мерасад, муттасиф ба сифоти маҳбуб мегардад, барои инсон аҷри ухравӣ дорад ва шахсияти инсон иртиқоъ пайдо мекунад. Бо вуҷуди ишқ ба Худо, ёрии Худованд насибаш хоҳад шуд. Сабаби нишоти дил ва таҳаррук ва ибодати Худо аст; сабаби сипосгузорӣ аз Худо ва итоат аз Худо аст.

Худованди бузург дар Қуръони Карим мефармояд: “Ононе, ки аҳли имонанд, камоли муҳаббатро ба Худованд доранд”, — яъне аҳли имонанд, ки камоли муҳаббат ва дӯстиро ба Худо доранд. (2)

Расули Худо (с) дар ҳадиси муборак фармудаанд: “Ҳар кӣ муҳаббати Худовандро бар муҳаббати мардум тарҷеҳ диҳад, Худованд заҳмати мардумро аз ӯ кифоят мекунад (боз медорад)”. (3)

Ҳамчунин Имом Содиқ (а) мефармоянд: “Муҳаббати Худованд чун бар ботини бандае битобад, ӯро аз ҳар машғалае холӣ мекунад ва аз ҳар зикре, ҷуз ёди Худо боз медорад ва муҳибби Худо холистарини мардум аст барои Худо ба сурати пинҳонӣ ва ростгӯтарини онҳо, дар вафои ба аҳд бовафотарин, дар амал поктарин, дар зикр босафотарин ва обидтарини мардум аст. Малоика дар ҳангоми муноҷоти ӯ мубоҳот мекунанд ва ба диданаш ифтихор мекунанд, Худованд ба василаи ӯ шаҳрҳояшро обод мекунад, ба хотири раҳматаш балоҳоро аз мардум дафъ мекунад ва агар мардум медонистанд, чӣ мақоме назди Худо дорад, бо хоки пойи ӯ ба Худо тақарруб меҷустанд”. (4)

Мавлоно дар Маснавӣ бо тарғиби бандагон ба ишқи Худо, ин ишқро, ишқи ҷовидон дониста ва чунин гуфтааст:

З-онки ишқи мурдагон поянда нест,

З-онки мурда сӯи мо оянда нест.

Ишқи зинда дар равону дар басар,

Ҳар даме бошад зи ғунча тозатар.

Ишқи он зинда гузин к-ӯ боқияст,

К-аз шароби ҷонфазоят соқияст.

Ишқи он бугзин, ки ҷумла анбиё,

Ёфтанд аз ишқи ӯ кору киё.

Ту магӯ моро бад-он шаҳ бор нест,

Бо каримон корҳо душвор нест. (5)

Шоир дар абёти боло мегӯяд, чун ки ишқи мурдагон поянда нест, бад-ин далел, ки мурда наметавонад ба сӯи мо биёяд. Аммо ишқи зинда дар чашму ҷон пайваста ботароваттар аз ғунча аст.

Бинобар ин, ишқи он зиндаи ҷовидро баргузин, ки ишқи ҷовидон аст ва мудомтар аз шароби ҷонфазо сероб мекунад.

Ишқи Худоеро баргузин, ки ҳамаи анбиё аз Ӯ қудрату тавон ёфтанд.

Магӯ, ки моро ба боргоҳи ӯ роҳ нест, бидон, ки бо саховатмандон зудтар метавон канор омад.

* * *

б) Бархӯрдорӣ аз илми илоҳӣ

Илм чист? Ва чӣ гуна аз илми илоҳӣ баҳраманд шавем? Илм иборат аст аз идроки ашё ва ҳусули сурати онҳо назди ақл. Ба иборати дигар, илм — яъне эътиқоди қатъӣ, ки мутобиқи бо воқеъ аст.

Илм беҳтарин камол аст ва шарифтарин сифоти ҷамол; илму дониш бузургтарин сифати Худованди Мутаол аст. (6)

Илму дониш инсонро ба дараҷоти болое мерасонад, ба касби илм, инсон ба савоб ва подоши илоҳӣ низ даст пайдо мекунад. Илм сабаби нишоти ҳақиқӣ ва шахсият ёфтани нафс хоҳад гашт. Касби илму дониш ба инсон қудрати ташхиси ҳаққу ботилро медиҳад ва мӯҷиби муваффақияти олим дар ҳидояти мардум ва хидмат ба онон мегардад.

Дар Қуръони Карим ба илму дониш ва касби он мукаррар таъкид шудааст ва ҳамчунин аввалин ояте, ки бар Расули Акрам(с) нозил шуд, дар мавзӯи илм буд: “Бихон ва парвардигорат гаромитар аст. Он кӣ ба қалам биёмӯхт инсонро ончӣ намедонист”. (7)

Расули Акрам (с) низ мефармоянд: “Касе, ки дар пайи дониш барояд, биҳишт дар пайи ӯст.” (8)

Инчунин дар арзиши илму донишу доноӣ мефармоянд: “Дониш гумгаштаи мӯъмин аст, ҳаргоҳ сухане омӯхт, сухани дигаре матлуби ӯ гардад”. (9)

Дар ҳадиси дигаре фармудаанд: “Ҳеч кас фазилате монанди дониш ба даст намеоварад, ки соҳибашро ҳидоят намояд ё хатареро аз ӯ дафъ кунад ва дини касе устувор нашавад то ин ки ақлаш солим гардад.” (10)

Дар Маснавӣ низ мақоми илму дониш ва касби он сутуда шудааст ва болотарин илмро илми илоҳӣ дониста ва дар мақоми касби он ва роҳи бархӯрдорӣ аз улуми илоҳиро ба тариқи зайл баён мекунад:

Ҳамчу оҳан з-оҳане беранг шав

Дар риёзат ойинаи безанг шав

Хешро софӣ кун аз авсофи худ

То бубинӣ зоти поки софи худ

Бинӣ андар дил улуми анбиё

Бе китобу бе маъиду Ависто

Гуфт Пайғомбар, ки ҳаст аз умматам

Ку бувад ҳам гавҳару ҳам ҳимматам

Мар маро з-он нур бинад ҷонашон

Ки ман эшонро ҳамебинам бидон

Бе саҳеҳайну аҳодису рувот

Балки андар машраби оби ҳаёт

Сирри “амсайно лакурдиё” бидон

Рози “асбаҳно аробиё” бихон (11)

Мавлавӣ мегӯяд, монанди оҳан, ранги оҳан буданро бигзор ва бо риёзат ба ойинаи соф бадал шав. Худро аз сифоти хеш бизудой то зоти поку софи худро бибинӣ; ки дар дили худ бидуни китоб ва устод улуми анбиёро хоҳӣ дид.

Паёмбар (с) мегӯянд, миёни уммати ман касоне ҳастанд, ки бо ман сириште ва ҳиммате ҳамонанд доранд. Ҷони онон маро ба ёрии нуре мебинад, ки ман ҳам ононро бо ҳамон нур мебинам. Онон Паёмбарро бидуни ёрии Саҳеҳи Муслим ва Саҳеҳи Бухорӣ ва аҳодис ва ровиёни онҳо дар канори чашмаи оби ҳаёти маърифат мебинанд. Бидон, ки рози “ба шаб расидем, курд будем” чист ва рамзи “саҳаргоҳи араб шудем”-ро дарёб.

* * *

в) Дунё ва охират дар Маснавӣ

Дунё ва охират аз ҷумла мавзӯоте ҳастанд, ки дар бораи онҳо дар Қуръон ва суннати Расули Акрам (с) бисёр сухан ба миён омадааст.

Аз як сӯ, дар оёт ва ривоёт, ба шиддат аз дунё мазаммат шудааст ва аз сӯи дигар, Худованд барои мазоҳири дунё, монанди замину осмон, шабу рӯз ва монанди инҳо ба ҳадде арзиш қоил шудааст, ки дар оёти мухталиф ба онҳо савганд ёд кардааст. Агар аз сӯе дар бораи робитаи дунё ва охират, дар бархе ривоёт, робитаи он дуро ба манзилаи робитаи машриқ бо мағриб медонанд, аммо аз сӯи дигар, ривоёти исломӣ дунёро ба унвони мазрааи охират медонанд, Расули Акрам(с) дар ин бора фармудаанд: “Дунё сарои озмоиш аст ва манзилгоҳи рӯзигузаронӣ ва зиндагӣ ва ранҷ. Ҷонҳои некбахтон аз он канда шуда ва аз дасти шӯрбахтон ба зӯр гирифта мешавад”. (12)

Ҳамчунин дар ривояти дигаре аз Расули Акрам (с) омадааст: “Дунё сарои меҳнат аст”. (13)

Дар шинохти дунё ва низ барҳазар будан аз он, Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: “Эй мардум, инҷо сарои ғам аст, на сарои шодӣ ва сарои пурпечу хам аст на сарои ростӣ. Пас ҳар ки дунёро шинохт, ба умеде шод нашуд ва аз ранҷе андӯҳгин нагашт”. (14)

Дар Маснавии Маънавӣ, дар робита ба мавзӯи дунё ва охират баҳсҳои муфассале шудааст. Аз ҷумла, дар дафтари севвум, дар байти 3530 гуфтааст:

Анбиёро танг омад ин ҷаҳон,

Чун шоҳон рафтанд андар ломакон.

Мурдагонро ин ҷаҳон бинмуд фар,

Зоҳираш зафту ба маъно тангбар

Гар набудӣ танг, ин афғон зи чист,

Чун ду то шуд ҳар ки дар вай беш зист.

Дар замони хоб чун озод шуд,

З-он макон бингар, ки ҷон чун шод шуд.

Золим аз зулми табиат боз раст,

Марди зиндонӣ зи фикри ҳабс ҷаст.

Ин замину осмони бас фарох,

Сахт танг омад ба ҳангоми манох.

Ҷисм банд омад фароху сахт танг,

Хандаи ӯ гиря фахраш ҷумла нанг. (15)

Яъне мегӯяд, дунё барои паёмбарон танг буд, аз ин рӯ чун подшоҳон ба олами ғайб рафтанд. Агарчӣ дунё ба зоҳир васеъ, вале ба ботин танг, барои мурдагон бошукӯҳ ҷилва мекунад. Агар танг нест, ин фарёдҳо барои чист? Чаро ҳар кас, ки бештар умр мекунад, хамида мешавад? Ҷон чун дар хоб озод мешавад, бибин, ки дар он ҳол чӣ қадар шодмон аст. (Дар олами хоб), ситамгар аз хӯи ситамгарӣ раҳо мешавад ва зиндонӣ аз андешаи зиндон халос мегардад.

Ин замину осмон бо ин ҳама вусъати хеш, ба ҳангоми хобондани шутур – марг — бисёр танг аст. Гӯӣ, ки кори дунё чашмбандист, бисёр васеъ ва бисёр дилтанг аст. Монанди ҳаммом, ки гарм аст, дар онҷо эҳсоси дилтангӣ мекунӣ ва ҷонат ворафта мешавад…

Дар мавриди дунёву дунёдустӣ, инчунин Расули Акрам(с) низ мефармоянд: “Дунёдӯстӣ сарманшаи ҳамаи гуноҳон аст”. (16)

Ҳамчунин фармудаанд: “Аз дунё фақат бало ва фитна боқӣ мондааст”. (17)

Мавлоно низ дар Маснавӣ, дар Дафтари аввал, байти 983 чунин гуфтааст:

Чист дунё, аз Худо ғофил будан,

На қумошу нақдаву мизону зан.

Молро к-аз баҳри дин бошӣ ҳамул,

Неъми моли солеҳ хондаш Расул.

Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,

Об андар зери киштӣ пуштӣ аст.

Чунки молу мулкро аз дил биронд,

З-он Сулаймон хеш, ҷуз мискин нахонд.

Кӯзаи сарбаста андар об рафт,

Аз дили пурбод фавқи об рафт.

Боди дарвешӣ чу дар ботин бувад,

Бар сари оби ҷаҳон сокин бувад.

Гарчӣ ҷумла ин ҷаҳон мулки ваяст,

Мулк дар чашми дили ӯ лошияст.

Пас даҳони дил бибанду мӯҳр кун,

Пур кунаш аз боди кибри мин ладун. (18)

Мавлавӣ дар ин абёт мегӯяд, дунё чист? Аз Худо ғофил будан аст, зану фарзанд, зару сим тарозуи дунё нест.

Агар молро барои дин фароҳам оварда бошӣ, чунин молеро ҳазрати Расул (с) моли покиза хондааст.

Оби даруни киштӣ, киштиро ғарқ мекунад, аммо оби зери киштӣ пуштвонаи киштӣ аст.

Чун ҳазрати Сулаймон(а) муҳаббати молу дунёро аз дили худ ронда буд, худро мискин мехонд.

Кӯзаи сарбаста, ки даруни он пур аз ҳаво бошад, метавонад бар рӯи об қарор гирад.

Агар дар дили инсон ҳавои дарвешӣ бошад, метавонад рӯи обҳои ҷаҳон ҷой гирад.

Бо он ки тамоми ҷаҳон дар дасти тасарруфи ӯст, молу мулки ҷаҳон дар назари ӯ пашизе арзиш надорад.

Пас дилро бо боди кибриёӣ пур кун ва онгоҳ даҳони онро бибанд ва мӯҳр кун. (19)

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Биҳишти ахлоқ, саҳ.663

(2) «والذین آمنوا اشد حبا لله» — сураи Бақара, ояти 165

(3) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 3151

(4) Мисбоҳ-уш-шариа, саҳ.192

(5) Маснавӣ, Дафтари аввал, Қиссаи фиристодани подшоҳ расулонро ба Самарқанд

(6) Биҳишти ахлоқ, саҳ.147

(7) Сураи Алақ, ояти 3-5

(8) Канз-ул-уммол, ҳадиси 28842

(9) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 2493

(10) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 2496

(11) Дафтари аввал, Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон дошт

(12) Аълом-уд-дин, саҳ.342

(13) Аволил-олӣ, ҷ.1, саҳ.285

(14) Аълом-уд-дин, саҳ.343

(15) Дафтари аввал, байти 3530

(16) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 1313

(17) Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 1294

(18) Дафтари аввал, 983

(19) Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавӣ, саҳ.45

* * *

Бахши дуввуми мақола



Рубрики:Ахлоқи писандида, Бишнав аз най..., Забон ва адабиёт, Маснавии Маънавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: