Ӯ, ҳам фақеҳе буд огоҳ, ҳам мутафаккире буд рӯшан…

Ба муносибати 7-умин солгарди даргузашти Аллома Фазлуллоҳ (р)

Имрӯз (4 июл), солгарди даргузашти устоди азиз ва гаронмояам, фақеҳ ва муҷтаҳиди фарзона, ислоҳгар ва эҳёкунандаи тафаккури исломӣ, Аллома Сайид Муҳаммад Ҳусайни Фазлуллоҳ (р) аст. Касе, ки беҳтарин ва некӯтарин даврони зиндагиямро дар маҳзари ӯ сипарӣ намудаам. Ӯ, ҳам фақеҳе буд огоҳ, ҳам мутафаккире буд рӯшан ва ҳам сиёсатмадоре буд барҷаста.

Ба ҳамин муносибат, шоиста донистам, матлаберо, ки дар ҳамон рӯзҳои даргузашти ин олими раббонӣ (июли соли 2010) дар пойгоҳи Кимиёи саодат (сойти пешин) навишта будам, бознашр намоям.

* * *

Чанд рӯз аст, ки ташнагон ва ҷӯяндагони ҳақиқат, аз ҳузур дар маҷолиси дарсу баҳси пурфайзаш маҳрум ва муридонаш аз шунидани панду мавоъизаш бебаҳра мондаанд; панду мавоъизе, ки чун аз аъмоқи қалбаш берун меомаданд, ҷойгоҳе ҷуз даруни қалбҳои мардумон надоштанд.

Чанд рӯз аст, ки ятимони даҳҳо дорулайтомҳое, ки ӯ худ бино ниҳода буд, аз навозишу алтофи падаронаи ӯ маҳрум шудаанд; гӯӣ падаре мушфиқ ва меҳрубонро аз даст додаанд.

Чанд рӯз аст, ки раҳбарон ва фаъолони аҳзоби сиёсӣ ва бавижа аҳзоби исломӣ, аз роҳнамоиҳо ва иршодҳои ҳакимонааш бе баҳра ва ҷойи холии ӯро эҳсос мекунанд; ба вижа имрӯзҳо, ки ҷаҳони ислом дудастагии камсобиқаеро дар миёни гаравандагонаш таҷруба мекунад ва ба касе ниёз дорад, ки ҳама қабулаш дошта ва суханаш файсалабахш бошад.

Дар ин навиштор, бар онам, то дар бораи ин устоди гаронмояам бинависам; касе ки бар гарданам ҳақ дорад; касе, ки муддати 7 сол дар маҳзари гиромияш дарси иҷтиҳодро таламмуз кардам, ва ин муддат, аз беҳтарин даврони зиндагиам ба шумор меравад.

* * *

Нигоҳе кӯтоҳ ба зиндагиномаи Аллома Фазлуллоҳ (р)

Сайидмуҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ соли 1935 дар шаҳри Наҷафи Ироқ дар як хонаводаи руҳонӣ ва аҳли илм дида ба ҷаҳон гушуд ва дар оғоз, таҳти ишрофи падари бузургвораш Сайидабдуррауф Фазлуллоҳ, улуми муқаддимотиро фаро гирифта, сипас дар марокиз ва мадориси исломии Ироқ, дар маҳзари барҷастатарин асотид, улуми мухталифаи исломиро омӯхт ва дар ниҳоят ба дараҷаи иҷтиҳод ноил гардид.

Сайидмуҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ ба шеър низ, аз ҳамон авони кӯдакӣ, алоқа дошт. Ҳанӯз 17-сола буд, ки яке аз ашъорашро як рӯзномаи ироқӣ ба нашр расонд, ки дар бораи ваҳдат ва бедории исломӣ ва зарурати мубориза бо истеъмори Фаронса дар Лубнон буд.

Ӯ соли 1966 Ироқро ба қасди ватани аҷдодиаш Лубнон тарк кард ва дар Лубнон ба фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии густардае пардохт. Фазлуллоҳ бо баргузории дуруси тафсир, фиқҳ ва усули фиқҳ ва ҳамчунин маҷлиси посух ба пурсишҳо – ки то охирин лаҳзаи ҳаёташ тадовум доштанд – тавонист таҳаввули азиме дар чандин насл дар Лубнон падид оварад.

* * *

Биниши Аллома Фазлуллоҳ (р)

Фазлуллоҳ, аз маъдуд уламое буд, ки дар ҷаласоти дарсу баҳси ӯ, на танҳо шиъаён, балки аҳли тасаннун ҳам ширкат мекарданд. Имтиёзи ӯ аз дигар донишмандони исломӣ, яке ҳамин вижагии ӯ буд. Фазлуллоҳ, ваҳдатгаро ба тамоми маънои калима буд. Ҷуръати ӯ дар баёни нуқоти заъф, боис шуда буд, бархе аз уламо ӯро ба инҳироф муттаҳам кунанд; ҳатто кори бархе ба ҷойе расида буд, ки ӯро ба хуруҷ аз мазҳаби шиъа муттаҳам карданд. Аммо ин мавзеъгириҳои тунд ӯро аз идомаи кор мутаваққиф намесохтанд. Фазлуллоҳ, аз нахустин уламо ва мароҷеи шиъа аст, ки фатво бар ҳаром будани қамазанӣ (ки дар айёми Ошуро анҷом медиҳанд) додааст. Албатта, баъд аз ӯ, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари кунунии Эрон низ фатво бар ҳурмати ин амал додааст.

* * *

Фаъолиятҳои иҷтимоӣ

Аммо аз ҳама муҳим, фаъолиятҳои иҷтимоии Фазлуллоҳ аст. Ӯ, баъд аз он ки ба мақоми марҷаияти динӣ расид, беш аз ҳама, ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ пардохт. Фаъолиятҳои ӯ дар ин ҳавза чандон густарда буд, ки камтар минтақае аз кишвари Лубнонро метавон ёфт, ки асари хадамоти иҷтимоии вай дар он машҳуд набошад. Дар зер, ба муҳимтарин марокизи иҷтимоии ӯ, яъне ятимхонаҳо ва марокизи хайрия, ишора хоҳам кард:

а) Ятимхонаҳо:

1) Мабарратул-имомул-Хуӣ, Бейрут (Лубнон);

2) Мабарратул-имом Зайнулобидин (а), Биқоъ (Лубнон);

3) Мабарратул-имом Алӣ ибни Абӯтолиб (а), Ҷабал Омил (Лубнон);

4) Мабарратус-сайида Марям (а), Ҷабал Омил (Лубнон), махсуси ятимони масеҳии Лубнон;

5) Мабарратус-сайида Хадиҷатул-кубро (а), Бейрут (Лубнон);

6) Мабарратул-Ҳавро Зайнаб (а), Бейрут (Лубнон);

7) Мадрастун-нур (барои нобиниён), Бейрут (Лубнон);

8) Мадрасатур-раҷо (барои ношунавоён), Бейрут (Лубнон).

б) Бемористонҳо ва марокизи беҳдоштӣ:

1) Мусташфо Баҳман (Бемористони Баҳман), Бейрут (Лубнон);

2) Мусташфо ас-сайида Заҳро (а), Ҷабал Омил (Лубнон).

* * *

Таълифот

Аз Сайидмуҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ то кунун беш аз 70 унвон китоб – ки дар маҷмӯъ ба беш аз як сад ҷилд мерасад – мунташир шудааст. Бархе аз китобҳои эшон маҷмӯаи суханрониҳо ва бархе дигар дарсҳои хориҷи усулу фиқҳи эшон аст, ки тавассути шогирдонашон танзим шудааст. Дар ин ҷо ба муҳимтарини ин таълифот ишора хоҳад шуд:

1) Мин ваҳйил-Қуръон (тафсири Қуръон дар 24 ҷилд);

2) Ал-ҳивор фи ал-Қуръон;

3) Услуб ад-даъва фи ал-Қуръон;

4) Мин ирфон ал-Қуръон;

5) Ҳаракат ан-нубувва фи мувоҷаҳат ал-инҳироф;

6) Диросот ва буҳус қуръония;

7) Ал-масоил ал-фиқҳия;

8) Ал-фатово ал-возиҳа;

9) Фиқҳ ал-ҳаёт;

10) Китоб ал-ҷиҳод;

1) Китоб ан-никоҳ;

12) Ал-қуръа вал-истихора;

13) Ал-ямин вал-аҳд ван-назр;

14) Ал-иҷора;

15) Рисолатун фи ар-ризоъ;

16) Фиқҳ аш-шариа (Рисолаҳои амалӣ);

17) Ас-сайд ваз-зибоҳа;

18) Далел ал-маносик;

19) Аш-ширка;

20) Ал-васия… ва ғайра.

* * *

Дигарон дар бораи ӯ чӣ гуфтаанд?

1) Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ҷунбиши Ихвонулмуслимини Миср:

Ин марҷаъи фақид, умри худро дар роҳи ваҳдати уммат ва ҳомии ҳамешагии Фаластин ва Масҷидул-ақсо сарф намуд.”

2) Акмалуддин Эҳсон Уғлу, дабири кулли Созмони конфронси исломӣ:

Ин мард умри худро ба талоши мухлисона дар роҳи кишвар ва ормонҳои уммати ислом гузаронд ва намоде аз наздикӣ миёни мазоҳиби мухталиф буд ва тамоми талоши худро барои аз байн бурдани шикофҳо ва костан аз бӯҳрон дар Лубнон ва ҷомеаи исломӣ ба кор мебаст.”

3) Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос):

Аллома Фазлуллоҳ ба ҳақ яке аз сутунҳои уммат ва шахсе ороста ба зинати илм, фазл, эътидол ва миёнаравӣ ва низ тасомуҳ ва инъитоф дар муқобили дигарон буд ва дар айни ҳол ба иттихози мавозеъи шуҷоъона дар қиболи масоили уммат ва ба вижа масъалаи Фаластин ва мунозиъаи арабӣ — саҳюнистӣ шӯҳрат дошт”.

4) Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ):

Аллома Фазлуллоҳ, роҳнамои ҳаким, паноҳгоҳи қавӣ ва пуштибони нерӯманд дар мубориза ва ҷиҳод дар ҳар марҳила буд”.

5) Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии собиқи Эрон:

Бидуни тардид хадамоти арзанда ва дурахшони он фақеҳи олимақом дар тӯли ҳаёти бобаракати худ, ки дар ростои таҳкими ваҳдати миллӣ ва эътисом ҳавли меҳвари муқовимат қарор дошт, дар таърихи Лубнон ба ёдгор хоҳад монд.”

6) Рамазон Абдуллоҳ Шаллаҳ, дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин:

Аллома Фазлуллоҳ бо илм, дониш ва тафаккури худ, пуштвонае барои ваҳдати уммат ва тақриб миёни мазоҳиби исломӣ буд ва дар роҳи дифоъ ва ҳимоят аз қазияи аввали мусалмонон яъне қазияи Фаластин талош ва хадамоти фаровоне ироа кард ва беҳтарин ёвар барои ҷиҳоди уммати Фаластин ва пойдорӣ ва муқовимати онҳо буд.”

7) Нафиъуллоҳ Аширов, мудири Шӯрои муфтиҳои Русия:

Аллома Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ аз уламои бузурги ҷаҳони ислом буд, ки барои муқовимат дар баробари “Исроил” муҷоҳидатҳои фаровон кард ва дар ин роҳ аз ҳеҷ кӯшише дареғ наварзид… Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ аз вазъияти мусалмонони Ғазза ва зулмҳое, ки бар онҳо раво дошта шуда ва ҳанӯз идома дорад, нороҳат буд ва бар лузуми талошҳои мусалмонон барои озодии ин минтақа таъкид ва исрор дошт.”

8) Шайх Ҳасан Саффор, аз уламои исломии Арабистони Саудӣ:

Аллома Фазлуллоҳ пас аз як умр ҷиҳоду кор дар роҳи Худо ва талош барои донишандӯзӣ ва маърифат, ки бо аз худгузаштагӣ ва пойдорӣ дар дифоъ аз усули ислом ва масоили уммат ҳамроҳ буд, ба ҷивори Ҳақ шитофт ва бо мавозеи илмӣ ва муборизотии худ, зеботарин сафаҳоти илму ҷиҳоди ин давраро рақам зад ва дар ин роҳ сахтиҳои зиёдеро таҳаммул кард ва борҳо дар маърази террори ҷонӣ ва шахсиятӣ қарор гирифт”.

* * *

Паёми таслият

Дар поёни ин навиштор, лозим дидам паёмеро, ки инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) ба ҳамроҳи ҳамдарсонам ва шогирдони марҳум, ки ба муносибати реҳлати Аллома, хитоб ба фарзанди барӯмандаш ирсол карда будем, биёварам; дар ин паём ба муҳимтарин вижагиҳои Аллома ишора шудааст:

Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон

Мо аз Худойем ва ба сӯйи Ӯ бозмегардем

Бародари азизу арҷманд ҷаноби Сайид Алӣ Фазлуллоҳ, фарзанди барӯманди донишманди вораста, фақеҳи барҷаста ва эҳёгари бино, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлулллоҳ!

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) ва низ ҷамъе аз дӯстдорон ва шогирдони падари бузургвори шумо, пеш аз ҳар чизе дигар, барои худ воҷиб медонем, даргузашти ин муҷтаҳид ва фақеҳи барҷаста, донишманди озодандеш ва бедорзамирро ба Шумо, хонаводаи гиромӣ, миллати сарфарози Лубнон ва тамомии мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият арз карда, барои ҳамагон аз даргоҳи Худованди Қодиру Тавоно сабру бурдборӣ масъалат намоем.

Бе тардид, имрӯз, ҷаҳони ислом касеро аз даст дод, ки беш аз ҳар замони дигар ба ӯ ниёз дошт…

Оре, имрӯз, ҷаҳони ислом, ки бо дасисаҳои душманони сарсахт ва низ кӯтоҳандешӣ ва каҷфаҳмии порае аз фарзандони содалавҳаш, ба ҷойи иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳарчи бештар рӯ ба ифтироқу азҳамгусастагӣ меоваранд ва дуруст бар хилофи сулуку рафтори мусалмонони садри ислом, ки Худованд эшонро “бар кофирон сарсахту сахтгир ва дар миёни худ меҳрубону густардамеҳр” (Фатҳ/29) мехонад, касоне шудаанд, ки “бар душманон гушодарӯву бахшоянда, аммо байни ҳам сарсахту густох” гардидаанд, ва ҳатто кори бархе аз онон ба ҷойе расида, ки куштани ҳазорон мусалмони бегуноҳро, фақат ба ин далел, ки аз ислом бардоште бар хилофи бардошти эшон доранд, савоб ва мояи вуруд ба биҳишт дониста ва ҳозиранд хештанро миёни он мусалмонон мунфаҷир намоянд, (оре, ҷаҳони ислом, дар як чунин фазое) ниёз ба вуҷуди амсоли Алломаи фарзона ва фақеҳи бедорзамир Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ дошт, ки хитоб ба шиъаён мегуфт: “Ҳаром аст, ки ҳар кадом аз саҳобиро, аз ҷумла хулафои рошидинро саббу дашном кунем…

Ӯ, дар ин дидгоҳи торихии хеш, истинод ба сира ва равиши Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (а) менамуд ва мегуфт: “Ҳангоме ки он ҷаноб (Алӣ (а)) дар роҳ ба сӯи Сиффайн буд, гурӯҳе аз аҳли Ироқро шунид, ки аҳли Шомро (яъне сипоҳиёни Муовияро) саббу дашном мекунанд. Ҳазрат (а) ба эшон гуфт: “Ман бароятон дӯст надорам, ки саббоб (яъне бисёр дашномкунанда) бошед, аммо агар кирдори онҳоро васф кунед ва ҳолашонро ёдовар шавед, дурусттар дар гуфтор ва расотар дар узр буд, ва ба ҷои ин саббу дашном, мегуфтед: Худоё! Хуни мо ва эшонро ҳифз кун ва миёни мо ислоҳ кун ва эшонро аз гумроҳияшон бираҳон, то огоҳ гардад ба ҳақ он касе ки ҷоҳили ба он аст ва даст бардорад аз гумроҳиву душманӣ он касе ки шефтаи он аст”.

Ва ҳам он алломаи фарзона мегуфт: “Мо дар масъалаи хулафо, ҳамон равишеро бармегузинем, ки Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ихтиёр карда буд. Алӣ (а) бо хулафо гушодарӯ буд, эшонро кӯмак мекард, машвараташон медод. Ҳадисе аз Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дорем, ки шиъаёни худро мавриди хитоб қарор дода мефармояд: “Чӣ осон аст коре, ки мардум ба сабаби он аз шумо розӣ бошанд! Пас, забонатонро аз бадгӯӣ ба эшон нигаҳ доред”. Имом Содиқ (а) мефармуд: “Абӯбакр маро ду бор таваллуд кардааст”.

Ин донишманди вораста, хитоб ба аҳли суннат мегуфт: “Талош барои эҷоди ваҳдати исломӣ, таҷовуз ба дигарӣ нест, балки ҳимоят аз киёни исломӣ ба шумор меравад”.

Ваҳдат ва ваҳдатхоҳӣ дар назди ин донишманд, фақат шиъоре холӣ набуд, балки ваҳдатро “зарурате медонист, ки ҳамагӣ – шиъа ва суннӣ — бояд барои ҳимоят аз он басиҷ шавем”.

Мо, бо шинохте, ки аз Шумо ва Ҷаноби Сайид Ҷаъфари Фазлуллоҳ, бародари гиромиятон дорем, комилан мутмаиннем, ки Ҷаноби шумо ва соири дастандаркорони дафтари муаззамун лаҳ, раҳраву дунболарави ҳамон фақеҳи бедорзамиру ваҳдатхоҳи воқеӣ буда ва аз ин пас ҳам, дар мақоми тарвиҷу густариши афкору андешаҳои муҷаддидонаи ӯ ва низ пиёдасозии барномаҳо, хостгоҳҳо ва манвиёти он бузургвор дар эҷоди ваҳдати воқеӣ миёни мусалмонон, дифоъ аз мазлумон ва мустазъафони ҷаҳон, ба вижа муборизони фаластинӣ ва ҳамчунин дифоъ аз арзишҳои муқаддаси Хумайнии бузург, камокон, боқӣ хоҳед монд.

Дар поён боре дигар реҳлати ҷонгудози ин фақеҳи бедорзамирро ба Шумо таслият мегӯем.

Валлоҳу ҳувал-валийул-ҳамид

Бо камоли эҳтиром, ҷамъе аз шогирдони Аллома Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ:

Сайидюнуси Истаравшанӣ — узви ҳайъати илмии Донишгоҳи байналмилалии Ал-мустафо (с) ал-оламия, устоди фалсафа ва ҳикмати исломӣ дар ҳамин донишгоҳ;

Сайид Муҳаммадалии Тақавӣ – масъули фаъолиятҳои фарҳангии дафтари Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ дар Покистон;

Сайид Саид Ҳайдар Зайдӣ – масъули Дорус-сақалайн дар Покистон, ношири китобҳои Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ ба забони урду дар Покистон;

Шайх Алӣ Ҳасан Ҷавоҳирӣ – масъули дафтари Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ дар Покистон;

Сайид Маҳдии Саҷҷодӣ – узви ҳайъатмудираи мадрасаи исломии Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар Афғонистон;

Шайх Иршод Ҳусайн Тавҳидӣ – масъули донишгоҳи Фотимаи Заҳро (с) дар Панҷоби Покистон;

Шайх Кумайл Роҷонӣ – устод дар Донишгоҳи байналмилалии Ал-мустафо (с) аз кишвари Ҳиндустон;

* * *

Тасовире аз Алломаи фақид:

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: