Даргирии аъзои ҳизби Ҳикматёр ва Ҷамъияти Исломӣ дар шимоли Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

Дар пайи ташдиди танишҳо байни Ҳизби Исломии Ҳикматёр ва Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ, аъзои ин ду ҳизб дар шимоли Афғонистон бо ҳам даргир шуданд ва дар ин задухӯрдҳо чаҳор нафар кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон эълом карданд, ки афроди шибҳинизомии Ҳизби Исломӣ ва Ҷамъияти Исломӣ дар ин вилоят вориди даргирии мусаллаҳона шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, аъзои мусаллаҳи ду ҳизб дар минтақаи Қизрибулоки шаҳристони Чоҳоб бо ҳам даргир шудаанд.

Гуфта мешавад, ки вазъият дар минтақа аз ҳафтаи гузашта бӯҳронӣ гузориш шуда ва Башир Қонт, фармондеҳи шибҳинизомии вобаста ба Ҳизби Исломӣ дар ин минтақа мавзеъ гирифтаанд.

Ин даргирӣ байни шибҳинизомиёни сенотур Афзалхон, фармондеҳи вобаста ба Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва Башир Қонт, фармондеҳи вобаста ба Ҳизби Исломӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Манобеи маҳаллӣ дар ин минтақа гузориш доданд, ки ҳафтаи қабл низ дар даргирӣ байни ду тараф як нафар кушта шуда буд ва ин даргирӣ то шаби гузашта байни ду тараф идома доштааст.

Ин дар ҳолест, ки дар кашмакашҳо байни Ҳизби Ҷамъият ва ҳукумат, Ҳизби Исломӣ ҳамвора аз давлат эъломи ҳимоят карда ва Ҳикматёр изҳороти тундеро алайҳи аҳзоби мунтақиди ҳукумат унвон карда буд.

Аз сӯи дигар, дар пайи ташкили эътилофи сиёсӣ алайҳи ҳукумати Афғонистон тавассути Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ, женерол Дӯстум, раҳбари Ҳизби ҷунбиш ва Муҳаққиқ муовини раиси иҷроӣ, Гулбиддин Ҳикматёр эълом кард, ки ба ҳеч касе иҷозаи тазъифи ҳукуматро намедиҳад.

Нодир Афғон, сухангӯи Ҳизби Исломӣ эълом карда буд, ки раҳбари ин ҳизб дар ҳоли ташкили эътилофи сиёсӣ таҳти унвони “Тафоҳуми миллӣ” аст, ки аҳзоби “Ҷамъият”, Ҷабҳаи навин ва Шӯрои ҳиросат низ ҳузур хоҳанд дошт.

Tasnimnews



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: