“Суннати Расули Акрам (с)-ро мӯ ба мӯ риоя мекарданд”

(Гуфтугӯи  Бобоҷони Шафеъ бо Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода дар бораи Эшони Тӯраҷон)

(Бознашр аз ҳафтаномаи “Нигоҳ” №19 (452), 5-уми августи соли 2015)

Бобоҷони Шафеъ: Ангезаи ин сӯҳбат хабарест, ки фарзандони Эшони Тӯраҷон мехоҳанд маҷмӯъи фатвоҳои падарашонро дар шакли китоб интишор диҳанд. Ва аввалаин суол ҳам аз эшони Маҳмудҷон, фарзанди эшони Тӯраҷон ҳамин буд: суолоте, ки барои Эшон омаданд, дар куҷо маҳфуз буданд ва шумо инро чӣ хел ҷамоварӣ кардед?

— Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ҳазрати қиблагоҳӣ аз замоне, ки ман худро мешинохтам, ба ҳайси марҷаъи фатво маъруф буданд. Дар маҳфиле аз эшон ин ё он масъала пурсида мешуд. Мардумони зиёде аз масоили шаръӣ суол мекарданд ва чун ин пурсишҳо зиёд буданд ва баъзан дар маъракаҳову маросимҳои гуногун такроран ҳам пурсида мешуданд, эшон фатвоҳоро дар варақҳо ва баъзан ҳатто дар ҷилди китобҳо менавиштанд ва дар мавридаш ба шахси суолкунанда иқтибосро бо зикри маъхазаш мехонданд ва шарҳу тафсир мекарданд. Баъзе фатвоҳо, чуноне гуфтам, маҳфилӣ буданд, онро ба ҷамъомади умум, дар намозҳо ва ё ҷамъи уламо мехонданд ва перомуни он сӯҳбат мекарданд.

Баъзан мешуд фатвои лозимаро дар кисаашон нигоҳ медоштанд, то замоне, ки шахси суолкунандаро дар намозе ё дар маҳфилу маъракае пайдо мекарданд ва онро чун далели дигар аз он чӣ қаблан барояш гуфта буданд, мехонданд. Ҳатто Ҳазрат баъзе масъалаҳои шаръиро ҳам, бидуни он ки касе барояшон муроҷиат карда бошад, ба хотири зарурӣ буданаш менавиштанд ва дар мавридҳое ба мардум мерасониданд.

Хулоса, ин фатвоҳо ба ҳайси варақаҳое дар дохили китобҳо ва дафтарҳои эшон гузоштаву нигоҳдорӣ мешуданд. Аммо эшон дар фикри дар як дафтари мукаммал ҷамъ кардани онҳо набуданд. Баъдан мо тасмим гирифтем, ки он варақпораҳоро гирдоварӣ кунем ва ба муҷарради фароҳам омадани фурсате онҳоро дар шакли як китоби мукаммал интишор диҳем. Ва ин корро мо хеле барвақт оғоз карда будем. Замоне, ки дар ҳиҷрат будем, бо кӯмаки домодамон домулло Исмоил ин ҳамаро фаслбандиву мавзуъбандӣ кардем. Яъне, кор замоне оғоз шуда буд, ки эшон ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданд.

Бисёр фатвоҳое ёфт шуданд, ки матнашон ё иқтибосашон бо забони арабӣ навишта шуда буданд ва онҳо дар зерашон тарҷума надоштанд, чун эшон матнро айнан хондаву ба суолкунанда маънои онро тарҷума ва тафсир мекарданд. Зарур омад онҳоро айнан тарҷума кунем. Албатта, ин як кори мушкил ва заҳматталаб буд, вале мо тасмим гирифтем онро комил ба анҷом расонем.

Аксари фатвоҳои эшон такя ба мазҳаби ҳанафӣ доранд. Ҳатто солҳои охир баъзе фатвоҳоро аз китобҳои ҷадиди мазҳаб, ки дастрас шуда буданд, бо кӯмаки фарзандҳошон гирд меоварданд ва ба он варақҳои фатво илова мекарданд.

Дар миён, албатта, суолҳои шифоҳӣ ҳам буданд, ки посухашонро дар ҳамон маврид шифоҳӣ медоданд ва табиист, ки ин гуна суолу ҷавобҳо гирдоварӣ нашудаанд. Яъне, танҳо суолотеву посухҳое гирд омаданд, ки хаттӣ миёни китобҳову дафотири эшон маҳфуз буданд.

Ба сурати умум, бо кӯмаки Худованд ин амри хайр билохира ба итмом расид ва тасмим дорем дар як фурсати муносиб ба чопи он дар шакли як китоби алоҳида ҳам иқдом намоем.

— Шеваи посух ба суолҳо чӣ гуна буданд? Чун он замон воситаҳои коммуникатсионӣ ба ин ҳад рушд надоштанд.

— Эшон солиёни дароз, ҳатто муддати 35 сол хатиби масҷиди калонтарини минтақа буданд ва як минбари аслии суолу ҷавобҳои шаръӣ барои эшон минбари ҳамин масҷид буд. Кӯшиш мекарданд ба суоли воридшуда дарҳол дар ҳамон маҳфил посух гӯянд ва баъзан агар лозим мешуд, ки суолро омӯзанд, пас баъди аз китобҳо пайдо кардани посухи мутмаъинкунанда ва дақиқ онро ба суолкунанда мехонданд. Ҳолате ҳам буд, ки ба суол дар маҳфил посух медоданд, вале боз ҳам китобҳоро медиданд ва иловае агар ба он посухашон меёфтанд, ёддошт мекарданд ва баъди чанд рӯз ҳам агар шахси суолкунандаро дучор меомаданд, аз кисашон навиштаро берун меоварданд ва мегуфтанд, ки иловаи дигар ба суолатон дар фалон китоб аз шарҳи фалонӣ ба ин шакл будааст. Яъне, кӯшиш мекарданд посухҳояшон асоснок ва қаноаткунандаву берун аз доираи мазҳаб набошад.

Мо маъмулан меҳмонҳои зиёде доштем, ки аз навоҳии дур меомаданд ва табиист, ки шаб дар меҳмонхонаи қиблагоҳӣ мемонданд ва дар маҳфили шабонгаҳӣ пурсишҳоеро матраҳ мекарданд ва Ҳазрат шабона посухи он суолҳоро аз китобҳо ёфта субҳ, баъди намози бомдод мехонданд.

Он замон суолоти мардум бештар дар бораи фазилатҳои ин ё он моҳ, масалан фазилати намоз дар моҳи Раҷаб, фазилати рӯзаи моҳи Рамазон, рӯзаҳои моҳҳои дигар, фазилати шабзиндадорӣ, намозҳои таҳаҷҷуд, намозҳои панҷвақтаву зикру дуову дигар масоил буданд, ки посухҳояшон дақиқ дода шудаанд ва ҳар чизе дар ин мавридҳо нав аз мутолиаи китобе ба чашмашон мерасид, китобат мекарданд ва дар маҳфили дигар мехонданд.

— Бештар аз кадом китобҳо истифода мекарданд?

— Китобҳое, ки эшон истифода мекарданд ва фатвоҳои худро содир менамуданд, ҳама китобҳои ҳанафӣ буданд. Масалан, “Оламгирӣ”, “Дуррул-мухтор” бо шарҳаш, “Раддул-муҳтор”, “Хулосатул- фатово”, “Фатовои Қозихон”, “Баззозия” ва ғайра.

— Мо медонем, ки дар он замон китобҳои улуми исломӣ аслан нашр намешуданд ва уламо мушкил доштанд, ки китобе дархӯри замон пайдо кунанд ва бихонанд. Ҳазрати эшон аз куҷо китоб дарёфт мекарданд?

— Қиблагоҳии мо аз ҷавонӣ ташнаи китоб буданд. Ҳар китоберо дар ҳар куҷое медиданд, бо ҳар восита, бо пул аст ё бо ҳадя ё ба ивази чизи дигар ҳаракат мекарданд онро ба даст оранд. Баъзан китобфурӯшҳое буданд, ки маъруфият доштанд ва қиблагоҳии мо аз онҳо китобҳоеро суроғ мекарданд ва мехариданд. Аз муридону шогирдон ва афроди дигар суроғи китобдорҳоро пайдо мекарданд. Масалан, мегуфтанд, ки фалонӣ китобҳои зиёд дорад. Суроғ мекарданд ва гоҳе ба манзили он китобдорҳо мерафтанд ва аз байни анбӯҳи китобҳояшон китобҳои барояшон заруриро меёфтанд ва мехариданд. Буданд касоне, ки аз падаронашон китобҳои зиёдеро ба мерос гирифтаанд ва худашон онҳоро хонда наметавонистанд ва истифода намекарданд, меоварданд ва ба Ҳазрат ҳадя мекарданд ва мегуфтанд, ки шумо аз ин китобҳо баҳра баред ва дар ҳаққи гузаштагони мо дуо кунед.

Ёд дорам, дар даврони Шӯравӣ чандин маротиба ба Ӯзбакистон рафта буданд ва аз он ҷо ҳам барои худ китоб ёфта овардаанд. Чуноне мегӯянд, ”ҷӯянда ёбанда аст”, Ҳазрат ҳам ҳамеша дар талоши китоб буданду меёфтанду мехонданд. Бо воситаи бародарамон Қозидомулло (Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода), ки дар Бухорову Тошканду Ӯрдун таҳсили илм доштанд, китобҳои зиёде пайдо мекарданд. Хулоса, дар манзиламон китобҳои зиёде ҷамъ шуда буданд, ки то ҳол нигаҳдорӣ мешаванд ва мо низ ҳанӯз ҳам аз онҳо истифода мебарем.

— Теъдоди он китобҳо маълуманд?

— Дақиқ ҳисоб накардаем, вале теъдод ва номгӯи онҳо хеле зиёданд.

— Замони ҷанги дохилӣ, ки ҳамаи шумо аз кишвар берун рафта будед, ин китобҳо чӣ гуна ҳифз шуданд?

— Ба нақл кардани онҳо ба макони амн, хонаҳои баъзе муридону мухлисҳо ва хешу табор аз талаф шудан маҳфуз мондаанд.

* * *

“Сӯҳбатҳояшон бо мардум бе мисол аз ашъори пирашон хатм намешуд”

— Ҳазрати эшон яке аз ташаббускорони аслии зинда кардани анъанаи амри маъруф дар масҷидҳо буданд. Ин кор аз кадом солҳо шуруъ шуд?

— Соли 1962 бо тавсияи устодашон Мулло Барот, ки дар ноҳияи мо зиндагонӣ мекарданд ва баъдан дар як садамаи автомобилӣ шаҳид шуданд, қиблагоҳии мо ба ҳайси сархатиби масҷиди Роҳатӣ таъин шуданд. То ин замон эшон аз ҷониби хадамоти давлатӣ барои андешаҳои тозаву ғайриқолабиашон таъқиб мешуданд. Устодашон Мулло Барот тавсия доданд, ки ягона роҳи халосӣ аз таъқиб он аст, ки дар ягон масҷиди расмие, ки давлат сабти ном кардааст, ба кор дароянд ва бо ин васила ҳам бо мардум наздиктар мешаванд ва ҳам ба давлат ва ҳам тадриҷан худро аз пайгирии эшон канор мегиранд.

Ва аз ҳамон лаҳза бо истифода аз минбари масҷид Ҳазрат тадриҷан ба амри маъруфу даъват ба намозу донистани аҳкоми Ислом шуруъ карданд. Албатта, пеш аз ин ҳам даъвату амри маъруф доштанд, вале он танҳо дар ҳалқаи хоси муридҳои худашон сурат мегирифт. Дар масҷид ва миёни анбуҳи мардум аз сабаби он ки ҳукумат намегузошт, ин гуна амри маъруфҳо намешуданд. Аммо баъди сархатиб таъин шуданашон майдони таблиғ ҳам васеътар шуд ва эшон кӯшиш мекарданд дар ҳар намоз фурсатеро барои амри маъруф ҷудо кунанд, дар намозҳои ҷумъа муфассалтар, дар шабҳои моҳи Рамазон пеш аз намози таровиҳ низ фурусати таблиғ ба Ислом доштанд. Дар маросимҳои дигар, аз қабили хатнатӯй ва ҷаноза, ки даъват мешуданд, ҳатман амри маъруф мекарданд. Бахусус, амри маъруфи пеш аз намози ҷаноза дар манотиқе, ки мо медонистем, аз қиблагоҳии мо мерос монд. Уламои дигар ҳам ҳарфи пеш аз ҷаноза доштанд, вале ҳамин ҳаққуллоҳ ва ҳаққунносро мегуфтанду халос. Муддати даҳ ё понздаҳ дақиқа бо истифода аз фурсати муносиб мардумро аз ҳикмати маргу зиндагӣ огоҳ мекарданд, паёмеро аз Худову Расул (с) мерасониданд. Ҳарчанд дар ин гуна мавридҳо баландгӯякҳо ҳам набуданд, вале овози Ҳазрат хеле баланд буд ва садои ширадори хуш доштанд, метавонистанд сухани худро ба мардум расонанд.

— Дар ҳоле, ки он замон амри маъруфи сари ҷаноза зиёд набуд…

— Бале, амри маъруфи рӯзи ҷаноза пеш камтар буд. Қиблагоҳӣ мекӯшиданд дар чунин лаҳзаҳо бештар рӯ ба насиҳат оранд, ки ин зиндагӣ омадану рафтан аст. Яъне, мардумро ҳушдор медоданд, ки оқибат рӯзе шаҳди марг чашиданист, суолу ҷавоб дар пеш аст, гӯри тираву торику сард дар пеш аст.

Он замон ҳар хатиб қаламрави хоси худро дошт ва дар он қаламрав ҳама ҷанозаҳоро худаш мехонд. Бисёр вақт Ҳазратро ба минтақаҳое, ки тобеъи масҷидашон набуданд, мебурданд ва эшон маҳфилу ҷанозаҳои онҳоро мегузарониданд. Ва ҳукумат ҳам аслан ба амри ҷаноза ва маҳфилҳои мардум кордор набуд. Фақат ба сиёсати ҳукумат дахл накунанд, дигар коре ба эшон надошт. Чӣ қадар, ки амри маъруф мекарданд, чизе ки мегуфтанд, монеъ намешуданд.

Ҳоло, ки ба гузашта менигарам ва саҳифаи ёддоштҳоро варақ мезанам, мебинам, ки ба ҳақиқат он замон Ҳазрат ба сони як булубуле гашта буданд, ки дар ҳар маҳфил агар менишастанд, хомӯш набуданд. Кӯтоҳ ҳам бошад як насиҳатеву як паёмеро ба мардум мерасониданд. Ҳатто дар маҳфилҳои Ҳазрати эшони Абдурраҳмонҷон, Ҳазрати Домулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, ки на ҳама ҷуръати сухан гуфтану баҳс кардан доштанд, қиблагоҳии мо гоҳо як варақеро мебароварданд ва масъалаеро дар миён мегузоштанд ва он маҳфилро бо баҳси муфиди илмӣ гарм мекарданд. Шахсан ман аз замоне, ки ҳамроҳашон ба маҳофил мерафтам, ёд надорам, ки эшон дар маҳфиле хомӯш нишаста бошанд.

Ҳатто замоне, ки хеле заъф доштанд, аз сабаби бемориҳои фишори хуну аз сар гузаронидани амали ҷарроҳии талха ҷисмашон наҳифу ҳолашон заъиф шуда буд ва дар синни 60 ё 62-солагӣ аз синнашон хеле пиртар ба назар мерасиданд, вале агар дар ҳар маҳфиле аз эшон хоста мешуд, насиҳат кунанд, рад намекарданд. Бахусус, солҳои ҳиҷрат дар Қазоқистон дар маҳофили хешовандон ва муридон ҳатман амри маъруф доштанд. Ҳатто баъди бозгашт ба Ватан 3-4 соли аввал, ки ҳарчанд бемор буданд, вале дар ҳар намози ҷумъа дар масҷид қабл аз баромади мо ба минбар ҳудудан 20 дақиқа ё бештар бо мардум сӯҳбат мекарданд. Дар минбар менишастанд ва аз рӯи китобҳое, ки бо худ меоварданд, амри маъруф мекарданд. Хулоса, то замоне неру доштанд, як каме қуввати ҳарф задан доштанд, аз даъват намонданд.

— Эшон шеваи ба худ амри маъруф доштанд. Ояту ҳадисро бо шеър тафсир мекарданд. Ё худ барои таъйиди гуфтаҳошон ҳатман пораҳои шеърӣ меоварданд. Ин чӣ буд: мехостанд ба завқи мардум наздик сӯҳбат кунанд ва ё худашон шавқи шеърхонӣ бештар доштанд?

— Дар ҳақиқат ҳазрати қиблагоҳӣ барои ширин ва муассир шудани каломашон ҳамеша аз ашъори шоирони гузашта шеър мехонданд. Бахусус, аз девони пир ва муршидашон ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ зиёд истифода мекарданд. Ҳатто девони Ҷунуниро ба куллӣ ҳифз карда буданд. Сӯҳбатҳояшон бо мардум бидуни мисол овардан аз ашъори пирашон хатм намешуд, ҳатман барои тақвияти ин ё он фикр мисол меоварданд ва пораи шеъриро қироат менамуданд. Ҳазрат хеле ҳофизаи қавӣ доштанд.

* * *

“Рафтору гуфторашон дар равиши Пайғамбар (с) буд”

— Чӣ хислатҳое доштанд?

— Ҳазрат хулқи хеле хуб ва писандида доштанд. Чун дар ҳама умур пайрави Пайғамбари Худо (с) буданд, кӯшиш мекарданд рафтору гуфторашонро ба суннати Расулаллоҳ (с) мувофиқ бисозанд. Ахлоқи ҳамидаву хулқи хуб, ки доштанд, муносибаташон бо тамоми уламои асрашон ҳамсон буд. Бо ҳамаи аҳли илм ва муллоҳову эшонҳои дуру наздик, ки мешинохтанд, рафтуомад доштанд. Ба ҳич касе дар дилашон кинаву адовату кудурату ғуборе надоштанд. Бо ҳама ёру бародар буданд. Зиёрати Эшони Абдурраҳмонҷон мерафтанд, зеро эшон аз ҳар назар хеле шахсияти барҷаставу бузург буданд. Зиёрати Домуллои Ҳисор — Мулло Шариф (Худо раҳматашон кунад!), мерафтанд. Ва ҳамаи домуллоҳову эшонҳо ҳам ба манзили мо ташриф меоварданд, дар маъракаҳо ҳамдигарро даъват мекарданд.

Хулоса, рафтуомади хуб бо ҳамаи аҳли фазли замонашон доштанд. Ман ёд надорам, ки бо кадоме аз аҳли илм Ҳазрат ғуборе дар дил дошта бошанд. Ҳатто ёд дорам, ки охири солҳои 80, ки як зумра домуллоҳои ҷавон бо ақидаҳои наву тоза арзи вуҷуд карданд ва мақомот мекӯшиданд онҳо ва ақидаи онҳоро барои ихтилоф миёни мусалмонҳо истифода кунанд ва дар ҳақиқат як ихтилофе миёни онҳову домуллоҳои насли калонсол ва муридону шогирдонашон ба вуҷуд омада буд, эшон бо ҳарду тараф муносибати хубу созанда доштанд. Ҳам ин ҷавонҳоро ба эҳтиромашон бо эҳтиром посух медоданд ва ҳам бо домуллоҳои насли худашон иртиботи хубу дӯстона доштанд. Ва кӯшиш мекарданд ҳарду тоифаро ба ҳам наздик кунанд. Бахусус, аз он ҷавонҳо домулло Ҳимматзода ва домулло Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (Худованд раҳматашон кунад!) меомаданд, сӯҳбат мекарданд. Ин замоне буд, ки миёни ҷавонони наву домуллоҳои калонсол, машоихи замон иртиботҳо бурида шуда буданд. Вале қиблагоҳии мо аз хулқи хубашон бо ҳарду ҷониб муносибати ҳамсон доштанд.

Он замонҳо Ҳазрати Домулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ то ҳадде аз инҳо бурида буданд ва Эшони Абдурраҳмонҷон низ ба эшон иртиботи хубе надоштанд, вале ҳазрати қиблагоҳӣ бо ҳарду ҷониб равобити ҳасана доштанд. Ва ҳамин худ далели шоистаест ба хулқи хубу писандида ва дили поку беолоиш доштани Ҳазрат ба бародарони мусалмонашон аст.

— То ҷойе медонем, Ҳазрати эшон аз ҷумлаи суфиёни замони худ буданд ва аз пайравони ростини аҳли тасаввуф маҳсуб мешуданд. Аз кадом ҷараёни тасаввуф дақиқан пайравӣ доштанд?

— Бо иршоде, ки аз падарашон гирифта буданд, ҳазрати қиблагоҳӣ дар тасаввуф аз пирашон Мавлавӣ Ҷунунӣ пайравӣ мекарданд. Мавлавӣ Ҷунунӣ ҳарду ҷараёни тасаввуф, ҳам хуфяву ҳам ҷаҳрия, яъне ҳам тариқаи нақшбандия ва ҳам тариқаи қодирияро қабул доранд ва инҳо дар навиштаҳошон тасвиб шудаанд. Мавлавӣ Ҷунунӣ мегуфтанд, ки барои нафъи оммаи мардум зикри ҷаҳрия беҳтар аз зикри хуфя аст. Чун дар равиши хуфя зикру тасбеҳ паст ва дар дил гуфта мешавад ва он таъсири камтаре ба руҳияи мардум дорад. Вале дар равиши қодирия ин тавр нест. Ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ (алайҳирраҳма) дар китоби “Маъданул-ҳол”-и хеш дар ин робита мефармоянд:

Барои нафъи мардум ҷаҳр авло,

Ки гиранд бандагонаш файзи Мавло.

Ва муридони қиблагоҳии мо низ дар манзили мо бо ҳамин равияи ҷаҳрия зикри шаб мегуфтанд. Ман аз кӯдакӣ ёд дорам, ки дар меҳмонхонаамон дар нисфҳои шаб садои зокирҳо баланд мешуд. Мо кӯдак будем ва дар саҳни ҳавлӣ, дар болои кат хоб мекардем. Дар нисфи шаб садои нолаҳошон, садои зикру тасбеҳашон баланд мешуд. Зикрҳое, ки ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ дар китобҳои худ оварда буданд, муридони қиблагоҳӣ аз бар кардаву ҳар шаб тақрибан як соат пеш аз он ки субҳ дамад, мехонданд. Ва ин зикрҳо хеле зиёданд, ки дар таркибашон тасбеҳу ҳамди бешумор баргирифта аз аҳодиси набавӣ доранд, ниёишҳо доранд, ки қалби ҳар ширкаткунандаро бидуни шак тасхир мекунад. Баъзе пораҳои шеърӣ ҳастанд, ки ҳазрати Мавлавӣ Ҷунунӣ ба зикру тасбеҳоти шаб илова кардаанд. Ва дар канори ин зикру тасбеҳот садои гиряву зорӣ ба даргоҳи Худованд ҳам баланд мешуд.

Ҳазрати қиблагоҳӣ ин ҳамаро то ба охир ба муридонашон таълим медоданд, онҳоро ба зикр даъват менамуданд ва аз фазилати хондани ҳар зикру тасбеҳ ба онҳо маълумот медоданд. Хатто солҳои охир ба ёдам ҳаст, ки бо амри эшон зикрҳоро дар варақҳо менавиштанд ва дар дастгоҳи ксерекс нусхабардорӣ менамуданд ва дар байни муридонашон тақсим мекарданд.

Ҳоло ҳам дар меҳмонхонаи мо баъзе халифаҳои эшон ҳастанд. Онҳо маъмулан шабҳои ҷумъа меоянд ва нимишабӣ ҳамин зикрҳоро мегӯянд. Ин аст, ки Ҳазрат зикри ҷаҳрияро дар равияи қодирия барои муридонашон таълим додаву инро чун равиши муассири зикру ёди Худо тавсия додаанд. Аммо самоъ ва рақсҳои суфиёна, ки дар назари фуқаҳо, ба вижа фуқаҳои ҳанафӣ мамнуъ аст, дар тариқати қодирия нест ва инро Мавлавӣ Ҷунунӣ ҳам манъ кардаанд. Зикри муридони мо ба сурати ҳалқа нишастан ва бо садои баланду нарм тасбеҳ гуфтан аст. Оре, гоҳе ҳолатҳое мешаванд, ки дар аснои зикри ҷаҳрия касе аз худ бехуд шуда, фарёд мекунад ва ё дар ҷойи нишасташ мисли мурғи нимбисмил дар тапидан медарояд ва ҳар гуна рафторҳои ҷазбу ҷунуномез мекунад. Вале ба сурати умум ҳалқаи зикри муридони ҳазрати қиблагоҳӣ ором ва бидуни рақсу самоъ баргузор мешавад.

— Оё ин ҳалқаҳои зикре, ки шумо фармудед, шабҳои муайян доштанд ё на?

— На, шабҳои муайяне надоштанд. Шояд шабҳои ҷумъа муридҳояшон бештар гирд меомаданд ва бештар бошукуҳтар буд. Вале вақтҳои дигар ҳатто агар се ё чор нафар ҳам, ки меомаданд, нимишабӣ зикр мегуфтанд. Ҳазрати қиблагоҳӣ худашон ширкат намекарданд, чун эшон дар утоқашон зикрҳои дигар ва мутолиаи китоб доштанд, ки онро анҷом медоданд. Аз лаҳзаҳои кӯдакӣ, вақте ки 6-7-сола будам, ёд дорам, ки эшон намози шаб доштанд ва то охири умр онро тарк накарданд. Баъзе шабҳо ними шаб меомаданд аз маҳфилҳо, аз маҷлисҳо, вале пас аз соате бедор мешуданд ва намози шаб мехонданд. Мо тааҷҷуб мекардем, ки чӣ хел эшон монда намешаванд, боз омада, намози таҳаҷҷуд мехонанд. Ҳатто дар шабҳои кутоҳи тобистон, ки баъзан одамро зуд хоб мебарад, хоби дуруст намекарданд ва дар зикри Аллоҳ буданд. Воқеъан як шаҳи шабзиндадор буданд. Дар шабзиндадорӣ ҳич кадоми мо — фарзандҳо ба гарди пойи қиблагоҳиамон намерасем.

* * *

“Ҳар намозро бо вузуъи тоза адо мекарданд”

— Эшон намози таҳаҷҷудро маъмулан кадом соатҳо мехонданд?

— Ҳазрат одатан намози таҳаҷҷудашонро дар сулси охири шаб анҷом медоданд. Ин худ суннати Расулаллоҳ (с) ва муносибтарин вақтест, ки дар аксари ҳадисҳои саҳеҳ омада, ки Худованд дар ин поси шаб бандаҳои муъмин ва мухлисашро ба ибодат ва ниёиши худ хондааст. Ва ҳамеша дар як вақти муайян аз рахти хобашон бармехестанд ва ба ибодат машғул мешуданд. Бархестан дар шабҳои кӯтоҳи сол, бахусус баҳору тобистон хеле мушкил аст, вале ман ёд надорам, ки Ҳазрат ин намозро дар он айём тарк карда бошанд. Баъди намози таҳаҷҷуд ва анҷоми зикру тасбеҳот, дигар намехобиданд ва то намози бомдод китоб мехонданд. Ёд дорам, ки аксари фатвоҳои фиқҳиро оид ба пурсишҳои мардум дар ҳамин вақт менавиштанд.

Баъдан ба меҳмонхона мерафтанд ва бо муридҳошон намози бомдодро бо ҷамоат мехонданд. Ва баъди намози ҷамоат ҳатман авроди шариф мехонданд. Аврод як соат давом мекард. Дар охир сураи “Ёсин” хонда мешуд. Баъд аз ин хона омада, китоби “Далоил” мехонданд. Ин ҳам аз тавсияҳои пирашон Мавлавӣ Ҷунунӣ буд, ки ҳамин се вазифаро ман надидаам, ки эшон тарк карда бошанд. На дар солҳои тинҷиву осудагӣ ва на дар солҳои ҷанг ва на ҳатто дар ҳиҷрат. Якум таҳаҷҷуд, дуюм аврод ва сеюм хондани китоби “Далоил”. То охир Ҳазрат ин серо идома медоданд. Вақте овозашон хуб буд, саломатишон хуб буд авродро худашон мехонданд. Хеле ширин мехонданд. Вақти фишорашон азият медод, қироат вазнин мешуд, онро дигарон мехонданд ва эшон гӯш мекарданд. Бештари вақт як нафар аз ҳамон муридҳошон, ки авродхон буд, мехонд. Баъди “Далоил” намози зуҳо ва ишроқашонро мехонданд. Умуман дар тӯли умр қиблагоҳӣ аслан намозҳои нафлии худро тарк намекарданд. Ҳазрат аз баччагӣ ба намоз, ҳатто ба намозҳои нофила мудовимат доштанд. Одамҳои ин замон ба намоз шавқ надоранд, аммо эшон ба намоз дилбастагии хосса доштанд.

Вижагии дигаре, ки эшон доштанд, ин буд, ки ҳар намозро бо вузуъи тоза адо мекарданд. Ман ёд надорам, ки эшон ду намозро бо як вузуъ хонда бошанд. Он қадар ботақво буданд, ки ҳатто дар шабҳову рӯзҳои сарди зимистон ҳатман вузуъи тоза мегирифтанд ва баъд дар намоз мешуданд. Масалан, барои мо хеле мушкил аст ҳар намоз таҳорати нав кунем, вале эшон бидуни таҳорати тоза сари ҷойнамоз намеомаданд.

Вижагии дигаре, ки эшон доштанд, ин ғусли рӯзи ҷумъа буд, ки онро низ ҳеч гоҳ на дар зимистон ва на дар тобистон тарк накардаанд.

Ҳар намозе, ки илова ба намозҳои фарзиву суннат дар аҳодиси саҳиҳа омадааст, мисли намози шукри вузу, ишроқ, пеш аз намози аср, шаш ракаат баъди намози шом ва чаҳор ракаат қабл аз намози хуфтан, намози таҳаҷҷуд ва ғайраро мехонданд.

— Намози таҳаҷҷудро чӣ миқдор мехонданд? Чун ин намоз меъёри мушаххас надорад ва ҳар кас ҳар хел адо мекунад.

— Намози таҳаҷҷуди эшон 12 ракаат буд. Ду ракаатӣ ният мекарданд.

— Борҳо шоҳид будаем, ки ҳангоми амри маъруф беихтиёр оби чашмашон мерехт.

— Бале. Эшон воқеан қалби рақиқ доштанд. Ҳамеша оби дидаашон ҷорӣ буд. Хусусан, вақта ғазалҳои пирашонро мехонданд, беихтиёр гиря мекарданд. Ва ё дар бораи сирати Расули Акрам (с) нақл мекарданд, бидуни ихтиёр гиря мекарданд. Ва ё аз таърихи саҳобаҳо, халифаҳо ё аз сарнавишти авлиёҳо… Воқеан, дили рақиқ доштанд.

— Бо муридон дар зикрҳо ҳамроҳ мешуданд?

— Дар зикрҳои саҳарӣ эшон ҳамроҳ набуданд. Чуноне ки гуфтем, эшон он ҳангом ба вазифаҳои худ машғул буданд. Дар фаслҳои гарми баҳору тобистон, азбаски муридон дар саҳни меҳмонхона ба зикр мепардохтанд, садои онҳоро мешуниданд ва гӯш меандохтанд, вале пешашон намебаромаданд, чун саргарми иҷрои вазоифи худ буданд.

Банда ёд дорам, ки эшон дар солҳои пеш баъди намози аср сураи “Амма” ва баъди намози хуфтан ҳамеша сураи “Таборак” қироат мекарданд. Ва ё ба мо амр мекарданд ва мо қироат мекардем. Бо гузашти солҳо вақте ҳавсалаи мардум камтар шуд, сабр карда наметавонистанд ва худашон ҳам аз заъф наметавонистанд нишинанд, аммахонӣ ва таборакхонӣ ҳам тадриҷан қатъ шуд.

Хусусан, дар маҳфили таборакхонӣ чароғҳоро хомӯш мекарданд, чун баъзе муридҳо ҳангоми шунидани қиротати сура ба гиря медаромаданд, баъзеи дигар бехудона ҷазба мешуданд ва муҳим буд, ки ҳолати он лаҳзаинаи нишастагон аз якдигарашон пинҳон монад. То ин ки ҳар кас бо худаш бошад ва лаззати худашро худаш эҳсос кунад. Дар ҳақиқат дар вақти тиловати сураи “Таборак” садои гиря шунида мешуд. Ва баъзан дар поёни сура зикр шуруъ мешуд, яъне ғайриихтиёр маҳфили зикр барпо мешуд. Баъзе вақт ҷазбу ҷунун мешуд. Авродро ҳам чароғҳои хомӯш карда мехонданд, ҳатто меҳмонхонаамон тиреза дошт, тирезаҳо илова бар оина даричаҳои чӯбӣ дошт, ҳамаро аз пушт махқам мекарданд. Чароғҳоро барои он хомӯш мекарданд, ки маҳфил муассир бошад, зеро вақте гиряву нола, ҷазбу ҷунун мекарданд, агар хомӯш намебуд, рӯйи ҳамдигар ва ҳолати ҳамдигарро медиданд. Шояд аз хиҷолату шарм баъзеҳо гиря намекарданд ва шояд барои дигарҳо ҳолати ҷазбу ҷунун пайдо намешуд. Ба хотири ҳамин торик мекарданд,то ин ки як кас мутаваҷеҳи каси дигар нашавад, ҳар кас ба ёди худаш бошад, барои ҳамин хонаро торик маекарданд. Саҳариҳо ҳам дар вақти хондани аврод чароғҳо хомӯш мешуданд. Зикрҳои шаб одатан дар торикӣ мегузаштанд.

— Кай ва чӣ гуна мехобиданд?

— Ҳамеша эшон пеш аз хобашон вузуъ мегирифтанд, маҳсиҳошонро аз пояшон мекашиданд ва баъди он вузуъ мегирифтанд, ду ракаат намоз мегузоштанд ва пойи ботаҳорат хоб мерафтанд. Банда ёд надорам, ки эшон бидуни вузуъ хоб карда бошанд. Хобашон ҳам нур буд. Худашон аҳли илм, ки буданд, суннати Расули Акрам (с)-ро мӯ ба мӯ риоя мекарданд. Либосашонро ҳамеша нишаста мепӯшиданд. Баъди хондани ду ракати намози шукри вузуъ рӯ сӯи қибла истода, ришашонро шона мекарданд. Ёдам ҳаст, ки дар шона кардани мӯй ҳамеша аз ҷониби рост шуруъ мекарданд, зеро аз рост шуруъ кардани ҳар кор суннати Расули Акрам (с) аст. Ҳазрат дар суннати Расул (с) пойбанд буданд. Имрӯз кам муллоеро суроғ дорем, ки бо пои вузуъ дар ҷойгаҳаш хоб кунад, бе таҳорат ҳам, ки бошанд, хоб кардан мегиранд. Бо таҳорат хобидан дар ҳадисҳо таъкид шудааст. Дар ҳадисҳо ривоят шудааст, ки агар касе дар рахти хобаш пои бо вузуъ бимирад, дараҷаи шаҳодат меёбад.

* * *

“Худоё, маро зери хок бар, ки то ҳоли ниёзмандонро набинам…”

— Аз муносибати эшон бо меҳмонҳо мехоҳам ҳарф занед.

— Ҳазрат бисёр меҳмоннавоз буданд. Мо бачча будем ва дар меҳмонхона ба ҳайси хизматгор хизмат мекардем. Гоҳе ҳатто баъд аз хондани намози хуфтан ҳангоми соати хоб ягон кас зиёрат меомад. Дар ҳамон нисфи шаб Ҳазрат амр мекарданд, ки барои меҳмон зиёфат тайёр кунед. Худо раҳмат кунад модарамонро, барои меҳмонҳо зуд таом омода мекарданд ва ба воситаи мо ба меҳмонхона мефиристоданд. Ёд надорам, ки эшон меҳмонро бидуни зиёфат ҷавоб дода бошанд. Эшон хеле одами меҳмонпазири хуб буданд. Ҳатман пеш аз худоҳофизӣ миқдоре пул ва ё савғотӣ ба меҳмон медоданд. Бидуни он гусел намекарданд. Хусусан толибилмонро бисёр кӯмак мекарданд. Эшон одате доштанд, ки пулро дар кисаашон нигоҳ намедоштанд. Агар ҳамаи он пулҳое, ки муридонашон ба эшон медоданд, ҷамъ мекарданд, шояд хеле сарвати зиёде аз он кас боқӣ мемонд, вале ин гуна одат надоштанд, зуд масраф мекарданд, ба меҳмонону зиёратгарон, аҳли илму тақвову толибони илм тақсим мекарданд.

— Шояд аз он аст, ки эшон пайрави аҳли тасаввуф буданд?

— Оре, саховатпешагӣ як хулқи хосси тасаввуф аст. Суфӣ бояд дили пок дошта бошад. Дили беолоишу беғубор дошта бошад. Сӯфӣ бояд бо тамоми сифатҳои неки инсонӣ дар гуфтор, ҳам дар кирдор ороста бошад. Ҳар сӯфие, ки ҳариси дунё аст, бахил аст, мумсик аст, дар ҷамъ овардани молу сарват талош мекунад ва муҳаббати онро дар дил дорад, вай аслан сӯфӣ нест. Дар китобҳо мегӯянд, ки як шарти сӯфӣ будан муҳаббат доштан ба Худо ва Расули Худо (с) ва ба инсонҳо аст, сӯфӣ бояд меҳр ба дунё, меҳр ба пулу мол надошта бошад. Дунёро бояд ба кафашон гиранд, вале набояд дар дил ҷо кунанд. Воқеан, қиблагоҳии мо ҳамин гуна буданд. Ҳатто гоҳ вақте муҳтоҷҳо омада, аз эшон кӯмак мехостанд, қарз мегирифтанд. Дар вақти Шӯравӣ муҳтоҷӣ камтар буд. Аммо вақте аз ҳиҷрат баргаштанд, медидем, ки ниёзмандон бештаранд ва то ҳамин қарибиҳо эҳтиёҷмандон доим дар хонаи мо буданд, аз ҳар гӯша меомаданд. Ва Ҳазрат ба онҳо ҳатталмақдур кӯмак мекарданд. Гоҳо агар чизе намеёфтанд, аз касе қарз гирифта, ба онҳо медоданд. Зеро дилашон ба ҳоли ин гуна касон месӯхт. Ба гуфти Шайх Саъдӣ:

Ман аз бенавоӣ наям рангзард,

Ғами бенавоён рухам зард кард….

Эшон воқеан мисдоқи ҳамин суханҳои Саъдӣ буданд. Агарчи худ бенаво набуданд, лекин ғами бенавоён эшонро зиқ ва дилтанг мекард. Ва гоҳе ҳатто мегуфтанд: Худоё маро зери хок бар, ки то ман дигар ҳоли зори инҳоро набинам. Воқеан як сабаби фишори хунашон аз ҳамин буд, ки хеле дар ғаму дарди мардум ҳассос буданд. Баъд бозгашт ба Ватан ин гуна одамонро зиёд медиданд ва ҳолатҳое мешуд, ки ба ҳолашон мегиристанд.

— Ба фарзандонашон чӣ гуна муносибат доштанд?

— Ҳазрати қиблагоҳӣ барои тарбияи мо ғамхориҳои зиёд доштанд. Ҳаракат мекарданд, ки мо аз хурдӣ маълумоти динӣ дошта бошем. Ман дар ҳафтсолагӣ синфи якумро хатм кардам. Аз мо пештар бародаронамон Эшони Нуридинҷон, Қозӣдомулло, бародарамон Аҳмадҷон буданд. Вақтҳои таътил ҳамаи моро назди бобои модаримон — Мулло Абдусамад (р) мебурданд ва се моҳ мо он ҷо таҳсил мекардем. Таълимоти ибтидоии динӣ, то “Чаҳор китоб”-ро он ҷо омӯхтаем. Ман синфи нуҳ будам, ки бобоям аз дунё гузаштанд (Худо раҳматашон кунад!) Замоне буд, ки мо нав ба ҳифзи Қуръон машғул будем.

Қозӣдомулло (Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода)-ро дар Бухоро дохил карданд, баъд мактаби олии диниро дар Тошканд ва Ӯрдун таҳсил карданд. Ҳамаи инро дидаву таҳлил карда метавонам гӯям, ки қиблагоҳӣ ба таҳсили фарзандонашон бетаваҷҷӯҳ набуда, хеле диққат медоданд. Мо кӯдак будем, хеле бароямон гарон буд, мехостем тобистон бозӣ кунему гардем, вале ҳамин ки таътил шуруъ мешуд, моро аз ҷӯраҳомон ҷудо мекарданд ва ба деҳаи дигар назди бобомон мефиристоданд ё худашон мебурданд. Имрӯз ба гузашта назар мекунам, мебинам, ки кори эшон дуруст буд. Агар эшон баччаҳо зиқ мешаванд гуфта, мисли волидони дигар моро ба бозӣ раҳо мекарданд, мо ҳатман зарар медидем. Ин нишонаи камоли ғамхории эшон буд.

Ба намозамон аҳаммият медоданд. Аз синни 7-солагӣ супориши намозамон мекарданд. Ва эшон амр мекарданд, ки мо дар меҳмонхона назди дигарон баъд аз намоз Қуръон бихонем. Банда дар ёд дорам, ки аз синфи 3 ё 4 дар меҳмонхона Қуръонхониро сар карда будам. Баъд аз намозхонӣ эшон амр мекарданд, ки тиловати Қуръон бикунам.

Азбаски эшон ҳамеша саргарми пазироии меҳмонон ва ҷанозаҳову маъракаҳо буданд, барои таълим ва тадриси мо худи эшон вақти кофӣ надоштанд. Масъулияташон зиёд буд. Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин, мо кӯшиш мекардем дур аз дарс набошем. Баъде, ки банда мактаби миёнаро тамом кардам, маро назди бародари аршадамон Домулло Нуриддинҷон бурданд ва банда он ҷо таҳсили улуми динӣ кардам. Баъзе бародарҳо тавсия доданд, ки Эшони Маҳмудҷон рафта донишгоҳ хонанд, аммо қиблагоҳӣ қабул накарданд. Моро бурда дар хонаи Бобои Меҳмонбой гузоштанд ва банда он ҷо 6 моҳ дар назди бародарамон таҳсил кардам. Аммо КГБ фишор овард, китобҳоро гирифт. Баъд аз таъқиби КГБ ҳар куҷо таҳсил мекардем, гоҳ дар шаҳру гоҳ дар деҳа. Хулоса, Ҳазрати қиблагоҳӣ ба мо тавсия медоданд, ки шумо хонед, ғами зиндагиро нахӯред. Фақат шумо дар роҳи илм бошед,таълим гиред, таълим бидиҳед.

Вақте мо дар навбати худ ба таълим гузаштем, шогирд гирифтем, ҳатто ҳамаи шогирдҳои моро Ҳазрат аз ҷойи хоб таъмин мекарданд. Аксарашонро дар меҳмонхонаи худамон ҷой медоданд. Худо раҳматашон кунанд, то охир дар хизмати мо буданд.

* * *

“Мусулмон бошед ва мусалмон бимиред”

— Охирин васиятҳои эшонро ёд доред?

— Ягона васияти ҳазрати қиблагоҳӣ ба мо ҳамон васияте буд, ки ҳазрати Иброҳиму Ҳазрати Яқубу Исҳоқ фарзандонашонро ба он васият карда буданд, ва он ин буд, ки Худованд оини Исломро барои шумо баргузидааст, шумо мусулмон бошед ва мусалмон бимиред. Эшон барои мо низ ҳамин васиятро мекарданд, ки мо ҳамеша дар дини Ислом ва бо тоати Худо ва ёди Худо бошем. Аз гуноҳ парҳез кунем. Дар хизмати дин ва мардум бошем. Даъвати Ислом байни мардум кунем… Ҳамаи тавсияҳошон тавсияҳои динӣ буданд. Ба нафъи ҷомеаву ба нафъи Ислом буд. Баъд мегуфт, ки ба бародарҳои калонатон эҳтиром кунед, онҳо ҳаққи калонӣ доранд, эҳтиромашонро ба ҷо биёред, беодобӣ накунед.

Вақте бемориашон вазин шуд, дигар аксар намозашонро бо таяммуму ишора мехонданд. Ҳатто замоне, ки ҷарроҳии талхадон шуда буданд ва табибҳо талхаашонро гирифтанд, дар бемористон ҳам намозашонро бо таяммуму ишора мехонданд. Бисёр вақт амр мекарданд, намозро бо ҷамоат адо бикунем. Мо пеш мегузаштем ва он кас дар рахти хобашон ҳамроҳамон намози ҷамоат адо мекарданд. Тамассуки эшон ба намоз то ҳадде буд, ки ҳангоме аз ҷарроҳӣ баромаданд ва ба ҳуш омаданд, зуд бо таяммум ва ишора ба хондани намоз шуруъ карданд.

Дар лаҳзаҳои охир ҳарфи охирашон ба ёдам нест. Аммо ҳамин қадар ба ёд дорам, ки дар вақти додани ҷон, набзи мубораки эшон дар дасти банда буд. Дар болои сарашон бо бародарон нишаста будем. Дасти эшонро дар дастам гирифта будам. Задани набзи даст ва кор кардани дилашонро эҳсос мекардам. Як вақте буд, ки набзи эшон аз тапидан монд ва ин замон ҳамаи мо дар давру бари эшон нишаста будем…

(Бознашр аз “Нигоҳ” №19 (452). Чоршанбе, 5-уми августи соли 2015)



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Торих

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: