Пешнависи посухи 10-бандии Қатар ба дархостҳои аъроб

Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз бархе маҳофили диплумотик, пешнависи посухи ғайрирасмии давлати Қатар ба хостаҳои кишварҳои арабиро мунташир кард.

Тибқи ин гузориш, Қатар омодагии худ барои коҳиши сатҳи равобити диплумотик бо Эрон дар сурати пойбандии ҳамаи кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ба ин амр ва тарди шаҳрвандони Эрон аз Қатарро эълом кардааст.

Қатар ҳамчунин мутаъаҳҳид шудааст, дар сурате ки кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс аз ҷумла Аморот, равобити иқтисодии худ бо Эронро қатъ кунанд, Қатар низ равобити худро қатъ хоҳад кард.

Дуҳа ҳамчунин омодагии худ барои таътилии пойгоҳи Туркия дар хоки худ ба шарти таътилии пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар хоки кишварҳои ҳошияи халиҷи Форсро эълом кардааст.

Бино бар ин гузориш, Дуҳа ҳамчунин ҳар гуна иртибот бо гурӯҳҳои теруристиро, ки Созмони Милал мушаххас кардааст рад ва таъкид кардааст, ки Ихвонулмуслимин ҷузъи ин гурӯҳҳои теруристӣ нест.

Қатар ҳамчунин иттиҳомоти марбут ба ҳимояти молӣ аз теруризм бидуни ироаи ҳеч гуна далелеро рад ва бар адами пойбандӣ ба феҳристи кишварҳои муҳосиракунанда дар бораи созмонҳои теруристӣ таъкид карда ва гуфтааст, ки танҳо ба феҳристҳои Созмони Милал пойбанд аст.

Ба мӯҷиби ин пешнавис, Қатар таҳвили тамомии касоне, ки паноҳандаи сиёсӣ ё мусалмони суннии муқими ин кишвар ҳастанд, рад ва таъкид кардааст, ки ҳеч як аз муассисоти расонаии расмӣ ва ғайрирасмиро таътил нахоҳад кард, магар ин ки шабакаҳои Аларабия, Sky News Arabia, Алҳадас, MBC ва конолҳои мисрӣ таътил шавад.

Қатар дар ин пешнависи ғайрирасмии худ таъкид кардааст, ки дар умури дохилии кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс дахолат намекунад, бар хилофи Аморот, ки дар умури Қатар ва Кувайт дахолат ва алайҳи онҳо иқдомоти таҳрикомез анҷом медиҳад ва ё дар умури Уммон дахолат карда ва барои кудето дар ин кишвар тадорук мебинад.

Дуҳа ҳамчунин вуҷуди тамос бо муъоризони кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар ва ё ҳимоят аз онҳоро рад ва дар айни ҳол таъкид кард, ки эътои тобеият ба ин муъоризон амре ҳокимиятӣ аст.

Қатар ҳамчунин мухолифати худро бо пардохти ғаромат ба кишварҳои муҳосиракунандаи ин кишвар эълом ва таъкид кардааст, ки ин кишварҳо бояд хасорати он чи “ҳамоқат” алайҳи Қатар хонд, бипардозанд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: