Оё Қатар кӯтоҳ омад?

Қатар соатҳое пас аз таъйини зарбулаҷал ва тамдиди мӯҳлати 48-соата барои посух ба дархостҳо ва шартҳои 13-гонаи Миср ва се кишвари узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс (Арабистон, Баҳрайн ва Аморот), посухи худро таҳвили Кувайт, кишвари миёнҷии ҳалли бӯҳрони Шӯрои ҳамкорӣ додааст.

Пойгоҳи хабарии “Раъюл-явм” ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, ки амири Қатар дар посухи худ ба дархости ин кишварҳо ва барои маҳори ташдиди таниш ва бӯҳрон бо кишварҳои ҳамсояи худ, “нармиши бисёре” ба харҷ додааст.

Манобеи огоҳ ба “Раъюл-явм” гуфтанд, ки ин нармиши Дуҳа шомили мувофиқат бо “ихроҷи аъзои Ҳамос аз Қатар, сокит кардани Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳодияи уламои ҷаҳони ислом ва шояд муҳоҷирати вай ба Истанбул, мулзам кардани шабакаи Алҷазира ба таваққуфи таблиғоти зиддимисрӣ ва пардохти ҷарима ба Қоҳира ва қатъи кулли иртибототи молӣ бо Ихвонулмуслимин ва берун кардани бархе аз раҳбарони кунунии он аз Дуҳа” аст.

Манобеи огоҳ дар бораи посух ба дархостҳои зиддиэронии кишварҳои таҳримкунандаи Қатар таъкид карданд, ки Дуҳа мутаъаҳҳид шуд, ки равобити худ бо Теҳронро коҳиш диҳад, аммо коҳиши ин равобит бояд бо тасмим ва мувофиқати ҳамаи аъзои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс бошад.

Вазири умури хориҷаи Қатар дирӯз бо сафар ба Кувайт ва дидор бо амири ин кишвар, ки масъулияти миёнҷигарии ҳалли бӯҳрони Шӯрои ҳамкориро бар ӯҳда дорад, ин посухро таҳвил дод.

Гуфтанист, Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср пас аз муттаҳам кардани Дуҳа ба ҳимоят аз теруризм ва ифротгароӣ, равобити диплумотики худро бо ин кишвар қатъ карданд ва се кишвари узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс, марзҳои заминӣ ва дарёӣ ва ҳавоии худро ба рӯйи ин кишвар бастанд.

Миср ва се кишвари узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс, ба Қатар 10 рӯз фурсат дода буданд, то шартҳои 13-гонаи онҳо аз ҷумла бастани шабакаи Алҷазира ва қатъи равобит бо Эронро амалӣ кунад, аммо Дуҳа, ки иттиҳоми мабнӣ бар ҳимоят аз гурӯҳҳои теруристиро рад кардааст, посухе мусбате ба хостаҳои матраҳшудаи кишварҳои чаҳоргона надодааст.

Аз дигар хостаҳои кишварҳои таҳримкунанда, коҳиши равобити диплумотики Дуҳа бо Теҳрон, қатъи равобити худ бо Ихвонулмуслимин, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва он чи иртибот бо гурӯҳҳои теруристии Алқоъида ва ДОЪИШ унвон шудааст, ба шумор меравад.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: