Нақши Исроил дар бӯҳрони Қатар

Як коршиноси масоили араб, бо ишора ба ин ки “Арабистон илова бар талош барои инзивои Қатар дар минтақа, ҳамзамон ба Исроил наздик мешавад”, ба баррасии нақши ин режим дар ин бӯҳрон ва судҳое, ки аз он мебарад пардохт.

Бирол Боскон (Birol Baskan), аз коршиносони масоили кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ва устоди донишгоҳи Ҷорҷтоун (Georgetown), дар гуфтугӯ бо пойгоҳи SRF-и Суис (Швейтсария), ба баррасии нақши Исроил дар бӯҳрони Қатар пардохта ва дар бораи ин масъала, ки Times-и Ангилис аз музокироти маҳрамонаи Арабистон ва Исроил хабар медиҳад ва ин то чӣ андоза қобили қабул аст, гуфт: “Аз он ҷое, ки ин ду кишвар аҳдофи истротежики муштарак доранд, хабари ин гуфтугӯҳои махфиёна барои ман ғофилгиркунанда набуд. Танҳо ин масъала метавонист ғофилгиркунанда бошад, ки ин музокирот аланӣ анҷом мешуд. Ин ду кишвар дар заминаҳои амниятӣ муддатҳост, ки бо ҳам музокира мекунанд, аммо ин гуфтугӯҳо танҳо пушти дарҳои баста анҷом мешуд. Наздикӣ ба Исроил, ба далели масъалаи Фаластин, бисёр барои Арабистон муҳим ва ҳаётӣ аст”.

Ин нависандаи барҷастаи масоили араб, дар бахши дигаре аз гуфтугӯ бо ин расона таъкид кард: “Аз соли 1980 Эрон барои Арабистони Саудӣ ба масъалаи шумораи як табдил шудааст. Ин масъала бахусус ба далели шиорҳои инқилобии Эрон ва талош барои судури инқилоб ба дигар кишварҳо ва муносиботи танготанг бо мусалмонон дар Лубнон, Яман, Ироқ ва Сурия вуҷуд дорад. Ҳамзамон, Арабистони Саудӣ ба далели заъфи низомии кишварҳои арабӣ, бар ин бовар аст, ки Исроил набояд аз нақшаи ҷуғрофиёӣ маҳв шавад. Бахусус Исроил ва Арабистони Саудӣ муттаҳидони наздики Омрико ҳастанд. Исроил низ худро аз тарафи Эрон ва бахусус барномаи атомии ин кишвар, дар маърази таҳдид эҳсос мекунад. Ҳамчунин Исроил ин таҳдид аз тарафи Эронро ба далели ҳимояти ин кишвар аз Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ эҳсос мекунад”.

Вай дар идома таъкид кард: “Исроил ва Арабистон ҳар ду аз беҳтар шудани муносибот бо ҳам суд мебаранд. Исроил аз замони таъсиси ин режим, ба дунболи як муттаҳид дар миёни кишварҳои ҳамсояи худ аст. Пас, исроилиҳо дар музокирот бо Оли Сауд чизе барои аз даст додан надоранд”.

Вай дар бораи ин ки Арабистон ҳамзамон бо бӯҳрони Қатар ва инзивои ин кишвар аз тариқи таҳримҳо, ба Исроил наздик мешавад гуфт: “Аз солҳои 1990 Қатар як кӯдаки мушкилсоз барои кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс будааст. Илова бар шабакаи мунтақиди сиёсати аъроб (Алҷазира), ин кишвар ҳамзамон худро ба Эрон наздиктар мекунад. Ин ду кишвар ба сурати муштарак аз як майдони гозии бузург баҳрабардорӣ мекунанд, бинобар ин Қатар наметавонад муносиботи баде бо Эронро дар пеш гирад. Аммо Арабистони Саудӣ ин муносиботи дӯстонаро ҳамвора бо дидаи шакку интиқод менигарад”.

Ин коршиноси масоили араб, дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ, сафари раисиҷумҳури Омрико ба Арабистонро омили ташдиди бӯҳрони Қатар дар минтақа донист ва таъкид кард: “Ин тавр ба назар мерасад, ки Арабистони Саудӣ ва Аморот муваффақ шудаанд Тромпро дар бораи назароти худ мутақоид кунанд. Раисиҷумҳури Омрико ба нудрат иттилооте дар бораи муносибот дар Ховари Миёна дошт”.

Вай дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ таъкид кард: “Ҳамос шохае аз Ихвонулмуслимин буда ва раҳбарии он ба сурати муназзам ба Қатар сафар карда ва он ҷо як дафтари доимиро доир кардааст. Қатар бахусус Ҳамосро ба унвони намояндаи машрӯи Фаластин донистааст. Ва ин ба шиддат исроилиҳоро азият мекунад. Агар Арабистон муваффақ шавад дар бӯҳрони феълӣ бо Қатар ин кишварро маҷбур ба дунболаравӣ аз худ карда ва Ҳамосро мунзавӣ карда ва дар муқобили Эрон биистад, ин ҳамчунин ба нафъи Исроил хоҳад буд”.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: